Агар аз хазина бароятон пул диҳам,бароям то моҳи оянда замонати зинда монданро медиҳед?

Агар аз хазина бароятон пул диҳам,бароям то моҳи оянда замонати зинда монданро медиҳед?

Агар аз хазина бароятон пул диҳам,бароям то моҳи оянда замонати зинда монданро медиҳед?

Умар ибни Абдулазиз (раҳ) духтари хурдсоле дошт. Рӯзи ид буд ва он духтарча гирякунон назди падар дохил шуд. Умар ибни Абдулазиз (раҳ) пурсид: духтарам, барои чӣ гиря мекунӣ?

Духтар гуфт: Ҳама кӯдакон имрӯз либоси нав пӯшидаанд, аммо ман духтари амирулмуъмининаму либоси кӯҳна бар тан дорам.

Ин сухани духтараш ба Умар ибни Абдулазиз (раҳ) сахт таъсир кард. Аз ҷой бархост ва ба сӯйи хазинадори амволу дороии давлат шитофт ва ба ӯ чунин гуфт: Эй хазинадор! Ба ман иҷозат медиҳӣ маъоши моҳи ояндаамро имрӯз бигирам?

Хазинадор пурсид: барои чӣ маъоши моҳи ояндаатонро имрӯз мегиред?

Умар ибни Абдулазиз (раҳ) гуфт: имрӯз ид аст ва духтарам аз ман талаби либоси нав кард.

Хазинадор гуфт: Эй амиралмуъминин, мушкил нест, вале як шарт дорам, то маъоши моҳи ояндаатонро имрӯз бипардозам.

Умар ибни Абдулазиз (раҳ) гуфт: Чӣ шарт дорӣ?

Хазинадор гуфт: шарт ин аст, ки барои ман замонат диҳед, ки моҳи оянда то охираш шумо зинда мемонед ва як моҳ кор мекунед ва ман маъоши моҳи ояндаатонро ҳозир мепардозам.

Умар ибни Абдулазиз (раҳ) пас аз шунидани ин шарт баргашт ва ба хонааш омад.

Вақте фарзандон падарро диданд пурсиданд: чӣ кор кардед эй падар?

Умар ибни Абдулазиз (раҳ) гуфт: Оё сабр мекунед, то ҳама якҷо дохили ҷаннат шавем? Ва агар сабр накунед ҳама якҷоя дохили оташи ҷаҳаннам мегардем.

Фарзандон ҳама якҷо гуфтанд: сабр мекунем эй падари бузургвори мо.

Хушо ба ҳолат эй Умар ибни Абдулазиз (раҳ), ки чунин ҳукумат кардед ва дар сафаҳоти таърих бо номи панҷумин хулафои рошид ва Умари Сонӣ сабт шудаед.

Эй АЛЛОҲ, бар ин уммат чунин Умарҳоро бифрист, то аз адли онҳо замин мунаввар гардад. Ҳаққи мазлумонро аз золимон ситонад, бозӯмандон наздаш заиф ва заифону бенавоён наздаш қавӣ ва муҳтарам бошанд, омин.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.