«Утечка» ё «кападуд», бо Ҷамолиддин Нуралиев чи хоҳад шуд?

Ислоҳ нет

Эълони пардохти 29 миллион сомонӣ, муодили 2.9 миллион доллар аз тарафи «Барқи тоҷик» ба ширкати пулчинаки IRS ва он ҳам дар як конфаронси хабарӣ ва дар ҷамъи хабарнигорон аз тарафи як мақоми давлатӣ як амали бесобиқа аст. Тӯли 12 соли фаъолияти ширкати пулчинаки IRS ҳамчунин маълумоте аз ҷониби ҳеҷ ниҳоду масъули давлати Тоҷикистон садо надодааст ва ин барои бори аввал аст як чунин маълумоти  «сиррӣ» ифшо мешавад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ҳудуди 2 моҳ мешавад роҷеъ ба молики ширкати IRS Ҷамолиддин Нуралиев, муовини собиқи раиси Бонки миллии Тоҷикистон миёни мардум ва бахусус дар шабкаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна шоеъот ва сару садоҳо дар ҳоли паҳн шудан аст.

Аз ин ҷо аст, ки бархе аз огаҳони умур бар ин боваранд, ки дар ихтиёри хабарнигорон қарор додани ин маълумот тасодуфӣ ва маъмулӣ нест ва инҷо ба эҳтимоли зиёд ин «утечка» дар худ маъниҳо ва паёмҳо дорад. Масъала ин ҷост, ки тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ.нет» бо вуҷуди дар шароити «назарбанд» ва «ҳабси хонагӣ» Ҷамолиддин Нуралиев, муовини пешини раиси Бонки Миллӣ ва шавҳари Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари Эмомалӣ Раҳмонов тавониста буд ба хориҷа биравад. Ростӣ, ин маълумотро ба мо аз манобеи огоҳ доданд, аммо мо феълан саддарсад наметавонем онро таъйид ё такзиб кунем. Вале як нукта мусаллам аст ки раиси ширкати «Барқи тоҷик» ба вузуҳ медонад, ки ин ширкати пулчинак  мутааллиқи Оила аст ва Созишномаи фаъолияти он дар соли 2010 аз тарафи худи Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони раиси Ҳукумати Тоҷикистон имзо шудааст. Аммо то кунун аз ҷониби ширкати IRS нафаре, ки зери ин Созишнома имзо гузоштааст, номаълум аст, шахсияти вай барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно муайян нашудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев борҳо ба вай тааллуқ доштани ин ширкатро такзиб карда буд. Вале ҷомеаро қаноат дода натавонист ва ҳамоно  дуоҳои бади равандагони ин роҳ, ронандаҳо ва бахусус ронандаҳои мошинҳои борбар ба адреси вай шабонгоҳону рӯзона истидъову равона мешавад. Маълум нест, ки ба ин аҳволи имрӯза вай бар асари ҳамин дуоҳо расида бошад ё хайр? Вале маълум аст, ки дигар «Спитаменбонк»-и Ҷамолиддин ва Озодаи Раҳмон аз манбаъи асосии «финансироват»-и худ, ки тибқи маълумоти таъйидношуда солона беш аз 100 млн долларро ташкил медиҳад, маҳрум мешавад ва яқин аст ки дар миёни бонкҳои домодҳои дигар масалан «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ва «Коммесрбонк» мақому ҷойгоҳи худро аз даст медиҳад ва баъид нест, ки сарнавишти «Тоҷпромбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Амонатбонк» бар сари «Спитаменбонк» ҳам ояд. Зеро яке аз роҳҳо ва шеваҳои хӯгирифтаи Эмомалӣ Раҳмонов, ки тӯли ин ҳама солҳо маълум шудааст, маҳрум кардани рақиб ва ё душман аз манобеи молии онҳо, балки бештар аз ин ғасбу истилои моликияти онҳо аст. Ҳамчуноне, ки дороиҳои Зайд Саидро мусодира ва тарака карда байни худу домодҳояш тақсим кард ва ё дороиҳои «UMED-88» ва ҳамин «Тоҷиксодиротбонк»-ро гургвор муталошӣ кард.

Аммо, ин ҷуръат ва ҷасорати Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» аз куҷо аст, ки сирри пинҳони Раҳмонов ва ширкати пулчинакро, ҳатто, бигзор як гушаи кучаки онро ошкор кард. Вай дар нишасти хабариаш, ки рӯзи аввали август доир шуд гуфт:

Contents
Эълони пардохти 29 миллион сомонӣ, муодили 2.9 миллион доллар аз тарафи «Барқи тоҷик» ба ширкати пулчинаки IRS ва он ҳам дар як конфаронси хабарӣ ва дар ҷамъи хабарнигорон аз тарафи як мақоми давлатӣ як амали бесобиқа аст. Тӯли 12 соли фаъолияти ширкати пулчинаки IRS ҳамчунин маълумоте аз ҷониби ҳеҷ ниҳоду масъули давлати Тоҷикистон садо надодааст ва ин барои бори аввал аст як чунин маълумоти  «сиррӣ» ифшо мешавад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ҳудуди 2 моҳ мешавад роҷеъ ба молики ширкати IRS Ҷамолиддин Нуралиев, муовини собиқи раиси Бонки миллии Тоҷикистон миёни мардум ва бахусус дар шабкаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна шоеъот ва сару садоҳо дар ҳоли паҳн шудан аст.Аз ин ҷо аст, ки бархе аз огаҳони умур бар ин боваранд, ки дар ихтиёри хабарнигорон қарор додани ин маълумот тасодуфӣ ва маъмулӣ нест ва инҷо ба эҳтимоли зиёд ин «утечка» дар худ маъниҳо ва паёмҳо дорад. Масъала ин ҷост, ки тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ.нет» бо вуҷуди дар шароити «назарбанд» ва «ҳабси хонагӣ» Ҷамолиддин Нуралиев, муовини пешини раиси Бонки Миллӣ ва шавҳари Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари Эмомалӣ Раҳмонов тавониста буд ба хориҷа биравад. Ростӣ, ин маълумотро ба мо аз манобеи огоҳ доданд, аммо мо феълан саддарсад наметавонем онро таъйид ё такзиб кунем. Вале як нукта мусаллам аст ки раиси ширкати «Барқи тоҷик» ба вузуҳ медонад, ки ин ширкати пулчинак  мутааллиқи Оила аст ва Созишномаи фаъолияти он дар соли 2010 аз тарафи худи Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони раиси Ҳукумати Тоҷикистон имзо шудааст. Аммо то кунун аз ҷониби ширкати IRS нафаре, ки зери ин Созишнома имзо гузоштааст, номаълум аст, шахсияти вай барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно муайян нашудааст.Ҷамолиддин Нуралиев борҳо ба вай тааллуқ доштани ин ширкатро такзиб карда буд. Вале ҷомеаро қаноат дода натавонист ва ҳамоно  дуоҳои бади равандагони ин роҳ, ронандаҳо ва бахусус ронандаҳои мошинҳои борбар ба адреси вай шабонгоҳону рӯзона истидъову равона мешавад. Маълум нест, ки ба ин аҳволи имрӯза вай бар асари ҳамин дуоҳо расида бошад ё хайр? Вале маълум аст, ки дигар «Спитаменбонк»-и Ҷамолиддин ва Озодаи Раҳмон аз манбаъи асосии «финансироват»-и худ, ки тибқи маълумоти таъйидношуда солона беш аз 100 млн долларро ташкил медиҳад, маҳрум мешавад ва яқин аст ки дар миёни бонкҳои домодҳои дигар масалан «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ва «Коммесрбонк» мақому ҷойгоҳи худро аз даст медиҳад ва баъид нест, ки сарнавишти «Тоҷпромбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Амонатбонк» бар сари «Спитаменбонк» ҳам ояд. Зеро яке аз роҳҳо ва шеваҳои хӯгирифтаи Эмомалӣ Раҳмонов, ки тӯли ин ҳама солҳо маълум шудааст, маҳрум кардани рақиб ва ё душман аз манобеи молии онҳо, балки бештар аз ин ғасбу истилои моликияти онҳо аст. Ҳамчуноне, ки дороиҳои Зайд Саидро мусодира ва тарака карда байни худу домодҳояш тақсим кард ва ё дороиҳои «UMED-88» ва ҳамин «Тоҷиксодиротбонк»-ро гургвор муталошӣ кард.

 «дар шаш моҳи имсол барои убури 150 мошини боркаши ширкат аз роҳи Душанбе-Чаноқ, ба ширкати IRS 29,2 млн. сомонӣ (2,9 млн. доллар) додаанд».

Дар воқеъ ҳамчунин маълумотеро ҳамаи вазорату кумитаву корхонаву муассисаву ширкатҳои давлатӣ доранд, ки моҳона, нимсола ва шашмоҳа барои убуру мурури ин роҳ ба ширкати пулчинак чи қадар пул медиҳанд. Аммо ҳамагон медонанд, ки ифшо ва расонаӣ кардани он муҷоз нест, ин маълумот «табу» аст ва агар ҳар касе бо ин ширкат, ки гуфтем аз они худи Оила-яъне Раҳмонов ва домоду духтараш аст даъво кард, одитарин ҷазо барои вай рафтан аз мансаб аст. Дар ҳоле,ки ҳеҷ мансабу мақоме ройгон ва арзон ба даст намеояд, бахусус  мансабе ҳамчун раиси ширкати «Барқи тоҷик»,ки маҳалли бойшавӣ ва сирқати миллион-миллионҳост. Ин ширкате, ки ҳоло беш аз 3 миллиард доллар қарздор аст хелеҳоро сахт сумдор кардааст, ки дар шумори «доля»-хурони он худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам қарор дорад. Чанде аз суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов дар ҷазоири Вирҷинро, ки ҳамин Ҷамолиддин Нуралиев контрол мекард ба маҳзи фурӯши неруи барқ ба хориҷ аз кишвар пур мешаванд.

Нуктаи дигаре, ки ба тасодуфӣ будани ироаи ин маълумот аз тарафи раиси ширкати «Барқи тоҷик» касро нобовар мекунад ин аст, ки тӯли ин ҳама солҳо худи ин ширкат ҳатто як маротиба ҳам роҷеъ ба фаъолиятҳои молиявии худ ҳисобот надодааст, балки онро ҳамеша ҳамчун сирри соҳибкорӣ пинҳон доштааст. Танҳо гаҳ-гоҳе мегуяд, ки фалон миқдор техника ба фалон пул харидорӣ кардааст ва ё бо фалон маблағ роҳҳоро тармим ва навсозӣ кардааст ва ё аз барф тоза намудааст ва ё намак пошидааст. Тамом. Аз ҳамон рӯзи оғози кораш дар соли 2009 ин ширкат аз пардохти  анвои молиёт ва аворизи гумрукӣ муоф карда шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки сохтмони ин роҳ бо 280 миллион доллар қарзи давлати Чин бо баҳраи солона 2% сохта шудааст ва ҳоло ҳар сол аз бюҷети мамлакат-яъне аз ҷайби ману шумо барои баргардони ин қарз ва баҳраҳои даҳҳо миллион доллар бештар пардохт мешавад. Аммо тамоми даромад ва оидоти ширкати пулчинаки IRS ба ҷайби худи Раҳмонов ва аъзои Оилаи вай меравад. Ҳеҷ шарму ҳаё надорад ва соли гузашта боз баҳои убуру мурур аз ин роҳро то 15% афзоиш дод, дар ҳоле, ки тибқи ҳисобҳои тахминии коршиносон солона беш аз 100 млн доллар аз ин роҳ даромад ба даст меоварад.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» аз ироаи ҷузъиёти харҷи ин 29 миллион сомонӣ ҳам истиҳола намекунад ва ошкоро эълон кардааст, ки «мошинҳои онҳо дар фасли тобистон аз конҳои ангишт барои Маркази барқу гармидиҳии рақами 2-и шаҳри Душанбе ангишт меоранд. «Ин маблағ дарбар мегирад чӣ гузариш аз терминалҳои IRS ва тарозуҳое, ки вазнро бармекашанд,”-афзуд раиси “Барқи тоҷик.» Бояд хеле пушти зӯри зӯр дошту ва дузди ниҳоят ҳам «проффӣ» буд, ки дар як роҳи давлатӣ ва он ҳам ягона роҳ, алтернатива надорад, як ба ном корхона-амалан ғоратхона ва дуздхонаро ташкил бидиҳиву ниҳодҳои давлатӣ –ширкати «Барқи тоҷик»  ва Маркази барқу гармидиҳиро водор кунӣ, ки барои убур ба ҷайби он кас пул супорӣ ва кам ҳам не-3 миллион доллар. Дар кадом гушаи дунё ҳамчунин таҷриба ва ҳамчунин ҳолат вуҷуд дорад, ки як ширкати хусусӣ, ғайридавлатӣ дар пушти ширкатҳои марбути давлат чуб бизанад?

Аммо, мо манзурамон ҳоло ин «даромаду баромадҳо»-и ширкати пулчинак нест. Моро ин паҳлуи масъала мутааҷиб кардааст, ки чиро Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» «утечка» кард? Гуфтем,ки на танҳо «Барқи тоҷик» аст ки дар ин роҳ мошинҳояш ҳаракат мекунад. Ва, вазорату кумитаҳое ҳастанд, ки даҳҳо ва садҳо маротиба зиёдтар аз ин роҳ бор мекашонанд. Аммо онҳо сокитанд. Масалан ҳамин Шералӣ Кабир, устоди дарсу барномаҳои дуздиҳои Раҳмонов ва хонаводааш, ки вазорати саноатро бар уҳда дорад, аз ин роҳ комюнҳои вазораташ намегузарад ва маълумоти он пеши Шералӣ нест? Ҳаст! Аммо вай «ниже трава, тише вода» мегардад! Вале Маҳмадумар Асозода на танҳо гуфт, балки ҷузъиёт дод, доира зад. Дар ҳоле, ки ин мавзуъро, мутмаинам, журналистҳо ҳам савол надодаанд. Маълум аст ки аз пеш омода шуда буд ва ё омода карда буданд, ки ин «даромад»-и Ҷамолиддинро аланӣ кунад. Танҳо мавриде, ки шабеҳ аст, яъне як ниҳоди давлатӣ дар кори ширкати пулчинаки IRS -«Инновейтив Роуд Солюшнз» мудохила кард, даҳ соли пеш аз тарафи Оҷонсии зиддиинҳисорӣ рух дода буд ва раиси вақти он Амонулло Ашӯр нархҳои гузоштаи ин ширкатро баланд ва ғайриқонунӣ хонда буд. Ҳамин буд, чанде нагузашта Ашӯровро аз мақом ва сонитар аз ҳукумат сур карданд.

  “Ҳоло бо Маҳмадумар Асозода чи хоҳад шуд? Вақт нишон хоҳад дод. Аммо ба назар мерасад, ки ин «утечка» аз «кападуд»-и Ҷамолиддин хабар медиҳад. Аммо боз ҳам вақт довари хубест ва мунтазири иқдомоти оила ва пешвои он мебошем. Чуноне худаш мегӯяд: “вазъият пешгӯйиношаванда аст” ӯ аз ҳолати худаш гуфтааст,ки ҳар вақте ҳар тасмиме мегирад ва он пешгӯйиношаванда мебошад.”

Як манбаъи огоҳ гуфт,ки Эмомалӣ Раҳмонов мисле дар андешаи «қоқ» ва «куни луч» кардани Ҷамолиддин Нуралиев аст. Ҳамчуноне Амонулло Ҳукумов, раиси пешини идораи Роҳи оҳан барои аз ҷазои Раҳмонов халос шудан беш аз 25 млн доллар ба вай ва Рустам «компенсатсия» кардааст. Ҷамолиддин, ба гуфтаи ин манбаъ «перечен»-феҳристи молу маҳсулоте, ки Путин қасд дорад тавассути Раҳмонов, бифурӯшад, яъне таҳримотро тавассути Тоҷикистон давр занад, дар ихтиёри Амрико гузоштааст. Раҳмоновро дар баробари Путин сахт забонкутоҳ ва хиҷолатзада кардааст. Номаълум аст ки Раҳмонов дар ин шароиту вазъият омода аст ки «компенсатсия»-и Ҷамолиддинро бипазирад вале аз онки тамоми коду рамзи суратҳисобҳои ӯ ва Рустамро маҳз Ҷамолиддин медонад ва идора мекард, ӯро дар як ҳолати сахт қарор додааст. Зеро ин имкон вуҷуд дорад, ки ба иттиҳоми кумак ба Русия ҷиҳати давр задани таҳримҳо ин суратҳисобҳояш «пломб» ва ё ҳатто мусодира карда шавад.

Хуб,дигар гуш ба қимор мешавем: «Мо наметавонем»?

P.S:  Дар лаҳзаҳое, ки ин матлаб ба чоп мерасид, маълумоте ба дасти мо расид, ки аз таърихи 02.08.2022 то охири ҳафта Ҷамолиддин Нуралиев ва писараш инчунин ҳамроҳ бо Ашраф Гулови боҷааш, яке дигар аз домодҳои бешумори Раҳмонов, ки сафири Тоҷикистон дар Туркия ҳам ҳаст дар чанд нишастҳое дар Душанбе  бо муҳофизонашон дидаанд. Дар моҳи Август Ашраф Гулов  ва Парвина Раҳмонова ҳам бояд духтарашонро ба шавҳар диҳанд ва ҳарду дар Душанбе қарор доштаанд. Инчунин ҳузури Ашарф ва Парвинаро барои иштирок дар туй арусии Сомон ҳам гуфтаанд.

Рӯзи 6 уми ҳамин моҳ дар маросими туй хонадоршавии Сомони Эмомалӣ  ва келини Қурғонтеппагияш, ки худи Эмомалӣ Раҳмонов дар як маҷлис ин духтарро дида ва ба писараш ӯро хостгорӣ намуда будааст гӯйё Ҷамолиддин Нуралиев ҳамчун домоди хонавода дар ин маросим  ширкат доштааст. Аммо ин хабарро як манбаъи ғайри муътамад ба “Ислоҳ” гуфтааст ва бо сиҳати он боварии зиёде ҳам надорем.

Дар назар аст рӯзи шанбе 13 .08.2022  Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмонов бо Сафар,писари Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон баргузор мегардад. Албатта “Ислоҳ” қазияи Ҷамолиддинро дунбол мекунад ва ҳар маълумоти наве,ки расид интишор хоҳем дод.

Манобеъи “Ислоҳ” Ҷамолиддин Нуралиевро,ки қаблан дар бисёре аз амокине медидаанд ҳоло ӯро дигар надидаанд. Аммо бар фарқи ин Шоҳрух Саидзодаро бо карру фар ва муҳофизонаш ва ҳатто бо худаш муҳофизони снайперист  ҳам доштааст мебинанду аз ӯ маълумотҳо мерасонанд.

Share This Article