Зиндагиномаи Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ)

Зиндагиномаи Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ)

Зиндагиномаи Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ)

(имоми тобеъин)

Бахши аввал

Қабл аз оғози номаи зиндагии ин имоми тобеъин ба як масъала ишора мекунам, то масоили боқӣ рушан гардад. 
Паёмбар (с) қабл аз вафоташ хутбае хонд ва мусалмононро аз хатари бузурге ҳушдор дода, гуфт: «Аз таъсири фақр барои шумо наметарсам, аз он метарсам, ки дунё барои шумо васеъ ва фарох гардад, чуноне ки барои касони қабл аз шумо васеъ ва фарох гардида буд ва шуморо ҳалок созад чуноне ки ҳалок сохта буд эшонро».

Он чиро, ки Паёмбар (с) аз вуқӯи он бим дошт таҳаққуқ пазируфт. Дар воқеъ амвол ва олатҳои «тараф»-у дилхушӣ дар ҷомеъаҳои исломӣ зиёд шуд ва ангезаҳои моддӣ шиддат ёфта, асари худро дар ҷомеъа гузошт, ба андозае, ки рӯ ба нобудӣ ва инқитои амалҳои нек ва мазоҳири имонӣ овард. Ҳамаи амалҳои хайре, ки дар аҳди Паёмбар (с) ва хулафои Рошидин дида мешуд аз рӯ овардан ба Худои азза ва ҷалл ва яқин ба ӯ ва фидокорӣ дар роҳи ӯ таъоло, рӯй гардонидан аз шаҳавот, ҳақир шумурдани зебогиҳову таҷаммулоти дунё, шавқ ба шаҳодат, иштиёқ ба ҷаннат, фурӯтанӣ дар намоз, лаззат бурдан дар дуо, шафқату баробарӣ дар ҷомеъа ва амсоли ин шаҳодат медод. Ҳамаи ин амалҳои хайр қариб, ки аз миён мерафт, локин Худованд (ҷ) бар ин уммат атфу шафқат намуд ва барои рӯёрӯӣ бо ин хотири бузург ва истодан дар роҳи густариши он доиёни муъмину мухлисеро дар ҳар асру замон рӯи кор овард, ки бо тамоми ҳастиву нерӯяшон ба ин хатар муқовимат намуда, теъдоди зиёде аз мусалмононро аз ҳалок шудан дар гирдоби шаҳват наҷот доданд. Аз машҳуртарин афроди ин доиёни муъмину мухлис гурӯҳе аз тобеъин назири Саъид ибни Ҷубайр, Муҳаммад ибни Сиррин ва Шаъбӣ мебошанд. Лекин бардоранда ва ё ҳомили ливои эшон ва касе, ки аз миёни онҳо Имом гардид, Ҳасани Басрӣ (раҳ) мебошад.

Вилодати Ҳасани Басрӣ (раҳ)

Дар субҳи яке аз рӯзҳои зебои соли бисту яки ҳиҷрӣ ду сол қабл аз интиҳои хилофати амиралмуъминин Умар ибни Хаттоб (раз) муждадиҳандае ба модари муъминон умми Салама (р) мужда дод, ки мавлои ӯ Хайра писаре таваллуд намуда, ӯро Ҳасан ном гузоштааст. Модари муъминон аз ин мужда бениҳоят шод шуда, нафареро фавран фиристод, то модарро бо тифли навзод наздаш оварданд. Тифли навзод бо сурати зебо ва хилқати томи худ ҳар бинандаро хушҳол менамуд.

Модари муъминон Ҳасанро ба бағал гирифта, барои ӯ дуои нек кард ва ӯро назди амиралмуъминин Умар (р) ва асҳоби Паёмбар (с) бурд. Асҳоби киром барои ӯ дуои нек карданд, инчунин Умар (р) ба ӯ дуо дода, гуфт: «Эй бор Худоё, ӯро дар дин фақеҳ ва назди мардум маҳбуб бигардон». Ин хушнудӣ на танҳо хонаи модари муъминон умми Салама, балки дигар хонаводаҳои Мадинаро фаро гирифта буд. Аз ҷумла хонаи Зайд ибни Собити Ансорӣ, соҳиби Паёмбар (с) ва китоби ваҳйиро, ки волиди Ҳасани навзод мавлои ӯ низ буд.

Нашъунамо ва тарбият ёфтани Ҳасан

Ҳасан ибни Ясир, ки баъдан ба Ҳасани Басрӣ шинохта шуд, дар яке аз хонаҳои Паёмбар (с) нашъунамо ёфта, дар домони умми Салама ба воя расид. Дар бисёр ҳолатҳо модари Ҳасан, Хайра барои адои ҳоҷатҳои Ҳасан аз хонаи умми Салама берун мешуд ва тифли ширхора аз шиддати гуруснагӣ мегирист ва садояш баланд мегардид. Ин ҳангом умми Салама ӯро ба оғӯши худ гирифта, синаашро ба даҳонаш мегузошт, ки то бозгашти модараш сабр кунад. Аз дӯстдории зиёд дар баробари Ҳасан синаҳояш шир пайдо мекард ва Ҳасан онро нӯшида ором мегирифт.

Ақидае ҳаст, ки ҳикмати Ҳасани Басрӣ аз баракати шири додаи умми Салама, ҳамсари Паёмбар (с) аст. Бад-ин далел умми Салама аз ду ҷиҳат модари Ҳасан гашта буд. Ӯ ба сифати яке аз модари муъминон ва дигар модари ризоии Ҳасан маҳсуб меёбад. Иртиботи устувор миёни модарони муъминон ва наздик будани хонаҳояшон барои Ҳасани хурдсол фурсате фароҳам оварда буд, ки ба ҳар яке аз ин хонаҳо мерафт ва мутаассир бо ахлоқи бошандагони он мешуд ва пайравӣ аз ҳидояти онҳо мекард.

Ҳасани хурдсол бо ҳаракатҳои доимӣ ва бозиҳои худ ин хонаҳоро пур мекард ва ҳатто сақфи хонаҳои модарони муъминонро даст мекард, дар ҳоле, ки болои китфи модараш вориди он мешуд. Ҳамин тавр Ҳасан дар ин фазои пуртароват гаштугузор мекард ва аз манбаи ғании ахлоқие, ки хонадони модарони муъминонро фаро гирифта буд, истифода мебурд ва дар масҷиди Набавӣ назди бузургони саҳоба шогирд буд. Дар ин марҳила Ҳасан ҳиссаи бузурге аз суннати набавиро аз худ намуда, ақволи бузургони саҳобаро мешунид ва шахсияти эшонро медид ва дар ҳамон ҷо қабл аз расидан ба синни чаҳордаҳсолагӣ Қуръонро ҳифз намуд, таълими ҳисобу навиштан намуд ва сурати мисолие аз аҳди Умар ибни Хаттоб (р) дар нафси ӯ росих гардид. Ӯ амиралмуъминин Усмон (р)-ро дид. Як маротиба ҳангоми об рехтан ба дасташ ва маротибаи дигар ҳини адои хутбааш ӯро дида буд. Тавозуъ, фурӯтании Усмон (р) Ҳасанро ба шигифт оварда буд. Ӯ Усмон (р)-ро дар масҷиди набавӣ медид, ки ридо дар зери сараш мехобид ва чун мардум наздаш меомад бо онҳо менишаст ва мисли яке аз онҳо буд.

Сифот ва фазоили ӯ

Худованд дар Ҳасани Басрӣ (раҳ) бартариҳову истеъдоди бахшоишеро ҷамъ намуда буд, ки тавассути он тавонист дар дили мардум таъсир расонад ва қиммати дин ва аҳли онро дар ҷомеъа боло барад. Ӯ илми фаровоне дошт ва дар тафсири китоби Худованд ва ҳадиси Расулуллоҳ хеле моҳир буд. Инчунин иттилои зиёд ва мулоҳизаҳои дақиқ оид ба зиндагӣ, табақаҳои мухталифи мардум, ахлоқи эшон касби эшон иллатҳову девои он дошт, мисли табибе, ки муддатҳост бо мулоҳиза сару кор дорад.

Илова бар ин ӯ каломи ширину фасеҳ дошт, ки таъсираш ба шунавандагон мерасид. Аммаш дар бораи ӯ мегӯяд: «Ҳасани Басрӣ зарфест аз ҳикмат, ки онро нутқ мекунад». Аюбии Сахтиёнӣ ба Суфиён ибни Уяйна мегӯяд: агар Ҳасанро бубинед чунин мепиндоред, ки ҳаргиз бо фақеҳе то ин дам нанишастаед. Ҳасани Басрӣ (раҳ) ҳамеша аз ҳақ дифоъ мекард ва шуҷоъ буд. Илова бар ин ӯ соҳиби отифаи қавӣ ва рӯҳи болида буд. Ӯ аз зумраи мухлисони бузург буд ва миёни балоғати лисон ва қуввати имон ҷамъ мекард. Ӯ ба он чи мегуфт имон дошт ва ба он чи мегуфт аз қалбаш мебаромад ва дар қалби мухотаб ҷой мегирифт. Ин сири таъсири ӯ дар қалбҳо ва сиҳри нафсҳо ва фурӯтании мардум нисбат ба ӯ буд. Дар ҳоле, ки ба бисёре аз уламову доиҳо сахтию мусибат рӯ ба рӯ шуда буд.

Ӯ мавриде, ки аз асҳоби Паёмбар (с) ва ё аз охират сухан мегуфт шунавандааш ашк мерехт ва қалбаш ба ҳаракат меомад, зеро ӯ имонро мечашид ва аз отифаи виҷдон сухан мегуфт. Аз бузургтарин имтиёзе , ки Ҳасан дошт ин буд, ки сухани ӯ шабеҳи сухани паёмбарон буд. Имом Абуҳомиди Ғазолӣ мегӯяд: Ҳасани Басрӣ аз ҳама мардум дида суханонаш ба суханони анбиё шабеҳ буд ва раҳнамоиҳояш ба раҳанамоиҳои асҳоби Паёмбар (с) қариб буд. Ҳама бар ин ҳақиқат нисбати ӯ иттифоқ доранд.

Дар Басра

Чун Ҳасан ба сини чаҳордаҳ расид ҳамроҳи волидайнаш ба шаҳри Басра омад ва он ҷо истиқрор ёфтанд. Ҳамин аст, ки ӯро ба ин шаҳр нисбат медиҳанд ва миёни мардум бо Ҳасани Басрӣ маъруф аст. Шаҳри Басра дар он рӯзҳо аз бузургтарин маркази илмӣ маҳсуб меёфт ва масҷиди бузурги он пур аз бузургони саҳоба ва тобеъин буд, ки ба он ҷо сафар мекарданд. Ҳалқаҳои илмӣ дар соҳаҳои мухталифи илм ҳамаи аркон ва ҷонибҳои масҷидро пур мекард.

Ҳасан худро побанди масҷид намуда, ҳалқаи тарҷумони Қуръон ва ҳибри уммат Абдуллоҳ ибни Аббос (р)-ро ихтиёр намуд ва назди ӯ тафсиру ҳадис ва қироъатро омӯхт, чуноне, ки аз ӯ ва дигар уламои илми фиқҳу луғат, одоб ва дигар улумро омӯхт, ба андозае, ки олими ҷомеъ ва фақиҳи боэътимод шуд. Мардум рӯ ба Ҳасани Басрӣ оварда аз илми фаровони ӯ истифода мебурданд ва ба мавоъизи ӯ, ки оҳанро мум мекард гӯш медоданд. Ҳалқаи ӯ монанди гуле буд, ки занбурҳои асалро ба худ ҷалб мекард. Аз он ҳикмат меомӯхтанд ва ба сирати поки ӯ пайравӣ менамуданд. Ҳасани Басрӣ нишонаи қудрати илоҳӣ дар иттисои маълумот ва фаровонии илм буд. Рабиъ ибни Анас дар бораи ӯ мегуяд: «муддати даҳ сол бо Ҳасан рафтуомад кардам ва ҳар рӯз аз вай чизи наве мешунидам».

Анас ибни Молик (р) мегӯяд: «Аз Ҳасан бипурсед, ки ба таҳқиқ ӯ ҳифз намуду мо фаромӯш кардем»

Қатода мегӯяд: «илми Ҳасан ба ҳар касе аз уламо, ки муқоиса намудам бартарии Ҳасан нисбат ба вай ҳувайдо шуд».

Собит ибни Қурраи ҳокими Ҳарронӣ ӯро васф намуда гуфтааст: «ӯ аз ахтарони дурахшанда дар илму тақво, зуҳду порсоӣ, иффату нармӣ, фиқҳу маърифат буд. Маҷлиси ӯ шомили мардуми мухталиф буд; касе аз ӯ ҳадис меомӯхт, дигаре тафсир, саввумӣ ҳалолу ҳаромро аз вай мешуниду чаҳорумӣ ҳукму қазоро меомӯхт. Ӯ дар ҳамаи ин соҳаҳо мисли баҳри беканор буд. Мавоқифу машоҳиди ӯ дар амри маъруф ва наҳй аз мункар назди умаро ва ҳукамо низ аз ҷуръату рӯҳи қавии ӯ шаҳодат медод».

Ҳамроҳи Алӣ (раз)

Алӣ ибни Абутолиб (раз) дохили масҷиди ҷомеъи Басра шуда, ашхосеро дид, ки ба мардум қисса мегуфтанд ва аз одати маълуф таҷовуз намудаанд ва майл ба ифроту тафрит доранд. Ҳазрат онҳоро аз масҷид берун намуда, гуфт: қиссаҳо бидъат ҳастанд. 
Чун ба ҳалқаи Ҳасан расид дид, ки ба мардум сухан мегӯяд. Андаке истода гӯш кард ва суханронии ӯро писандида, гуфт: Эй ҷавон! Аз ду чиз шуморо мепурсам. Агар онро ҷавоб додӣ шуморо ба ҳоли худ мегузорам, вагарна монанди рафиқонат шуморо хориҷ мекунам. 
Ҳасани Басрӣ (раҳ) гуфт: бипурс эй амиралмуъминин. Алӣ (раз) гуфт: Моро хабар деҳ, ки салоҳи дин чисту фасоди он чист? Ҳасани Басрӣ (раҳ) гуфт: Салоҳи дин порсоӣ ва фасоди он тамаъ аст. Алӣ (р) гуфт: Дуруст гуфтед, ба сухани худ идома деҳ, монанди шумо баринҳоро месазад, ки бо мардум сухан гӯянд.

Даъват ба порсоӣ

Ҳасани Басрӣ (раҳ) мардумро ба зуҳду тақво ва порсоӣ мехонд. Ӯ аввалин касест, ки асосҳои зуҳдро асос гузошта, роҳҳои муҳосабаи нафсро муайян намуд ва бартарии хавф ва раҷо (умед)-ро боло бурд. Ӯ мегуфт: Ҳар оина бим ва умед ду такягоҳи бузурге мебошанд, ки бандаи муъмин ба онҳо такя мекунад бар ин ки хавфи ӯ қавитар аз умедаш бошад, зеро умед ҳар гоҳ, ки бар хавф ғолиб ояд ба фасоди қалб оварда мерасонад. 
Давом дорад....

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.