Узбектаборони Деваштич аз зулми “оила” навиштанд   

Нома аз Зарнисори Деваштич

Янгиариқ ҳоло Зарнисор ном дораду Ғончӣ Деваштич. Ва ин деҳа аз маркази ноҳия се километр дуртар воқеъ аст. Дар ин нома ҳам сокинон аз Нуриддин Абдуллоев, сардори Идораи замини ноҳия ва аъмоли ӯ шикоят мекунанд. Бинобар навиштаи сокинони ин деҳа, ки  аксаран узбекҳо мебошанд.

Ҳангоме ин номаро хондем,хостем таърихи ин минтақаро донем ва чунин маълумотро пайдо намудем.

Қабл аз ин,ки биравем ба шикоятномаи сокинон. Каме аз таърихи ин минтақа бароятон мегуем:

“Ҷамоати деҳоти Ғазантарак 23 марти соли 1977 ташкил шудааст. Ҷамоат дар зери қаторқўҳҳои Туркистон ҷойгир буда, аз маркази ноҳия 3 км дуртар воқеъ гаштааст. Аз тарафи шимол бо Ҷамоати деҳоти Яхтан, аз ҷануб бо Ҷамоати деҳоти Муҷун ва аз ғарб бо Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ҳамсарҳад мебошад. Ҷамоати деҳоти Ғазантарак аз 8 деҳаву маҳалла иборат буда, яке аз Ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Деҳаи Ғазантарак яке аз деҳаҳои куҳандиёр ба ҳисоб меравад. Дар гузашта яъне ба вилояти Курушана, ки асосан аз 7 — шаҳри калон иборат буд ва яке аз онҳо шаҳри Ғаза ба ҳисоб мерафт, ки аз қадимулайём деҳаи Ғазантарак, Қалъачаи Азим ва Қаробӯин ба ҳайати он дохил буданд. Ин деҳаҳо бо токпарварӣ машғул ва машҳур буданд. Шираи ангури Ғазантарак то 40 % қанд дорад. Ҳатто баъзе сайёҳон қайд мекунанд, ки дар шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико дар музей, мавизи «Чиллагии» Ғазантаракро дидаанд. Қалъаи кўҳнаи дар мавзеи болои деҳаи Ғазантарак мавҷуд аст. Тақрибан 20 ҳазор аҳолӣ дорад 60% он Тоҷикон ва 40% Узбекҳо иқомат мекунанд. Масофаи байни Ҷамоати деҳоти Ғазантрак ва маркази ноҳияи  Деваштич 3, то Хуҷанд 67 ва то Истаравшан 14 км мебошад.”

 

«Авлоди Нуриддин Абдуллоев заминҳои обӣ ва лалмиро ба монополия табдил додаанд. Таҳмина, апаи Нуриддин Абдуллоев, директори мактаби № 13 бо номи Юлдошев Исматулло мебошад, ки дар ин  мактаб беш аз 1000 хонанда таҳсил мекунанд.

 “Мо ҳама узбекзабонҳо барномаи аввали шуморо дар мавриди Деваштич тамошо кардем ва ҳама ончӣ гуфтед дуруст аст ва хостем дар ин масъала ба шумо маълумоти бештаре диҳем.”

Падари Нуриддин, Туйчӣ Абдуллоев пеш аз ба вазифаи раиси кумитаи замини Деваштич таъин шудани Нуриддин  «Сағира» лақаб дошт ва як ронандаи оддӣ буд. Мошини УАЗ дошт ва раискашак –ронанадаи раис буду тамом. Аммо пас аз ба ин вазифа таъин шудани писараш, ҳоло ин сағира бой шуд ва Туйчибой ном дорад. Наздик ба 500 сар гову гӯсола, 4000 гусфанд дорад. Ҳар сол 3 ё 4 мошини қимматбаҳо мехарад. Масалан БМВ Х5 соли бароришаш 2019 ва мошини дигараш Лендкрузер Прадо рақами давлатиаш 88 80 ва рангаш сиёҳ аст. Ин ҳама аз « файзу баракат»-и ана ҳамин Нуриддин Абдуллоев, раиси кумитаи замини ноҳия мебошад.

Бобур, писари дуюми Туйчӣ  дар соли 2003  корро ба ҳайси корманди кумитаи замини ҷамоати Ғазантерак  шурӯъ кард. Аз он сол то ба имрӯз заминҳои ҷамоати Ғазантерак дар дасти Бобур. Бояд зикр намоям, ки дар ҷамоати Ғазантерак 7 деҳа ва 18 ҳазор зиндагонӣ мекунанд. Инро бояд бигӯем, ки аз ин ҳафт деҳа дар дутоаш  узбекзабонҳо ва дар 5 деҳаи дигар  тоҷикон зиндагонӣ мекунанд вале ҳамагӣ дастнигар ва асири оилаи Туйчӣ Абдуллоев падари Нуриддин ва Бобур мебошанд. Бобур аз соли 2010 то 2015 дар ҷамоати Ғазантерак дар вазифаи раис ҳам кор кард ва аз 2016 то имрӯз бошад ба ҳайси сардори шӯъбаи танзими ноҳияи  Деваштич кор мекунад. Раиси ҷамоати ҳозира Сафар дар итоати ҳамин оила мебошад ва аз хати кашидаи ин оила берун намебарояд.

Нуриддин Абдуллоев соли 2012 раиси кумитаи замини ноҳияи Деваштич таъин шуд. Тибқи иттилооти доштаи мо Нуриддин Абдуллоев ин вазифаи равғаниро ба қимати 20 ҳазор доллар харида будааст. Вале метавонем бигӯем, ки бар иваз беш аз ду миллион доллар ба даст оварда аст. Албатта,аз ҳисоби заминфурӯшӣ.

90% -и аҳолии 5500 нафараи деҳаи Зарнисорро узбекҳо ташкил медиҳанд.   Аксарияти сокинони Зарнисор аз  ҳисоби муҳоҷират зиндагӣ мекунанд.Чунки дигар дар Деваштич ва ҷамоат кор ва замине боқӣ намондааст аз дасти Нуриддин Абдуллоев ва оили онҳо.  Масалан 200 гектар замини обии деҳаи Зарнисор ба  хоҷагии деҳқонии  Бобур Абдуллоев тааллуқ дорад ва раиси хоҷагии «БОБУР» худи Абдуллоев Бобур мебошад. Агарчи деҳаи Зарнисор 5000 ҳазор гектар замин дорад вале 1200 гектори он обӣ ва боқияш заминҳои лалмианд.

Ба халқи бечора танҳо замини лалмӣ расидагӣ аст. Боронгарӣ шавад ҳосил мегирад агар боришот набошад ҳосил ҳам намегиред. Агар ба заминатон ягон чи кишт накардед барои  рамаи гусфандҳои  Бобур чарогоҳ мешавад ва гӯсфандҳои Бобур чарида мегарданд ва касе ҳақ надорад чизе бигӯяд. Ягон кас ба онҳо   гап зада наметавонад. Ба наздики як ҳодисаи нангин дар деҳа рух дод. Чупони Нуриддин,ки ба нигоҳубини гусфандон ва говҳои ӯ ва Бобур  машғул аст рамаи гову гӯсфандонро ба замини як нафар бе иҷозат ба чаро мебарорад.

Соҳиби замин он чупонро намемонад, то вориди заминаш шаванд. Даъво ва муноқиша сар мезанад ва дар натиҷа соҳиби он замини лалмиро, ки насабаш Фозилов мебошад Нуриддин ва Бобур ташкил карда бо  туҳмат ба 5 сол  зиндон  карданд.

Хоҷагии деҳқонии «Бобур» -и Нуриддин ва Бобур  5 нассоси обкашӣ- скважи зери заминӣ дорад. Феълан дар фермаи вай  160 гови дӯшоии ширдеҳ ва 200 гусола бонӣ карда мешавад. Барои гусфандонаш, ки шуморашон аз 4000 бештар аст дар ҳар ҷой шипанг сохтааст. Фермаи аз даври шуравӣ боқимондаи колхози  Крупскаяро бе ягон сомонӣ азони  худ карданд.  Аммо нафси онҳо бо ин ҳама моли ҷамъиятӣ қаноат накард. Боғи себи колхози собиқро ҳам хусусӣ карданд. Заминҳои обанбори Даҳанасой ҳам ба ӯ тааллуқ дорад. Колхози пешина як дачаи зебо ва дар гирдаш замини зиёд дошт, ки онро ҳам соҳиб шуда дар онҷо хонаи шахсӣ сохта аст. Хулоса, ҳар чизе, ки дар давраи шӯравӣ ин колхоз дошт ҳоло аз тарафи Нуриддин ва Бобур Абдуллоевҳо монополия карда шудааст. Ҳар куҷое, ки як замини обии ҳосилдеҳ ва киштбоб буд, онро ҳам хусусӣ кардаанд.  Соли 2018  дар чор гектор замини обӣ боғи себ, нок, ангур бунёд кард.

Анбори колхозро вайрон карда масолеҳи сохтмонии онро гирифта дар маркази деҳаи Зарнисор Нуриддин  Абдуллоев тарабхона сохт. Тарабхонааш «Саломат» ном дорад. Дар замини ин анбор як осиёб сохта ва онро ба бародари калониаш  Бахтиёр Абдуллоев  дод.

Норасоии об ва ситами Абдуллоевҳо ба мардум

Деҳаи Зарнисор аз обанбори Даҳанасой поёнтар ҷойгир аст. Аммо калиду қуфли он ба дасти  оилаи Абдуллоевҳо мебошад. Тақрибан панҷ сол мешавад дар ҷӯй об намеравад. Зеро оилаи Абдуллоевҳо обро ба заминҳои корами худашон тоб додагианд. Заминҳои мардум бошад аз об танқисӣ мекашад. Лӯлаи обгузаре, ки аз аз шуравӣ боқӣ монда аз ҳамин колхоз ва мардум буд, ҳоло соҳибаш Бобур Абдуллоев аст.

“Гӯё Абдуллоевҳо меросбари СССР бошанд. Деҳаҳои ҳамсоя се соат дар рӯз об мегиранд ва ҳар даҳрӯза 10 сомонӣ медиҳанд ва моҳона мешавад 30 сомонӣ. Аммо сокинони  Зарнисор бошад барои як соати он 40 сомонӣ ба Бобур Абудллоев медиҳанд, чунки ӯ лӯлаи обгузарро хусусӣ кардааст ва ин дар моҳ мешавад 120 сомонӣ. Яъне дар даҳ рӯз ҳамагӣ як бор об медиҳад ва он ҳам ба муддати як соат. Хоҳед марҳамат обро харед ва нахоҳед чор тарафатон қибла.”

Лӯлаи об ду хат дорад, ки наздики 200 кран аз он об мегирад. Мо намедонем бо кадом роҳ ин қубури об ба моликияти Бобур Абдуллоев мубаддал шудааст. Ин кор дар давраи раиси ҷамоат будани Бобур Абдуллоев шудагӣ аст ва ҳоло бо истифода аз об мардумро зулм дорад. Ҳоло ҳар сокини Зарнисор моҳона 40 сомонӣ сари крани оби хонааш мепардозад.  Агар шумо дар хонаатон крани об надошта бошед ва аз куча об гиред дар ин ҳолат аз шумо сари ҳар нафари хонаводаатон 3 сомонӣ моҳона бояд пардохт намоед. Масалан шумо 10 нафар бошед 30 сомонӣ бояд ба Бобур Абдуллоев  супоред. Кормандони Бобур Абдуллоев моҳона омада хона ба хона ҷамъ карда мераванд. Ба шумо ҳеҷ чек ва санаде барои пардохти ин маблағатон намедиҳанд. Ана коррупсияро бубинеду худатон фикр кунед дӯстони хонанда. Ончунон масъалаи об мушкил аст дар мо, ки фикр мекунед, ки дар Африқо зиндагонӣ дорем, на дар Тоҷикистон.

Бобур Абдуллоев раиси танзими ноҳияи Деваштич аст ва кору бораш шантажи  занҳост. Масалан чор нафар як ҷо нишаста наметавонад аз ҷабру зулми Бобур. Агар чор зан нишастанд ва хурок хурданд дар ҳол бузҳояш ба Бобур занг зада хабар медиҳанд ва Бобур ба он хона участковойро мефиристад, то рафта соҳиби ин хонаро ҳамчун ташкилкунанда  тарс дода аз онҳо пул бигирад. Аз 500 то 1000 ва 2000 мебошад, нархи танзим. Аммо ба шумо ягон санаде намедиҳанд, ки шумо пардохт намудаед.  Бовар кунед ҳоламон бе андоза вазнин.

“Агар гӯем, ки ин қонуни танзим бар зарари мост ва ҳеҷ ба манфиати мо нест. Агар давлат инро барои он бароварда бошад,ки масраф накунанд мардум ва бой шаванд. Охир мо агар дар як ташкилиямон 1000 сомон масраф мекардем ва хурсандиямонро мегузаронидем. Ҳоло бошад раисони танзим ду баробари онро ва ҳатто се баробар карда мегиранд. На садақа аст ва на хурсандӣ ба мо,аз ин қонун ҷуз зарар ба мо мардуми камбағал чизи дигаре нест. Агар бовар накунед санҷед,ки мо рост мегӯем ва ё дурӯғ? Раиси кумитаи дини назди ҳукумат Сулаймон Давлатов киҳоро раис гузошта аст ва коррупсия ва мақомот куҷоро нигоҳ мекунанд? Охир ин зулми ошкор аст ба Худо қасам. Раҳм кунед ба мо мардуми камбағал.”

Нозири минтақа  шабу рӯз дар деҳаи Зарнисор   мегардад ва кораш шикори занҳо ва чор нафар нишастагоне, ки дар хонае бо ҳам нишаста бошанд.

Агентҳои Бобур тибқи маълумоти занҳои деҳа ба камияш 10то зан мебошанд. Ба Бобур хабарро мерасонанд ва моҳона аз ӯ барои хабари расонидаашон маблағ мегиранд. Аммо  худи Бобур Абдуллоев бошад  дар декабри соли 2019  як бузкашии бо дабдаба ба хотири соли нав ташкил кард ва ҳама танзим ва расму анъанҳоро шадидан поймол кард, вале касе чизе нагуфт.  Имсол моҳи ноябр туйи арусии писарашро доир намуд. Келин аз деҳаи ҳамсоя -Ғазантерак буд ва дар ин туй арусӣ, ки тақрибан як ҳафта маърака дошт ва меҳмонҳо меомаданду мерафтанд инҷо ҳама меъёру қонунҳои танзим ба куллӣ аз реша вайрон карда шуданд вале касе ба ӯ чизе нагуфт. (дар навор метавонед як лаҳзаи он туйро бубинед агар мо дурӯғ гӯем ҳарчи мехоҳед гӯед.) Ӯ раиси танзими ноҳия аст ва ӯ ин ҳақро дорад вале дигарон яъне мардуми камбағал бошанд надоранд.

  “Тахмина Абдуллоева директори мактаби 13-и  деҳаи Зарнисор аз 2017 дар ин вазифа кору фаъолият мекунад. Тахмина донишгоҳро ғоибона хонда аст. Мо итминони комил дорем ӯ дипломашро харидагӣ аст. Вай ҳеҷ монандие ба педагог надорад. Ӯдӯзанда буд  ва чеварӣ мекард ва аз соли  2015 то директорӣ, пули оби қубури  бародараш Бобурро хона ба хона чинда мегашт ва бо пардохти маблағ вазифаи директории мактабро харида бачаҳои моро бесавод карда истодааст. Вазорати маориф ба куҷо нигоҳ мекарда бошад, мо ҳайронем.” 

Муаллимаҳо аз ҷонашон сер шудагӣ. Кори Таҳмина танҳо аз пулчинӣ иборат аст.  Чуноне гуфтем дар ин мактаб тақрибан ҳазор талаба дарс мехонад. Агар хонандае ба  дарс наояд,  ҷаримааш  аз 10 сомонӣ  то 50 сомонӣ муқаррар шудааст. Тахмина ин корро  натарсида анҷом медиҳад вале дониши талабаҳо  хело паст шудааст. Мо  дафтару рӯзнома ва давомоти  фарзандон ва наберагонамонро дида ва мушоҳида карда истодаем. Намедонем дар мавриди ин директор ба куҷо шикоят кунем ва дардамонро ба кӣ бигӯем. Агар аз маорифи вилоят омада тафтиш кунанд, бе шак баҳои 90% хонандагон ба 3 мерасад, чунки маорифи ноҳияро оилаи Абдуллоевҳо харидагӣ ҳастанд ва шикоят ба маорифи ноҳия фоида надорад.

Беш аз 200 нафар аз мардуми Зарнисор ночору ноилоҷ фарзандони худро ба маркази ноҳия ва мактабҳои шумораи№ 1№16 ва№ 10 ва гимназияи 1 мебаранд. Ба сардии ҳаво ва гармию беморӣ нигоҳ нокарда се- чор километр роҳро рафту баргашт ҳар рӯз тай мекунанд. Вале фарзандонашонро ба ин мактаб  намедиҳанд.  Мо дар пеши Таҳминаи қаллоб мемонем, чунки камбағал ҳастем, дигар чикор кунем осмон баланду замин сахт.

Шавҳари Тахмина Илёс  Бобоҷонов  даллоли замин аст ва метавонем бигӯем, ки ӯ заминфурӯши хусурбачааш  Нуриддин Абдуллоев мебошад. Бародари Илёс  Ибодулло (Ибод) Бобоҷонов бошад ронандаи  Нуриддин Абдуллоев мебошад. То ҷое мо мушоҳида намудаем  пулчинак, имзогираки Нуриддин дар санадҳо барои иҷозати замини назди ҳавлигӣ. Печат дар дасти ана ҳамин шарики ҷиноятҳои Нуриддин Абдуллоев мебошад. Инчунин як шарики дигар ҳам дорад бо номи Эгам аз деҳаи Яхтан. Ҳардуи онҳо Ибод ва Эгам пулчинакҳои Нуриддин Абдуллоев мебошанд.

Яке  дигар аз  хешовандони Нуриддин  Абдуллоев Акбар Бобоев мебошад. Акбар коргари  идораи литсензия аст. Аммо сар аз 4-и саҳари рӯз ва ё 12-и шаб фарқ надорад,  кораш фақат шантаж ва пул кандан аз ронандаҳо мебошад. Ӯ ҳам кори литсензияро анҷом медиҳад ва ҳам дар нақши ГАИ фаъолият мекунад. Лутфулло хеши дигари  Нуриддин коргари шӯъбаи танзими шаҳраки Ғончӣ аст. Лутфулло Кенжаев соли таваллудаш 1993 дар прокуратура ҳам кор мекунад. Вале маълум нест, ки ба ҳайси кӣ? Одами Нуриддин дар Прокуратура мебошад. Аз деҳаи мо ҷавонон хеле зиёд «доброволно» ба аскарӣ мераванд. Имсол коронавирус омада бошад ҳам нақшаи даъват саривақт иҷро шуд. Вале Лутфулло бо раиси маҳалла Разиев Абдураҳмон ба номи 25 сокини повестка овард. Лутфулло медонист, ки ин бачаҳо дар Русияанд. Вале аз прокуратура повестка оварда падару модари онҳоро шантаж карда сари ҳар кадоме аз бачаи муҳоҷирашон аз 1000 то 5000 сомонӣ ба зӯрӣ гирифт. Баътар маълум шуд,ки ин «повестка»-ҳо ҳамааш фалшивий будааст ва худаш онро навиштааст. Аммо Прокуратура дар ин бора кадом чора надид. Разиев Абдураҳмон, як марди 60 сола ва дар гузашта комбайнчӣ ҳоло раиси маҳалла мебошад.

Абдураҳмон  аз соҳиби  ҳар мурда 100 сомонӣ барои сандуқи хайрияи масҷид  мегирад вале ба сандуқи хайрияи масҷид намедиҳад. Мардум ӯро чанд бор эрод гирифта гуфтанд, ки ин кори бадро накунад. Дар ҷавоб ӯ таҳдид карда гуфтааст, ки сокит бошед, агар чизе гӯед ман шуморо зиндонӣ мекунам, ҳама хомӯшанд аз тарс. Агар тӯй кунед ӯ аввал аз шумо 200 сомонӣ мегирад ва баъд дар варақи танзими расму анъана имзо мегузорад. Вале агар  кам додед участковийро ба саратон мефиристад, то дар тӯй ба шумо мушкил пеш оранд. Инҷо фавран сару каллаи Бобур пайдо мешавад ва ӯ боз аз соҳиби туй пули изофӣ меканад. Инҳо ҳамаашон як мафияи ҷинояткор дар ноҳияи Деваштич мебошанд. Абдураҳмон Разиевро барои бо номи 20 нафар камбизоат  кумак навишта вале ба онҳо надоданаш боздошт карданд. Инҷо Нуриддин Абдуллоев, ки Абдураҳмон Разиев хеши падариаш мешавад пайдо шуд ва ӯро «харид» ва ҳоло вай  боз ҳам ба ҷиноятҳояш идома дода истодааст.

“Дар мавриди амалҳои бад ва фаҳшу фуҷури Нуриддин Абдуллоев маълумоти зиёде дар даст дорем ва шоҳидони айнии ин амалҳояш мебошем. Агар пас аз ин навишта даст набардорад номаи дигари мо дақиқан бахшида ба он хоҳад буд.”

Ин номаро ба Ислоҳ.нет дастаҷамъона мефиристем ва хоҳиш менамоем чуноне навиштем онро нашр менамоед. Метавонед ҳама ончи навиштем онро мақомот санҷиши софдилона намоянду ба ин ҳама кирдорҳои дар боло баён шуда баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Мо зери ин ҳама мусибатҳо қарор гирифта Узбеконем, касе ба додамон намерасад.

Бо эҳтиром номаи гурӯҳӣ аз номи 27 нафар, ки ному насаби ин ҳама бо имзоҳояшон  дар “Ислоҳ” маҳфӯз аст.

P.S: Хонандагони гиромӣ! Тибқи ваъдае,ки ба шумо дода будем, идомаи таҳқиқот дар  мавриди Нуриддин Абдуллоев раиси кумитаи замини н. Деваштичро пешкашатон кардем. Аммо ин охири кор нест ва мо таҳқиқот дар мавриди ноҳияи Деваштичро идома медиҳем. Агарчӣ Азиз Сатторов “одам”-и Таҳмина пас аз матлаби аввали мо, хело кушиш карда буд, то сокинони Деваштич матлаб ва навори ҷиноятҳои анҷомдодаи ӯро дар “Ислоҳ”нахонанду набинанд.  Аммо кӯшишҳояш бе самар ва бе натиҷа тамом шуданд. ”Ислоҳ” пойгоҳи мардумӣ аст ва ҳеҷ ҷинояти мақомдоронро сарфи назар намекунад ва  пайваста пайгирӣ хоҳад кард. Даст аз зулм, ситам, коррупсия, шантаж, таҷовуз бардоред  он вақт “Ислоҳ”  ба шумо тараф нест. Деваштичиёни гиромӣ нависед,то решаи зулму ситамро аз ноҳияатон барчинем.

Total
36
Shares
Related Posts