Вазири Дохилӣ ва отдел кадраш крышаи полковники коррупсионер

Ислоҳ нет

Ба унвонии “Ислоҳ” номе расид,ки аз фасоду ришватситонии Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд. Чуноне дар нома омадааст агар вазъ дар ҳақиқат чунин бошад, пас вой ба ҳоли ин вазорат ва вазири он. Аслан чунин афрод набояд дар чунин хадамот кор кунанд. Шикоятҳои сокинон аз кори ин ниҳод хело зиёд мерасанд вале ончӣ дар ин нома омадааст вазъро аз дохили ин ниҳод бароятон бозгӯйи мекунад.

Номаи шикоятии корманди бошараф ба “Ислоҳ”

 Полковник Халилзода Ҳусейн Собир, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин полковники ВКДро худи Рамазон Раҳимзода ва сардори Раёсати     кадрҳои ин вазорат Суҳроби Рамазонзода «кришават» мекунанд.

“Аз он рӯзе, ки ба ин мақом таъин шуд, кори Хадамотро ҷазир кард. Халилзода як шогирд дошт бо номи Илҳом. Онҳо ҳоло дар чаҳор утоқи кории Хадамот шиноснома қабул мекунанд. Тибқи қонун бояд пули шиноснома дар хазина (касса) супорида шавад, аммо онҳо худашон пулро мегиранд, худашон квитансия менависанд.”

Илҳоми шогирдаш ба ҳайси посредник-миёнарави Халилзода Ҳусейн квитансия менависад ва онро дар хонааш чоп мекунад. Вале ин квитансия «фалшивий» -қалбакӣ мебошад. Ин корҳоро, ҳанӯз вақте ки Халилзода Ҳусейн сардори Хадамоти шаҳри шиносномавию бақайдгирӣ дар Душанбе буд, сар карда буданд.

“Як вақт аз идораи коррупсия тафтиш меоянд ва мебинанд, ки ҳама корҳо ҷазираст Ин кор дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шаҳрии Душанбе рух дода буд. Замоне, ки Халилзода Ҳусейн дар Хадамоти шаҳрӣ сардор буд.”

Феълан дар ҷойи Ҳусейн Халилзода Шарифзода Шодӣ таъин шудааст. Аммо чуноне гуфтем ҳамаро Халилзода ҷазир карда рафта буд ва ҳама касофаткориҳоро дар сари он одам бор кард. Дертар Илҳомро УБОП дастгир мекунад. Дар УБОП бо Илҳом тавре саволу ҷавоб мекунанд, ки Илҳом маҷбур мешавад воқеиятро бигӯяд. Яъне нишондод медиҳад, ки ҳама корҳо, корҳои  Ҳусейн Халилзоа аст.  Ҳусейн меравад ва бо кормандони УБОП даҳ пачка доллар медиҳад ва «ҳамаро тенҷ» мекунаду худашро «аз бозӣ» мебарорад. ( феълан мо кор дорем болои он шахсе ин маблағи 100 ҳазор долларро гирифта ва ӯро бегуноҳ бароварда аст. Барои он,ки дар кори таҳқиқот халал ворид нашавад инҷо зикри номи он шахсро намекунем) Ва, ҳамаро пас аз ин пораи калони дарёфт шуда дар гардани Шарифзода Шодӣ бор мекунад. Ҳусейн бо Шодӣ душманӣ дошт. Чаҳор кабинети дигарро заставит мекунад, ки дуввуним миллион доларро ҷамъ кунеду бурда супоред. Инспектрони кабинетҳо номҳояшон Умар, Зарина, Шавкат ва Сӯҳроб мебошанд. Ва ин бечораҳо дар нимароҳ мондаанду мегирянд.

   “Полковник Ҳусейн Халилзода хеле инсони бад ва бадахлоқ аст. Вай дар кабинеташ духтаронеро, ки дар хадамоти шаҳрӣ кор мекарданд овардааст. Бо онҳо дар утоқи корӣ даст ба фаҳшо мезанад. Аз ин кирдори ӯ ҳамаи хадамот хуб огоҳи доранд ва боз шухӣ ҳам мекунанд,ки шефа хурсанд кардӣ. Бар ивази ҳамхобагӣ онҳоро вазифаҳои баландтар медиҳад ва ин кормандон ҳам розиянд,   то инҷо расидааст кор дар ин хадамот.”

Яке аз ин духтарҳо Зарина ном дорад (маълумот дар мавриди Заррина зиёд аст вале ҳоло бо ҳамин зикри номаш иктифо менамоем) . Яке аз дӯстонам бо Халилзода бисёр наздик аст. Гуфт,ки метавонад маро дар Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирӣ ба кор монад. Рафт назди Ҳусейн Халилзодаву маслиҳат кард ва баргашту омаду гуфт:

“Халилзода аз ӯ 5.000 ҳазор доллар пурсидааст. Ман пурсидам, ки чаро ин қадар пули калон? Вай ҷавоб дод, ки ин саволро ӯ аз Халилзода пурсидааст. Халилзода гуфтааст,ки «нисфи ин пулро ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва нисфи дигарашро ба Суҳроб Рамазонзода, сардори Раёсати кадрҳо медиҳам». Гӯйё танҳо Халилзода барои ин ду дар ин ниҳод кору фаолият мекардааст,на ба худаш.”

Аммо ҳамаҷо оромиву «тишина»,чизе нашуд .Инро барои чӣ гуфтам?

  “Ман ҳам як коргари мақомот ҳастам.10 моҳ мешавад, ки маро аз вазифа гирифтанд. Барои он ки як ҷиноятро қапидем. Вай ҷияни кадом як одами калоншаванда буд, аз пушти он моро аз вазифа озод карданд.”

Ман 6-сол аст дар мақомот кор мекунам. Ягон тангаи ҳаром хона надаровардаам. Насиҳати падарам ин аст ки бачаам ягон суми ҳаром ба хона наовар. Худо шоҳид аст, ки ягон суми ҳаром хона наовардам ва наморам.

“Маро генерал Қунғуротзода Фотеҳ, сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар наклиёт аз вазифа гирифт. Ин генерал ончунон мутакаббир ва ҳавобаланд аст, ки ҳеҷкасро гапзанӣ намемонад. Мегӯяд, ки падари ман президентро дарс додааст: « ман гапзанта фалон мекунам»… ”   

Ҳоло ҳам Ҳусейн Халилзода дар мақоми сардори Хадамоти шинсномавию бақайдгирии ВКДҶТ кор мекунад ва ҳоло ҳам ришвату порахорӣ ва ҳаромгаштии худро идома медиҳад.

Аз номи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев. А

Ҳолномаи Халилзода Ҳусейн аз сафҳаи интернетии ВКДҶТ

Халилзода Ҳусейн Собир – полковники милитсия, 16 январи соли 1973 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1996 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва соли 2011 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россияро хатм кардааст.  Айни замон дар курси 3-юми факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда таҳсил менамояд.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз моҳи декабри соли 1997.

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз он ҷумла, корманд-мутахассиси шӯъбачаи раводидӣ ва бақайдгирии Шуъбаи раводидӣ ва бақайдгирии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, нозир ва нозири калони Шуъбаи раводидӣ ва бақайдгирии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, сарнозири шӯъбачаи раводидӣ ва бақайдгирии Шуъбаи раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати ВКД, муовини сардори шуъбаи ташкилии корҳои раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сардори Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбеи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии  ВКД, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, ӯ низ сардори Шуъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти мазкур, сардори Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбеи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД.

Халилзода Ҳусейн Собир аз 27 феврали соли 2019 ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.

Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.

Ps: Аз ҳама шаҳрвандоне, ки дар мавриди полковник Халилзода Ҳусейн Собир ҳар маълумоте медонанд лутфан ба “Ислоҳ” фиристед. Мо таҳқиқотро дар мавриди чунин афроди порахур ва коррупсионер, ки дар ниҳодҳои қудратӣ кору фаолият мекунанд дунбол мекунем. То он рӯзе мо решаи коррупсияро аз кишвар барначинем ҳеҷ гоҳ кишвари обод ва мардуми осуда нахоҳем дошт. Дар охир инро гуфтанием, ки агар Рамазон Раҳимзода аз сафи ин вазорат чунин афродро тоза накунад ин нанг бо номи ӯ барчасп аст. “Ислоҳ” ё шуморо ислоҳ мекунад ва ё шармсори дунё ва охират хоҳед гашт. Мо пас аз нашри матлаб қазияро наззорат хоҳем бурд ва аз натоиҷаш ба миллат ва мардум хабар хоҳем дод!

Share This Article