Васфи Ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим

Ислоҳ нет

Васфи Ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим

Дар ин мақолаи кутоҳ мехоҳам васфи ҷаннатро,ки дар Қуръони карим таҷассум ёфтааст баён намоям. Дар ин бахш нахуст васфи ҷаннатро баён менамоям сипас онҳоро ба ин бахшҳо барои бозҳам фаҳмотар шудан тақсим банди менамоям:
1-) Биҳишт беҳамтост. 2-) Дараҷа ва мақомҳои Ҷаннат. 3-) Дарёҳои Ҷаннат.4-) Чашмаҳои Ҷаннат. 5.-) Васфи бархе аз дарахтони Ҷаннат. 6-) Таом ва шароби аҳли Ҷаннат. 7-) Шароби (майи) аҳли Ҷаннат. 😎 Таом ва шароби покизаи ҷаннатиён. 9-) Либос ва зевароти аҳли Ҷаннат. 10-)Ҳамнишинии ҷаннатиён. 11-) Занони аҳли Ҷаннат. Инак мепардозем ба фишурдаи ин 11 бахш.

Кам ба чашм мерасад, ки дар сураҳои маккӣ аз барпошавии қиёмат, рӯзи охират, ҳоли бошандагони Ҷаннат ва Дӯзах ва чигунагии ҳашр ва ҳисобу китоби он рӯз ёде нашуда бошад, то он дараҷае, ки гӯё инсон он рӯзро бо чашми сар мебинад. Худованди қодиру тавоно дар ин маврид мефармояд:

«Худоро нашинохтанд, он чуноне ки шоёни шинохти Ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин як ҷо дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо дарҳампечида дар яди рости қудрати Ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд. Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳо, ки Ӯ бихоҳад, беҳуш мешаванд. Ва бори дигар дар он дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд. Ва замин ба нури Парвардигораш равшан шавад ва номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе ситаме наравад. Подоши ҳар кас баробари кирдораш ба тамомӣ адо шавад, дар ҳоле ки Худо ба корҳое, ки мекардаанд, огоҳтар аст. Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба Ҷаҳаннам биронанд. Чун ба Ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушуда шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Мегӯянд: «Бале». Вале бар кофирон азоб муҳаққақ шуда буд. Гуфта шавад: «Аз дарҳои Ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест! Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсидаанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба Биҳишт мебаранд. Чун ба Биҳишт бирасанд дарҳояш кушуда шавад. Ва дарбонҳои Биҳишт гӯяндашон: «Салом бар шумо, Биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд! Мегӯянд: «Сипос Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои Биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Амалкунандагонро чӣ музди некӯест! Ва (эй Муҳаммад) фариштагонро мебинӣ, ки гирди арши Худо ҳалқа задаанд ва ба ситоиши Парвардигорашон (аз рӯйи талаззуз на таъаббуд) тасбеҳ мегӯянд. Миёни онҳо (бандагон) ба дурустӣ доварӣ гардад (ва аслан ба онҳо ҳеҷ гуна ситаме нашавад) ва (дар ивази адолат ва қазои Худо аз сӯйи ҳама ҳастӣ) гуфта шавад, ки ситоиш аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст! (Сураи Зумар, 67-75)

Васфи Ҷаннат дар оятҳои маккии Қуръони карим ончунон равшан ва ошкор зикр шудааст, ки дар дили саҳобагон таъсири амиқ мегузошт. Дар Қуръони карим дар васфи Ҷаннат омадааст, ки он ҳеҷ мислу монанде надорад ва Ҷаннатро дарвозаҳо ва дараҷот аст ва зери Биҳишт чашмаҳо ва дарёҳои равон аст ва барои накӯкорон қасрҳо ва хаймаҳо муҳаёст. Биҳишт дорои дарахти Тубо ва дарахтони гуногуне ба монанди Сидрату-л-мунтаҳо аст. Ва Қуръони карим неъматҳои аҳли Ҷаннатро зикр менамояд, ки он ҷо барои биҳиштиён таому шароб, май, ҷавоҳирот, либосу фарш, хидматгузорону ҳурон ва охирину болотарин хоҳишоташон муҳаё шудааст. Ин ҷо чанд васфи Ҷаннатро, ки дар Қуръони карим зикр шудааст, ёдовар хоҳем шуд.

1- Биҳишт беҳамтост:
Худои бузург баҳри бандагони парҳезгораш аз фазлу карами худ неъматҳое муҳаё сохтааст ва онҳоро дар Қуръони карим васф намудааст. Аммо он неъматеро, ки Худованд онро аз мо пӯшидааст, он қадар бузург аст, ки ақл ва фикри башарӣ қудрати дарку фаҳм ва тасаввури онро нахоҳад кард. Худованд мефармояд:

«Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хушиву хурсандӣ хабар надорад, ки ба подоши корҳое, ки мекарда, барояш пинҳон карда шудааст!» (Сураи Саҷда – 17)

Худованд сабаби ин подоши бузургро, аз муваффақ гаштан дар корҳои бузург ва шабзиндадорию нафақа кардани дар роҳи Худо мешуморад ва мефармояд:

«Аз бистари хоб паҳлӯҳояшон дур мемонад, Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд. Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хушиву хурсандӣ, ки ба подоши корҳое, ки мекарда барояш пинҳон карда шудааст, хабар надорад!» (Сураи Саҷда, 16-17)

2- Дараҷа ва мақомҳои Ҷаннат:
Дар ҳақиқат биҳиштиёнро дараҷа ва зинаҳои мухталифест, ки он бар асоси аъмолашон вобаста буда ва тавфиқи Худо бар онҳост. Ва чуноне, ки бо якдигар мутафовит ҳастанд, мақомҳояшон низ дар охират мутафовит хоҳад буд. Дараҷаи баъзеҳо фавқи дигарҳост. Чунончи Худованд мефармояд:

«Ва онон, ки бо имон назди Ӯ (Парвардигор) оянд ва корҳои шоиста кунанд, соҳиби дараҷоте баланд бошанд». (Сураи Тоҳо – 75)

«Бингар, ки чӣ гуна баъзеяшонро бар баъзеи дигар бартарӣ ниҳодаем ва дар охират дараҷоту бартариҳо болотар аст». (Сураи Исро – 21)

«Касоне, ки худ имон оварданд ва фарзандонашон дар имон пайравиашон карданд. Фарзандонашонро бо онҳо якҷоя мекунем ва аз он подоши амалашон ҳеҷ намекоҳем, ҳар касе дар гарави кори хештан аст». (Сураи Тур – 21)

«Аммо барои онон, ки аз Худо метарсанд, ғурфаҳоест (иморатҳоест) бар болои ҳам сохта, ки аз зерашон ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Худост ва Худо ба ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард!» (Сураи Зумар – 20)

3- Дарёҳои Ҷаннат:
Худованд дар оятҳои зиёде дарёҳои Ҷаннатро зикр намуда мефармояд:
«Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва наҳрҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳое аз шароб, ки ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, ҳаст ва низ омурзиши Парвардигорашон. (Оё биҳиштиён) монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҷовидонаанд ва ононро аз обе ҷӯшон меошомонанд, чунон, ки рӯдаҳояшон тика-тика мешавад?» (Сураи Муҳаммад – 15)

4- Чашмаҳои Ҷаннат:
Ҷаннат дорои чашмаҳои зиёд аст, ки лаззат ва мазаҳои гуногун доранд. Худованд мефармояд:

«Парҳезгорон дар биҳиштҳо, канори чашмасоронанд». (Сураи Ҳиҷр – 45)

«Ҳароина, парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд». (Сураи Мурсалот – 41)
Ва Худо дар васфи ду Ҷаннат, ки онҳо барои касоне омода шудаанд, ки тарс аз Худо доранд фармуда аст:

«Дар он ду, чашма ҷорист». (Сураи Ар-раҳмон – 50)

«Дар он ду, ду чашмаи ҷӯшанда ҳаст». (Сураи Ар-раҳмон – 66)

Дар Ҷаннат ду чашмаест, ки бандагони муқарраб обҳои холиси онро ва некӯкорон аз ин ду чашма оби омехта ва махлут менӯшанд:

Чашмаи аввал, чашмаи Кофур аст, ки Худо дар бораи он мефармояд:
«Ҳароина, некон аз ҷомҳое менӯшанд, ки омехта ба кофур аст, чашмае, ки бандагони Худо аз он менӯшанд ва онро бар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, равон месозанд». (Сураи Инсон, 5 – 6)

Худованд фармудаанд, ки некон обро махлут бо оби чашмаи Кофур менӯшанд, дар ҳоле ки бархе аз бандагон онро холис менӯшанд.

Чашмаи дуввум, чашмаи Тасним аст, ки Худованд мефармояд:

«Албатта, некон дар неъматанд, бар тахтҳо нишаста ва наззора мекунанд. Бар чеҳраашон таровати неъматро мешиносӣ. Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд. Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастикунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд. Омезаи он тасним аст, чашмаест, ки муқаррабони (наздикони) даргоҳи Худо аз он меошоманд». (Сураи Мутаффифин, 22-28)

Ва дар Ҷаннат чашмаест, ки номаш Салсабил аст. Худованд мефармояд:

«Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад, аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд». (Сураи Инсон, 17-18)

5- Васфи бархе аз дарахтони Ҷаннат:
а. Сидрату-л-мунтаҳо:

Ин дарахтест, ки Худои азза ва ҷалла номи онро дар китобаш зикр намудааст ва инчунин хабар додааст, ки паёмбараш Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи васаллам) Ҷабраил(а)ро ба ҳамон сурат, ки Худо ӯро офаридааст, дар назди ин дарахт мушоҳида намудаанд ва назди он дарахт Ҷаннати маъвост. Ва он Сидраро чизе мепӯшонад, ки ғайр аз Худо касе намедонад. Худованд мефармояд:

«Ӯро (Ҷабраилро) дигар бор ҳам бидид (дар шаби меъроҷ) назди сидрату-л-мунтаҳо, ки ҷаннату-л-маъво назди он қарор дорад. Вақте ки сидраро чизе (нурҳои файзи илоҳӣ) дар худ мепӯшид, чашм хато накард ва ҳад дарнагузашт». (Сураи Наҷм, 13-17)

б. Дарахти Тубо:
Ин дарахти бузургест дар Ҷаннат, ки либосҳои аҳли Ҷаннат аз он сохта мешаванд. Аз Абӯсаъиди Худрӣ & омадааст, ки Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

«Тубо як дарахтест дар Ҷаннат, ки бузургии он ба монанди сад сол роҳ рафтан аст ва либосҳои аҳли Ҷаннат аз баргҳои он сохта мешаванд».[i]
Он дарахт, ки дар зери сояи он аспсаворе сад сол роҳ меравад, бузургияшро ғайр аз Офарандаи он каси дигаре намедонад. Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) бузургии он дарахтро васф намудаанд, ки агар имконаш бошад, аспсаворро сад сол лозим аст, ки ба он тарафи он бирасад. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз Абӯҳурайра(разияллоҳу анҳу) омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

«Дар Ҷаннат дарахтест, ки аспсаворе дар сояи он сад сол хоҳад рафт».[ii]
Худованд дар ин маврид дар Қуръони карим мефармояд:

«Ва сояе доим». (Сураи Воқиъа, 30)

Ва ин далолат бар офариниши беҳамто ва қудрати созандаи он Парвардигори субҳонаҳу ва таъоло менамояд.

6- Таом ва шароби аҳли Ҷаннат:
Худованд зикр намудааст, ки таом ва шароби аҳли Ҷаннат он гуна аст, ки дил бихоҳад ва дар ин маврид фармудаанд:

«Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд». (Сураи Воқиъа – 20)
«Қадаҳҳои зарин ва кӯзаҳоро дар миёнашон ба гардиш меоваранд. Дар он ҷост ҳар чӣ нафс орзу кунад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва шумо дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд». (Сураи Зухруф – 71)

Худованд биҳиштиёнро ихтиёр додааст, то аз ҳар гуна хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳое, ки дилашон майл дорад, тановул намоянд:

«Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардед!» (Сураи Алҳоққа – 24)

7- Шароби (майи) аҳли Ҷаннат:
Он шароберо, ки Худованд барои биҳиштиён ваъда додааст, онро аз шароби дунё фарқ аст. Шароби дунё ақлро гум ва сарро ба дард меорад ва шикаму танро бемор месозад ва шояд ҳам дар саноат ва сохти он нуқсоне вуҷуд дошта бошад. Аммо шароби Ҷаннат аз ҳамаи он нуқсонҳо пок ва софу гуворост.[iii] Худованд мефармояд:

«Ва ҷоме аз чашмаи гуворо миёнашон гардонида мешавад, сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш». (Сураи Соффот, 45-46)

Худованд шароби Ҷаннатро ба сафедӣ васф намуда, иброз доштааст, ки нӯшандаи онро лаззате хоҳад буд ва нӯшандаи он дилгир намегардад. Ва дар ҷои дигар онро васф карда мефармояд:

«Писароне ҳамвора ҷавон гирдашон мечарханд бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист, аз нӯшиданаш на сардардӣ гиранд ва на беҳуш шаванд». (Сураи Воқиъа, 17-19)

Ва дар ҷои дигаре мефармояд:
«Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд. Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдасткунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд». (Сураи Мутаффифин, 25-26)

«Раҳиқ», ки дар ин ояти муборака зикр шуд, шаробест, ки барои он ду васф баён шудааст: аввал ин ки он махтум (сарбаста) ва дастнахӯрдае аст. Дуввум ин ки агар ҷаннатиён онро бинӯшанд, дар поёни он бӯи мушкро хоҳанд шамид.[iv]

8- Таом ва шароби покизаи ҷаннатиён:
Биҳишт ҷоест пок аз палидиҳо ва аҳли он тоҳир аз олудагиҳо ҳастанд. Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

«Аввалин дастае аз уммати ман, ки вориди Ҷаннат хоҳанд шуд, ба монанди моҳи шаби чаҳордаҳанд ва пас аз он касоне, ки ба монанди дурахшонтарин ситораи осмонанд ва пас аз он камтар ва камтар. На онон дар он ҷо қазои ҳоҷат менамоянд ва на бинӣ меафшонанд ва на оби даҳон меандозанд» [v]
Чунончи аз ин ҳадис равшан мегардад, агарчи миёни биҳиштиён дар нур ва дурахшиш тафовут вуҷуд дорад, аммо дар покӣ аз палидиҳо ҳама баробаранд, ки эшон дар он ҷо на пешоб менамоянд ва на туфу бинӣ меафшонанд. Аммо он чи ки эшон меошоманд, дар тани муборакашон арақе ба монанди мушк гашта берун меояд ва бархе аз он бо оруғе аз даҳон берун меояд, ки бо бӯи атр олуда аст.

Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
«Ҷаннатиён он ҷо таом ва шароб хоҳанд ошомид, аммо он ҷо пешоб, туф ва бинӣ нахоҳанд афшонид». Гуфтанд: «Пас таом чӣ хоҳад шуд?». Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Оруғ ва арақи ба монанди мушк».[vi]

9- Либос ва зевароти аҳли Ҷаннат:
Ҷаннатиён либосҳои бисёр зебо ба тан хоҳанд намуд ва худро бо зеварҳои тиллову нуқра ва лӯълӯъ зинат хоҳанд дод. Либоси онон аз абрешим ва дастмонаҳои онон аз тиллову нуқра ва лӯълӯъ сохта шудааст. Худованд мефармояд:

«Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил меша-ванд. Дар он ҷо ба дастбандҳои зару марворид онҳоро меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳояшон аз ҳарир аст». (Сураи Фотир – 33
«Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси сабз ва истабрақ. Ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва бинӯшонад онҳоро Парвардигорашон шароби покро». (Сураи Инсон – 21)

Ва пӯшидании ҷаннатиён рангоранг буда ва онҳо либоси сабзу абрешимини нозук ва захими мувофиқи хоҳишашонро мепӯшанд. Худои мутаол мефармояд:
«Онҳоро барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери пойҳошон наҳрҳо ҷорист. Биҳиштиёнро бо дастбандҳои зар меороянд ва ҷомаҳои сабз аз дебои нозуку дебои захим (ғафс) мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ подоши некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯе!» (Сураи Каҳф – 31)

Ҳамчунин Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) хабар дода фармуда аст: «Биҳиштиён шонаҳои тиллоӣ доранд ва бо уди хушбӯ худро дуд мекунанд ва бухур медиҳанд ва бӯи хуши мушк аз баданашон метаровад».
Ва чунончи ӯ (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуд: «Зарфҳояшон аз тиллову нуқра аст ва он чи дар бухурдонҳояшон месӯзад бӯи атр аст ва арақҳояшон мушк аст».[vii]

Либосу зевароти аҳли Биҳишт кӯҳна намешаванд ва аз байн намераванд. Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуд: «Ҳар кас вориди Биҳишт шавад, дар нозу неъмат қарор мегирад, либосаш кӯҳна намешавад ва ҷавонии ӯ аз байн намеравад».[viii]

10- Ҳамнишинии ҷаннатиён:
Ҷаннатиён аз ҳамдигар дидан намуда ва бо ҳам нишаста аз гузаштаи худ дар дунё ва аз он чи ки Худо онҳоро дар Ҷаннат насиб кардааст ёд ва сухан менамоянд. Худованд аз ҳамнишинии онон мефармояд:

«Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд ва бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳамдигаранд». (Сураи Ҳиҷр – 47)
Ва Худованд дар бораи чигунагии суханони ҷаннатиён фармудааст:

«Пурсишкунон рӯй ба якдигар меоваранд. Мегӯянд: «Пеш аз ин, ҳароина, дар миёни касонамон (хонавода) мо аз (азоби) Худо метарсидем. Пас, Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт. Ҳароина, мо пеш аз ин Ӯро мехондем. Албатта, Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!» (Сураи Тур, 25-28)
Ва инчунин дар бораи онон, ки аз ин рӯз дар шак буданд ва онҳоро ба сӯи куфр даъват менамуданд, бо ҳам сухан мегӯянд. Худованд мефармояд:

«Рӯ ба якдигар кунанд ва ба гуфтугӯ пардозанд. Яке аз онҳо гӯяд: «Маро ҳамнишине буд, ки мегуфт: «Оё ту аз онҳое ҳастӣ, ки (рӯзи қиёматро) тасдиқ мекунанд? Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, ҷазоямон медиҳанд?» Гӯяд: «Оё мехоҳед ҳоли ӯро бидонед?» (Чун) Аз боло бингарад ва ӯро дар миёни оташи дӯзах бинад. Гӯяд: «Ба Худо савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ. Ва агар мавҳибати (бахшиши) Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагони азоб мебудам. Оё моро марге нест, ҷуз он марги нахустин? Ва дигар азобамон намекунанд!» Ҳароина, ин аст комёбии бузург! Амалкунандагон бояд барои чунин подоше амал кунанд». (Сураи Соффот, 50 – 61)

11- Занони аҳли Ҷаннат:
Ҳамсари марди мӯъмин агар мӯъмина бошад, дар Биҳишт ҳамсари ӯ хоҳад буд. Худованд мефармояд:

«Биҳиштҳои ҷовидонро, онҳо ва ҳар кадом аз падарону (модарон ва) ҳамсарон ва фарзандонашон, ки некӯкор будаанд, дохил мешаванд ва фариштагон аз ҳар дар ба наздашон меоянд». (Сураи Раъд – 23)

Онҳо бо ҳамсарони худ дар неъматҳо ва сояҳои Ҷаннат хушу гуворо лаззат хоҳанд бурд. Худованд мефармояд:

«Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳое ба тахтҳо такя задаанд».
(Сураи Ёсин – 56)

«Шумо ва ҷуфтҳоятон (ҳамсаронатон) бо шодкомӣ ба биҳишт дохил шавед». (Сураи Зухруф – 70)

Идома дорад хонандагони гиромӣ дар бахши дигари ин мақола се бахши дигари ҷаннатро баён менамоям. 1-)Ҳурони биҳиштӣ. 2)Беҳтарин ҳадяи ҷаннатиён. 3-) Охирин сухани ҷаннатиён ҳамд бар Парвардигор аст. Пас аз он Аҳволи дузах ва дузахиёнро дунбол менамоем бо мо бошед.

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Маъхазҳо ва сарчашмаҳои истифода шуда

[i] . Аҳмад, 3\71. Абӯяъло, 1374. «Маҷмаъуз завоид», 10/67.
[ii] . Бухорӣ, 3252. Муслим, 2826.
[iii]. «Явмул охир фи-л-ҷаннати ва-н-нор»-и Умар Ашқар. Саҳ, 23.
[iv]. Тафсири Ибни Касир, 6\514.
[v]. Бухорӣ, 3327. Муслим, 2834.
[vi]. Муслим, 2853. Абӯдовуд, 4741.
[vii]. Бухорӣ, 3246. Муслим, 2834\17.
[viii]. Муслим, 2836. Аҳмад, 2\369-370.

Share This Article