Ториқ ибни Зиёд ва фатҳи Андалус (бахши севвум)

Ислоҳ нет

 

Танури ҷанг чунон доғ шуда буд, ки қисмати бузурге аз нерӯҳои ҷангҷӯи  ду тараф нобуд  шуд. Дар ин муддат беш аз як чаҳорум лашкари мусулмонон, яъне наздик ба се ҳазор нафар шаҳид шуданд ва агар ақидаи росиху ҳадафи баланди онҳо набуд, Испониҳо, ки бисёр сахт ва ҷасурона меҷангиданд, бар онҳо тасаллут ёфта, онҳоро аз дами теғ мегузаронданд. Аммо нусрату ёрии Аллоҳ шомили ҳоли мусулмонон шуд ва бо фирори парчамдорони сипоҳи Родерик рӯйи сиккаи ҷанг ба нафъи онҳо баргашт. 

Қазия аз ин қарор буд, ки Ҷулиён ва Усқуф  ҳамроҳи ӯ тавонистанд теъдоде аз сарбозони лашкари Родерикро ба сӯйи худ ҷазб кунанд ва ба василаи онҳо навъе тафриқаву дудастагиро дар лашкари Родерик эҷод кунанд(чунонеки имрӯзҳо баъзеҳо мехоҳанд, миёни мухолифони тоҷик ихтилофу парокандагӣ эҷод намоянд). Махсусан, ки лашкари Родерик аз ақвоми гурӯҳҳои мухталифе ташкил шуда буд, ки то қабл аз шурӯъи ҷанг бо ҳамдигар меҷангиданд ва танҳо барои муқобила бо лашкари мусулмонон дар қолаби сафи воҳиде ҷамъ шуда буданд. Ҳарчанд ин тавофуқ ва эҷоди онҳо омори сарбозони Родерикро бисёр боло бурда буд, аммо ҳамчунон дар дил  кинае ҳамроҳ нигаҳ дошта, ба якдигар бе эътимод буданд. Онҳо дар садади  фурсате  буданд то аз пушт ба якдигар ханҷар зада, зимоми умури  ҳукуматро  ба даст бигиранд. Парчамдорон низ, ки аз фарзандони Витса, подшоҳи кушташуда буданд ва кинаи Родерикро ба дил доштанд, барои зарба задан ба Родерик ва пой даровардани ӯ парчамҳоро раҳо карда, ақибнишинӣ карданд. Онҳо фикр мекарданд, ки сипоҳи мусулмонон барои ҷамъоварии ғанимат по бар сарзамини Испания гузошта, пас аз шикасти Родерик ғаниматҳоро ҷамъоварӣ карда, Испанияро тарк мекунанд. Ба дунболи  ақибнишинии парчамдорон ихтилоф ва иншиқоқ доманаи густурдатаре пайдо карда, ҳар кадом аз фармондеҳон, ки аз ақвоми мухталиф буданд, барои  наҷоти ҷони худ ва сарбозони худ саҳнаи  ҷангро тарк карда, фирор карданд. Мусулмонон, ки шоҳиди фирори сарбозони Испания буданд, онҳоро дунбол карда, теъдоди зиёде аз онҳоро асир гирифта, ё ба ҳалокат расонданд. Бисёре  аз онҳо низ худро ба рудхона андохта, ғарқ шуданд ва теъдоде аз онҳо тавонистанд ҷони солим ба дар бибаранд. Бо тулӯи хуршед дар рӯзи ҳафтум нишонаҳои пирӯзӣ низ барои мусулмонон падидор гашт.

   Ҳарчанд, ки нақшаи Ҷулиён ва роҳнамоиҳои ӯ дар пирӯзии мусулмонон бетаъсир буданд, аммо наметавон гуфт, ки танҳо далели муваффақияти Ториқ дар ин ҷанг буд. Балки муҳимтарин далели пирӯзии мусулмонон дар ин ҷанг ихлосу рашодатҳои онҳо, гузаштан аз ҷону моли худ барои нусрати Аллоҳ буд. Тавре, ки зикр шуд, мебинем, ки бо вуҷуди шаҳодати зиёди мусулмонон онҳо рӯҳияи худро ҳифз карда, собит қадам монданд. Аз далели дигаре  низ, ки дар ин пирӯзӣ нақши муасир дошт, интихоби макони муносиб барои истиқрори лашкар тавассути Ториқ буд, ба тавре, ки вай ба василаи монеи табии ҳимоят мешуд.

Родерик, ки охирин подшоҳи Қут дар Испания буд, қабл аз шурӯи ҷанг мисли  наварӯсон  савор бар маркаби тиллоӣ ва либосҳои фохир ба айшу нӯш мепардохт, бо мушоҳидаи нишонаҳои шикаст дар лашкари худ аз саҳнаи ҷанг гурехта, пинҳон гашт.  Аммо гуфта мешуд бо  таваҷҷӯҳ ба ин ки аспи ӯ бо ҳамроҳи зини тиллоияш баъд аз ҷанг пайдо шуда, эҳтимол ӯ низ мисли бисёре аз сарбозонаш дар рудхона ғарқ шудааст. Пас аз ин ки оташи ҷанг фурӯкаш кард ва мусулмонон пас аз як пайкори бисёр нафасгир нафас тоза карданд, ғанимат ба ҷо монда, лашкари фирориро ҷамъоварӣ карданд.  Бештари ин ғаниматҳо асбҳои сарбозони Қут буд, ки ба дасти мусулмонон афтод. Баъд аз тақсими ғаноим дигар ҳеҷ сарбози пиёдае вуҷуд надошт. Аз натиҷаи  дигаре, ки ин пирӯзӣ дар бар дошт, ин буд, ки тарси аҷибу шадиде дар дили Қутҳо пайдо шуд, тавре, ки дигар ҳаргиз натавонистанд, ҷамъияти қобили зикреро фароҳам оваранд, то бар мусулмонон ҳуҷум бибаранд, балки бештар онҳо дар шаҳрҳо, кӯҳҳову қалъаҳо сангар гирифта, ҳолати тадофие ба худ гирифтанд.

Аз тарафи дигар замоне, ки хабари пирӯзии лашкари муслимин ба шимоли Африқо расид, сели муҷоҳидини барбару араб ба сӯйи Испания сарозер шуд ва ҳамагӣ дар рикоби Ториқ  қарор гирифт.

Бо ин пирӯзӣ мусулмонон бузургтарин лашкари Испанияро ба зонӯ дароварда, баъд аз он ҳаргиз бо чунин лашкари бузург ва қудратманде дар сарзамини Испания бархӯрд накарданд. Мусулмонон ба сурат дар сарзаминҳои атроф мунташир шуданд. Мусо ибни Насир, ки аз дур вазъияту аҳволи муслиминро зери назар дошт, мехост, ки лашкари мусулмонон беш аз ин пеш наравад, мабодо, ки дар ин сарзамини паҳновар ва густурдае, ки бо манотиқу ҷуғрофиёи он ошноии кофӣ надоранд, гирифтор шуда, ғофилгир шаванд. Аммо назари Ториқ бар ин буд, ки то қабл аз ин ки фурсатро аз даст бидиҳад ва Испониёиҳо битавонанд худро ҷамъу ҷур кунанд, ба сурати пеш биравад ва шаҳрҳоро  яке пас аз дигаре фатҳ кунанд. Мондан дар наздикиҳои соҳил ва бо таваҷҷӯҳ ба хастагии лашкариён, пас аз як муборизаи  сахт, ин  эҳтимолро  афзоиш  медод, ки Қутҳо барои як ҳамлаи ҷадид ба тармиму таҷҳизи лашкари худ иқдом кунанд.

Бо ин авсоф Ториқ масири худро ба сӯйи шимол дар пеш гирифт ва шаҳри Ишбелия (Сӯё) пойтахти ҷанубиро тасарруф кард. Ӯ пас аз тасарруфи Ишбелия ба самти Истиҷа ҳаракат кард ва дар он ҷо бо дифои сахти мардум рӯ ба рӯ шуд. Пас аз як даргирии сахт мардуми шаҳр, ки худро қобил ба муқобала бо Ториқ намедиданд, талаби сулҳ карда, дарҳои шаҳрро ба рӯйи мусулмонон кушоданд. Пас аз фатҳи Истиҷа Ториқ лашкарашро ба дастаҳое муташаккил аз ҳафтсад сарбоз тақсим кард ва онҳоро ба манотиқи атроф сафарбар намуд ва худ бо сарбозон ба сӯйи Толедо, ки аз шаҳрҳои муҳими Испания буд, ҳаракат кард. Толедо аз мустаҳкамтарин шаҳрҳои Испания буд, ки аз cе ҷиҳат, яъне шимолу шарқ ва қисмати ғарб бо монеаҳои табии ва кӯҳҳои баланд ҳимоят мешуд. Аммо тасаллути шаҳр аз ин самт низ ба далели вуҷуди  қалъаҳои баланд ва маҳкаме, ки бар он бино шуда буд, тақрибан  ғайри мумкин ба назар мерасид.

Хушбахтона Қутҳо, ки бо мутаҳаммил шудани ду шикасти қаблӣ тарси аҷибе дар дили онҳо пайдо шуда буд, ба ҷои дифоъ аз ин шаҳри мустаҳкам, онро холӣ карда, ба кӯҳҳо фирор карданд ва шаҳр бидуни ҳеҷ гуна даргириву хунрезӣ ба тасарруфи лашкари Ториқ даромад. Дастаҳои эъзомии Ториқ низ тавонистаанд Кордоба ё Қуртуба маркази Андалусу Малогоро фатҳ кунанд. Онҳо  ҳамчунин Гранедаро муҳосира карда, пас аз муддати замон каме онро кушоданд. Худ Ториқ низ бо ҳамроҳи сарбозоне, ки дар ихтиёри ӯ буданд масири худро ба самти шимоли Испания идома дод ва бисёре аз шаҳрҳо ва рустоҳое, ки дар масири ӯ буданд, таҳти султаи худ даровард. Пас аз фатҳи Толедо, Ториқ ба шаҳре дохил шуд, ки ба шаҳри Моида (Суфра) маъруф буд. Ториқ дар он ҷо моидаи ҳазрати Сулаймонро мушоҳида кард, ки аз тилло сохта шуда буд. Атрофи он бо зумради сабз зинат ёфта, пояҳои он, (ки аз зоҳир ба шакли мизи хӯрокхӯрӣ буда) аз марвориду ёқут ва марҷон сохта шуда буд. Ин моида, ки 360 поя дошт дар калисои шаҳр нигаҳдорӣ мешуд. Ториқ онро ба унвони ғаноим бо худ бардошт ва бо ҳамроҳи ғаноими дигар  тақдими халифаи муслимин дар Димишқ кард. Хулафои баъдӣ аз ин моида ва ҷавоҳироти он барои таҳкиму тазйини Каъба истифода карданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки сарзаминҳои фатҳшуда тавассути Ториқу лашкариёнаш бисёр густурдаву васеъ буд (ки барои ихтисори калом аз зикри онҳо худдорӣ мекунем) ва сарбозони Ториқ қудрати идораи тамоми ин сарзаминҳоро надоштанд, ба тавре, ки дар бархе шаҳрҳо Қутҳо сар ба шӯриш бардоштанд ва эҳтимоли ин мерафт, ки доманаи ин шӯришҳо ба шаҳрҳои дигар низ кашида шавад, Ториқ аз Мусо ибни Насир талаби кӯмак кард. Ҳангоме, ки ин хабар ба Мусо расид, шахсан бо лашкари таҳти нуфузи худ ба Андалус ворид шуда, бо фатҳи дубораи шаҳрҳо шӯришиёнро  сари ҷояшон нишонд. Сипас Ториқу Мусо ба футуҳоташон ба сӯйи шимоли марзҳои Фаронса идома доданд. Аммо бо вуруди онҳо ба марзҳои Фаронса халифаи умур дар Димишқ, ки аз густариши нуфузи Ториқу Мусо дар сарзамини Испониё хабардор шуда буд, тарсид, ки ба далели дар ақалият будани мусулмонон, Қутҳои сокини Испания бар онҳо ҳамла карда, онҳоро аз байн бибаранд, аз ин рӯ онҳоро ба маркази хилофат фаро хонд. Бад-ин тартиб футӯҳот барои муддате мутаваққиф шуд.

Аммо пас аз муддати каме раҳбарони мусулмон баъд аз Ториқу Мусо ибни Насир мисли Самҳ ибни Молик ва Абдураҳмони Ғофиқӣ футуҳотро идома доданд, ба тавре, ки  илова бар Испониё ва Португалия нисфе аз Фаронсаро низ фатҳ карданд, ки ин интиҳои пешравии мусулмонон дар хоки Аврупо буд. Пас аз дарёфти номаи халифа Ториқ ибни Зиёд ҳамроҳи Мусо ибни Насир озими Димишқ шуд. Онҳо бо худ қариб 30 ҳазор асир, барда ва амволи зиёди тиллову ҷавоҳирот ва зеварот доштанд, ки қобили шумораш набуд. Ҳангоме, ки онҳо ба минтақаи Табария дар Фаластин расиданд валиаҳди халифа Сулаймон (715-717) ба онҳо дастур дод, ки муддате  таъхир карда, то халифа, ки шадидан бемор буд, аз дунё биравад ва ӯ ба хилофат бирасад. (Шояд ин дастур бад-ин илат буд, ки мехост ифтихори футуҳотро ба исми худ сабт карда, ғаноимро ба даст оварад), аммо онҳо бо роҳи худ идома дода, бо ғаноиме, ки ҳамроҳ доштанд, вориди Димишқ  шуданд ва онро тақдими халифа карданд. Пас аз андак  замоне халифа дори фаноро видоъ гуфт ва валиаҳд ба хилофат расид. Халифаи ҷадид, ки аз сарпечии ду фармондеҳ аз дастуроташ нороҳат буд, онҳоро аз фармондеҳӣ азл кард. Шояд ин дастур бад-ин илат буд, ки мехост ифтихори футуҳотро ба исми  худ сабт, баъд аз он ҳеҷ гуна мақоме  ба Ториқ вогузор нашуда, ҳеҷ номе аз ӯ дар таърих сабт нашуда, ки чӣ шуд ва чӣ кор кард ва кай дар куҷо вафот кард. Нӯҳ  ҳазор сарбози мусулмон тавонистаанд фақат дар муддати чанд моҳ тамоми сарзамини Испанияро ба тасарруфи худ дароваранд.

Чанд нукоте,ки бояд зикр гарданд:

  1. Мусулмонон пас аз фатҳи Испания яҳудиёнеро, ки дар зери ситами подшоҳ буданд, озод карда, ба онҳо ҷову сарпаноҳ доданд.
  2. Мусулмонон бар хилофи подшоҳоне, ки бо тасарруфи  шаҳрҳо  мардуми онро қатли ом мекунанд, Андалусро беш аз пеш обод карда, бо аҳолии он ҷо бо эҳтирому адолат бархӯрд карданд. Тавре, ки пас аз муддате аксар сокинони он ҷо бо мушоҳидаи ин рафтори мусулмонон ба дини Ислом гаравиданд. Ҳамчунин касоне, ки бар дини худ боқӣ монданд, дар сояи адли исломӣ тамоми шиорҳои диниву мазҳабии худро бидуни ҳеҷ гуна тааруз ва мамоните аз ҷониби муслимин анҷом медоданд.
  3. Ҳадафи Ториқ ва сарбозонаш аз лашкаркашӣ ба Испания  ҳаргиз ба хотири ҷоҳу мақом ва салтанат набуда, танҳо барои боз кардани роҳи даъвату расонидани дин ба ҷаҳониён даст ба ин иқдом заданд. Аз ин рӯ мебинем замоне, ки халифа ӯ ва Мусо ибни Насирро аз фармондеҳӣ барканор мекунад, бо камоли адабу эҳтиром дастурро иҷро карда, ҳаммонанди мардуми оддӣ ба зиндагӣ идома медиҳанд. Ин дар ҳоле буд, ки онҳо аз қудрату ҳимояти кофӣ бархӯрдор буданд, то бар алайҳи халифа қиём карда, ҳукумати ҷадидеро барои худ бино кунанд.
  4. Авсофи Ториқ фармондеҳи муслимин ва лашкару аъмоли ӯ ва шаҳрҳоеро, ки фатҳ карду тамаддунеро, ки бино ниҳод, беш аз он аст, ки битавон онро бино кард. Аммо танҳо метавон дуо кард, ки «Ё Раб барои мо низ ҳамчун раҳбару пешвое қарор дода, Исломро бори дигар мисли гузашта иззату нусрат бидеҳ омин!!!»

Поёни фатҳи Андалус тавассути Ториқ ибни Зиёд (раҳ)

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article