Дуъо дар дили шаб

Ислоҳ нет

Дуъо дар дили шаб

Умед дорам хар фарди огохи миллатам дар ин шабхои пурфайз дуъо мекунанд. Хеч чизро фаромуш намекунанд ва хама ончи мебинанду карор доранд онро аз Аллох мепурсанд. Танхо ва танхо Аллох моро мебинаду мешунавад ва ато мекунад. Танхо У таъоло холи вахими уммати исломиеки ба хоку хун аст мерахонад. Танхо ва танхо У таъоло мудофеъи ин уммат асту собиткадамиву усутувории моро мебинад. Валлохи агар ин уммат росих ва собиткадам бо фармудахои Холик ва Паёмбараш ( салаллоху алайхи васаллам) бошад ва вокеан истодагари кунад. Хеч золиме, хеч мустабидде, хеч абаркудрату, бозуманде мо уммати милларду нимро ба бади нигох карда наметавонад. Кучо расад ба катлу, зулму, зиндону, шиканчахои бе амон.Аммо афсус ва сад афсус, ки мо наберагони Форук, Али, Холид, Мусанно, Саъд, Абуубайда, Салохуддин,Фузайлмахсум(разияллоху нахуст ачмаъин) ва хазорхо бузургони дигар ба тарсутаринхои аср мубаддал гаштаем. Дустдории ин дунёи бе вафо ва зарку барки он. Хамсару фарзандон хонахову саворахои ин дунёи дар пеши назари мо чилвагаранд. Хамеша бозхам таманнои бако дар ин сароро дорем. Дар холе назди Аллох бехтар аз ин хама мунтазири мост. Аммо ин дунёи фанопазирро бо он дунёи хамешаги иваз кардаем.
Аллох аз ту масъалат дорем холи моро бехтар бигардону умаати исломиро аз хоби гафлат бедор бигардон. Ончи барои мо хайру накуст ва ту ба он огохи онро бароямон арзони бидор. Харгиз ва харгиз моро аз рохи хак мунсариф ва дур нагардон. Бехтарин умри моро охирашро, бехтарин амали моро охирашро, бехтарин рузхои моро он рузе бигардон, ки бо Ту мулокот менамоем бигардон . Эй Парвардигори мо русиёхии хоинони моро дар дунё панде бигардон барои ибратгирандагони мо. Хакикатро хамеша пируз ва моро мудовим пайрави хак ва хакикате, ки ризои ту дар он аст бигардон. Рузхои хуберо барои миллати азияткашида ва чабрдидаи точик арзони бинмо. Саркашону золимон ва ситамкорони ин миллатро ончунон машгули худашон бигардон, ки миллатро осуда гузоранду дигар газанде нарасонанд. Миллати мо кариб як аср аст аз истилои руси большевику бе Худо азият мекашид ва то хол бакоёи он низоми бе Худои сояи шумашро аз ин миллат дур накардааст моро озоду мутаххид бигардон. Ба ин миллат рохбароне бифирист, ки манофеъи миллат ва кишвар барояшон аз манофеъи худ ва оилаашон дар авлавият карордошта бошад. Фарзандони ин миллатро аз пайравии хар гуна мазохиби ботил ва мунхарифу акоиди ботил дар хифзи абадии худ карор бидех ва зери пушиши хеш карор бидех. Хар фарди ин миллат,ки дур аз ватан, зан, фарзанд, падар, модар ва хешу наздиконаш дар мухочират карор дорад ба ватан солим ва гоним баргардон. Зиндониёни моро истикомат, ба наздиконашон сабру тахаммул ато намо.Хар марому максуди хайреки дорем агар бар салохи дин, ватан , акидаамон бошад онро бароварда гардон Ва салавот бар Мухаммад ва хонадони поки эшон ва Асхоби киромашон бод омин ё Рабал оламин. 
Мухаммадикболи Садриддин 
Шаби 15 Шаъбони 1438 х.к

Share This Article