Хадамоти Умар ибни Абдулазиз (раҳ) ва уламои ҳамасри ӯ (бахши аввал)

Хадамоти Умар ибни Абдулазиз (раҳ) ва уламои ҳамасри ӯ (бахши аввал)

Хадамоти Умар ибни Абдулазиз (раҳ) ва уламои ҳамасри ӯ
(бахши аввал)


Насиҳати эшон ба Умар ва гӯшзади ӯ ба масъулият.
Умар ибни Абдулазиз танҳо халифаест аз бани Умая, ки насиҳатҳову тавҷеҳоти аз ҳама бештар ба сӯи ӯ равона шудааст. Теъдоди номаҳои зиёд миёни халифа ва уламо аз қабили Солим ибни Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб, Муҳаммад ибни Каъби Қуразӣ, Абӯҳозим Салама ибни Динор, Қосим ибни Мухаймира, Ҳасани Басрӣ ва дигарон аст, ки бо ӯ мукотибаву мусоҳиба доштаанд.

Панду насоеҳи уламо теъдоде аз роҳнамоиҳоро, ки бо барномаи сиёсии Умар бастагӣ доштанд, дар бар мегирифт. Ин далолат бар он мекунад, ки Умар манҳаҷи худро аз ҳамон манобее, ки аз панду насоеҳ маншаъ мегиранд, гирд овардааст. (1) Ончи дар насиҳатҳои Муҳаммад ибни Каъби Қуразӣ омадааст: ….
Эй Амирулмуъминин! Дарҳоро боз намо, пардаҳоро бардор, мазлумро ёрӣ бидеҳ. Золимро рад намо. (2) Мавъизаи Қосим ибни Мухаймира низ ба ҳамин маънӣ омадааст: Шунидаем, ки шахсе умури мардумро ба дӯш гираду аз нодору ҳоҷатмандаш рӯй гардонад, Худованд аз нодорию ҳоҷатмандии ӯ рӯзи Қиёмат рӯй мегардонад. Умар гуфт: Шумо чӣ мегӯед? Баъд аз он сар ба поин хеле сукут карда, назди мардум баромад. (3)
Дар яке аз номаҳои Ҳасани Басрӣ ба Умар омадааст:… Аммо баъд, эй Амирулмуъминин! Барои афроди мисли худ бародар бош. Барои бузургон писар ва барои хурдсолон падар бош ва ҳар якеро бо ҷурми худ ба қадри ҷусса ва тавоноӣ иқоб намо. Барои хотири ҷазабаи худ, ҳатто як қамчин ҳам мазан, то сабаби дохил шуданат ба оташ гардад. (4) Умар ин пандҳоро ҳарисона татбиқ мекард ва омилони худро низ ба он амр мекард. (5)
Дар номаи Солим ибни Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб омадааст: Дар ҳақиқат қабл аз шумо мардоне буданд, ки амал карданд ва суннатҳо эҳё намуданд ва бидъатҳоеро оварданд, ҳатто, ки наслҳое ба вуҷуд омада, дар сояи он нашъунамо ёфтанд ва гумон карданд, ки он суннат аст. Дарвозаҳои фаррохию баракатро барои мардум бастанд. Ҳар дарвозаеро, ки мебастанд, Худованд дарвозае аз балоро ба рӯяшон мекушод. Пас агар тавоноӣ дошта бошӣ ва ҳол он ки тамоми қуввату тавоноӣ мар Худовандрост, ки барои мардум дарвозаҳои баракату фарохиро бикушоӣ, пас анҷом бидеҳ, зеро ҳар гоҳе, ки шумо дарвозаи хайреро мекушоед Худованд дарвозае аз балоро ба рӯятон мебандад. Аз барканорсозии омиле даст макаш ба хотири ин ки касе ҷойгузини ӯ шуда наметавонад, зеро дар ҳақиқат, агар шумо ба хотири ризои Худо барканор созеду ба хотири ризои Худо истеъмол намоед, Худованд ёрманду муносибу мувофиқеро насиби Шумо мегардонад. Дар он нома боз омадааст: Пас омилеро, ки ба Ироқ мефиристӣ аз гирифтани амвол ва резондани хун бо уқубат шадидан манъ намо, магар ба ҳаққи он. Эй Умар, аз молу хун бар ҳазар бош, зеро аз ҳавли ҷаҳаннам наҷот намеёбед. Агар хабари зулми омиле ба шумо расаду онро тағйир надиҳед. (6)
Ин раҳнамоиҳо айни сиёсати Умар дар ғанисозии раият, интихоби омилон ва назорати эшон будааст. (7)

Мушоракати эшон дар вазифаву амалҳои давлатӣ.

Иштироки уламо ҳамроҳи Умар ибни Абдулазиз танҳо бо тақдим ва пешниҳоди машварату насиҳатҳо набуд, балки эшон теъдоде аз мансабҳои давлатиро низ ба дӯш гирифта, дар манотиқи мухталиф хидмат мекарданд. Муҳимтарини ин мансабҳо ва пуртаъсиртаринаш дар сиёсати давлат ин иморат ва идораи иқлимҳо ва Байтулмол аст. (8) Чун волиҳои Умарро дар иқлимҳо ва минтақаҳои зери нуфузи давлат баррасӣ кунем мебинем, ки аксари онҳо аз зумраи уламо мебошанд. Мисли ин ки: Имоми муътамад ва амири одил Абдулҳамид ибни Абдурраҳмон ибни Зайд ибни Хаттобро бар вилояти Куфа, (9) олими қудратманд Абӯбакр ибни Умар ибни Ҳазмро бар Мадина, (10) имоми бузург Исмоил ибни Абӯлмуҳоҷирро бар Африқо, (11) фақеҳу муҳаддис Адий ибни Адийи Киндӣ бар ҷазираи Фурот ва Арманистону Озарбойҷон, (12) имом қозӣ Убода ибни Насийро бар Урдун, (13) олими муътамад Урва ибни Атияи Саъдиро бар Яман (14) ва қозии Фозил Солим ибни Вобисаи Абдиро бар минтақаи Риққа омилу волӣ таъин кардааст. (15)
Аммо Байтулмолро теъдоде аз уламо сарпарастӣ ва идораашро ба дӯш гирифтанд. Олими бузург Маймун ибни Маҳрон бар хироҷи Ҷазира, (16) олими муътамад Солеҳ ибни Ҷубайри Судоӣ бар хироҷ, Умар ибни Абдулазиз, (17) олим, ваҳб ибни Мунаббаҳ бар байтул-моли Яман ва Абӯзунод. Умар ибни Маймун раёсати почтаи Умар ибни Абдулазизро ба дӯш дошт. (18)

Бидуни шак чунин ширкати васеи уламо дар иморат ва идораи иқлимҳо ва Байтулмол таъсири бузурге дар забти умури идорию молии давлат ва ба бор овардани натиҷаҳои неки он дар аҳди Умар ибни Абдулазиз доштааст. (19)
Мадрасаҳои илмӣ дар аҳди Умар ибни Абдулазиз ва хилофати Уммавӣ
Дар китоби худ роҷеъ ба Умар ибни Хаттоб (р) дар бораи мадрасаҳои илмӣ ва қарор додани пойтахти давлат ҳамчун мадрасае, ки аз он уламову доиёну қозиёнро фориғуттаҳсил мекарданд, сухан гуфтам, ки дар асари он мадрасаҳои илмӣ дар Маккаву Мадина, Басраву Куфа, Шому Миср ва ... ба фаъолият шуруъ намуданд. Саҳобаи киром дар ин мадорис ба таълими мардум пардохтанд ва ин мадорис тавонистанд, ки кадрҳои илмию фиқҳии ботаҷриба ба воя расонанд ва муассисаҳои аскариро, ки фатҳи Ироқу Эрон Шом ва диёри Мағрибу Мисрро ба дӯш дошт кӯмак намоянд. Уламои саҳоба, ки барои даъвати мардум ва тарбияи эшон фориғ гашта буданд, тавонистанд наслеро дар минтақаҳои фатҳшуда ба воя расонанд, ки аз дини ислом бохабару огоҳанд. Онҳо тавонистанд мушкилоти забониро миёни худ бартараф созанд, балки бештари аҷамиён луғати исломро омӯхта, аз сарони ҳаракати илмӣ баъд аз асри саҳоба гаштанд.

Мадориси илмию фиқҳӣ дар манотиқи фатҳшуда таъсири хубе гузошта, наслеро аз тобеъин ба воя расонид, ки илми саҳобаро ба уммат интиқол доданд ва дар зимн силсилаи санаде гардиданд, ки китоби Худо ва сунати Расулро ба уммати ӯ (с) расониданд. Нақши асосиро дар интиқоли илми Расулуллоҳ аз саҳоба баъд аз фазли Худо муассисини мадориси илмии Макаву Мадина, Басраву Куфа ва ... бозиданд. (20) Мадрасаҳои тобеъин дар замони хилофати Уммавиҳо фаъолияти худро идома доданд. Бисёре аз уламое, ки аз ин мадрасаҳо фориғуттаҳсил шуданд Умар ибни Абдулазизро дар барномаҳои ислоҳотияш кӯмак намуданд.

Аз муҳимтарини ин мадорис:
1. Мадрасаи Шом.
Дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (р) таъсис шудааст. Машҳуртарин муассисони он аз саҳоба Муъоз ибни Ҷабал, Абӯдардо ва Убода ибни Солим (р) мебошанд. Баъд аз саҳоба ливои илмию тарбиявию даъавиро тобеъин бардоштанд, ки машҳуртарини онҳо тариқи зайланд:

1.) Имоми фақеҳ Абӯидриси Хувлонӣ, Оиз ибни Абдуллоҳ
Ӯ қозии Димишқ ва олими он ҷо буд. Аз Абӯдардо ибни Аббос ва Абӯҳурайра ва бисёре аз дигарон ҳадис ривоят кардааст. Абӯидрис баъд аз Абӯдардо, олими Шом буд. Ӯ гуфтааст: Абӯдардо Убода ибни Солим ва Шаддод ибни Авсро дарёфтам ва аз онҳо омӯхтаву ривоят кардам. (21) Абӯидрис олими муътамад ва аз аҳли фиқҳ дар дин ва илми ҳалолу ҳаром буд. Ӯ қироъати хеле хуб дошт. Язид ибни Убайда мегӯяд: Абӯидрисро зимни хилофати Абдулмалик ибни Марвон дидам, ки дар ҳалқаҳои дарсии масҷиди Димишқ Қуръон тиловат мекарданд ва ҳамагӣ меомӯхтанд ва Абӯидрис назди сутуне нишаста буд ва ҳар гоҳ ҳалқае ба ояти саҷда мерасид, ба ӯ мефирстоданд, то онро хонад ва эшон гӯш мекарданд ва ӯ бо эшон якҷоя ба саҷда мерафтанд…. Ҳатто, ки аз он саҷда фориғ мешуданд. Абӯидрис бархоста, ба ривоят ва қиссагӯӣ мепардохт.(22)

Язид ибни Абӯмолик мегӯяд: Мо ҳамроҳи Абӯидриси Хувлонӣ менишастему ӯ ба мо суханони Паёмбар (с)-ро мегуфт. Рӯзе аз баъзе ғазавоти Паёмбар (с) сухан гуфт, ҳатто ки ҳамаи ғозиёнро зикр кард, пас марде аз тарафи дигари маҷлис ба ӯ гуфт: Оё дар он ғазва ҳозир будӣ? Гуфт: На. Он мард гуфт: Ман ҳамроҳи Расули Худо (с) ҳозир будам ва шумо аз ман дида, онро хуб ҳифз намудаед.(23) Абдулмалик ибни Марвон Билол ибни Абӯдардоро аз мансаби қазо барканор кард ва Абӯидрисро (24) ба ҷои ӯ таъин намуд. Баъд аз он Абдулмалик Абӯидрисро аз ривояти қисса маъзул сохт ва бар мансаби қазо таъинаш намуд. Пас Абӯидрис гуфт: Аз ончи рағбат доштам маро маъзул доштед ва бар ончи, ки хавф доштам таъинам намудед.(25) Ӯ соли 80 ҳ. вафот кард.(26)

2.) Фақеҳ Қубайса ибни Зуайби Димишқӣ. 
Ӯ аз Умар ибни Хаттоб, Абӯдардо, Абдураҳмон ибни Авф ва бисёре аз дигарон ривоят кардааст. Қубайса аз уламои тобеъин, муътамад, амонатдор буда, бисёр ҳадис ривоят кардааст. Шаъбӣ мегӯяд: Ӯ аз ҳама бештар ба тариқаи қазоӣ Зайд ибни Собит огоҳӣ дошт. (27) Макҳул дар бораи ӯ мегӯяд: Касеро аз Қубайса донишмандтар надидам. (28 ) Ибни Шаҳоб мегӯяд: Қубайса ибни Зуайб аз уламои ин уммат буд. (29) Соли 86 ҳ. ба ривояте соли 87ҳ. инчунин 88ҳ. (30) вафот кардааст.

3.) Раҷо ибни Ҳаяваи Фаластинӣ.
Ӯ аз бузургони тобеъин ва шайхи аҳли Шом буд. Аз Муъоз ва дигарон ривоят кардааст. (31) Ӯ шомӣ буд ва аз олимони боэътимоду фозилу донишманд. (32) Аз ӯ ривоят аст, ки гуфааст: шахсе, ки танҳо бо афроди беайб бародарӣ кунад дӯстонаш кам хоҳанд буд ва шахсе ки бо ихлос аз дӯсташ розӣ набошад бар азоби доим бошад ва шахсе ки бародаронашро бар ҳар гуноҳе итоб кунад душманонаш бисёр шаванд. (33)
Раҷо назди Сулаймон ибни Абдулмалик ва Умар ибни Абдулазиз мартабаи бузург дошт. Худованд тавассути ӯ хайри зиёдеро амали сохт. Баъд аз он аз дарбори хулафо дур шуд ва бо кори худ машғул гашт. (34) Соли 112 ҳ. вафот кард. (35)

4.) Макҳули Шомии Димишқӣ.
Ӯ олими аҳли Шом ва аз тобеъин ва аз ҳамсафони Зуҳрӣ буд. Аз Восила ибни Асқаъ ҳадис шунидааст. Восила охирин саҳобиест, ки дар Димишқ вафот кардааст. (36) Макҳул соли 85ҳ. дар синни 98-солагӣ вафот кардааст. (37) Зуҳрӣ дар бораи ӯ мегӯяд: Уламои муътабари замони мо чортоанд : Саъид ибни Мусаяб дар Мадина, Шаъбӣ дар Куфа, Ҳасан дар Басра ва Макҳул дар Шом. (38) Макҳул аз фақеҳони машҳури Шом буд. Дар замонаш касе дар фатво назири ӯ набуд. (39) Соли 112ҳ. ва дар ривояте соли 113ҳ. вафот кардааст. (40)

5.) Умар ибни Абдулазиз.
Ӯ аз олимони мадрасаи Шом ва маданист ва он ҳам баъд аз интиқолаш ба сӯи Шом ва ба дӯш гирифтани масъулияти хилофат. Ӯ бо фиқҳ маъруф гардида буд ва аз суннат огоҳии зиёд дошт. Қозиҳо дар умуре, ки ихтилоф меварзиданд ба ӯ муроҷиат мекарданд. (41) Бад-он сабаб аз мадрасаи Шом оғоз намудем, ки дар пойтахти хилофат нашъунамо ёфта буд.

6.) Билол ибни Саъди Сукунӣ.
Ӯ имоми раббонӣ ва воиз Абӯамрии димишқӣ шайхи аҳли Димишқ буд. Падараш саҳобӣ буд. Ӯ воизи суханвар, ровии хуб ва барои аҳли Шом мисли Ҳасани Басрӣ барои ироқиҳо буд. Ӯ қории аҳли Шом ва баландовоз буд. (42) Авзоӣ мегӯяд: Воизеро бофасоҳат аз Билол ибни Саъд надидаам. (43) Аз мавъизаҳои ӯ чунин овардааст: Эй аҳли тақво шумо барои фано ёфтан офарида нашудаед. Ҳар оина шумо аз оламе ба олами дигар интиқол меёбед, чуноне ки аз сулб ба раҳм ва аз раҳм ба дунё ва аз дунё ба қабр ва аз қабр ба мавқиф ва аз мавқиф барои абад ба Ҷаннат ё ба Дӯзах меравед.(44) Аз зумраи суханони ӯ аст: Ба кӯчакии гуноҳат назар макун, лекин бингар, ки киро нофармонӣ кардаӣ. (45) Авзоӣ мегӯяд: Аз Билол ибни Саъд шунидам, ки гуфт: Савганд ба Худо аз гуноҳон ин маро кифоя аст, ки Худованд моро аз дунё дур бошед гуфта ташвиқ мекунаду мо рағбат ба он (46) мекунем. Байни солҳои 113,ҳ. вафот кардааст.

2. Мадрасаи маданӣ.
Ҳангоме ки Паёмбар (с) ба рафиқи Аъло пайваст, Мадинаи мунаввара пойтахти давлати исломӣ ва ватани хилофат буд. Дар он ҷо ақли саҳобаи киром дар истихроҷи аҳкоми диние, ки ҷавобгӯи шууни навпайдо дар ҷомеъаҳои навфатҳшуда бошад кушуда шуд. Дар аҳди Умар ибни Хаттоб шумораи фақеҳони саҳобае, ки фатво содир мекарданд ба як саду сӣ (130) адад расида буд. Аз ҳама бештар фатво содир мекардагӣ ҳафт нафар буданд: Умар (р) Алӣ (р), Абдуллоҳ ибни Масъуд (р), Оиша (р), Зайд ибни Собит (р), Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ва Абдуллоҳ ибни Умар (р).(47) Уламои тобеъин фиқҳу илм ва тарбияву даъватро ба мерос бурданд. Машҳуртарин уламои тобеъин инҳо буданд: Саъид ибни Мусайяб, Урва ибни Зубайр, Умра бинти Абдураҳмон ибни Саъдии Ансорӣ, Қосим ибни Муҳаммад ибни Абубакри Сиддиқ, Сулаймон ибни Ясор ва Нофеъ мавлои Ибни Умар.(48) Дар бораи нақши фуқаҳо ва уламои тобеъин қаблан сухан гуфта будем.

3. Мадрасаи маккӣ.
Ин мадраса ҷойгоҳи махсусе дар қалбҳои мардуми Макка ва зоирини он касб карда буд. Ҳусули илм дар замони саҳоба дар Макка хеле осон буд. Баъд аз он давра дар охири асри эшон ва замони тобеъин бисёр гардид. Аз зумраи олимони он Ибни Абӯнуҷайҳ ва Ибни Ҷурайҳ буданд.(49) Аммо дар замони тобеъин Макка бо донишманди уммат ва тарҷумони Қуръон Ибни Аббос хос гардида буд. Шахсияте, ки эҳтимоми бузург ва саъю талоши худро ба илми тафсир равона сохта буд. Пас аз эшон имомоне ба воя расиданд, ки миёни шогирдони мадрасаҳои тафсир ҳамеша дар тафсир пешсаф буданд. Уламо чандин сабаб барои пешсаф будани мадрасаи маккӣ дар ин илм овардаанд, ки муҳимтарини онҳо имоматӣ ва устодии Ибни Аббос (р) будааст. (50) Аз машҳуртарин уламои тобеъин дар мадрасаи маккӣ инҳоянд:

7.) Муҷоҳид ибни Ҷабрии Маккӣ.
Фиқҳу тафсирро аз Ибни Аббос ва дигар саҳоба омӯхтааст. Ӯ фақеҳу олими муътамад ва хеле донишманд буд. (51) Муҷоҳид мегӯяд: Қуръонро се маротиб назди Ибни Аббос гузаронидам. Дар мавриди ҳар оят истода, аз ӯ мепурсидам, ки дар бораи чӣ ва чӣ тавр нозил шудааст? (52) Қатода мегӯяд: Донотарин шахс ба илми тафсир, ки боқӣ мондааст Муҷоҳид аст. Муҷоҳид мегӯяд: Ибни Умарро ҳамсуҳбат карда, мехостам хидматашро ба ҷо орам, лекин ӯ хидмати маро мекард. Муҷоҳид назди Сулаймон ибни Абдулмалик ва Умар ибни Абдулазиз омад ва дар вафоти ӯ ҳозир буд.
Муҷоҳид мегӯяд: Умар ибни Абдулазиз дар бемории охиринаш ба ман гуфт: Эй Муҷоҳид! Мардум дар мавриди ман чӣ мегӯянд? Гуфтам: Мегӯянд, ки сеҳр шудааст. Гуфт: Ман сеҳр нашудаам, баъд аз он бардаашро фарёд карда, гуфт: Вой бар ҳоли ту чӣ чиз туро ба заҳр додани ман водошт? Гуфт: ҳазор динор ва ин ки озод карда шавам. Умар гуфт: Он маблағро биёр. Пас онро овард ва Умар онро дар Байтулмол гузошт ва ба вай гуфт:
Бирав ба ҷое, ки касе туро набинад. (53) Муҷоҳид мегӯяд: Намедонам, ки кадом яке аз ин ду неъмат бузургтар аст, ин ки Худованд маро ба ислом маро мушарраф гардонид ё ин ки аз пайравӣ кардани ҳавову ҳавас ҳифз намуд. (54) Заҳабӣ дар таълиқи ин сухани Муҷоҳид гуфтааст: Ҳаво, яъне мисли мазҳаби рофизиҳо, қадариҳо ва ҷаҳмиҳо. (55)

Абдулваҳоб ибни Муҷоҳид мегӯяд: Назди падарам будам, ки писараш Яъқуб омада, гуфт: Эй падар, мо рафиқоне дорем, ки даъво доранд, ки имони аҳли осмону аҳли замин як аст. Падарам гуфт: Эй фарзандам, эшон асҳоби ман нестанд. Худованд касеро, ки дархатҳо фурӯ рафтааст мисли касе, ки бегуноҳ аст намегардонад.(56) Муҷоҳид соли 102 ҳ. дар синни ҳаштоду се солагӣ (57) дар ҳоли саҷда (58) вафот кард.

8.) Икрима мавлои ибни Аббос. 
Ӯ маккию тобеъӣ ва олими муътамад ва аз донишмандони тобеъин буд. Аз Ибни Аббос, Оиша, Абӯҳурайра, Ибни Умар, Ибни Амр, Уқба, Ибни Омир ва Алӣ ибни Абӯтолиб ҳадис ривоят кардааст. (59) Ӯ гуфтааст: Чиҳил сол талаби илм намудам. Ман дар назди дарвоза фатво медодаму Ибни Аббос дар ҳавлӣ буд. Икрима мегӯяд: Ибни Аббос (р) ба ман гуфт: Бирав ва ба мардум фатво бидеҳ, ман ба ту кӯмак мекунам. Гуфтам: Агар ҳамин мардум ва мисли эшон ду маротиба бештар бошанд ҳам, ҳар оина фатвояшон медиҳам. Ибни Аббос мегӯяд: Бирав ва ба мардум фатво бидеҳ, пас шахсе, ки аз чизи лозимааш пурсид фатвояш бидеҳ ва шахсе ки аз ашёи мо ло, яъне (чизҳои нолозим) пурсид фатвояш мадеҳ. Дар ин сурат ту аз се ду ҳиссаи мушкилоти мардумро аз дӯшат дур гузоштаӣ.(60) Икрима бисёр сафар мекард. Ӯ назди Абдурраҳмони Ҳассоси Ғофиқӣ рафта, сипас ба Африқо рафт. (61) Икрима ба пайравӣ аз гурӯҳи Сафарийя муттаҳам гардид, ки он шохае аз Хавориҷ аст. Ин тӯҳмат бо санади саҳеҳ собит нашудааст, балки бо лафзҳои гуфтаанду мегӯянд, (62) ворид шудааст. Уламои «ҷарҳ ва таъдил» аз Икрима дифоъ намудаанд, мисли Абӯиҳо тамирозӣ ва Ибни Ҳаббон, Иҷлӣ, Ибни Муидеҳ ва Ибни Абдулбар Ибни Ҳаҷар дар муқаддимаи китоби «Ал-фатҳ» мегӯяд: Ҳамаи асҳоби мо аз Икрима ривоят кардаву ҳуҷҷат овардаанд. (63) Ӯ соли 105ҳ. (64) вафот кард.

Идома дорад
Муҳаммадиқболи Садриддин

МАЪХАЗҲО
1. Асар-ул-уламо фил-хаёт-ис-сиёсияти фид-давлат-ил-умавияти. с. 199.
2. Асарул-уламо фил-хаётис – сиёсияти фид-давлатил-умавияти.
3. Сирату Умар ибни Абдулазиз, Ибнул –Љавзї (с.113).
4. Сирату Умар ибни Абдулазиз, Ибнул –Љавзї (с.103).
5. Асарул-уламо фил-хаётис –сиёсияти фид давлатил-умавияти (с.199).
6. Сирату Умар ибни Абдулазиз (с. 103).
7. Асарул-уламо фил -хаётис сиёсияти (с. 199).
8. Асарул-уламо фил -хаётис сиёсияти (с.200).
9. Сияру аъломин – нубало (5/149).
10. Ал-маърифату ват-торих (1/645).
11. Сияру аъломин-нубало ( 5/213).
12. Мухтасару торихи Димишк(16,32).
13. Мухтасару торихи Димишк (16,32).
14. Тањзибут-тахзиб (6/186).
15. Торихи Димшк накл аз: Асарул-уламо ( с.201).
16. Сирату Умар , Ибнул – Чавзи( с.78).
17. Асарул-уламо фил -хаётис сиёсия (с.202).
18. Асарул-уламо фил -хаётис сиёсия (с.202).
19. Асарул-уламо фил -хаётис сиёсия (с.202).
20. Аддаврус-сиёси лис-сафва (с.462,463).
21. Сияру аъломин-нубало (4/275).
22. Сияру аъломин-нубало (4/274).
23. Сияру аъломин-нубало (4/276).
24. Сияру аъломин-нубало.
25. Сияру аъломин-нубало.
26. Сияру аъломин-нубало (4/276).
27. Сияру аъломин-нубало ( 4/283).
28. Сияру аъломин-нубало.
29. Сияру аъломин-нубало.
30. Сияру аъломин-нубало.
31. Сияру аъломин-нубало (4/559).
32. Ал-фатово: нашъатухо ва татавурухо, докт. Њусайн Алмалох (с.85).
33. Сияру аъломин –нубало ( 4/561).
34. Сияру аъломин-нубало ( 4/560).
35. Сияру аъломин-нубало ( 4/561).
36. Сияру аъломин-нубало ( 3/338).
37. Сияру аъломин-нубало.
38. Сияру аъломин-нубало ( 5/158).
39. Сияру аъломин-нубало ( 5/159).
40. Сияру аъломин-нубало (5/159,160,).
41. Аддаъвату илаллох фил-асрил-аб босийил-авал(1/54).
42. Сияру аъломин-нубало ( 5/90,91).
43. Сияру аъломин-нубало (5/91).
44. Сияру аъломин-нубало.
45. Сияру аъломин-нубало.
46. Сияру аъломин-нубало ( 5/92).
47. Сияру аъломин-нубало ( 5/92).
48. Сияру аъломин-нубало ( 5/92).
49. Ал-фатво, док.Хусейн Ал - Маллох (с.81,82).
50. Тафсирул-тобеъин, док.Мухаммадал - Хизри (1/371).
51. Ал-фатво, док Хусейн Ал- Маллох ( с.80).
52. Сияру аъломиннубало( 4/451).
53. Сияру аъломин-нубало ( 4/453).
54. Сияру аъломин-нубало.
55. Сияру аъломин-нубало.
56. Сияру аъломин-нубало.
57. Сияу аъломин-нубало ( 4/456).
58. Сияру аъломин-нубало. 
59. Сияру аъломин-нубало ( 5/13).
60. Сияру аъломин-нубало ( 5/15).
61. Сияру аъломин-нубало.
62. Бароатус- салаф мимо нусиба мин инхирофин- фил-иътикод(с. 39).
63. Сияру аъломин- нубало( 5/31).
64. Сияру аъломин-нубало ( 5/34).

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.