Талоқи Таҳмина, ниқори Эмомалӣ Раҳмонов ва ғорати Ёрмаҳмад Гулов

Ислоҳ нет

 

 

Ҳодиса ҳодисаи нав нест.15 соли пеш рӯй додааст. Аммо тамоми персонажҳои он: ҳам мусбат ва ҳам манфӣ имрӯз зинда ҳастанд. Кору фаъолият доранд.Таҳмина Раҳмонова ҳам ҳасту Зубайд Гулов ҳам, Эмомалӣ Раҳмонову Ёрмаҳмад Гулов низ. Ин ҳодиса гуфта ва навишта намешуд, агарки Раҳмонов боз ҳам даъвои курсии президентӣ намекард ва гузашта аз ин бачаашро ба ҷойи худаш оварданӣ намешуд. Шумо Таҳминаро хуб мешиносед, ки чи тавр бизнеси дигарҳоро ғасбу тасарруф кардаву мекунад ва даромади кадоме аз ниҳодҳои давлатиро танҳо ӯ истифода мекунад…..Аз ин бештар чизе намегӯям. Хонеду натиҷа гиред, ки дар сари давлати мо кӣ сарвар асту роҳбари давлати мо чи шахсе аст ва барои манфиати худу фарзандонаш ба чи корҳо қодир аст?

 

Зубайд Гулов, қабл аз издивоҷ бо Таҳмина, пеш аз онки домоди Эмомалӣ Раҳмонов шавад, дар канори падараш ба тиҷорат машғул буд ва корхонаҳои ӯро назорат мекард. Худи Ёрмаҳмад Гулов қаблан, то инки ба Раҳмонов қудо шавад дар соҳаи пахта тиҷорат мекард. Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст. 10 апрели соли 1954 дар ноҳияи Куйбышев, феълан Хоҷамастон ва ҳоло ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст. Дар вазифаҳои инструктори шӯъбаи ташкилии ҲК ноҳияи Илич, муовини сармуҳандиси заводи пахта, сарагрономи Сарраёсати саноати пахта ва мудири корхонаи пахтаи ноҳияи Ғозималик кор кардааст. То соли 1998 ба ҳайси раиси Кумитаи саноати назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад. Соли 1998-2000 вакили Маҷлиси Намояндагон ва сипас раиси корпоратсия Саноати хурокворӣ, боғдорӣ ва токпарварии Тоҷикистон мешавад.

 

Гулов Ёрмаҳмад Алиевич то инки ба Раҳмонов қудо бишавад, молики панҷ коргоҳи пахта: дуто дар Хуросон,яке аз он дар Уялӣ ва дигараш дар Расвет, якеи дигар дар маркази шаҳри Қурғонтеппа боз дутои дигар дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ -Куйбешеви собиқ дар зодгоҳи худаш буд. Ин панҷ коргоҳ аз даҳҳо миллион долар бештар сармоя дошт. Танҳо ду коргоҳи пахтаи ноҳияи он замонаи Куйбишев ба хонаводаи Гуловҳо ду миллион доллар даромади соф меовард. Даромади корхонаҳои дигари пахтаашро худатон ҳисоб кунед. Коргоҳи тавлиди равған (масложир) дар 82 мкр Душанбеи Гулов Ёрмаҳмадро як тоҷири эронӣ 21 миллион доллар харидан хост вале нафурӯхта буданд. Пас, аз қатъи қудоӣ Таҳмина ин коргоҳро бе пул аз Зубайд кашида гирифт. Инчунин коргоҳи истеҳсоли хишт (кирпичзавод) дар Ҳисор дошт,ки солона то 200 ҳазор доллар даромади соф меовард.

 

Дар ноҳияи Хуросон низ комбинати равғанбарориашонро ки даромади он моҳона 60 ҳазор доллар буд Таҳмина ва падараш тасарруф карданд. Тиҷоратҳои Гулов Ёрмаҳмад ҳамагӣ дар дохили кишвар буд. Зубайд ончуноне,ки гуфтем ба идораи ин моликияти миллиондолларӣ машғул буд ва ниёз ба ҳеҷ вазифаи давлатӣ надошт. Аслан ӯ ҳеҷ гоҳ барои гирифтани мансаби давлатӣ майл нишон намедод ва аз домодҳои имрӯзаи Раҳмонов тамоман фарқ мекард, чун аз кӯдакӣ хӯрдаву пӯшидаву бо чашму дили сер калон шуда буд. Писари дуввуми Гулов Ёрмаҳмад Абдулло (Усмон) Гулов бародари Зубайд таъминоти маводи хурокаи Тоҷик Айр-ро таъмин мекард.

 

Зубайд барои он аз Таҳмина ҷудо шуд ва талоқ дод,ки ӯро дар ҷойи хобаш бо ронанди худи Таҳмина ба даст афтонд.

 

Ҳодисаи дастгиршавии Таҳмина ва Наврӯз

 

Моҷарои дастгиршавии Таҳмина бо марди бегона аз ин қарор аст. Ҳодиса дақиқан дар тирамоҳи соли 2004 рух додааст. Зубайд Гулов дар Туркия барои иҷрои кадом коре рафта буд. Ду рафиқи Зубайд барои пешвозгирӣ фурудгоҳи Душанбе меоянд. Дар роҳ ба ӯ мегӯянд,ки ҳамсарат бо ронандааш алоқаи зич дорад ва инро мо эҳсос кардем ва бояд ту ба ин диққати ҷиддӣ диҳӣ. Хонаводаи Зубайд дар Душанбе дар кадом як маъракаи хонаводагӣ қарор доштанд ва вақте Зубайд ин суханонро мешунавад дигар ба маърака намеравад. Дар ҳоле, ки аз Туркия маҳз барои ширкат кардан ба ин маърака омада буд. Рост меравад ба сӯйи хонааш ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва тақрибан пас аз зуҳр соатҳои 14 вориди хонааш мегардад. Дар хонаи хоб ронандааш Наврӯзро бо ҳамсараш Таҳмина якҷо пайдо мекунад.

 

Ронандаро рафиқони Зубайд хуб латукуб мекунанд вале Зубайд ӯро намезанад. Наврӯзи ронандаи Таҳминаро яке аз дугонаҳои худи Таҳмина оварда ба ӯ шинос мекунад. То ҷое ман маълумот дорам, пас аз ин амали пасту номашрӯъ Таҳмина Наврӯзро бо падару модараш аз Тоҷикистон берун кард,то мабодо Зубайд Гулов ба ӯ осебе нарасонад ва ӯро ҳамчун далели зинда бар алайҳи Таҳмина дар оянда истифода накунанд. Дигар аз ҳаёт ва мамоти Наврӯз чизе намедонем, чунки ин оила ба ҳар коре барои худашон ва манофеъашон қодиранд. Як вақт овозаҳо шуда буд,ки ҳамаи онҳоро куштаанд.

 

Зубайд Таҳминаро зада- зада ба Душанбе ба назди падараш Эмомалӣ меорад. Зубайд ба Раҳмонов мегӯяд,ки Таҳминаи духтаратро дар чунин ҳол ёфтам ва маро хиёнат кард. Эмомалӣ Зубайдро зора мекунад,ки “як ҷавонӣ кардааст, акнун шармандамон накун, гир занатрову рав”. Таҳмина мегирист ва чизе наметавонист гуфта. Зубайд ба Эмомалӣ гапҳои сахт мегӯяд ва дигар пушташро нигоҳ нокарда ба суханҳояш аҳамият намедиҳад. Пас аз ин Эмомалӣ аз Ёрмаҳмад Гулов хело хоҳиш мекунад, ки ба писарат фаҳмон, то моро шарманда накунад ва Таҳминаро гирифта барад ба хонааш. Эмомалӣ панҷ маротиба аз Ёрмаҳмад Гулов хоҳиш мекунад. Раҳмонов дӯғу пуписа ҳам карда аз суд кардани Зубайд ва мусодираи дороиҳои Гулов тарсониданӣ мешавад. Мегӯяд тамоми корхонаву замину ҳама чизатонро хонаатонро кашида мегирам, дар қади кӯча мемонед, “голий” мекунам, миёнатонро мешиканам,гдои қади кӯча мекунам. Вале Ёрмаҳмад Гулов ба Зубайд мегӯяд,ки “бачам мо номус дорем ва агар аз рӯйи дин ва шариъат кор кунем набояд ба ҳеҷ ваҷҳ Таҳминаро дубора ба хонаи покамон баргардонем. Бигузор ҳарчи мекунанд бикунанд вале мо домони пок ва хонаи ҳалол дорем ва онро бар ивази дунё намефурӯшем”.

 

Шапотие,ки арзишаш як миллион доллар аст

 

Таҳмина Раҳмонова дар толори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди судя ва мардуми онҷо буда ба Зубайд дармеафтад ва ӯро суханони қабеҳ мегӯяд,ки ту маро шарманда кардӣ ва ман духтари президентам ва набояд бо ман ин корро мекардӣ! Зубайд дар ҷавоб мегӯяд,ки агар фоҳишагӣ намекардӣ, шарманда намешудӣ. Зан барои ман зан аст,фарқ намекунад,ки ӯ духтари кӣ ҳаст. Боз Таҳмина ба фиғон мехезад, шаттоҳиву беҳаёӣ мекунад. Дар ин ҳолат Зубайд худро дошта наметавонад ва ӯро як шапотии обдор мезанад. Дар ин вақт аз толор берун мешаванд.Таҳмина ба одамҳояш мегӯяд,ки вақте Зубайд маро зад, ман зани қонунии ӯ набудам ва ин ҳақро надошт ва барои ин шаппотӣ бояд ба ман як миллион доллар товон диҳад. Зубайд мегӯяд агар ки духтари президент, пул хоҳад,ман медиҳам, ман мисли шумо гадо нестам ва он пулро ба Таҳмина медиҳад. Пас аз он қасдгирӣ шурӯъ мешавад.

 

Қасдгирии Таҳмина аз Зубайд ва оғози талаву тороҷ

 

Таҳмина аз Зубайд ду духтар дорад бо номҳои Ситора ва Рухшона. Ситора таваллудаш 2001 ва Рухшона таваллудаш 2003 мебошад. Дар рӯбарӯи бинои маъруф ба “Домпечат” дар кӯчаи Бухорои Душанбе як супермаркети бузург бо номи “Ситора” ҳаст,ки аз они Таҳмина мебошад ва онро Раҳмонов ба наберааш сохта инъом кардааст. Он замон мегуфтанд,ки барои сохтмони он беш аз 5 миллион доллар масраф шудааст.Таҳмина онро чанд вақт ба “Орима” иҷора дода буд.Ситораи духтари дуввумашро бошад ба хотири хоҳараш онро Ситора гузошта будааст.

 

Хулоса, пас аз ин моҷаро Зубайд хост духтаронашро аз Таҳмина бигирад вале ӯро таҳдид ба марг карданд ва барояш гуфтанд,ки аслан ба духтарон наздикӣ накун ва духтаронатро дигар намебинӣ. Агар зиндагонӣ кардан хоҳӣ фикр кун,ки дигар духтар надорӣ!

 

Таҳмина аз дигар духтарҳои Раҳмонов фарқ мекунад. Хушгузаронӣ ва маҳфилҳои ишрат ва сайру саёҳат ва сӯҳбат бо мардҳоро нағз мебинад. Феълан дар Дубай якҷо бо шавҳараш Зарифбек аст ва шавҳараш намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар онҷост ва онҳо расман, мақому рутбаи дипломатӣ доранд. Аз ҳисоби бюҷети мамлакат онҷо зиндагӣ мекунанд. Онҷо тиҷоратҳои зиёдеро мечархонанд. Таҳмина дар Фаронса дар Манако бо ҳар ҷавоне барояш писанд ояд барои ду ҳафта ба истироҳат меравад.Ба Париж чанд маротиба рафтанашро огоҳ ҳастем. Ҳамчунин Испания меравад, дамгирӣ.Ҷазираҳои Канар ҷойи дӯстдоштааш аст. Ҳанӯз солҳо пеш,вақте корхонаи пахтатозакунии Қурғонтеппаро ба Илҳом Ҳотамов,(Илҳом командир) фурӯхта буд,бо ӯ дар Туркия ва Дубай ба истироҳати маданиву романтикӣ рафта буданд.Таҳмина як писар дорад бо номи Сиёвуш. Аксарият медонад,ки аз Зариф нест, балки аз камари Илҳом Ҳотамов- Илҳом-командири ботурободӣ мебошад. Воқеият ин аст ки Таҳмина вақти ҷудошавӣ аз Зубайд як корхонаи пахтаи Гулов Ёрмаҳмадро дар Қӯрғонтеппа ба зӯрӣ гирифта ба Илҳом- Командир барои хушгузаронияш ба як қимати ночиз- як миллион доллар фурӯхта буд. Таҳмина бо Илҳом хело наздик буд,шабурӯз бо ҳам буданд.

 

Қасдгирии Раҳмонов ва мусодираи амволи Гулов Ёрмаҳмад

 

Раҳмонов нисбати Ёрмаҳмад Гулов ниҳояти рафтори ноҷавонмардиро раво дид. Раҳмонов ончиро ки дар вақти талоқи Зубайд ба ӯ ва падараш гуфта буд ҳамон корро иҷро кард. Ӯро аз вазифаи раиси корпоратсияи саноати хӯрокворӣ барканор ва худи инсохторро барҳам дод. Молу мулк ва тамоми дороиҳои Ёрмаҳмад Гуловро аз дасташ кашида гирифт.

 

Ҳоло бубинед, ки ба қасди духтари бадроҳаву беҷогардаш ниқорро дар сатҳи давлат гирифт. Масоили дохили хонаводагиашро бо умури давлатӣ омехтаву якҷоя кард. Ӯ кори давлат ва кадри давлатиро қурбонии бозиҳои шаҳвонии духтараш кард.

 

Ёрмаҳмад Гулов дар Душанбе, дар Якум советский ҳудуди якмиллион доллар як ҳавлии барҳаво ва базеб пӯшонида буд,ки ӯро ҳам Таҳмина гирифт. Боз дар Душанбе чанд сексия дошт,ки ҳамаашро Таҳмина гирифт. Корхонаи пахтаи Гулов дар Уялиро Нуриддини Раҳмон бо номи писараш Исломиддин,ки ҳоло раиси ҳукумати Данғара аст гирифт. Баъди ин ҳама ғорату тасарруфи рейдерии Таҳмина ва падараш ин корхонаҳо аз фаъолият монданд. Ҳангоме моликияти Гулов буданд дар ин корхонаҳо тақрибан панҷҳазор шаҳрванд кор мекарданду ризқу рӯзӣ меёфтанд. Корхонаҳо бекор ва мардум рӯ ба муҳоҷират оварданд.

 

Ёрмаҳмад Гуловро атрофиёнаш тарк карданд

 

Дигар Гуловро ҳатто онҳое,ки ба маҳзи ӯ одам шуда соҳиби як бурида нон шуда буданд,хабаргирӣ намеомаданд, фаромуш карданд.Яке аз онҳо Эшназаров Қурбон Узбекович мебошад,ҳоло номаш дигар аст-Қурбони Алимардон.Вай панҷ сол ронандаи Гулов буд. Пас аз ҷудоии Зубайд ва Таҳмина дид, ки дигар Гулов Ёрмаҳмад бе вазифа ва қудрат аст аз ӯ дарҳол дур шуд. Қурбони Алимардон вақтҳое бо Гулов буд ва Нуриддини бародари Эмомалӣ Раҳмон ба назди ӯ Гулов зуд-зуд меомад ва дар онҷо бо ӯ шинос шуд. Пас аз ин ҳодисаҳо Қурбони Алимардон ба назди Нуриддин меравад ва набераи духтарии Нуриддини Раҳмоновро ба писараш келин карда ва бо ӯ қудо шуд. Номи писари Қурбони Алимардон Муродбеки Қурбонзода, ки тавллудаш 1990 мебошад дар Донишгоҳи миллӣ шуъбаи ҳуқуқшиносиро тамом карда ва дар Прокуратураи генералӣ ба кор даромад. Ҳоло ҳам дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад ва коррупсионери моҳир аст ва Юсуф Раҳмон чизе гуфтааш наметавонад.

 

Чанд соли пеш дар 23 уми феврали соли 2016 Эмомалӣ Раҳмонов Қурбони Алимардонро мудири фурудгоҳи Хуҷанд таъйин кард. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ духтари Таҳмина ва Зубайдро келин кард. (Дар бораи Қурбони Алимардон-шофёри собиқи Гулов,ки акнун ба ҷои Гулов қудо андаи Калон аст дар навиштаҳои баъдӣ хоҳем гуфт. ) Аммо як нуктаро ишорат бикунем,ки бубинед ронандаи Гулов чи касе буд,ки то ба сатҳи қудоии Калону домодаш расид? Бале,ронандаи Гулов… имрӯз набераи Гулов Ёрмаҳмадро келин карда ва бо ӯ низ қудо шуду бо Калон.. Вале боз ҳарфҳои дигаре ҳам ҳастанд,ки бигзор гуфта бишавад.

 

Эмомалӣ Раҳмонов васияти модарашро иҷро накард

 

Момаи Майрам-модари Эмомалӣ Раҳмонов ба Ёрмаҳмад Гулов эҳтироми хосса дошт ва ҳама аъзои хонаводаи Раҳмонов ва худи ӯ медонист,ки чи қадар Ёрмаҳмадро эҳтиром мекард. Ба назди момаи Майрам кормандони ҳукумат, раису вазирон меомаданд вале он қадр ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намекард. Ҳангоме,ки Ёрмаҳмад Гулов ба наздаш меомад аз ҷояш мехест ва ӯро пурсупос мекард. Борҳо ба Эмомалӣ дар назди ҳама гуфтааст,ки ин нафароне,ки ба назди ман ва ту меоянд, барои пул ва вазифа ва дунё меоянду мераванд. Аммо Ёр мисли ҳама нест ва ӯ марди доро ва барои сарвату мансаб пеши мо намеояд, ӯро эҳтиром дошта бош. ”Ёрро мисли писари хурдиям меҳисобам, бачам, васияти ман ин аст ки ҳеҷгоҳ ӯро аз наздат дур накун ва ҳар чизе нисбаташ бароят мегӯянд бовар накун,ки ман таҷрибадорам ва инсонҳоро мешиносам”.

 

Эмомалӣ дастҳо пеши бар, бале мегуфт ва дар вақти ин суханҳоро гуфтани момаи Майрам Убайдуллоев Муҳаммасаид ҳам онҷо буд ва мешунид, ки Майрамбибӣ ин суханонро дар ҳузури онҳо мегуфт. Аммо билохира дидем,ки ба ӯ чи кард ва васияти модарашро ҳам аз хотир баровард ва барои як духтари фоҳишааш шуда зиндагонии ин мардро ба дӯзах табдил дод ва то имрӯз ҳам ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба ӯ намекунад. Одами бисёр ҳам дарунсиёҳ ва кинагир аст.

 

Момаи Майрам чанд бор ба Нуриддин гуфтааст,ки Эмомалиро бигӯяд,ки рафтори духтарҳояшро назорат кунад. Онҳо вайрон шудаанд. Махсусан аз Таҳмина бисёр мегуфт,ки оқибат сари Эмомалиро хам ва шарманда мекунад. Мегуфт духтарҳои дар қишлоқ калон шудагӣ якбора шаҳрро дида сарлучу получ шуда худашонро бой доданд. Таҳмина ба ҳадде шаттоҳ ва қайсару худхоҳ буд, ки дастур медод,ки ҷавонҳоро аз клубҳои варзишӣ наздаш оваранд ва ӯ аз байни онҳо барои як шаб ва ё чанд соат дамгирӣ интихоб мекард. Аҷиб ин аст ки ин ҳамаро Зарифбек ва падараш ба хубӣ медонистанд, аммо барои пулу моли дунё шуда худро ба нофаҳмӣ зада гаштаанд. Момаи Майрам Таҳминаро хеле хуб шинохта буд.

 

Таҳмина Нилуфар ҳамсари дуввуми Зубайдро подстава мекунад

 

Зубайд аз Таҳмина ҷудо шуда бошад ҳам аммо аз таъқибу қасдгириҳои ӯ канор намонд. Зубайдро дар сари ҳар қадам мепоид. Ӯро,ҳар қадами ӯро ба воситаи баъзе аз кормандони дохилӣ ва амният назорат мекард. Азбаски Зубайд ӯро талоқ дод ва гӯиё дар назди дӯстону дугонаҳо ва падару модараш шармандаву сархам кард, ҳамеша дар пайи қасосгирӣ буд. Вай ҳатто пас аз ин ҳама ҳодисаҳо боз ҳам мехост ӯро Зубайд ба занӣ бигирад, чунки ӯ духтари президент аст ва барояш ҳама чиз мумкин аст ва Зубайд ӯро бояд дубора қабул кунад. Мехост ба ҳама нишон диҳад, ки ӯ ҳарчи бихоҳад ҳамон хел мешавад. Вале Зубайд дигар аслан ба ӯ таваҷҷӯҳе надошт ва ӯро ҳамчун як фоҳиша медонист ва пас аз се моҳи ҷудошудан бо Таҳмина бо нафари дигар издивоҷ кард. Издивоҷи Зубайд Таҳминаро тамоман девона кард. Нақша мекашид,ки чи гуна Зубайдро аз занаш ҷудо кунад. Таҳмина ором набуд. Пас аз се моҳи издивоҷи Зубайд бо Нилуфар ӯро бо маводи мухаддир “подстава” кард. Инҷо бояд як кори дигари Таҳминаро бигӯям,ки аз чанд соли пеш як гурӯҳеро аз ҳисоби кормандони милиса, амният ва прокуратура ташкил кардагиаст, ки барои ӯ кор мекунанд. Азбаски вай ҳамеша дар пайи пайт буд ба ҳамин гурӯҳаш дастур медиҳад,ки бо чи василае бошад Нилуфарро зиндон кунанд то ба ин васила ӯ аз Зубайд қасдашро гирад.

 

Як рӯз Нилуфар бо бародараш барои харид бозори Зелёний мераванд.Табиист,ки мошинашонро “парковка” мекунанд. Ва аз ин лаҳзаи мусоид истифода карда одмҳои Таҳмина дар дохили мошин маводи мухаддир мегузоранд. Вақте Нилуфар бо бародараш ба мошин савор мешаванд ва ба самти хона ҳаракат мекунанд, одамҳои Таҳмина зуд хабар медиҳанд. Дар роҳ мошини ӯро кормандони дохилӣ боздошт карда кофтуков ва аз зери нишастгоҳ маводди мухаддир ошкор ва бо ҳамин Нилуфарро дастгир мекунанд. Ҳамин тавр Нилуфарро бо бародараш зиндон карданд. Ду моҳ дар зиндон буд ва Зубайд барои раҳоии ҳамсар ва додарарӯсаш ҳафтод ҳазор доллар дод ва онҳоро раҳо карда ба Русия гурезонд, то Таҳмина дигарбора зарар нарасонад. Таҳмина бо ёру ошноҳояш мегуфтааст,ки аз Зубайд қасосамро гирифтам.

 

Ҳоло Зубайд ҳамроҳ бо хонумаш дар Русия зиндагонӣ мекунад ва чор писари дӯстрӯ дорад, бо номҳои Салмон,Алӣ, Фирӯз,Умар. Дар асл дар вақташ худи Раҳмонов Таҳминаро ба Гулов пешкаш кардагӣ аст. Як вақте ки аз заводи пахтаи Уялӣ дидан мекунад чашмаш ба Зубайд меафтад. Мегӯяд ки духтари маро гиру ба бачаат деҳ. Гулов дар як ҳолати нохуб монда розӣ мешавад. Зубайд бо Таҳмина 4уним сол зиндагӣ кардаанд. Зулми Раҳмонов болои Гулов то ба ҳадде аст,ки ӯ мисли ҳабси хонагӣ аст- “домашний арест”. Дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ зиндагонӣ мекунад ва аҳволаш начандон хуб аст ба сахтӣ мегузаронад. Соли 2014 як корхонаи гилеми дастибофӣ ташкил кард,бо номи “Гулвард” аммо имконият надоданд…..

 

Як қиёс ва ё ҳолатро баракс гузорем,чӣ мешавад?

 

Акнун як раҳ тасаввур кунем,ки Эмомалӣ Раҳмонов,раиси ҷумҳурӣ набуд ва Ёрмаҳмад Гулов бо 5 корхонаи пахта ва чандин коргоҳҳои хурду калон ва ниҳоят бо мансаби вазири саноати хурокворӣ ва хулосса як марди соҳибмансабу пулдор,инҳо байни ҳам қудову анда мешуданд? Барои мисол Эмомалӣ метавонист ба Ёрмаҳмад духтарашро пешниҳод кунад?Албатта,ки аввалан аз нигоҳи мавқеи иҷтимоӣ фосила миёнашон хеле бузург мебуд ва дигар ҳам инки Эмомалӣ ҷуръати пешкаш кардани духтарашро надошт. Бар фарзе,ки ин ҳама ҳам набуд ва ҳама чиз ҳамон тавре ки ҳаст, бошад. Магар Гулов ва писараш инҷо чи гуноҳе кардаанд? Раҳмонов ҷойи онки Таҳминаро ҷазо диҳад Зубайд ва падари ӯро дучори мушкил кард.

 

Ба унвони як инсон,як мусулмон,як тоҷик қабул доред, ки ҳам ғаррӣ куниву ҳам боз тубраи ғариатро ба гардани одамони комилан бегуноҳ ва дахлнадошта? Чаро молу мулк ва дороиҳои Ёрмаҳмад Гуловро Раҳмонов ва Таҳмина кашида гирифтанд? Магар як мард то ба ин ҳад номард ва кинаву кудурат дошта метавонад? Барои таъмини ободиву осоиши худу фарзандони худ омодааст,ки ҷигари дигарҳоро бидарад ва бихурад? Агар Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ набуд, метавонист дороиҳои қудои собиқашро ба зӯрӣ кашида бигирад? Бо сӯиистифода аз мақому мансаби давлатӣ ҳатто ахлоқу одоби сунатӣ ва анъанвиро ҳам риоят накарду шикаст.

 

Масалан аз хешу таборҳо, ёру ошноҳо шармаш наомад, ки чи кор карда истодааст? Раҳмонов ҳатто масъалаи никоҳу талоқи фарзандонашро бо умури давлатӣ якҷоя карда истодаааст. Пас,мардии як мард, номусу виҷдон,шарму ҳаё куҷо меравад? Ҳеҷ гоҳ Гулов намехост,ки писараш аз занаш ҷудо шавад, новобаста аз онки зани писараш духтари кӣ аст? Ва ҳар касе дигар ҳам намехоҳад хонаводаи фарзандаш вайрон шавад. Аммо ба назар мерасад,ки худи Раҳмонов,агар арӯсҳои писаронаш “левий” ё ғариву ҷалаби кунанд чизе намегӯяд ва номусаш ҳам ба дард намеояд. Шоядам ба Рустам ва Сомон бигӯяд,ки “хайр арӯсатон як ҷавонӣ кардааст. Шумо ҷудо нашавед, зиндагӣ кунед”. Вале,охир дунё боз инсонҳое дорад, ки бале, хонаи ҳалолашонро ҳаром намекунанд, даюс намешаванд, ва ба хотири дунёи дурӯза охирати худ ва дунёи абадии худро фурӯхта наметавонанд. Аз рӯзи ҷазои охират метарсанд, ҷазое,ки Раҳмонов ҳатто бар вуҷуди он эътимод надорад……

 

Share This Article