Хумс аз куҷо баргирифта ва чӣ тавр тақсим мешавад? (Пайравӣ аз оёти муташобеҳот № 4)

Ислоҳ нет

Хумс аз куҷо баргирифта ва чӣ тавр тақсим мешавад?
(Пайравӣ аз оёти муташобеҳот № 4)

Баъд аз ончӣ ба ёрии Худованд ироа додем, комилан равшан мешавад, ки воҷиб будани пардохтани Хумс аз даромадҳо аз як тараф ва додани ин Хумс ба фақеҳ аз тарафидигар дар шаръиат далеле надорад ва ҷуз муташобеҳ мустанаде надорад! Фақат дар як насси қуръонӣ калимаи хумс зикр шудааст, аммо мавзуъ ва маъниву муҳтавои он чизи дигараст, ки рабте ба ин Хумс надорад ва манзур аз он Хумс ғаноимеаст, ки аз ҷангҷўёни куффор дар майдони корзору набард гирифта мешавад. Ва баъд аз ин қазия чӣ рабте ба ин оят дорад. Фақеҳе, ки ҳеҷгоҳ зикрнашуда, ба он ишорае шуда?! Агар калимаи Хумс дар Қуръон зикршуда, калимаи фақеҳ баҳеҷ унвон зикр нашудааст.
Ду қазияи ҷудо аз ҳам
Шоиста аст дар ин ҷо ишора кунем, ки мавзуи Хумс даромадҳо ба сурати феълии он аз ду қазия таркиб ёфтааст:
Аввал ин, ки хумс даромадҳо воҷибаст.
Дуввум инки ин хумс бояд ба фақеҳ дода шавад. Инҳо ду қазияи ҷудо аз ҳам ҳастанд, ки ҳар як ба далели ҷудогонае ниёздорад. Пас, дуруст нест, ки дарҳам омехта шаванд ва барои ҳарду як далел ирояа гардад. Яке аз ин дуқазия ба сурати лафзӣ дар Қуръон зикршуда, дигаре ба ҳеҷ ваҷҳ зикр нашудааст!!
Рабти лафзии холис!
Иддаои инки хумс аз даромадҳо воҷибаст, чун дар оят омада, дуруст мисли ин аст, ки номи касе Иброҳим бошад ва ў аз ин оят истидлол кунад: Ва дар ин китоб Иброҳимро ёд кун, ки ӯ паёмбари ростгӯ буд.(Сураи Марям, ояти 41)
Ва бигўяд ман паёмбар ҳастам, чун исми ман Иброҳим аст ва дар Қуръонҳам омада, ки Иброҳим паёмбараст!!
Дурустаст, ки Иброҳим дар оят зикр шуд, вале манзур кадомИброҳим аст?! Вадурустаст, ки дар сураи Анфол калимаи хумс зикр шуда, вале кадом хумс мавриди назар аст?! Истидлол аз оят бар вуҷуби хумс даромадҳо дуруст дар қоидаи муташобеҳоти қуръонӣ дохиласт, бишнавед, киХудованд дар ин бора чӣмегўяд: Ўст, ки ин китобро бар ту нозил кард. Баъзе аз оятҳо муҳкамотанд, ин оятҳо уммул китобанд ва баъзе оятҳо муташобеҳотанд. Аммо онҳо, ки дар дилашон майл ба ботиласт, ба сабаби фитнаҷӯӣ (гумроҳ кардан) ва майл ба таъвил, аз муташобеҳот пайравӣ мекунанд, дар ҳоле, ки маънии (ҳақиқии муташобеҳотро) онро ҷуз Худо (касе) намедонад. Ва онон, ки қадам дар дониш устувор кардаанд, мегӯянд: «Мо ба он имон овардаем. Ҳама аз ҷониби Парвардигори мост». Ва хирад мандоннанд, ки панд мегиранд. (Сураи Оли Имрон, ояти 7)
Худованди Мутаъол пайравӣ аз муташобеҳот ва истидлол аз онро аз корҳои мунҳарифон ва ҳаво парастон қарор дода аст ва фармуда, ки онҳо барои эҷоди фитна чунин мекунанд, яъне мехоҳанд бо тардид афканӣ ва ба ҳам омехтани муъминон дар мавриди динашон дучори фитна кунанд ва низ пайравони ҷоҳили худро гирифтори фитна созанд ва таъвилоти ботиле, ки тибқи майли худашон ва таҳрифе, ки мекунанд гумон мебаранд, ки мақсуд аз он ҳамин аст ва аҳли бидъат ва ҳавопарастону мулҳидон дар ҳарзамоне чунинанд.
Хулосаи се мақолаи қабли ва ҷамъбасти он!
Инҳо муҳимтарин ҳақоиқе буданд , ки тайи ин пажўҳиш бад-он расидаем:
1) Дар Қуръон ҳеҷ далеле нест, ки бояд хумс аз даромадҳо пардохт шавад ва мавзўи оят танҳо ғаниматҳое аст , ки дар ҷанг аз куффор гирифта мешавад, на ончӣ мусалмононе, ки бо касе ҷанг надоранд, ба даст меоваранд.Агар хумс аз молҳои ғаири ҷанги ва ғанимат бошад пас онро чи гӯна бояд гирифт агар метавонад посух гуфта пас тарзи гирифти онро аз моли тиҷорати барои мо пешниҳод намоянд?
2) Дар суннати набавӣ ҳеҷ далел барои вуҷуби Хумс дар амволи мардум наомадааст, чун на паёмбар (с) чунин чизеро гуфта, на худ анҷом дода, на дар ҳузури ў (с) ва замони ў чунин коре анҷом шудааст.
3) Хулафои рошиддин аз Абубакр (р) то Алӣ (р) ҳеҷ гоҳ чунин хумсе аз моли мулкии мардум нагирифтаанд ва ин худ далолат бар адами он мекунад.
4) Дар ҳеҷ манбаъ ва марҷаъи муътамаде монанди “Кофии Кулаинӣ” ё “Ман лам яҳзаруҳул Фақеҳи Қумӣ” ё “Истибсори Тусӣ” ва ғайра инчунин аз Айма ривояте нақл нашуда, ки гўяд: “Хумс дар амволи муслимин воҷиб аст.
5) Ҳеҷкасе аз фуқаҳои муътабари мутақаддимин монанди шайх Муфид вашайх Тусӣ ва Саид Муртазо Аламул ҳудо ва ғайра чунин фатвое надодаанд.
6) Аз назари луғат Хумс ҳеҷ тааллуқе ба даромадҳо ва амволи мардум надорад.
7) Ва ҳеҷ далели шаръие барои он нест.
Дуввум инки нусуи зиёде аз аима нақл шуда, ки чунин тасреҳ мекунад:
1) Додани хумс ба худи имоми маъсум мустаҳабаст, на воҷиб.
2) Соҳиби хумс метавонад дар он тасарруф кунад ва ниёзе нест, ки дар ин маврид ба имом муроҷиат кунад ва муроҷиат кардан ба имом мустаҳаб аст ва соҳиби хумс ба он мулзам нест.
3) Баъд аз ин нусус тасреҳ мекунад, ки аима пайравони худро мутлақан аз додани хумс озод ё муъоф кардаанд.
4) Ва баъзе аз нусуси ворида аз аима мегўяд, ки то вақте, ки Маҳдӣ зуҳур мекунад пайравонашон аз додани Хумс муъоф ё озод ҳастанд.
5) Ҳеҷ нас ва ривояте вуҷуд надорад, ки фуқаҳоро вориди мавзўи хумс кунад.
Савум ин, ки: Додани хумс ба фақеҳ танҳо фатвои баъзе аз фуқаҳои мутааххирин аст, на мутақаддимин ва ин фатво дорои вижагиҳои зер мебошад.
1) Мавриди ихтилоф аст ва бар он ҳаргиз иҷмоъ нашудааст.
2) Мустанад ба ҳеҷ ривояте аз аимаи маъсум ё Қуръони карим ва ё суннати набавӣ нест.
3) Ақволи фуқаҳое, ки хумсро воҷиб гардонидаанд, мухталиф ва ҳайратовар вамутаноқиз аст. Қавли ҳарфақеҳе бо фақеҳи дигар мутазод аст ва дар ҳар замоне бо замони дигар фарқмекунад.
4) Ва муҳимтар ин, ки ақволи фуқаҳо боақволи зикршуда аз аима комилан мухолиф ва мутазод аст.
5) Имкон надорад теоряи хумс комилан иҷро ва амалӣ шавад ва ин беҳтарин мисоли таноқузи он аст (яъне аз нигоҳи назария ва иҷрои он комилан дар тазод аст)
Инҳо муҳимтарин ҳақоиқ ва натоиҷе буд, ки рӯйи он даст ёфтаам ва онро пеши рўи он бародарон ва ҳам мазҳабони худам мегузорам то ин масъаларо ба хуби бифаҳман ва фиреб нахуранд ва ҳамеша бидонанд,ки ҳаргиз дини ислом барои пайравонаш дини мушкилофарин ва судхуре,ки мисли динҳои масеҳии муҳарраф ва будои,ва сектаҳои нав зуҳур ва ғайра,ки сардамдорони ин адён аз ҳисоби ин динҳо шикам мепарваронанд ва аз пайравони худашон ба истилоҳи ҳозира “Дан” мечинанд то ба чунин равиш дини ботили худро мунташир намоянд.Бар хилофи ин ҳама дини ислом барои фақирону камбағалону роҳмондагону тоза мусалмоншудагон маблағеро ҷудо намудааст то ба онҳо дода шавад ва ба онҳо кумак карда шавад на аз онҳо гирифта ҳолати онҳоро бозҳам вахимтару вахимтар намояд.Бори дигар таъкид менамоям хумс як дузди ва ғорати ошкоре аст,ки ин муддаъиён барои шикамчарони ва шаҳватрониҳои хеш онро “Вазъ” намуданд то аз ин ҳисоб маблағҳо ҳисобҳои худро пур намоянд ва бозҳам дар “Туғёну саркашиашон”идома бидиҳанд. Вале бидонед хонандаи гиромӣ хумс аз моли ғайри ҷанги ва ғанимат дар дини Ислом ва шариъати Муҳаммад (с) ва манҳаҷи Аҳли Байит(р) ва манҳаҷу равиши Асҳоби киром дар раъси онҳо Хулафои рошидни (р) аслан вуҷуд надошт . Пас огоҳ бошед то шуморо ба номи дину шариъат ғорат накунанд.Танҳо моле бояд бипардозед ин закот аст ки он 2,5% дарсад аз моли ба нисоб расидаи шумост тамом.
Парвардигоро! Ин талоши мо буд ва таваккулимо бар Туст, Ту фарёдраси мо ҳастӣ ва аз Ту ёрӣ меҷўем.

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
http://wasatiyat.tj/2011-07-1…/2780-2013-12-06-02-41-32.html

Share This Article