Вазъият дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Исфара бисёр ҳам бад аст. Чанд рӯзи пеш вазири мудофиа ба Чоркӯҳ омада маҷлис доир кард ва сипас аз онҷо ба Ворух рафт. Эҳтимол рӯзҳои наздик Эмомалӣ Раҳмонов ҳам ба Воруху Чоркӯҳ сафари корӣ анҷом диҳад. Ҷониби Қирғизистон низомиёни худро бо тӯпу танкаи хело зиёд оварда дар наздикиҳои марз мустақар карда истодааст. Ҷониби Тоҷикистонро тамоман “признават” накарда истодаанд. Нияташон чист маълум нест. Аммо ҷониби Тоҷикистон бошад аз онҳо ба таври пинҳонӣ шабона ба ҷойҳои лозима қувваҳои худро оварда пинҳон карда истодааст. Мардум дар ҳайрат мондаанд, ки чаро қирғизҳо ошкоро аммо тоҷикҳо пинҳонӣ қувваҳоро ба сарҳад оварда истодаанд. Ҷониби қирғиз низомиҳои тоҷикро тамоман “признават” намекунанд гуфтушунид ҳам намекунанд, лекин генералҳои тоҷик инро пинҳон медоранд. Вазири мудофеа дар маҷлис нагуфт, ки гап дар бораи чӣ меравад, аммо ошкоро гуфт, кӣ ҳама дар ҳолати омода бош бояд бошад. “Лозим, ки шуд ба ҷавонони аз синни 18 то 40 сола формаву яроқ медиҳем”. Худо оқибати моро ба хайр гардонад.
Акнун мехоҳам чанд сухан дар бораи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бигӯям.
Раиси нави шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин дар аввалин рӯзҳои кориаш худро тавре дигар вонамуд карда ва ба мардум гуфта истодааст, ки ба шумо хизмат мекунам:
“Ворух порчае аз ҷигари Тоҷикистон аст. Ҳар ҳафта 1 рӯзи кориямро дар Ворух мегузаронам”.
Вай ин гапҳоро гуфта ба дидорбинии сокинони марз ва ба хонаҳои шаҳидони дар марз кушта шуда рафт. 1 халта орду равған бурд ва гӯё ҳамдардӣ баён кард. Ин рафторҳову суханрониҳои ӯро мардуми Исфара дида ба худ гуфтанд, аз дигар раисҳо фарқ мекунад, мисли дигарҳо дузду мутила нест, хулас мардум шод шуда буданд.
“Аммо ман аз он рӯз то ба ин рӯз ин раиси навро назорат карда истодаам. Аз дигар раисҳо воқеан ҳам фарқ мекардааст. Аз дигарон “зиёдтар” будаасту камтар не. Дар дуздию ғорату найрангбозӣ мисли актёр будааст. Найрангҳояш ҳоло дар авҷ аст ва ҳақиқаташро мардум шинохта истодаанд.”
Мисли дигар раисҳо аввалин рӯзи кориашро аз ниҳолшинонӣ оғоз кард. Ман ба худ гуфтам ин ҳам як бесаводи дузд аст, тахмини ман дуруст баромад. Албатта баъд аз Раҳмоналӣ Амиров дар Исфара раисӣ кардан мушкил аст. Чунки ӯ дузди беҳамто буд. Ҳатто ниҳолҳои шинонидаи худашро низ дуздиду ба зодгоҳаш бурд. Раиси пештараи дигар Акрам Сулаймонзода бошад баъд аз Амиров чизе дарёфт накард, ки дуздӣ кунад, маҷбур шуд аз тоҷирон андозро пешпардохт гирад ва соҳибкоронро даъват карда бо ягон баҳона маблағ ҷамъ мекард. Аз соҳибкорон барои боғи Парчами давлатӣ дар майдони 33 гектар маблағи зиёде ҷамъ карду нимашро дуздиду рафт. Сиҷоуддини Саломаш ҳаминхел ба Қурғонтеппа рафт. Хулас як мушт дузду қаллобро ҳамеша ҳоким ба Исфара мефиристанд, охир чаро? Мо чи гуноҳ кардаем,ки болоямон зулм мекунед?
“Инро низ бояд қайд намоям,ки ду рӯз пеш ҳукми домулло Нуруллоҳ Мадёровро ба муҳлати ҳафт сол содир намуданд.Аввал ӯро гуфтанд баргард ӯ ҳеҷ гуноҳе надошт ва фиребашонро хурда баргашт. Акнун ҳафт сол ҳукмашро содир намуданд ва боз ба ӯ гуфтанд хомӯш бош дар ягон афви умум шомилат мекунем ва хориҷ мешавӣ. Боз ӯ ҳам ба ин қотилон бовар карда хомӯшаст. Инро дирӯз як прокурори ҳамқишлоқиямон ба мо гуфт. ”
Баҳодурзода сохтмони ин боғи парчаму нишонро бо кумаки Раҷаббой Аҳмадзода-Қуфлонбой-раиси вилояти Суғд якҷоя оғоз кард. Сохтмони ин боғ кай ба охир мерасад ва то он вақт боз сари чанд тоҷири исфарагиро мехурда бошанд, маълум нест. Сохтмони он майдони парчам шояд баробари иншооти Роғун ба итмом расад. Парчаму хоки ватанро дар марз ҳимоя карда наметавонед, чи лозим ба шумо сохтмони парчам бо ин қадар хароҷот? Киссаи мардумро ғорат мекунед, замини як бечораро гирифта мефурӯшеду парчам месозед, аммо дар марз 100-ҳо гектар заминамонро қирғизҳо бо таври дилхоҳ кашида мегиранду ба шаҳрвандонашон тақсим карда ва барои сохтмонашон ҳатто пул медиҳанд ва парчамҳои моро аз марз мекананду болои парчаматон пешоб мекунанд ва шумо худ шоҳиди ин ҳама ҳастеду аз дастатон чизе намеояд. Вақте ки парчамро ҳимоя карда наметавонед чи лозим сохтмони парчам бо пули маҷбурӣ аз киссаи мардум? Аввал ҳимоя карданро омӯзед баъд парчам созед! Дар дохили шаҳр не, балке дар марз ингуна парчами бузургро сохтан зеб дорад.
“Шаҳрдори Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин 1 рӯзи кориамро дар Ворух мегузаронам гуфта ба мардум ваъда дода буд, лекин ба ҷои 1 рӯзи корӣ 1 рӯзи дуздиро дар Ворух гузаронида истодааст.”
Дар Ворух киссаи мардумро ғорат дорад. Дар инҷо барои КДАМ бино ва барои майдони парчам сохтмон карда истодааст ва сохтмон ҳам дар ҳоли анҷомёбист. Шояд, ки ба наздикӣ Раҳмонов низ ба Ворух ҳамроҳи қайчиаш сафар кунаду лентаи боғи парчам ва бинои КДАМ — ро бибурад. Боз миш-миши дигар ҳаст, ки Раҳмонов омада деҳаи Ворухро ба ноҳия табдил диҳад. Шахрдори нави Исфара ба мардуми Чоркӯҳ дастур додааст, ки маблағ ҷамъ кунанд то дар беморхонаи Чоркӯҳ 3 бинои дигар бисозад. Роҳи дигари дуздиро наёфту ин дастурро дод.
Мардуми Чоркӯҳ медонанд, ки ҳеҷ як сохтмоне оғоз намешавад ва ин пул ба кисаи Баҳодурзода мераваду тамом. Мардум гуфта истодаанд, ки мо барои сохтмони беморхона пул медиҳему бо пули худ месозем ва боз ба ҳукумат пул дода дар он беморхона табобат мегирем. Барои ҳамин ҳеҷ як нафар пул надода истодааст. Аммо боз бо фишор пул ҷамъ карда истодаанд. Ба сари ҳар як имомхатиби масҷид 5000 сомонӣ бор кардаанд. Бечора имом- хатибон дар ҳар як намози худ аз мардум пул мепурсанду дар намозҳои ҷумъа дар ҳақи Баҳодурзода дуъо ва эълон мекунанд,ки мардум раиси навро дастгирӣ кунанд. Мо- мардуми Исфара- хусусан мардуми Чоркӯҳу Ворух гуфтанием:
“ба мо ҳеҷ як ободиву зебогии шумо лозим нест. Мо ба ободӣ ниёз надорем. Мо ба озодӣ ниёз дорем. Агар ба мо воқеан хам хизмат карданиед ба дини мо,ба ришу ҳиҷоби мо нарасед, мадрасаву масҷидҳои моро ба бинои амнияту “военный част” табдил надиҳед. Баъд, хоку парчам ва ҷони моро аз душман ҳимоя кунед. Агар наметавонед, бигзоред, мо худамон сарҳадамонро ҳимоя кунем. Моро нарасед, мо аз шумо ободӣ намехоҳем.”
Ниҳол шинонданро ҳам бас кунед. Мо ниёз ба боғу ниҳол надорем. Мо ниёз ба замини наздиҳавлигӣ дорем. Аз назди сарҳад замин диҳед, мо хонаву дар сохтмон мекунем ва ба муқобили душман баромада сарҳадро дифоъ мекунем. Мо мардуми Исфара бидуни ҳеҷ силоҳ ба муқобили силоҳи душман баромада меҷангем кушта мешавем, захмӣ мешавем вале шумо номардҳо омада ба ҷойи онки моро ройгон табобат кунеду ҷасади моро бообрӯ гуронед омада боз худи моро бо гурӯҳҳои сеюму дигару дигар айбдор мекунеду дар болои қабри мо бо душман оши оштӣ мехуреду рақсу бози мекунед!
Эй раққосаҳо омада сарҳадро ҳал кунед. Як чанд рӯз пеш дар Чоркӯҳ мардуми тоҷик дар замини худашон ниҳол шинонданд, аммо сарбозони қирғиз омада ниҳолҳоро шикастанду гуфтанд инҷо замини мо аст. Ҳол он ки худи ҷониби Қирғизистон ҳам медонад, ки замин замини Тоҷикистон аст. Чаро шумо хомӯшед ва аз дастатон ҳеҷ коре намеояд? Аммо 23 феврал Рӯзи артишро ҷашн гирифта рақсу бозӣ карда тавонистед, ку? Оё он медалу ордену рутбаҳои ҳарбиро барои зебо рақс карданатон додаанд? Барои чи ва барои кадом хизматҳоятон шумо соҳиби рутба шудед? Рӯзи артиш ҷашн мегиреду аммо аз ҳоли сарбозонатон хабар надоред. Дар “военный част”-и Чоркӯҳ ба ҳоли сарбозон гиряи инсон меояд.
Дар бӯйю таф ва дар чиркинии либосашон ва дар хурокаашон назар мекуниву гиряат меояд. Дар даст як Калашникови кӯҳна бо 3 тирдону халос. Дар 3 моҳ 1 маротиба ба тирандозӣ (машқ) мераванду 10 дона тир мезананд. Ҳеҷ ягон машқу тамрине нест. Бечора сарбозон бо кишоварзӣ машғуланд, шабурӯз деҳқонӣ мекунанду боз аз сабзавоту меваҷот сер нестанд. Командирҳо сарбозонро ба мардикорӣ ба хонаҳои мардум гусел мефиристанд. Мардум низ аз қувваи кории арзон истифода бурда сохтмонҳояшонро бунёд мекунанд. Аммо он пули мардикорияшон ба киссаи командирҳояшон меравад. Аҷибаш инки сарбозон аз ин амал шоданд. Ман пурсидам чаро шумо шод ҳастед? Гуфтанд чунки дар хонаҳои мардум кор карда хурокҳои беҳтару хубтарро мехурем ва сер мешавем. Пулро командирҳоямон гиранд ҳам мо сер шавем бас аст, гуфт сарбоз. Оё бо ин ҳол ба душман мешавад, ки ғолиб омад? Аксарияти сарбозон мисли бараи бемор ҳастанд. Аммо сарбозони қирғизро мебинӣ мисли бараи қучқор ҳастанд. Баробари дидан хавасат меояд, ки хизмати ҳарбиро бори дигар адо кунӣ. Аммо сарбозони тоҷикро мебиниву боз дилат аз хизмати ватан хунук мешавад.
Эй Раҳмонови диктатор,эй ҳукумати артисту раққосаву боғбону дузд! Ҳамаат дар баромадҳоят мегӯӣ, ки мо мардуми ба фарҳанг ҳастем, таърихи чанд ҳазорсола дорем ва бо кибру ғурур худро аз ҳамсоя кишварҳо боло мегиред? Имрӯз ба як қирғизе, ки миллати на ончунон фарҳанги бою ғанӣ доранд, зӯри артишатон намерасад.
Ҳамсояи дигарамон узбекҳо бошад дипломи маорифи шуморо қабул надорад,дар давраи пандемияи коронавирус вазорати тандурустӣ ва кору амали онро мардум худашон диданд низ, ки дар кадом сатҳ карор дорад, вазорати меҳнат бошад ягон нафарро ба кору маоши хуб таъмин намекунад, дар Кумитаи дин ҳам ягон имомхатиби ҳақгӯи боимону илмдор надоред! Хулас ҳама вазоратҳоятон дар сатҳи пасттарин аст. Чунки шумо ҳукуматдорон худ инсонҳои пасттарин, бесавод хоин ва чоплус ҳастед. Як пирхаре,ки 10 миллион одамро ҳамроҳи оилааш издиватсия кардаву хурда гашта истодааст,пуштибонӣ мекунеду пайравӣ. Ҳамаи шумо бояд Истеъфо бидиҳед.
Бародари азиз Муҳаммадиқбол!
“Ин ҳукумати Раҳмонов сахт ба таҳлука афтодагӣ аст. Яксӯ аз қирғизҳо метарсанд, яксӯ аз “Ислоҳ”. Ин ҳукумати бесаводро ба ларза даровардаед! Шабу рӯз дар саросари Тоҷикистон чи ҳукуматдорон ва чи мардуми оддӣ дар бораи шумо мегӯянд. 24 соат расонаҳои давлатӣ оиди шумо мегӯянду шуморо сиёҳ мекунанд. Аммо ба он гуфтаҳояшон на худашон бовар мекунанду на мардуми оддӣ. Бо заҳматҳои шумо мардуми Чоркӯҳу Ворух хело бедор шудаанд, аз фиребу найрангҳои мақомдорон худро канор гирифта истодаанд. Барои тамошои барномаҳоятон мо -мардуми Чоркуҳу Ворух аз симкортҳои Қирғизистон истифода мебарем. Мақомот аз ин ҳам огоҳ шудааст. Нафароне,ки симкорти қирғизӣ доранд, ҷаримабандӣ ва ё кашида гирифта истодаанд.”
Ps: Хонандаи гиромӣ ин номаи як сокини Ворух ба “Ислоҳ” буд,ки тақдими шумо азизон намудем. Чуноне хондед дар ин нома аз дардҳои сокинони Ворух ва Чоркуҳ навиштаанд. Ин аст бедории мардум ва ин бедориро бароятон муборак мегӯям. Устувор ва матинирода бошед,пояҳои режими хонаводагӣ дар ларза қарор дорад ва пирӯзӣ наздик аст ба хосту марҳамати Илоҳӣ.