Вой аламой Сайфулло

Ислоҳ нет

Бо командаи қавӣ

Зури ғайримаънавӣ

 Пушаймон, ки мешавӣ

Вой аламой Сайфулло

 

Ин мардум аз зулм дуранд,

Ба сабурӣ маҷбуранд,

 Гӯшатро намебуранд,

Вой аламой Сайфулло

 

Ту чаро беҳад зиққӣ,

 Пойи Шӯҳратро ҷиққӣ,

Шармандаи аниқӣ,

Вой аламой Сайфулло

 

Бар Сулаймон дам задед,

Дар Ватан чӣ?, кам задед?

 Акнун ин ҷо ҳам задед,

Вой аламой Сайфулло

 

Ба даврат завол расад,

 Зӯрони мушту лагат,

Як даста кунди паат,

Вой аламой Сайфулло

 

Ҳозирин дар шигифт аст,

Аз чунин саводи паст.

 Дуои халқ гирифтаст,

Вой аламой Сайфулло

 

Як тӯдаи бесавод,

Давлатро дода барбод,

Акнун туро фиристод?

Вой аламой Сайфулло.

 

Чаро ҷунбон-ҷунбонӣ?

 Чи гуфтӣ, намедонӣ.

Аз вазъият ҳайронӣ,

Вой аламой Сайфулло

 

Мемурдӣ-мӣ, мехондӣ?

Сад бор дар намемондӣ,

Оламро хуб хандондӣ,

Вой аламой Сайфулло.

 

Пешво шуд-мӣ? Расво шуд,

Айбу асрораш во шуд,

 Дарди бадро даво шуд,

Вой аламой Сайфулло.

Share This Article