Фазли дуъо

Фазли дуъо
Аллох субхонаху ва таъоло дар Куръони азимушшаън мефармояд:

وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ
[الجزء: ٢٤ | غافر (٤٠)| الآية: ٦٠]
Тарчума:
Парвардигоратон гуфт: «Дуову илтиҷо кунед Маро, то шуморо иҷобат кунам. Онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зуди дар айни хори ба ҷаҳаннам дароянд!»(Гофир, ояти 60)
Боз мефармояд:

وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ ۖ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ ۖ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ
[الجزء: ٢ | البقرة (٢)| الآية: ١٨٦]
Тарчума: Чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, Ман наздикам ва ба нидои касе, ки Маро бихонад, ҷавоб медиҳам. Пас ба нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман имон оваранд, то роҳи рост ёбанд!(Бакара, ояти 186)

Аз Нуъмон Ибни Башир (раз) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: " Дуъо худ ибодат аст" ( Хадиси сахех ба ривояти Абудовуд ва Тирмизи)

Аз Абдуллох Ибни Аббос (раз) ривоят аст, Расули акрам (с) фармуданд: "Афзалтарини ибодат дуъо аст"
( Хадиси сахех ба ривояти Хоким)

Аз Салмони Форси (раз) ривоят аст, ки Расули акрам(с) фармуданд: "Бар намегардонад казоро магар дуъо ва зиёд наменамояд умрро магар некуйи "
(Хадиси сахех ба ривояти Тирмизи)

Аз Абухурайра(раз) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: " Шахсе аз Аллох намепурсад (дуъо намекунад) Аллох бар у хамшм мегирад"
( Хадиси сахех ба ривояти Тирмизи)
Пас хамеша аз Аллох бипурсед хочатхоятонро ва Уст мушкилкушои хама гиреххои сарбастаи мо.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.