Хавориҷ Сеюм: Пайвастани хавориҷ ба Ҳаруро ва мунозираи Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, бо онҳо

Силсила мақолаҳои хавориҷ № 3 Хавориҷ дар қолаби гурӯҳи фаровоне аз лашкари Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар вақти бозгашт аз Сиффин ба Куфа ҷудо шуданд, ки шумораи онҳо дар як ривоят чанд то даҳ ҳазор нафара будааст ва дар ривояти дигаре шумораи онҳо дувоздаҳ ҳазор нафар зикр шудааст ва дар ривояти дигаре ҳашт ҳазор нафар ва дар ривояти дигар ч

Хавориҷ
Сеюм: Пайвастани хавориҷ ба Ҳаруро ва мунозираи Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, бо онҳо

Силсила мақолаҳои хавориҷ № 3

Хавориҷ дар қолаби гурӯҳи фаровоне аз лашкари Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар вақти бозгашт аз Сиффин ба Куфа ҷудо шуданд, ки шумораи онҳо дар як ривоят чанд то даҳ ҳазор нафара будааст ва дар ривояти дигаре шумораи онҳо дувоздаҳ ҳазор нафар зикр шудааст ва дар ривояти дигаре ҳашт ҳазор нафар ва дар ривояти дигар чаҳордаҳ ҳазор нафар ва ҳамчунин дар ривояти дигар бист ҳазор нафар таъйин шудааст ва ин ривояте, ки адади ононро бист ҳазор нафар зикр кардааст бе санад аст. Ин афрод ба масофаи чандин шабонарӯз пеш аз расидани лашкар ба Куфа ҷудо шуданд ва ин тафриқа ва ҷудоӣ ёрони Алӣ, разияллоҳу анҳуро ошуфта ва дучори тарс кард ва Алӣ, разияллоҳу анҳу, ҳамроҳи он даста аз боқимондаи лашкараш, ки зери ихтиёр ва пайрави ӯ буданд вориди Куфа шуд. Баъд аз ин, ки ба Алӣ, разияллоҳу анҳу, хабар расид, ки хавориҷ гурӯҳи худро созмондеҳӣ кардаанд ва як амирро барои намоз ва амири дигареро барои ҷанг интихоб кардаанд ва байатро бо Худованди азизу бузуг хос карда ва амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар мекунанд ва ҳамаи инҳо ба ин маънӣ буд, ки онҳо амалан аз ҷамоати мусалмонон ҷудо шудаанд, Алӣ, разияллоҳу анҳу, амалан ба умури марбут ба онҳо машғул шуд.
Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, бисёр мехост онҳоро ба ҷамъи мусалмонон баргардонад, бинобар ин Ибни Аббос, разияллоҳу анҳуро ба назди онҳо фиристод то бо онон мунозира кунад ва инак Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, ин ҳодисаро барои мо ривоят мекунад ва мегӯяд: «…Ба назди онҳо рафтам дар ҳоле, ки беҳтарин либоси ямании худро бар тан карда будам ва пои пиёда рафтам ва дар нимарӯз дар як хона бо онҳо мулоқот кардам». Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, марди хушчеҳра ва дорои садои баланд буд. гуфтанд: «Хуш омадӣ эй Ибни Аббос! Ин либоси зеборо чаро пӯшидаӣ? Гуфт: «Чаро бар ман айб мегиред? Ман дидам, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам беҳтар аз ин либосҳоро бар тан карда буд ва ин оят нозил шуд:

«Бигў: «Чї касе либосњоеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда ва хўрданињои хуштаъмро њаром кардааст?»
(Сураи Аъроф, 32)

Гуфтанд: Ба чӣ кор омадаӣ?» Гуфт: «Ман аз ҷониби саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз муҳоҷирин ва ансор ва аз ҷониби писарамак ва домоди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки Қуръон бар онҳо нозил шудааст омадаам. Онҳо дар таъвили Қуръон аз шумо олимтар ҳастанд ва дар миёни шумо касе аз онон нест ва ҳар чиро, ки онҳо мегӯянд ба маълумоти шумо мерасонам ва ҳар чиро, ки шумо мегӯед ба маълумоти онон мерасонам». Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, мегӯяд, ки: «Баъзеи онҳо ба самти ман омаданд. Гуфтам: «Ба чӣ далел шумо бар асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва писарамакаш хашм гирифтаед?», гуфтанд: «Ба се далел», гуфтам: «Он далелҳо кадоманд?» гуфтанд: «Аввалини онҳо ин аст, ки ӯ мардонеро дар амри Худованд ҳакам қарор дод дар ҳоле, ки Худо мефармояд: «Инил-ҳукму илло лиллоҳ» , яъне, «Ҳукм ҷуз барои Худованд нест», он мардонро чӣ расад ба ҳукм ва ҳакамият?». Гуфтам: «Ин як далел». Гуфтанд: «Аммо дуввумӣ ин, ки ӯ ҷанг кард (дар ҷанги Ҷамал), аммо асир нагирифт ва ғаниматҳои ҷангӣ ҷамъ накард, агар онҳо кофир буданд бинобар ин асир кардани онҳо низ ҳалол буд ва агар мӯъмин буданд на асир кардани онҳо ва на ҷанг бо онон ҳалол набуд». Гуфтам: «Ин дуввумин далел, саввумин кадом аст?», гуфтанд: «Лақаби «Амирулмӯъминин»-ро аз номи худ ҷудо кард, бинобар ин агар ӯ амири мӯъминон набуд, пас амири кофирон аст». Гуфтам: «Оё ғайр аз ин мавридҳо мавриди дигаре ҳам ҳаст?» гуфтанд: «Мо ба ин мавридҳо басанда мекунем». Ба онон гуфтам: «Назаратон чист агар ман аз китоби Худованди бузургвор ва суннати Паёмбари ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам чизеро бароятон бихонам, ки ба иддаъоҳои шумо посух диҳад, оё аз мавқеъи худ боз мегардед?». Онҳо гуфтанд: «Бале», гуфтам: «Ин, ки мегӯед ӯ дар амри Худованд ду мардро ҳакам қарор дод. Ман бахше аз китоби Худовандро бароятон мехонам, ки Худованд ҳукми худро дар мавриди арзиши чаҳоряки дирҳам ба бандагон вогузор мекунад, ки онҳо дар он маврид ҳукм кунанд, оё дидаед, ки Худованди таборак ва таъоло мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, њар гоњ, ки дар ињром бошед, сайдро макушед. Њар кї сайдро ба амд (ќасдан) бикушад, љазои ў ќурбонї кардани њайвонест монанди он чї куштааст, ба шарти он ки ду одил аз шумо гувоњї дињанд.»

(Сураи Моида, 95)

Ва ин ҳукм кардани риҷол аст. Шуморо ба Худо қасам медиҳам, ки оё ҳукми риҷол дар бораи ислоҳи байни ду тараф ва пешгирӣ аз хунрезӣ хуб аст ё дар бораи куштани як харгӯш?» гуфтанд: «Бале, ин беҳтар аст», гуфтам: «Ва дар мавриди масъалаи миёни зан ва мард низ оят нозил шудааст, чунонки Худо мефармояд:

«Агар аз ихтилофи миёни зану шўй огоњ шудед, доваре аз касони мард ва доваре аз касони зан баргузинед.»
(Сураи Нисо, 35)

Пас шуморо ба Худо қасам медиҳам бигӯед, ки ҳукм кардани мардони ҳакам барои ислоҳи байнашон ва пешгирӣ аз рехта шудани хунашон беҳтар аст ё ҳукми онҳо дар мавриди чанде аз занҳо? Оё аз ин амр хориҷ шудам?», гуфтанд: «Бале», гуфтам: «Аммо қавли шумо, ки мегӯед ӯ ҷанг кард, аммо асир нагирифт ва ғаниматҳои ҷангӣ ҷамъоварӣ накард. Оё шумо модаратон Оиша, разияллоҳу анҳоро ба асирӣ мегиред ва агар бигӯед ончиро, ки дар мавриди дигар занон ҳалол медонем дар ҳаққи ӯ низ ҳалол медонем, ҳақиқатан шумо кофир шудаед ва агар шумо мегӯед ӯ модаратон нест боз ҳам кофир шудаед, чаро ки Худои пок дар ин замина мефармояд:
• •

«Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд.»
(Сураи Аҳзоб, 6)

Бинобар ин шумо байни ду гумроҳӣ қарор доред, пас як роҳеро барои берун рафтан аз он ихтиёр кунед. Оё аз ин амр хориҷ шудам?» гуфтанд: «Бале». Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, мегӯяд, ки гуфтам: «Аммо ин, ки лақаби «Амирулмӯъминин»ро аз номи худ ҷудо кард ман чизеро барои шумо меоварам, ки бар зидди шумо аст. Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар рӯзи Ҳудайбия бо мушрикон сулҳ кард ва ба Алӣ, разияллоҳу анҳу, фармуд: «Эй Алӣ! Бинавис, ки ин паймонест Муҳаммад Расули Худо бар асоси он сулҳ кардааст». Мушрикон гуфтанд: «Агар мо муътақид будем, ки Ту Расули Худо ҳастӣ бо Ту намеҷангидем». Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Эй Алӣ! Пок кун. Парвардигоро! Ту, ки медонӣ ман Расули Худо ҳастам. Эй Алӣ! Пок кун ва бинавис: Ин чизе аст, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ бар асоси он сулҳ кардааст». Ба Худо қасам, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам беҳтар аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, аст. Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам унвони Расули Худоро аз номи худ пок кард ва ин пок кардани ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба маънии пок шудан аз нубувват набуд. Оё аз ин амр ҳам хориҷ шудам?» гуфтанд: «Бале». Бинобар ин ду ҳазор нафар аз онҳо бозгаштанд ва бақия хуруҷ карданд ва бар асоси гумроҳии худ ҷанг карданд ва муҳоҷирин ва ансор бо онҳо ҷангиданд ва онҳоро куштанд».

Метавон аз мунозираи Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, бо хавориҷ дарсҳо ва ибратҳо ва ҳикматҳоеро омӯхт, ки баъзе аз онҳо иборатанд:

1- Интихоби фарди муносиб барои мунозира бо мухолифон: Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, писарамакаш Абдуллоҳ ибни Аббос, разияллоҳу анҳуро, ки андешаманди бузурги уммат, тарҷимон ва муфассири Қуръони карим буд интихоб кард, зеро онҳо афроди порсо ва парҳезкорро мешинохтанд ва дар бораи эътиқоди худ истидлоли онон бар асоси Қуръонро қабул доштанд. Бинобар ин муносибтарин фард барои мунозира бо онон Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу буд, ки ӯ огоҳтарин ва олимтарини мардум ба тафсир ва таъвили Қуръон буд ва метавон гуфт, ки ӯ дар ин мунозира беназир ва ягона буд. Ӯ ба ихлоси ният барои Худо ороста буд ва аз ҳавову ҳавас дурӣ меҷуст. Инчунин ӯ ба бурдборию сабр музаян буду дар муқобили мухолифон дорои тааммул ва нармӣ, қобилияти хуб гӯш кардани тарафи муқобилро дошт ва аз кашмакаши беҳуда худро канор мегирифт ва бо такя ба далелҳои қавияш пешниҳоду истидлолҳои ошкор ва равшан баён медошт.

2- Дар мунозира бо мухолифон оғоз кардан аз нуқтаҳои мавриди иттифоқи назар:
Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, бо хавориҷи мухолифи худ дар дарёфти ҳукм аз китоби Худованд ва суннати Паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва саллам иттифоқи назар доштанд. Ҳамин буд, ки Абдуллоҳ ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, ба онҳо гуфт: «Чӣ мегӯед агар ман далел аз китоби Худо ва суннати Паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб ва радди шумо биёрам, оё аз ин фикру амалҳои хасмонаатон боз мегардед?». Ба ҳамин хотир буд, ки Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, пеш аз оғози мунозира аз онон итминон гирифт.

3- Шинохти истидлолҳои мухолифон ва баррасии онҳо:
Омодагӣ гирифтан барои посух ба онҳо пеш аз оғози мунозира ва албатта, ки мо интизор дорем Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, пеш аз мунозира бо онон аз истидлолҳояшон огоҳ буда бошад ва ба асҳоби худ биёмӯзад, ки чигуна ба онҳо посух диҳанд.

4- Радди иддаъҳои мухолифон яке пас аз дигарӣ:
Радди иддаъҳои мухолифон яке пас аз дигарӣ, то ки истидлол ва ҳуҷҷате барои онон боқӣ намонад, ҳамон гуна, ки аз суханони Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, дар мунозира бо онон равшан аст, ки ҳар гоҳ як ҳуҷҷат ва далели онҳоро ба таври комил рад мекунад мегӯяд оё аз ин хориҷ шудам?

5- Оғози мунозира бо ончӣ, ки натиҷааш ҳақ бошад:
Абдуллоҳ ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, дар оғози кор ва пеш аз мунозира мегӯяд: «Ман аз ҷониби асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва домоди ӯ назди шумо омадаам ва Қуръон бар онҳо нозил шуда ва онҳо дар таъвили он аз шумо огоҳтар ҳастанд ва касе аз онҳо дар миёни шумо нест».

6- Эҳтиром гузоштан ба раъй ва назари тарафи муқобил ҳангоми мунозира:
Эҳтиром гузоштан ба раъй ва назари тарафи муқобил ҳангоми мунозира, то ин, ки аз ин тариқ ба ончӣ, ки мегӯяд гӯш диҳад ва ӯро бар эҳтиром ба раъйи худаш водор кунад ва ин дар мунозираи Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, бо хавориҷ зоҳир ва пайдост.

7- Худованди азиз ва бузургвор ҳазорон нафар аз ононро тавфиқ дод ва ҳидоят кард:
Шумораи хавориҷе, ки дар ҷанги Наҳрвон ҳузур доштанд камтар аз чаҳор ҳазор нафар буд, ки бо хости Худованд дар бораи он баҳс хоҳем кард ва ин ба ҳақ рӯй оварданашон ба ин далел буд, ки онҳо ҳақро шинохтанд ва ба фазлу инояти Худованд шубҳа аз онон бардошта шуд ва Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, бо илму қувват ва истидлолу равшанӣ андохтан, ботил будани истидлолҳояшонро баён кард ва инчунин бо тафсири оятҳое, ки хавориҷ тафсири саҳеҳи онро таъвил карда буданд ва инчунин ба василаи суннати равшангари Набавӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки маъонии Қуръони каримро баёну шарҳ медиҳад барояшон далелҳои раднопазир овард.

8- Ин сухани Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, ки гуфт: «Касе аз онон дар миёни шумо нест»:
Ин фармудаи Ибни Аббос разияллоҳу анҳу насси сареҳе аст дар бораи ин, ки касе аз асҳоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар миёни хавориҷ набуданд. Аз Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, нақл шудааст, ки касе аз хавориҷ ба далели ин сухан ба ӯ эътироз накард ва ин ривоят саҳеҳ ва собит шудааст. Ҳамчунин ҳеҷ як аз уламои аҳли суннат аз назари илмӣ нагуфтааст, ки дар миёни хавориҷ касе аз ёрони Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам буданд. Аммо ин иддаъо, ки мегӯянд дар миёни хавориҷ саҳобаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам будаанд, як иддаъо аз назари мазҳаби хавориҷ аст ва ҳеҷ далели илмии мувассақ барои сухани худ надоранд.

9- Таъйини марҷаъ:
Ибни Аббос разияллоҳу анҳу мегӯяд: «Чӣ мегӯед агар аз китоби Худо ва суннати Расули Худо дар ҷавоби иддаъои шумо бихонам, оё боз мегардед?» Онҳо гуфтанд: «Бале». Бинобар ин дар ин сухани Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, дарси муҳимме вуҷуд дорад, ки барои ду тарафи мунозира марҷаъ таъйин шавад то дар хилоли мунозира битавон ба як натиҷае расид.

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Аз Исро ва Меъроҷ чиро метавон омӯхт ?

Мақолаи қаблӣ аз қиссаи Исро ва Меъроҷро нақл мекард. Дар мақолаи навбатӣ бошад таҳлили кӯтоҳе дар мавриди ин сафар мекунем, то дар ин чӣ ҳикмати Илоҳӣ нуҳуфта аст.
Идома

Исро ва Меъроҷ

Нахуст ба тамоми хонандагони гиромӣ ба осмон рафтани Расули арам (с) ки дар сирати мутаҳари он Ҳазрат (с) ва Қуръони карим ба номи “Исро ва меъроҷ” ёд шудааст ин муъҷазаи охирон паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с)