Пирузии Абулахаб бар Арво Бинти Харб!

Ислоҳ нет

Пирузии Абулахаб бар Арво Бинти Харб!

Имруз хабари Пирузии Трампро бар ракибаш Хилари Килинтон мисли барк хамачоро фаро гирифта буд. Хар шахс ва хар хабаргузори бо дидгохи худаш онро шарху тафсир мекард. Баъзе пирузии Бадтар бар Бадаш мегуфтанд, бархе дигар пирузии нафари Кремлин бар Амрико мегуфтанд. Бархе дигар пирузии душмани сарсахти ислом бар зиди мусалмононаш мегуфтанд. Бархе дигар огози мархалаи чадиди чангу хунрези дар сарзаминхои исломи мегуфтанд. Ин хама бароям хеч таъсире надоштанд. Чун мо мусалмонон эътикод дорем, ки чизе дар ин дунё бе иродаи Аллох амали намегардад. Аллох барои бандагонаш хайрро мехохад. Бо сарсахтарин душманонаш мусалмононро рубару карда аст ва пирузашон гардонида аст. 
-Рум бо он хама шавкату кудраташ дар мукобили араби бодиянишин маглуб гашт.
– Эрони Сосони бо он хама таърихи гании гузаштааш дар мукобили Форуки Аъзам(раз) маглуб гашт. 
Чандин чунин мисолхои таърихи хастанд, ки аз онхо огохем.

Вакте субх ба сахифа Доктор Абдулкарим Бакор ворид гаштам. Чизе хондам хело хандадор ва хама суханони каблан хондаамро хеч кард. Манзур тахлил дар як сатр вале хело чолиб:

Имруз дар Амрико Абулахаб бар Хаммолатал хатаб пируз гашт!!!

Яъне Абулахаб Трамп Хаммолатал Хатаб Хелари. 
Хаммолатал Хатаб: Хамсари Абулахаб Умми Чамил номи аслиаш Арво бинти Харб Ибни Умая ибни Абдушшамс аст. Занеки бар зидди Расули Акрам (с) мубориза мебурд ва хорхоро дар рохи он хазрат мегузошт , то азият дихад У (с) ва мусалмон шудагонро. 
Хело таъбири ачиб ва оли буд бароям!

Share This Article