Ҳафт савол ва ҳафт ҷавоб аз сафҳаи таърих

Ҳафт савол ва ҳафт ҷавоб аз сафҳаи таърих

Ҳафт савол ва ҳафт ҷавоб аз сафҳаи таърих

1.) Савол: Дар кадом сол паёмбари ислом Муҳаммад (с) ба шоҳи Сосониён Хусрави Парвез нома фиристод ва ӯро ба дини ислом даъват намуд ва натиҷаи ин даъват бо вуқуъи кадом воқеъа мунҷар гардид?

Ҷавоб: Мувофиқи маълумоти муаррихин паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар соли 6-уми ҳиҷрӣ номаҳое ба сарони мамолики атрофи худ фиристода, паёмбарии худро ошкор ва онҳоро ба дини ислом даъват намуд. Яке аз он номаҳо ба дасти шоҳи Сосониён Хусрави Парвез расид, ки аз ҷониби ӯ бо хусумати зиёд пора карда шуд. Дар баробари ин Хусрав ба ҳокими Яман, ки Бозон ном дошта, хироҷгузор ва дастнишондаи шоҳаншоҳии Сосониён буд, супориш дод, ки шахсе, ки дар Мадина даъвои паёмбарӣ мекунад, дошта, ба назди Хусрав биёранд. Ҳанӯз фиристодагони ҳокими Яман дар Мадина буданд, ки Ширӯя падари худ Хусравро кушт ва шоҳаншоҳии Сосониёнро ба дасти худ гирифт ва ба ҳокимони худ, ки дар сарҳадоти шоҳаншоҳӣ ҳукумат мекарданд, нома фиристод ва Бозон ва бошандагони Яманро ба итоъати худ хонд ва чунин таъкид намуд, ки “шахсеро, ки дар Ҳиҷоз мудаъии нубувват аст, озод бигузоред ва мӯҷиби нороҳатии ӯро фароҳам насозед”!!!

Пас дар асоси оятҳои даъватгари ҷаҳонии Қуръон, баёни чунин воқеъоти воқеъӣ ва гаравиши мардум ба дини ислом маълум мешавад, ки қисмати бештаре аз мардумони эронитабор аз рӯзҳои нахустини ошкор ва паҳншавии ислом ва бо майлу рағбат, яъне ошиқона динеро чун ислом пазиро шуда буданд.

2.) Савол: Сабабҳои кам таҳқиқ шудани таърихи илми асримиёнагии Шарқ, ки яке аз соҳаҳои таърихи тамаддуни ҷаҳонист аз чӣ иборат аст?

Ҷавоб: Инро якчанд сабаб аст:

1. Аввал ин ки феълан сарчашмаҳои илмӣ дар ихтиёри аврупоиён набуд ва теъдоде аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ аз миён рафт ва бад-ин сабаб, ҳатто чанде аз муаллифон низ ба гумномӣ рафтанд.

2. Омӯзиши як сарчашма ё порае аз он ва дастрас набудани адабиёти дигар барои муқоиса ва хулосабарориҳои ниҳоии илмӣ дар баъзе мавридҳо муҳаққиқинро ба кӯргиреҳҳои илмӣ гирифтор мекард.

3. Бар асари чунин нофаҳмиҳо баъзе аз уламои бузург, ки дар чандин ҳунарҳову фаннҳо устод буданд, шахсони гуногун мутасаввир ва муаррифӣ мешуданд, тавреки гоҳҳо Хайёмро иборат аз ду шахс: Хайёми шоир ва Хайёми олим донистаанд.

4. Амиқ надонистани забонҳои шарқӣ, ноогоҳӣ аз усулҳои хоси баёни илмии асримиёнагии шарқӣ ва роҳу равиши нависандагии он ашхос.

5. Ба умқи фаҳму дарки ин ва ё он илми асримиёнагӣ нарафтани муҳаққиқини ғарбӣ ва амсоли ин имкони комил надодааст, ки ҷойгоҳи ҳақиқии уламои шарқӣ дар тамаддуни башарӣ барои хонандаи имрӯз возеҳ мунъакис гардад.

6. Бештаре аз муҳаққиқини замони нав ҳангоми баррасии таърихи асрҳои миёнаи Шарқ (ва махсусан таърихи илми он) ба гумроҳӣ рӯ ба рӯ омада, онро замони таназзулу сукути таърихӣ дониста, бад-ин восита қариб кулли ҷомеаи ҷаҳониро ба ин назариёти ботил гирифтор карда буданд. Ва ҳатто гоҳе ҳам бар асари бухлу рашки уламои руҳонимаоби Ғарб аст, ки намехостанд ва ҳатто имрӯз ҳам намехоҳанд, бартарии тамаддуни қурунивустоии муслиминро бар аҳли яҳуду насоро пурра ошкор созанд.

Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи илм дар Шарқи қурунивустоӣ он вақт ба натиҷаи даркорӣ мерасад, ки агар муҳаққиқини фанҳои гуногун аз қабили риёзидонон, физикдонон, мунаҷҷимон, забоншиносон, муаррихон, файласуфон ва амсоли онҳо якҷоя таҳқиқот баранд

Бинобар ин то ҳол пурра маълум нест, ки ҳадди илмии уламои асримиёнагии мо то куҷо будааст? Танҳо ҳамин маълум аст ки рӯз то

рӯз муайян мегардад, ки кошифони баъзе соҳҳоти илми ғарбии замони Эҳёи Аврупо (Ренесанс) дар ибтидо муслимин буданд.

3.) Савол: Ду шохаи бузурги зарвонӣ ва каюмарсӣ, ки ба манзалаи шиъаву суннии имрӯзианд, ба кадом дин марбутанд?

Ҷавоб: Ин ду шохаи бузург марбути дини Яҳудианд.

4.) Савол: Ин суханони кист: “Гоҳо мебинем, ки афроде, ки ба куллӣ зидди дину зидди мазҳаб ва зидди Худо ҳастанд, дар осори худ ба навиштаҳои пучу бемағзи худ аз зардуштигарӣ ва авзои Эрони қабл аз ислом ҳимоят мекунанд, ҳадафашон равшану маълум аст”?

Ҷавоб: Муртазо Мутаҳҳарӣ

5.) Савол: Ҷанбаҳо ва сабабҳои исломпазирии эрониён дар асоси кадом омилҳо сурат гирифта буд?

Ҷавоб: Агар ҷанбаҳову сабабҳои исломпазирии эрониёнро таҳлил намоем, омилҳои зиёде ба чашм мерасад, ки муҳимтарини онҳоро тариқи зайл маънидод кардан ба маврид аст:

* мавҷуд набудани идея ва дини ягонаи мутаҳидкунанда дар давлати Сосониён;

* таназзули сохти ҷамоаи ғуломдорӣ ва ташаккулёбии ҷомеаи феодалӣ;

* парокандашавии низоми давлатдорӣ ва зуҳури буҳрони шадид дар давлати Сосониён;

* омилҳои сиёсӣ;

* пиршавии асосҳои анъанавию ахлоқии қабоил;

* вазъи ногувори ҳолатҳои эътиқодӣ;

* бавуҷудоии низоми шадиди табақотии нобаробарҳуқуқ;

* мавҷуд набудани муносибатҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ;

* ба кор бурдани низоми иқтисодӣ ва иҷтимоии ғайрифаъол дар давлати Сосониён;

* низоми судӣ вақонунгузории зидди башарӣ ва зиддиинсонӣ;

* диққатҷалбнамоии дини нав (ислом) ва хусусиятҳои ҷаҳонии он;

* даркнамоии моҳияти таълимоти исломӣ ва ҷониби эрониён;

* сукути динҳо, мазҳабҳо ва ҷараёнҳои собиқ;

* раҳоӣ аз ҷизя;

* муносибатҳои хешутаборӣ ва омезиш ёфтани халқиятҳо;

* ва амсоли ин;

6.) Савол: Бузургтарин тафсири Қуръонро дар дунё кӣ ва дар чанд ҷилд навиштааст?

Ҷавоб: Абӯҳомиди Ғазолӣ дар 700 ҷилд навишта, ки 50 ҷилди он танҳо дар тафсири сураи Бақара буд.

7.) Савол: Имом Абӯҳанифа (р) дар синни чандсолагӣ шогирди Ҳаммод шуд ва ин давраи шогирдӣ чанд сол идома ёфт?

Ҷавоб: Имом Абӯҳанифа (р) дар синни бистудусолагӣ ба ҳалқаи дарсии Ҳаммод пайваст ва ҳаждаҳ сол назди Ҳаммод шогирдӣ кард, зеро ҳангоми вафоти Ҳаммод, Абӯҳанифа (р) чиҳил сол дошт, пас маълум мешавад, ки то синни чиҳилсолагӣ шогирди ӯ буда, баъд аз он ҳалқаи дарсии худро созмон додааст.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.