Хитоб ва дуои зани турк ба Президенташ дар ҳузури ҷумҳур.

Ислоҳ нет

Хитоб ва дуои зани турк ба Президенташ дар ҳузури ҷумҳур.

Хитоби ман ба раиси ҷумҳури кишварам ҷаноби Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст!!!

Ман шуморо аз самими қалб дӯст медорам. Дар рисолаам аз Аллоҳам чунин дуо талаб намудам. Ё Аллоҳ, ба ҷаноби раиси кишварам умри тӯлонӣ насиб бигардон. Ё Аллоҳ, барои раиасмон қудрат ва тавони комиле бидеҳ, ки корҳои хайреро, ки шуруъ кардааст, ба итмом расонад, зеро кишвари мо ва ҳама мусалмонон ва кишварҳои исломӣ ба вуҷуди ӯ хеле ниёз доранд. Эй Аллоҳ, агар умри раисам кам бошад ва дар итмом ва ба охир расонидани ин ҳама корҳои хайре, ки мехоҳад анҷом диҳад, бо лутфу карамат умри маро ба ӯ бидеҳ. УМРИ МАН ҲАЛОЛ БОД БАРОИ ШУМО ЭЙ ҶАНОБИ РАИС!!! Ба мисли шири модарҳо, ки он поку сафед аст. Ман ду тифл дорам имкон дорад дигарон барои он ду тифли ман модар бошанд, аммо касе наметавонад мисли Эрдуғон кишвари зебои моро ва исломи азизи моро хидмату ҳимоят кунад. Шукру сипоси беҳад мегӯям Аллоҳамро, ки он орзӯ ва таманоҳое, ки дар гузашта доштам ба ҳақиқат мубаддал гаштанд. Шукр мегӯям Аллоҳамро, ки тавонистам ин рисоларо дар ҳузури ӯ бихонам.

Албатта ин тарҷумаи матни арабии навор аст. Ончи аз омин гуфтанҳо ва кафкубиҳо мушоҳида мекунед, худ шоҳиди он ҳастед.

Таҳлилили кӯтоҳ:

То чи ҳад самимияти хосе дар сухан гуфтани ин зани мусалмони турк дида мешавад. Албатта вақте миллат чунин роҳбаре мисли Эрдуғон доранд ва ҳамеша дар хидмати миллату кишвараш аст, табиъист, ки миллат ҳам хадамоти шоёни чунин роҳбарро қадрдонӣ мекунанд. Албатта ин тамаллуқ ва худнамоӣ барои пулу вазифа нест, зеро ҳуқуқи мусалмонони турк дар даврони Камол Ататурки палид поймол шуда буд. Динашонро хору залил, ҳиҷобашонро баргирифта, ришашонро тарошида, масоҷидашонро хароб ва хатташонро иваз карда буд. Кишварашонро як кишвари қафомонда ва қарздор медиданд ва орзӯи чунин абармардони мусалмонро доштанд. Имрӯз Аллоҳ барояшон чунин раисеро насиб гардонид. Ҳар як мусалмони турк омода аст ҷонашро барои чунин раис бидиҳад. На танҳо туркҳо, балки ҳар мусалмоне дар олам омода аст барои чунин раис ҷон бидиҳад. Аллоҳ ин марди бузрг, бандаат Эрдуғонро тансиҳат ва он амалҳое, ки барои ислом ва мусалмонони мустазъафи олам анҷом медиҳад, онҳоро аз ӯ бипазир. Барои мусалмонон чунин раисони мусалмон ва ғамхори миллату ватан насиб бигардон, Омин.

Share This Article