Х А В О Р И Ҷ Панҷум: Ҷанги Наҳравон (соли 38ҳ)

Ислоҳ нет

Х А В О Р И Ҷ
Панҷум: Ҷанги Наҳравон (соли 38ҳ)

Силсила мақолаҳои хавориҷ № 5

1- Сабаби ҷанг
Шартҳое, ки Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, аз хавориҷ гирифта буд, ин буд, ки хунеро нарезанд ва ҳеҷ касро натарсонанд ва роҳеро бар касе набанданд. Вақте онҳо ин ҷиноятҳоро муртакиб шуданд ӯ зидди онон эълони ҷанг кард ва бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки хавориҷ мухолифони худро такфир мекарданд ва хун ва моли онҳоро мубоҳ мешумурданд ба рехтани хунҳои ҳаром дар ислом пардохтанд ва ривоятҳои зиёде дар бораи амалҳои мамнуъ ва ҳароми онон вуҷуд дорад. Аз ҷумлаи ривоятҳои саҳеҳ ривояте аст, ки як шоҳиди айнӣ, ки худ аз хавориҷ буд ва сипас онҳоро тарк кард, ривоят мекунад ва мегӯяд: «Ман ҳамроҳи ёрони Наҳравон будам, сипас кори онҳоро нописанд донистам, аммо ин корро ба хотири тарс аз ин, ки маро бикушанд, пинҳон кардам. Дар ҳоле, ки ман ҳамроҳи гурӯҳе аз онон будам ба деҳае омадем ва мобайни мо ва деҳа як рӯдхона буд, ки ногаҳон марди тарсноке аз деҳа хориҷ шуд дар ҳоле, ки порчаҷомаи худро аз паяш мекашид. Ба ӯ гуфтанд: «Магар мо туро тарсондаем?» гуфт: «Бале», гуфтанд: «Не, тарсе барои ту нест». Ба худам гуфтам: «Ба Худо қасам онҳо ӯро мешиносанд ва ман ӯро намешиносам». Онҳо гуфтанд: «Ту писари Хабоб саҳобии Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳастӣ?» гуфт: «Бале», гуфтанд: «Оё аз падарат ҳадисе ба нақл аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дорӣ, ки барои мо бигӯӣ?» гуфт: «Аз ӯ шунидам, ки мегуфт: «Ӯ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи фитнае шунида будааст, ки фармуд: «Касе, ки дар он биншинад аз рост истода беҳтар аст ва рост истодаи дар он аз раванда беҳтар ва равандаи дар он аз талошкунанда беҳтар аст. Агар ту дар замони он ҷанг бошӣ, пас бандаи мақтули Худо бош». Онҳо ӯ ва зани ҳамроҳаш бударо дастгир карданд. Яке аз онҳо бар меваи афтодаи аз дарахти хурмо гузар кард ва онро бардошт ва дар даҳонаш гузошт. Яке аз онҳо гуфт: «Ин як мева мавриди аҳду паймон аст, чигуна ҳалолаш мекунӣ?» онро аз даҳонаш андохт. Сипас ба як хук расиданд, яке аз онҳо бо шамшери худ ба оромӣ бар хук зад ва яке дигар гуфт: «Як хуки ҳаром ва мавриди аҳду паймон бо чӣ чизе ҳалолаш мекунӣ?». Абдуллоҳ ибни Хабоб гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба чизе, ки бештар аз ин бар шумо ҳаром аст раҳнамоӣ кунам?» гуфтанд: «Бале», гуфт: «Он ман ҳастам». Онҳо ӯро ба канори рӯдхона оварданд ва гарданашро бо шамшер буриданд». Ровӣ мегӯяд: «Дидам, ки хуни ӯ бар рӯи об ҷорӣ шуд, монанди банди кафш бар рӯи об буд ва об онро дур кард то аз назари онон гум шуд». «Сипас он занро, ки ҳомила буд шикамашро пора карданд ва ончиро, ки дар он буд берун оварданд». Ровӣ мегӯяд: «Ҳамроҳӣ бо ҳеҷ қавме барои ман манфуртар ва бадтар аз ҳамроҳӣ бо онон набуд то ин, ки дар ниҳоят дар як ҷои хилват аз назди онҳо гурехтам».
Ин амали ваҳшиёнаи онҳо дар миёни мардум овозаҳое ба по кард ва андозаи тарсу ваҳшати онон ба шикофтани шиками он зан ва буридани сари Абдуллоҳ мисли сари гӯсфанд, равшан шуд. Онҳо фақат ба ин мавридҳо басанда накарданд ва мардумро таҳдид ба куштан менамуданд, то ҷое, ки баъзе аз худи онон ин амалашонро ношоиста медонистанд ва мегуфтанд: «Вой ва афсӯс бар шумо, мо барои ҳамчунин корҳо аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, ҷудо нашудаем».
Бо вуҷуди амалҳои бад ва нописанде, ки хавориҷ муртакиб шуданд, Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба ҷанги онҳо иқдом накард, балки намояндаеро назди онон равона кард то қотилонро барои иҷрои ҳад ба ӯ бисупоранд, аммо онҳо бо саркашӣ ва такаббурї ҷавоб доданд, ки: «Ҳамаи мо қотил ҳастем».
Бинобар ин Алӣ, разияллоҳу анҳу, бо лашкаре, ки барои ҷанг бо аҳли Шом омода карда буд дар моҳи муҳаррами соли 38-ҳиҷрӣ ба тарафи онон ҳаракат кард ва дар соҳили ғарбии рӯдхонаи Наҳравон таваққуф кард ва хавориҷ низ бар соҳили шарқии он рӯ ба рӯи шаҳри Наҳравон қарор доштанд.

2- Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, лашкари худро барои ҷанг таҳрик ва тарғиб мекунад:
Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, фаҳмид, ки ин гурӯҳ ҳамон касоне ҳастанд, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам онҳоро бар хуруҷ аз дин тавсиф карда буд. Бинобар ин дар ҷараёни ҳаракат ба самти онон ёрони худро ба ҷанги онҳо таҳрик мекард. Ҳадисҳои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи хавориҷ асари зиёде бар саҳоба ва пайравони Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, доштанд. Алӣ, разияллоҳу анҳу, лашкари худро тарғиб мекард, ки аввал ва пеш аз аҳли Шом ин хавориҷро аз сари роҳ бардоранд. Ӯ мегуфт: «Эй мардум! ман шунидам, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Гурӯҳе аз уммати ман хориҷ мешаванд, ки Қуръон мехонанд ва қироати шумо дар муқобили қироати онон чизе ба ҳисоб намеояд ва намози шумо дар муқобили намози онон чизе ба ҳисоб намеояд ва рӯзаатон дар муқобили рӯзаи онон чизе ба ҳисоб намеояд. Онҳо Қуръон мехонанд ва гумон мекунанд, ки Қуръон бо онон аст, дар ҳоле, ки Қуръон бар зидди онон аст. Намозашон аз гулӯяшон фурӯтар намеравад. Онҳо аз ислом хориҷ мешаванд ҳамон гуна, ки тир аз бадани шикор хориҷ мешавад. Агар лашкаре, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад медонист, ки чизе аз забони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар онҳо мақдур шудааст дар анҷоми амал танбалӣ ва сустӣ намекарданд ва нишонаи онҳо он аст, ки дар миёни онҳо мардест, ки бозу дорад, вале соқи даст надорад ва бар сари бозӯи (аз шона то оринҷ) ӯ чизе монанди пистон аст, ки баромадагиҳое мисли донаҳои сафеди ҷав қарор дорад.» Шумо ба сӯи Муовия ва аҳли Шом меравед ва ин хавориҷро дар миёни фарзандон ва амволи худ боқӣ мегузоред. Ба Худо қасам, ман умед дорам, ки он қавм ҳаминҳо бошанд. Инҳо қавмеанд, ки хуни ҳаром рехта ва амвол ва ҳайвоноти мардумро ғорат кардаанд, пас бо номи Худо ба самти онҳо биравед».
Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар ҷанги Наҳравон гуфт: «Ба ман дастур дода шудааст, ки бар зидди мориқин биҷангам. Инҳо ҳамон мориқин ҳастанд». Лашкар дар муқобили хавориҷ ҷой гирифта буд ва рӯдхонаи Наҳравон байни онон қарор дошт. Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба лашкари худ дастур дод, ки ҷангу набардро аввал оғоз накунанд, магар ин, ки хавориҷ ба самти ғарбии рӯдхона гузаранд. Алӣ, разияллоҳу анҳу, намояндагони худро назди онон фиристод ва онҳоро ба Худо қасам дод ва дастур дод, ки аз ин амалашон ба ҳақ боз гарданд. Ӯ Бароъ ибни Озиб, разияллоҳу анҳуро назди онҳо фиристод ва ӯ ба муддати се рӯз аз онон хост, ки боз гарданд, аммо онҳо қабул накарданд. Фиристодагони Алӣ, разияллоҳу анҳу, паёпай назди онҳо мерафтанд то ин, ки фиристодагони ӯро куштанд ва аз рӯдхона гузаштанд. Вақте хавориҷ корро ба ин ҳад расониданд ва ҳамаи умед ва орзуҳо барои талошҳои сулҳомез ва пешгирӣ аз хунрезӣ поён ёфт ва хавориҷ бо саркашӣ ва такаббурї бозгашт ва ҳақро рад карда ва бар ҷанг пофишорӣ намуданд. Амирулмӯъминин, разияллоҳу анҳу, иқдом ба мураттаб намудани лашкар намуд ва онро барои ҷанг омода кард.
Ў Ҳаҷар ибни Адиро бар самти рости лашкар, Шибс ибни Рабъӣ ва Муаққал ибни Қайс ибни Риёҳиро бар самти чапи он, Абӯаюби Ансориро бар саворанизом ва Абӯқатодаи Ансориро бар пиёданизом ва Қайс ибни Саъд ибни Убодаро бар аҳли Мадина, ки ҳафтсад нафар буданд гузошт. Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба Абӯаюби Ансорӣ дастур дод, ки як байрақи амонро барои хавориҷ бардорад ва ба онҳо бигӯяд: «Ҳар кас ба назди ин байрақ биояд дар амон аст ва ҳар кас ба Куфа ва Мадоин боз гардад дар амон аст. Мо коре бо шумо надорем фақат бо касоне, ки бародаронамонро куштанд меҷангем». Ба ин тартиб гурӯҳҳои зиёде баргаштанд, ки ададшон чаҳор ҳазор нафар буданд ва аз хавориҷ ҷуз ҳазор нафар ва ё камтар аз он ба ҳамроҳи Абдуллоҳ ибни Ваҳаби Росибӣ боқӣ намонданд, ки ба самти Алӣ, разияллоҳу анҳу, бозгаштанд. Дар лашкари Хавориҷ Зайд ибни Ҳисни Тоии Санбисӣ бар самти рости онон ва Шурайҳ ибни Абӯавфо бар самти чап, Ҳамза ибни Синон бар саворанизом ва Ҳирқус ибни Заҳири Саъдӣ бар пиёданизом фармондеҳи мекарданд ва дар мукобили Алӣ, разияллоҳу анҳу ва ёронаш ба ҷанг пардохтанд.

3- Оғози ҷанг:
Хавориҷ ба самти Алӣ, разияллоҳу анҳу, рафтанд ва пешопеши Алӣ, разияллоҳу анҳу, саворанизом буданд ва тирандозон дар паси онҳо қарор доштанд ва сафи пиёданизом дар пушти саворанизом буд. Ӯ ба ёрони худ мегуфт: «Коре бо онон надошта бошед, магар ин, ки онҳо аввал ба шумо ҳамла кунанд» ва хавориҷ мегуфтанд: «Ло ҳукма илло лиллоҳ, ҳаракат, ҳаракат ба сӯи биҳишт». Сипас ба саворанизоме, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар аввал қарор дода буд ҳамла оварда онҳоро пароканда карданд ба тавре, ки иддае аз онон ба самти рост ва шумори дигаре ба самти чапи лашкар рафтанд ва тирандозон бо тирандозӣ дар муқобилашон қарор гирифтанд ва ба самти онҳо тир партоб мекарданд ва саворанизом ҳам аз самти чап ва рост ба онҳо ҳуҷум карданд ва пиёданизом ҳам бо найзаҳо ва шамшерҳо дар муқобили онҳо қарор гирифтанд ва ба ин сурат ҷанг идома пайдо кард ва хавориҷ кушта шуда ва бар замин дар зери сумҳои аспҳо қарор гирифтанд ва фармондеҳонашон Абдуллоҳ ибни Ваҳаб, Ҳирқус ибни Заҳир, Шурайҳ ибни Абўавфо ва Абдуллоҳ ибни Сахбараи Сулаймӣ низ кушта шуданд. Абӯаюб мегӯяд: «Бо найза бар бадани яке аз хавориҷ задам, ки аз пушти ӯ баромад ва ба ӯ гуфтам: «Эй душмани Худо! Муждаи ҷаҳаннамро бароят медиҳам, ӯ гуфт: Зуд аст, ки мефаҳмем кадоме аз мо мустаҳиқтар аст ба ҷаҳаннам».
Бисёре аз хавориҷ ба хотири ҷумлае, ки аз Абдуллоҳ ибни Ваҳаби Росибӣ шуниданд аз ҷанг канорагирӣ карданд, ҷумлае, ки нишондиҳандаи заъфи биниш ва яқини сустӣ ӯ буд. Вақте Алӣ, разияллоҳу анҳу, як нафар аз хавориҷро бо шамшери худ зад, он хориҷӣ гуфт: «Чӣ хуш аст рафтан ба биҳишт» ва Абдуллоҳ ибни Ваҳаб гуфт: «Намедонам ба биҳишт меравӣ ё ба дӯзах».
Як нафар аз Бани Саъд, ки Фарва ибни Навфали Ашҷаъӣ буд гуфт: «Ман фиреби ин мардро хӯрдам ва ба ин ҷанг омадам ва ҳоло мебинам худаш дучори шак шудааст». Бинобар ин гурӯҳи ёрони худро канор кашид ва бо ҳазор нафар ба самти Абӯаюби Ансорӣ рафт ва мардум низ оҳиста оњиста ба он самт мерафтанд.
Ҷанги сахт ва кӯтоҳмуддате буд, ки дар бахше аз рӯзи нӯҳуми моҳи сафари соли 38-ҳиҷрӣ (9/2/38) сурат гирифт ва ин ҷанги зудгузар сабаби кушта шудани афроди зиёде аз хавориҷ шуд, дар ҳоле, ки шароит барои лашкари Алӣ, разияллоҳу анҳу, комилан баръакс буд ва бар асоси ончӣ, ки Муслим дар саҳеҳи худ аз Зайд ибни Ваҳаб истихроҷ кардааст шумораи кушташудаҳои лашкари Алӣ, разияллоҳу анҳу, фақат ду нафар буданд. Дар ривояти дигаре бо санади саҳеҳ омадааст: «Аз ёрони Алӣ, разияллоҳу анҳу, дувоздаҳ ва ё сездаҳ нафар кушта шуданд». Дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки Абӯмиҷлаз мегӯяд: «Аз мусалмонон манзури ӯ лашкари Алӣ, разияллоҳу анҳу буд, ҷуз нӯҳ нафар кушта нашуданд, агар мехоҳӣ бирав назди Абӯбарза ва аз ӯ суол кун ва ӯ бар ин амр шаҳодат медиҳад».
Аммо кушташудагони хавориҷ, ривоятҳо зикр мекунанд, ки ҳамаи онҳо кушта шуданд ва Масъудӣ зикр мекунад, ки адади андаке, ки аз даҳ нафар беш набуд баъд аз шикасти сахт гурехтанд.

4- Зуссадя ё марди фалаҷ ва асари кушта шудани ӯ аз дасти лашкари Алӣ, разияллоҳу анҳу:
Ривоятҳои мухталифе дар бораи шахсияти Зу-садя вуҷуд доранд, ки баъзе аз ривоятҳо аз назари санад заиф ва баъзе дигар қавӣ ҳастанд. Дар ҳадисҳои Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам васфҳо ва мушаххасоти Зу-садя зикр шудаанд аз ҷумла ин, ки сиёҳпӯст аст ва дар ривояти дигаре ӯро Ҳабашӣ гуфтаанд, дасти ӯ шал ва ҷамъшуда ва ноқис буд ва фақат аз шона то бозу буд, яъне банди даст надошт ва дар поёни бозуаш чизе мисли нуки пистон буд ва бар рӯи он баромадагиҳои сафеде монанди ҷав вуҷуд дошт ва бозуи ӯ устувор набуд гӯё ин, ки бе устухон буд, зеро бе ихтиёр меҷунбид, аммо иборатҳои «махдаҷул-яд», «мавдунул-яд», «масдунул-яд» дар ҳадисҳо ҳамагӣ ба маънои дасти ноқис аст.
Аммо дар бораи номи ӯ касоне, ки гуфтаанд Зу-садя ҳамон Ҳирқус ибни Заҳири Саъдӣ будааст хато кардаанд. Ҳирқус марди машҳуре буд, ки дар футуҳоти исломӣ нақш дошт, сипас зидди Усмон, разияллоҳу анҳу, хуруҷ кард ва баъд аз ҷанги аввал, ҷанги Ҷамал, ки Зубайр, разияллоҳу анҳу ва Талҳа, разияллоҳу анҳу, қотилони Усмон, разияллоҳу анҳуро дар Басра куштанд, ӯ гурехт. Ҳирқус яке аз раҳбарони саршиносӣ хавориҷ шуд, аммо дар ривояте омадааст, ки номи «Зу-садя», Ҳирқус будааст, ва касе падарашро намешиносад. Дар ривояти дигаре омадааст, ки номи ӯ Молик будааст. Чун вақте ёрони Алӣ, разияллоҳу анҳу, аз пайи ӯ гаштанд ва дар миёни куштаҳо вайро пайдо карданд, Алӣ, разияллоҳу анҳу, гуфт: «Аллоҳу акбар, касе аз шумо мегӯяд, ки падараш кист?» мардум мегуфтанд: «Ин Молик аст, ин Молик аст». Алӣ, разияллоҳу анҳу, гуфт: «Писари кист?», аммо касе падарашро нашинохт. Дар ривояте, ки Табарӣ онро саҳеҳ медонад омадааст, ки номи ӯ Нофиъ Зу-садя будааст. Ҳамин тавр Ибни Абӯшайба ва Абӯдовуд низ онро зикр кардаанд, аммо тариқи ривояти ҳар ду яке аст ва ончи, ки дар ин се манбаъ омадааст як ривоят бо як тариқ ба ҳисоб меояд. Алӣ, разияллоҳу анҳу, аз оғози пайдоиши хавориҷ дар бораи онҳо сӯҳбат мекард ва дар бисёре аз мавридҳо аз Зу-садя ёд мекард ва ин, ки ӯ нишонаи аҳли хавориҷ аст ва сифатҳои ӯро баён мекард. Баъд аз поёни ҷанг Алӣ, разияллоҳу анҳу, дастур дод, ки ҷасади Зу-садяро пайдо кунанд, зеро вуҷуди ӯ дар миёни хавориҷ яке аз нишонаҳои бар ҳақ ва роҳи дуруст будани Алӣ, разияллоҳу анҳу, буд. Баъд аз муддатҳо ҷустуҷӯ Амирулмӯъминин дар канори рӯдхона миқдоре аз ҷасадҳоро дид, ки бар рӯи ҳамдигар афтода буданд. Алӣ, разияллоҳу анҳу гуфт: «Онҳоро аз ҳам ҷудо кунед» ва ҳангоми ҷасадҳоро аз ҳам ҷудо карлан нохост ҷасади Зу-садя дар зери ҳамаи онњо ва дар замин часпида пайдо шуд. Алӣ, разияллоҳу анҳу, такбир гуфт ва сипас гуфт: «Худованд рост мегӯяд ва Расули ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабарро ба дурустӣ расонда», сипас саҷдаи шукр ба ҷой овард ва мардум вақте ӯро диданд хушҳол шуданд ва такбир гуфтанд.

5- Бархӯрд ва рафтори Амирулмӯъминин, разияллоҳу анҳу, бо хавориҷ:
Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, пеш аз ҷанг ва баъд аз ҷанг бо хавориҷ ба унвони мусалмон бархӯрд кард. Вақте ҷанг поён ёфт ба сарбозони худ дастур дод, ки аз пайи касе, ки гурехтааст, нараванд ва ба маҷрӯҳон наздик нашаванд ва кушта шудагонро мусла накунанд. Шақиқ ибни Салама машҳур ба Абӯвоил яке аз фуқаҳои тобеъин ва касе, ки дар ҷангҳои Алӣ, разияллоҳу анҳу, ҳамроҳи ӯ буд мегӯяд: «Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар рӯзи ҷанги Ҷамал ва ҷанги Наҳравон касеро ба асирӣ нагирифт». Ў василаҳои ба ҷо мондаи аҳли Наҳравонро ба Куфа бурд ва гуфт: «Ҳар кас чизе аз васоили худро, бишиносад бигирад» ва мардум омада чизҳояшонро гирифтанд то ин, ки фақат як дег монд ва як мард омад ва онро барои худ гирифт. Ин ривоят аз чандин тариқ нақл шудааст ва чизе ҷуз он васоил ва силоҳу ҳайвоноте, ки хавориҷ ба майдони ҷанг оварда буданд чизеро байни сарбозони худ тақсим накард. Амирулмӯминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, хавориҷро такфир накард, зеро пеш аз ҷанг талош кард, ки онҳоро ба ҷамъи хеш боз гардонад ва бисёре аз онҳо ҳам бозгаштанд. Ў ҳамчунин онҳоро мавъиза кард ва таҳдидашон кард, ки дар сурати ба ҷамъи онҳо барнагаштанашон бо онҳо хоҳад ҷангид. Ибни Қуддома мегӯяд: «Кор ҳамчунин буд, зеро ҳадаф боздоштан ва дафъи шаррашон буд, на куштани онҳо. Агар фақат инро ҳам ба забон оварда бошад ин беҳтар аз ҷанг буд, зеро зарари ҷанг ба ҳар ду гурӯҳ мерасид ва ин далолат мекунад, ки хавориҷ фирқае аз мусалмонон буданд. Ҳамон гуна, ки бисёре аз уламо ин назарро доранд».
Саъд ибни Абӯваққос, разияллоҳу анҳу, онҳоро фосиқ меномад. Аз Мусъаб ибни Саъд ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Аз падарам дар бораи ин оят пурсидам, ки Худованд мефармояд:
«Бигӯ: Оё шуморо огоҳ кунем, ки кирдори чӣ касоне беш аз ҳама ба зиёнашон буд? Онҳое, ки кӯшиданашон дар зиндагии дунё табоҳ шуд ва
мепиндоштанд, ки коре некӯ мекунанд.»
(Сураи Каҳф, 103-104)

Пурсидам, ки оё онон Ҳаруриҳо ҳастанд? Гуфт: «Не, онҳо яҳудиён ва масеҳиёни аҳли китоб ҳастанд. Яҳудиёне, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро такзиб карданд ва масеҳиёне, ки ба биҳишт кофир буданд ва гуфтанд: «Дар онҷо хӯрок ва шаробе вуҷуд надорад». Ҳаруриҳо инҳо ҳастанд ва дар оят омада, ки Худованд мефармояд:

«Аммо танњо фосиќон гумроњ мешаванд. Он касоне, ки паймони Худоро (ба воситаи аќл, фитрат ва таблиѓи паёмбарон, ки бастаанд), пас аз бастани он мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода (аз ќабили пайвастани силаи рањм, риояти њуќуќи инсонї, дўстї ва ѓайра), мебуранд ва дар замин фасод мекунанд, зиёнкоронанд.»
(Сураи Бақара, 26-27)

Саъд онҳоро фосиқ меномад. Дар ривояти дигаре аз Саъд нақл шудааст, ки вақте аз ӯ дар бораи хавориҷ суол шуд гуфт: «Онон қавме буданд, ки гумроҳ шуданд ва Худованд қалбҳояшонро мунҳариф намуд».
Аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, суол шуд, ки оё хавориҷ кофир ҳастанд? Гуфт: «Онҳо аз куфр гурехтанд», гуфта шуд: «Оё мунофиқ ҳастанд?» гуфт: «Мунофиқон ҷуз ба миқдори андак зикри Худо намегӯянд», гуфта шуд: «Пас онҳо кӣ ҳастанд?» гуфт: «Онҳо қавме буданд, ки зидди мо туғён карданд ва мо бо онҳо ҷангидем». Дар ривояти дигаре омадааст: «Онҳо қавме буданд, ки зидди мо туғён карданд ва мо бар онон пирӯз шудем». Дар ривояти дигаре омадааст: «Онҳо қавме буданд, ки гирифтори фитнае шуданд ва дар он кару кӯр шуданд».
Ҳамчунин Алӣ, разияллоҳу анҳу, баъд аз он лашкари худ ва уммати исломро насиҳат кард ва гуфт: «Агар бо имоми одил мухолифат карданд бо онон биҷангед ва агар бо имоми ситамгар мухолифат карданд бо онҳо наҷангед, зеро онҳо сухане барои гуфтан доранд». Ончӣ, ки дар ҷанги Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба хавориҷ ва ҷанги ӯ дар Ҷамал ва Сиффин қобили мулоҳиза аст, ин аст, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, аз ҷанги худ дар ҷанги Ҷамал ва Сиффин пушаймон ва ғамгин шуд, аммо дар ҷанг бо хаворич изҳори хушҳолӣ ва шодмонӣ мекунад. Дар ривояте омада, ки: «Нас ва иҷмоъ байни ду гурӯҳ мутафовит буд. Ў ба насси ҳадиси Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо хавориҷ ҷанг кард ва ба ин далел хушҳолӣ мекард ва касе аз саҳоба дар ин маврид бо ӯ мухолифат накард. Аммо дар ҷанги Сиффин ғамгинӣ ва пушаймонӣ дар ӯ дида шуд».

Share This Article