Чигуна дилҳоямонро пок намоем?

Чигуна дилҳоямонро пок намоем?

Агарчи мо ҳамеша менависемудар масоили гуногун тарҷума менамоем.Аммо гоҳо як наворе ё як филме ончунон таъсир метавонад бирасонад,ки чандин китоб барои бархе чунон таъсир наметавонад бирасонад. Боз ҳам мехоҳам аввал бихонед ва сипас он видеои дар зер гузоштаро тамошо кунед.То хуб бифаҳмед ончи дар навор омадааст ва муассир бароятон бошад.
Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам ) мефармоянд:
((أَلا وَإِنَّ فِي الْجَسَدِ مُضْغَةً إِذَا صَلَحَتْ صَلَحَ الْجَسَدُ كُلُّهُ, وَإِذَا فَسَدَتْ فَسَدَ الْجَسَدُ كُلُّهُ, أَلا وَهِيَ الْقَلْبُ))
[أخرجه البخاري في الصحيح]
Тарҷума: “Ҳаройна дар ҷисми (инсон) як гушт порае ҳаст,агар он ислоҳ гашт ҳама ҷисму бадани инсон ислоҳ мегардад. Вале агар он фосид гашт ҳама ҷасад фосид мегардад, он дил аст”
(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Бухорӣ)

Ин гуштпора дар бадани мо ва шумо аз овони як моҳа будани мо дар батни модар ҳамеша дар тапидан аст.То он ҳангоме,ки мо зиндагонӣ менамоем ва нафас мекашем.Ҳангоме, ки дил аз тапидан монд ҳаёти мо ба охир мерасад.

Барои онки битавони каме вазифаи дилро эҳсос намои дастатро дар як дақиқа ҳафтод маротиба кушо ва мушт кун.Бале ин аст вазифаи дил дар пиндори мо ва шумо бародар ва хоҳари гиромӣ.

Аммо табибон мегӯянд дил метавонад дар дақиқа, то яксаду чиҳил маротиба битапад.Уламои ин соҳа мегӯянд дил дар як шабонарӯз садҳазор маротиба метапад.Дар як моҳ дили инсони муқаррари семилион маротиба метапад.Ҳангме, ки умри инсон ба ҳаштод сол мерасад тапиши дили инсон дар як моҳ ҳаштод милиону дуҳазору ҳаштсад маротиба метапад.

Хонандаи гиромӣ ҳама аъзои бадани инсон агар бемор шаванду гоҳо аз кор бароянд.Имкони зинда монданаш вуҷуд дорад,агарчӣ бо мушкилҳам бошад.Аммо агар дил аз кор монад умри инсон ба охир мерасад ва ҳаёти инсон бидуни набз ва ё тапиши дил номумкин аст.

Акнун меравем сари асли мавзуъ,ки он дар навор омадааст.Вақте инсон гуноҳ мекунад дили инсон ба анҷоми ҳар гуноҳ фосид шудан мегирад.Дили ӯро лаккаҳои сиёҳе фаро мегиранд.Агар он идома пайдо кунад чуноне дар ҳадиси боло баён шуд тамоми ҷасадро фасодии дил фаро мегирад.Дигар инсон саъодату хушбахтиро бо ваҷҳи бояду шояд ҳаргиз эҳсос нахоҳад кард.

Хуб инҷо аз дард гуфтем,ки он анҷоми гуноҳ буду сиёҳ шудани дил бо анҷоми гуноҳон.

Чикор бояд кунем, то он сиёҳие,ки дилро фаро гирифтаасту бо анҷоми гуноҳон онро фосид намудаем дубора ба ҳолати муқарарӣ баргардонем ё покшуйи намоем ?

Ҳамеша ва мудовим истиғфор намоем: “Астағфируллоҳ ва атубу илайҳи”

Намехоҳам суханро ба дарозо бикашам нисбати Истиғфор мақолаҳои зиёде навиштаам ба онҳо муроҷеъа шавад.

Наворе дар зер мегузорам агарчи нафаҳмедҳам ду шиша ҳаст онҷо.

Дар шишаи аввали сиёҳ гуноҳоне ҳаст,ки ҳаррӯза анҷом медиҳем.

Истаконе дар мобайн гузошта шудааст дили мо ҳаст ва дар оғоз он соф ва равшану пок аст.

Аммо вақте дар он истакон ё қадаҳ аз гуноҳ мерезад он сиёҳ мешавад.

Ҳангоме,ки истиғфор менамоем ва истиғфорро ба оби сафед шабоҳат додааст.

Дил дубора ба ҳолати покии пешинааш бар мегардад.

Пас ҳамеша истиғфор намоем, то қалбҳоямонро аз сиёҳиҳо ва нопокиҳо пок намоем.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.