Халосӣ (қисса)

Ислоҳ нет


Воқеаро танҳо ҳамин хел ном гузоштанам дуруст буд. Чунки қаҳрамони воқеа дар ҳақиқат роҳи халосӣ пайдо кард.  Аммо, ба худ суол медиҳам, ки фарзандакон, ду писараки хурдсоли Мадина сарсон шаванд, гуноҳаш гиребони киро мегирифта бошад?  Инашро Худованд худаш ҳал мекунад. Ман бошам асли ҳодисаро бароятон менависам.

Кӯчаамон пурра аз хонаҳои навбунёд ва ҳамсояҳои наврӯзгор иборат аст. Ба болои ин аҳён-аҳён хонаводаҳо хушдоман доранд. Чун, боқӣ дигарон, деги  бесарпӯш гуфтагӣ барин, келинчакҳои ба хонаҳои алоҳида кӯчида мебошанд. Хонае, ки пир дорад, парӣ дорад мегӯянд. Ба он гузари беобу бедарахти мо  парӣ сарчархак шуда ҳам намеомадагист. Роҳи ҳамвор надошт кӯча, пул ҷамъ кардему роҳ сохтем. Барқ надошт, пул ҷамъ кардему даҳҳо симчӯбу сим овардем.  Аммо барои оби нӯшокӣ расо 17 сол даводав кардем, ҳанӯз об нест.

Мавлуда ҳамсояи мост. Шавҳараш  Маъруф ва писарчаҳояш Муҳаммаду Манучеҳр. Ҳар бегоҳ  як сарчамъ шуда дар назди дари мо каме сӯҳбат мекардем, ки Ӯ ҳам мебаромад. Ягон гапи сахт сода мегуфт, ки ҳамаро механдонд, аммо худаш ҳеҷ гоҳ намехандид. Шояд маънои хандаовари содафаҳмиҳояшро намефаҳмид. Як вақт камнамо шуда рафт. Фақат писари калониаш дафтару китобашро гирифта меомад, ба дарсаш ёрӣ медодам.  

 

Духтарам ҳамшираи шафқат буд ва доим як дафтар номи ҳамсояҳои  бемор дар дасташ, барои гузаронидани сӯзандору мегашт. Рӯзе ғамгинона гуфт : ”Модар,  Апаи Мавлуда сӯзандору гирифта истодааст”

Фавран  дар ҷавоб гуфтамаш, ки мабодо ҳаққи хидмати сузандорӯ гузарониро нагирад.  Духтарам суханашро давом дод: “Пулашро намегирам, аммо ҳоло доруи бисёр даркор асту  пул надорад” Шавҳараш дар бозори ангиштсанг кор мекарду фасли ангиштхарӣ набуд, ки пул надошт.

Мутаассифона, дар хона ҳам пул набуд. Як рӯзи дигар духтарам маҳзунтар  омад ва гуфт: ”Модар, Мавлуда доим мегиряд, ки чаро намурда истодааст?  Доимо чунин мегӯяд, ки мурданашро интизор аст”

Ман ҳам маънои ин суханро фикр кардаму ҳаросида рафтам. Агар худкушӣ кунад чӣ?!  Зуд бархостаму ба назди як зани калонсолтар, ки хушдомани гузар мегуфтем, рафтам, воқеаро фаҳмондам. Бегоҳ даҳ нафар ҷамъ шудему аёдати бемор барин  хабаргирӣ даромадем. Ҳар кас мувофиқи ҳимматаш чизе, ки дошт аз хона баровард, ки як борхалтаи маҳсулоти ягон ҳафтаро мегузарондагӣ пайдо шуд. Хоначаи похсадевораш  хеле фақирона ва фаршаш аз даҳҳо намуд қолинчаҳои ҳархела пӯшидашуда иборат буд. Кӯшиш кардам, ки дигар ба чизе нигоҳ накунам. Худам ҳам зиқ мешавам, соҳибхона ҳам изо мекашад. 

 

Мавлуда каме даступо хӯрд, шояд интизори ин қадар одам набуд. Таклиф кардем, ки чизе лозим нест, нишинаду моро боз чун пештара хандонад, як ғубори диламонро барорем. Аммо Ӯ ғайричашмдошт  нишасту инони гиряро сар дод. Яке меҳрубонӣ кард, дигаре дилбардорӣ кард, боз дигаре насиҳат. Локин он зани калонсолтарамон сахтакак танбеҳ дод.
Чаро гиря мекунӣ? Хона дорӣ, фарзанд дорӣ, шавҳар дорӣ.  Ана ин ҳама занҳо ду солу се сол шавҳарашонро намебинанд. Ҳама дар шаҳри урус. Наход, ки як занаки калон камтар бемор шавию кӯдак барин гиря кунӣ?!
Мавлуда каме ором шуду гуфт: “Мана Шумо меҳмон шуда омадед, дастурхона партофтам, акнун ба болояш чиро мемонам?”  Ин гап кӯдаконаву хандаовар баромад, ки ҳама хандидем, Мавлуда ҳам хандид. Аммо пушти ханда алам кашида гиряро сар дод, ки дигарон ҳам гиря карда монданд. Баъд    хушдомани гузар боз каме насиҳат карданд.
Мо ин ҷо зиёфатхӯрӣ наомадем-ку?! Туро ёд кардем, хабар гирифтем. Боз мо касал шавем, ту ҳам хабаргирӣ меравӣ. Ҳоло бошад , ба мо ҷавоб. Ҳама серкор аст, зудтар сиҳат шав. Гап зада-гап зада аз ҷой бархестани ӯро дида, дигарон ҳам хестем.

 

Ягон ду моҳ гузашт аз ҳодиса.  Дар ин миён ман ба Русия омада будам. Рӯзе духтарам занг заду аҳволпурсӣ кард. Аз номи ҳамаи ҳамсояхо салом гуфт. Овози ғалоғула буд. Ҳайрон шудам, ки  магар барои ҳолпурсии ман ҳамсоя ғун кардааст?!  Ҳамсояҳо ба хонаи Мавлуда ҷамъ шуда будаанд. Аввал шавҳараш аз кадом як баландӣ афтода вафот кардааст, баъди як ҳафта худи Мавлуда аз дунё халос шудааст, фарзандонашро бошад соҳибе пайдо нашуда магар, ки ба хонаи кӯдакон супоридаанд.

 

Занҳо бошанд, барои хайрухуш бо Муҳаммаду   Манучеҳри хурдакак ҷамъ шуда будаанд.
Дар ин воқеа номи касеро тағйир ҳам надодам. Халосшудаҳои рӯзҳои нангини таърихи кӯчаамонро  Худо раҳмат кунад! Айбдорони чунин рӯзҳои сахт ва  рӯзгори сагинро низ ба Худаш супоридем.

 

Share This Article