Шахсонеки Қуръонро ба мушаққат мехонанд барояшон ду аҷр аст!

Ислоҳ нет

Шахсонеки Қуръонро ба мушаққат мехонанд барояшон ду аҷр аст!

Уммулмуъминин Ойшаӣ Сиддиқа (раз) аз Расули акрам (с) ривоят менамояд,ки чунин фармӯданд: 
“Шахсе мехонад Қуръонро ва ҳифз менамояд онро чунин шахс ҳамроҳи малойкаҳоеки онҳо фиристодагони Худованд ба сӯй паёмбарони Илоҳӣ паёмҳоро мерасониданд буда.Он малойкаҳо мукарраму муъаззаз ҳастанд назди Худованд зеро онҳо пок ва муназзаҳ ҳастанд аз он сабаб,ки гуноҳе анҷом намедиҳанд.Барара яъне онҳо фармонбардори Худованданд ва ҳамеша дар итоъати Ӯянд.

Аммо шахсе мехонад Қуръонро ва хондани Қуръон барояш мушкил аст дар хондан ва талаффузи ҳуруф ва махориҷи он инчунин зеро онҳо ҳифз намедонад Қуръонро мушаққат мекашанд барои чунин ашхос ду аҷр аст.””(Ривояти Имом Муслим)

Қозӣ Аёз (раҳ) мегӯяд : Албатта барои шахсе Қуръонро бо мушаққат мехонад аҷру подош ҳаст тибқи ин ҳадис.Барои онки ӯ заҳмат мекашад то Қуръонро хонад ва худро маҷбур мекунад ба хондани он. Аммо ҳатман шахсе дар хондани Қуръони карим моҳир аст ва онро бо таҷвид ва қавоидаш мехонаду агар онро ҳифз кунад ҳатман ӯро дараҷаҳои волое дар қабру охират интизор аст. Зеро он ашхосро бо чунин малойки хосаш ҳамроҳ зикр намуданд.
Хонандаи гиромӣ хуб диққат намоед ҳоло бисёриҳоро мебинам мегӯям чаро Қуръон намехонед? Мегӯяд охир хуб хонда наметавонам ё забонам намепечад ё баҳонаи дигаре мекунад. Пас ин ҳадис барои шумо ҳаст то ҳеҷ баҳонаеро пеш наоред ва барои шумо тибқи ин ҳадис ду аҷр аст.
Дар охир хушо ба ҳоли он ҷавононеки Қуръонро ҳифз карданд ва онро хуб мехонанд ва онҳоро бо чунин малойкаҳо ҳамнишини ваъда шудааст.

Share This Article