ТАМАДДУНҲОИ ҲОКИМ ВА ДИНҲОИ ҚАБЛ АЗ БИЪСАТ

ТАМАДДУНҲОИ ҲОКИМ ВА ДИНҲОИ ҚАБЛ АЗ БИЪСАТ

ТАМАДДУНҲОИ ҲОКИМ ВА ДИНҲОИ ҚАБЛ АЗ БИЪСАТ

(идома аз мақолаи гузашта)

Аҳли Эрон: Эрониён ҳангоми намоз рӯ ба оташ меоварданд. Охирин подшоҳи Сосониён Яздигурд боре ба хуршед қасам ёд карда гуфтааст: «Савганд ба Офтоб, ки ӯ Худои бузургтарин аст.» Маҷусиён дар ҳар асру замон Худоро ду мешуморанд, ки ин шиори онон гаштааст: Якум нур, ки он Худои хайр ва некист, дувум торикӣ, ки он Худои шар ва бадиҳост.

Будоиҳо: Дини Будоӣ, ки дар Ҳинд ва Осиёи Марказӣ ривоҷ дошт, ба бутпарастӣ мубаддал шуда буд. Онҳо ҳар куҷо, ки мерафтанд, бути Будоро бо худ мебурданд ва ҳар ҷо, ки манзил мегирифтанд маъбад сохта, муҷассамаҳои Будоро насб менамуданд.

Браҳманҳо: Дини аслии Ҳиндуҳо, ки бо бисёрхудоӣ шинохта мешуд, дар садаи шашуми мелодӣ бештар авҷ гирифта, ҳеҷ шакке вуҷуд надорад, ки дини Ҳиндуӣ, Будоӣ ва Дуализм (ду худоӣ) бо ҳам баробаранд. Бутпарастӣ тамоми сарзаминҳоро, аз уқёнуси Ҳинд то уқёнуси Ором фаро гирифта буд ва гӯё Масеҳият, Яҳудият, Будоӣ ва Браҳманӣӣ дар бузургдошти бутҳо монанди мусобиқаи аспдавонӣ бо ҳам мусобиқа доштанд.

Боре паёмбари Худо (с) ба ин фасод, ки ҳамаи башариятро фаро гирифта буд, бад-ин мазмун ишора намуда, фармуд:

«Парвардигорам маро амр намуд, то он чиро, ки намедонед, ба шумо биёмӯзам ва аз ҷумлаи чизҳое, ки имрӯз ба ман омӯхт ин аст, ки фармуд: Ҳар моле, ки бандаамро додаам ҳалол аст ва ман ҳамаи бандагони худро ҳаниф (майлкунанда аз ширк ба сӯи тавҳид) офаридаам, аммо шайтон онҳоро гумроҳ сохтва он чиро, ки бар онҳо ҳалол кардаам, ҳаром намуд ва онҳоро амр кард, то ба Худо шарик оваранд. Ва Худованд, ғайр аз теъдоде аз аҳли китоб, бақияи сокинони кураи замин, чӣ араб ва чӣ аҷамро ҳалок намуд.»

УСУЛУ НАЖОД ВА ТАМАДДУНИ АРАБ

1.) Усул ва нажоди Араб.

Таърихнигорон силсилаи нажоди Арабро ба се даста тақсим намудаанд:

1. Арабҳои боида - қабилаҳои Од, Самуд, Амолиқа, Тасм, Ҷудайс, Умайм, Ҷурҳум, Ҳазарамавт ва қабилаҳое, ки ба онҳо пайвандӣ доштанд. Онҳо дорои мулук ва подшоҳоне буданд, ки то Шом ва Миср ҳукмронӣ менамуданд, аммо бо мурури замон қабл аз зуҳури ислом аз байн рафтаанд.
2. Арабҳои ориба - ҳамон арабҳое ҳастанд, ки аз салби Яъруб ибни Яшҷуб ибни Қаҳтон омадаанд ва онҳо ба арабҳои Қаҳтонӣ ва ё арабҳои Ҷануб ёд мешаванд. Яман, мамлакати Муъин, Сабо ва Ҳимяр аз билоди зердастони Қаҳтон ба шумор мераванд.

3. Арабҳои аднонӣ - аднонӣ нисбат ба Аднон аз фарзандони Исмоил ибни Иброҳим аст, ки ба арабҳои мустаъраб шинохта мешаванд. Яъне бо нажоди ғайриараб омехтаанд. Онҳо арабҳои шимолӣ ҳастанд, ки ватани аслии онҳо Макка ба шумор меравад. Ва онҳо Исмоил (а) ва фарзандони ӯ ва Ҷароҳима ҳастанд, ки Исмоил (а) аз онҳо арабӣ омӯхта, ба онҳо домод шуд ва фарзандонаш ҳамчун араб нашъу намо ёфтанд. Аз зуррияи Исмоил (а), Аднон бобои бузурги паёмбар (с) буд, ки аз фарзандони ӯ қабоили араби Маккӣ ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумлаи фарзандони Аднон Маъад ва пас аз он Низор ва пас аз он ду писари дигараш Музар ва Рабиъа ба вуҷуд омадаанд. Аз салби Рабиъа ибни Низор дар Баҳрайн Абдулқайс ба вуҷуд омад ва дар Ямома Ҳанифа ва дар миёни Баҳрайн ва Ямома Бани Бакр ибни Воил ва Тағлиб аз Фурот убур намуда, миёни Даҷла ва Фурот маскан гирифтанд ва Тамим дар бодияи Басра маскан гирифт.
Аз Музариҳо, Салим ба наздики Мадинаи мунаввара, Сақиф дар Тоиф, ҳамаи Ҳавозин дар шарқи Макка, Асад дар шарқи Тимо то ғарби Куфа, Зубён ва Абас аз Тимо то Ҳаврон ҷойгузин гаштанд. Ҷумҳури уламои насабшинос бар он ақидаанд, ки Аднониҳо ва Қаҳтониҳо ду гурӯҳи ҷудогона будаанд, аммо бархе аз уламо бар он ақидаанд, ки Аднониҳо ва Қаҳтониҳо ҳар ду мансуб ба Исмоил ибни Иброҳим (а) мебошанд.

Имом Бухорӣ дар китоби «Саҳеҳи Бухорӣ» дар баёни нисбати Яман ба сӯи Исмоил (а) аз Салма ҳадисеро бад-ин мазмун зикр мекунад:
«Паёмбари Худо (с) бар қавме гузашт, ки бо ҳам мусобиқаи тирандозӣ доштанд. Паёмбари Худо (с) гуфт: «Фарзандони Исмоил, тирандозӣ кунед, ки ман ҳамроҳи фалониҳо (ишора ба сӯи тарафи муқобили он ду гурӯҳ) ҳастам». Онҳо бошанд аз тирандозӣ даст кашиданд. Фармуд: «Чӣ шудааст шуморо?» Гуфтанд: «Чӣ гуна тирандозӣ кунем, ки Шумо бо фалониҳо ҳастед?» Паёмбари Худо (с) фармуд: «Тирандозӣ кунед, ман бо ҳамаи шумо ҳастам.»

Ва дар баъзе ривоятҳо омадааст: «Эй фарзандони Исмоил, тирандозӣ кунед, ки падаратон тирандози моҳир буд.»
Бухорӣ мегӯяд: «Ва Аслам ибни Афсо ибни Ҳориса ибни Амр ибни Омир аз Хузоъа аст, яъне дар ҳақиқат, Хузоъа фирқае аз қабилаҳои Сабо буд, ки вақте Худо бар онҳо сели вайронгари Арим (боронҳои шадид)-ро фиристод, пароканда гаштанд. Дар бораи нисбат доштани паёмбар (с) ба Музар, Имом Бухорӣ аз Кулайб ибни Воил ҳадисе ривоят намудааст, ки мефармояд: «Аз Зайнаб бинти Абӯсалама, ки назди паёмбар (с) парвариш ёфта буд, пурсидам: «Ба гумонат паёмбар (с) нисбате ба Музар доранд?» Зайнаб гуфт: «Бале, он Ҳазрат (с) мансуб ба Музар ва Музар мансуб ба Бани Назр ибни Кинона мебошад».

Нисбати Қурайш ба Кинона бад-он асос аст, ки Қурайшиҳо авлоди Фиҳр ибни Молик ибни Назр ибни Кинона мебошанд, ки ба қабилаҳои мухталиф ҷудо гаштаанд ва аз ҷумлаи машҳуртарини онҳо қабилаҳои Удай, Махзум, Тайм, Зуҳра ва қабилаҳои Қусай ибни Килоб мебошанд, ки аз Абдуддор ибни Қусай, Асад ибни Абдулуззо ибни Қусай ва Абдуманоф ибни Қусай иборатанд. Қабилаи Абдуманоф ба чор шоха тақсим гаштааст: Абдушамс, Навфал, Мутталиб ва Ҳошим. Ҳошим ҳамон бахшест, ки паёмбарамон Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ба он мансуб аст.

Паёмбари Худо (с) бад-ин мазмун фармудаанд:

«Худо Кинонаро аз фарзандони Исмоил ва Қурайшро аз Кинона ва аз Қурайш бани Ҳошимро ихтиёр намуд ва аз бани Ҳошим маро баргузид.»

2.) Тамаддунҳои ҷазираи Араб.

Аз замонҳои қадим дар сарзаминҳои Араб тамаддунҳои асил ва решадоре вуҷуд доштанд, ки машҳуртаринашон инҳоянд:

1. Тамаддуни Сабо дар Яман.

Қуръони карим ба тамаддуни Сабо ишора намуда, ки яманиҳо аз оби борон ва оби селҳое, ки миёни регистонҳо беҳуда рафта, дар баҳрҳо мерехт, чӣ гуна истифода мекарданд. Онҳо бо роҳҳои нақшабардорӣ ва ҳандасии пешрафта обро маҳор баста, дар обанборҳо захира менамуданд ва аз машҳуртарини ин обанборҳо обанбори Маъраб буд, ки оби онро дар зироатгоҳҳо ва боғҳои гуногуни пур аз дарахт ба кор мебурданд.

Худованд дар ин маврид мефармояд:

«Мардуми Саборо дар истиқоматгоҳашон ибрате буд: ду боғ доштанд, яке аз ҷониби рост ва яке аз ҷониби чап. Аз он чӣ Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Шаҳре хушу покиза ва Парвардигоре омурзанда! Рӯй гардонданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва ду боғашонро ба ду боғ бадал кардем, бо мевае талх ва шӯраг ва андаке сидр (номи дарахт). Онҳоро, ки носипос буданд, инчунин ҷазо додем. Оё Мо ҷуз носипосонро ҷазо медиҳем?»
(Сураи Сабо, оёти 15-17)

Ва Қуръони карим ба ободиҳои ба ҳам пайваста, ки дар гузаштаи дур миёни Яману Ҳиҷоз ва Шом мавҷуд буда, ишора кардааст, ки қофилаҳо ва мусофирони аз Яман ба сӯи Шом раҳсипоргашта ҳеҷ камбуди сояи дарахт ва обу таом надоштанд. Худованд мефармояд:

«Миёни онон аз қарияҳое (деҳаҳое), ки баракат дода будем, шаҳрҳое ободон ва бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар муайян кардем. «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед!» Бар хештан ситам карданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам дур қарор деҳ!». Мо низ афсонаи рӯзгорашон гардонидем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин ибратҳост барои сабркунандагони сипосгузор!»
(Сураи Сабо, оёти 18-19)

2. Тамаддуни Од дар Аҳқоф.
Қавмҳои Од дар шимоли Ҳазарамавт зиндагӣ мекарданд. Худованд паёмбараш Ҳуд (а)-ро ба сӯи онҳо фиристод. Онҳо дорои қасрҳои мустаҳкам, корхонаҳои бисёр, хонаҳои сарбафалаккашида, боғу чашмаҳо ва киштзорҳои пурсамаре буданд. Худованд дар васфи онҳо мефармояд:

«Қавми Од паёмбаронро дуруғгӯ бароварданд. Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: Оё наметарсед? Ҳароина, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам. Аз Худо битарсед ва ба ман итоат кунед. Ман аз барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ бурҷе месозед? Ва ба ин пиндор, ки ҳамеша зиндаед, қасрҳое бино мекунед? Ва чун интиқом гиред, бераҳмона интиқом мегиред? Пас, аз Худо битарсед ва ба ман итоат кунед ва битарсед аз он Худое, ки он чиро ки медонед, ба шумо ато кардааст. Ва ба шумо чорпоёну фарзандон арзонӣ доштааст ва боғҳову чашмасорон».
(Сураи Шуъаро, оёти 123-134)


3.Тамаддуни Самуд дар Ҳиҷоз.
Қуръони карим бо вуҷуди тамаддуне дар сарзамини Ҳиҷр ва ба тавонмандии мардумони он, ки тавонистанд хонаҳои худро дар даруни кӯҳҳо бисозанд ва ин ки дорои чашмасорҳо ва бӯстонҳову киштзорҳои зироатӣ буданд, низ ишорат намудааст. Худованд дар баёни васфи онҳо дар сураи Шуъаро чунин мефармояд:

«Қавми Самуд Паёмбаронро дуруғгӯ бароварданд. Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед? Ҳароина, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам. Аз Худо битарсед ва ба ман итоат кунед. Ман аз барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. Оё мепиндоред, ки шуморо дар ин неъматҳо эмин раҳо мекунанд? Дар боғҳову чашмасорҳо? Ва киштзорҳову нахлҳо бо он шукуфаҳои нарму латиф? Ва шодмон дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед? Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.»
(Сураи Шуъаро, оёти 141 - 150)

Инчунин, Худованд дар сураи Аъроф мефармояд:

«Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишинони қавми Од кард ва дар ин замин ҷой дод, то ба рӯи замини нармаш қасрҳо барафрозед ва кӯҳҳояшро тарошида хонаҳое бисозед. Неъматҳои Худоро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед.» (Сураи Аъроф,ояти 74)

Ҳамаи он тамаддунҳои ёдшуда аз байн рафта, ба нестӣ рӯй ниҳоданд. Ғайр аз осори ҷойҳо, харобазорҳо, талу теппаҳо ва нишонаҳо чизи дигаре аз онҳо боқӣ намондааст. Шаҳрҳову қасрҳо вайрон, чашмасорҳо хушкида, боғу бӯстон ва зироатгоҳҳо ба замини хушку беобе мубаддал гаштаанд, ки на дарахте он ҷо мерӯяд ва на зироате.

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Пайнавишт

1. «Сирати Набавӣ»-и Имом Надавӣ, саҳ. 27.

2. «Сирати Набавӣ»-и Имом Надавӣ, саҳ. 28

3.«Анниҳоя фи ғарибул ҳадис», 5\29.

4. Анниҳоя фи ғарибул ҳадис»,1\451.

5. Анниҳоя фи ғарибул ҳадис»,,1\316.

6. «Фиқҳу-с-сира-ан-набавия»-и Ғазбон, саҳ. 45

7. «Мадхалун ли фаҳми-с-сира», саҳ. 98-99.

8. «Аттариқу илал-Мадоин»-и Одил Камол, саҳ. 40.

9. «Ас-сира-ан-набавия»-и Абӯшаҳба, 1\48

10. Бухорӣ, 3507.

11. Бухорӣ, 2899. Ибни Ҳиббон, 4693.

12. «Ас-сирату-н-набавия»-и Абӯшаҳба, 1\48

13. Бухорӣ, 349.

14. «Фиқҳу-с-сира-ан-набавия»-и Ғазбон, саҳ. 47.

15. Муслим, 2276. Тирмизӣ, 3605 ва 3606. Аҳмад, 4\701).

16. «Ас-сирату-н-набавия»-и Абӯшаҳба, 1\50.

17. «Ас-сирату-н-набавия»-и Абӯшаҳба, 1\51.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.