ГИРЯИ БОЯЗИД АЗ ИМОНУ ТАҚВОИ ПИСАРИ ХУРДСОЛАШ

ГИРЯИ БОЯЗИД АЗ ИМОНУ ТАҚВОИ ПИСАРИ ХУРДСОЛАШ

ГИРЯИ БОЯЗИД АЗ ИМОНУ ТАҚВОИ ПИСАРИ ХУРДСОЛАШ

Ин қиссаро шайх Абуязиди Бастомӣ (раҳ), ки мардум ӯро бо исми Боязиди Бастомӣ мешиносанд, аз ҳаёти худ нақл мекунад. Азбаски “қиссаест тарбиявӣ ва аз манфиат холӣ нест” онро тақдими хонандаи азиз мекунем, то дар тарбияи фарзандон аз синни хурдӣ талош варзем.

Шабе Абуязиди Бастомӣ барои адои намози таҳаҷҷуд аз хоб бедор шуд ва вузуъ гирифт. Вақте шуруъ ба намоз хондан кард чашмаш ба писари хурдсолаш бархурд, ки назди ҷойнамозаш хобида буд. Чун шаби сарди зимистонӣ буд ӯро бо лиҳофе (курпае) печонид, то сардӣ таъсираш нарасонад. Шафқати падарӣ бар шайх ғолиб омад ва ба писараш гуфт: бихоб писарам, дар пеш шаби дарозе дорӣ.

Писар гуфт: пас барои чӣ шумо бархостед?

Шайх гуфт: Аллоҳ инро ба ман омўхтааст, то шаб зиндадорӣ кунам ва ҳаққи бандагиямро адо намоям.

Писар гуфт: Падарҷон ман ин оятро ҳифз медонам, ки Аллоҳ дар Қуръони карим мефармояд: { إنَّ ربّك يعلم أنّك تقوم أدنى من ثلثي الليل و نصفه و ثلثه و طائفة من الذين معك }

“Парвардигори ту медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду сеяки шабро ба намоз меистед...”
(Сураи Муззаммил,ояти 20).

Писар гуфт: эй падар, лутфан бароям бигӯед, кӣ буданд онҳое, ки Аллоҳ дар ин оят онҳоро бо Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ҳамроҳ гуфтааст? Он ахтароне, ки ҳамроҳии он Ҳазрат (с)-ро шарафёб гаштанд, кӣ буданд?

Шайх гуфт: писарам онҳо асҳоби он Ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам ) буданд.

Писар гуфт: падарҷон, пас маро низ аз шарафи ҳамроҳӣ дар тоъату ибодати Аллоҳ маҳрум масоз, то ки дар ин дили шаб ман ҳам Ӯро ибодат кунам. Шайх аз суханони фарзандаш ба даҳшат ва ларза афтод, аммо ҳамоно худро ором вонамуд кард ва гуфт: писарҷонам ту ҳоло кўдаке ҳастӣ, ки ба синни балоғат нарасидаӣ.

Писар гуфт: падарҷон, ман доимо модарамро мушоҳида мекунам, ҳар гоҳ, ки оташ гирён мекунад нахуст чубҳои хурдро оташ мезанад, то чубҳои бузургро сўзонад. Вақте ин кори модарамро дидам тарсам аз он аст, ки мабодо Аллоҳ рӯзи Қиёмат пеш аз калонсолон аз мо хурдсолон шуруъ кунад. Агар мо хурдсолон кўтоҳиву коҳилиро дар дар тоъату ибодати Аллоҳи хеш пеша кунем, пас ҳоли мо чӣ мешавад?

Шайхро ин гуфтаҳои фарзандаш то он ҳад таъсир гузошт, ки баданашро хавфи Аллоҳ ба ларза овард, ашк ришашро тар намуд ва гуфт: бархез писарам, ки аз падарат дида ту ба Аллоҳ наздиктар ҳастӣ!!!
Умед аст фарзандонро дар хонавода дар тоъат ва ибодати Аллоҳ тарбия намоем. Инро низ набояд фаромўш кард, ки фарзанд падару модарро дар ҳар амале бештар бинад, он амал дар дидгоҳ ва қалбаш ҷой мегирад.

Ман чун ҳамешагӣ пас аз намози субҳ то ишроқ ва пас аз шом то намози хуфтан Қуръон мехонам ва писари хурдсолам танҳо пас аз намози шомашро мебинад. Гоҳо баъд аз намози хуфтан ба хона меоям.

Писарам дар ҳол мегўяд: падар, чаро имрӯз Қуръон нахондед? Мегўям, писарам, ман дар утоқи корам хондам. Мегўяд: аммо ман хонданатонро надидам. Ҳатман бори дигар Қуръонро мегирам ва мехонам. Модараш изҳор мекунад, ки вақти хўрок хўрдан аст, аммо ман барои мушоҳидаи ў аввал тиловати Қуръонро анҷом медиҳам. Ҳангоми намоз хондан бо ман меистад ва мехонад аз забони бародару хоҳараш оғози чанд сураро тутивор ҳифз кардааст.
Умуман бояд дар хона худ намуна ва дар анҷоми амалҳои нек улгу (идеал) бошем, то фарзандон ба он аз синни хўрдӣ назар андўзанд ва шавқманд гарданд.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.