(бахши аввал)
Дар деҳаи Чашмасор (Бешбулоқи собиқ)-и ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон Исо Муродов, раиси ҷамоат аст.Вай ҳамроҳи ҷонишини якуми раиси ноҳия Аскар Набизода (дар бораи ин мансабдор, узви ҲХДТ, поинтар ва алоҳида дар мавриди ӯ мегӯем) танҳо ба заминфурӯшӣ машғул аст. Аз соли 2015 ба ин тараф ба ягон нафар замини бепул надодаанд. Гӯиё замини давлат моли шахсии онҳо бошад, ки бидуни кадом тарсе аз Худо, халқ ва қонун рӯирост сотихи заминро нарх гузоштаанд. Шахсан худи ман ҳанӯз дар соли 2010 барои гирифтани як порча замин, ки ҳақу ҳуқуқи конститутсиониям ҳаст ариза дода будам. Даҳ сол мегузарад аммо ба аризаи ман ҷавоб намедиҳанд. Барои одамҳои бе пул ва бе пушт замин нест. Соли 2016 буд, ки Аскар Набизода, ҷонишини якуми раиси ноҳия бо ҳамроҳи коргарони ҷамоат ба мактаби деҳа омада ва бо мардум маҷлис баргузор кард.
Гуфтанд, ки дар се марҳала замин тақсим карда мешавад. Якум барои онҳое, ки дар як хона 4 ё 5 келин доранд ва заминҳояшон хурд аст. Аммо ин шарти гузоштаашон риоя нашуд. Одамони пулдор ва онҳое гирифтанд, ки як келин доштанд ва заминҳояшон ҳам калон аст. Назди раиси ҷамоат рафта пурсидам,ки чаро ба ман замин надодеду вале ба касоне,ки мисли мо муҳтоҷи замин нестанд ба онҳо додед, дар ҷавоб гуфт «бахилӣ накун, онҳо гирифта тавонистанд, роҳашро ёфтанд».
“Ман бо ӯ баҳс кардам. Гуфт чаро ту риш дорӣ ва ба сари ман дод зад. Гуфтам риши ман ба замин чи дахл дорад? Дар ин вақт яке аз коргарони ҷамоат маро фарёд карда гуфт бародар рав ришатро гир набошад дар «спискаи КГБ» менависанд ва ба ягон бало мепечонанд.”
Бо ҳамин баҳона, то ба ҳамин имрӯз замин надоданд. Коргарони прокуратура кумитаи заминсозӣ, лоиҳакашӣ, ҳамашон дар ҳар навбати заминтақсимкуни замин мегиранд. Сипас ба воситаи миёнаравҳо ба мардум аз 25.000 то 50,60.000 сомонӣ мефурӯшанд. Дар Тоҷикистон адолат боқӣ намондааст.
Маориф ва вазъи мактаб ва дарсҳо:
Чанд сухан дар бораи мактаби деҳа мехоҳам бигӯям. Мактаби деҳаи мо соли 1972 сохта шудааст. То ҳамин имрӯз он аз ҳисоби падару модарҳо таъмиру навсозӣ мешавад. Ҳар сол дар моҳи май маъракаи ҷамъоварии пул -«пулҷамъкунӣ» сар мешавад. Сари ҳар талаба 25 сомонӣ. Синфхонаҳо хеле танг. Масоҳати он 5 бар 3. Дар як миз 3 талаба мешинад. Дар ин ҳолате, ки талаба ҷунбида наметавонад, аз куҷо хат ва ҳусни хат биомӯзад ва чи тавр китобу дафтарашро кушояд? Ҳоло бештар аз 500 талаба дарс мехонад. Баъд аз садҳо маротиба навиштану арзу дод кардан аз тарафи ҳукумат барои сохтани мактаби нав омаданд, диданду лоиҳа кашиданд. Бо ёрии мардум таҳкурсӣ рехтанд. Ин кор дар соли 2017 буд. Мебоист соли 2019 ба истифода дода мешуд, аммо то ҳол хобидаву гӯшти уштур хӯрдааст. Раҷабов Муслиҳиддин, ки ба намояндагӣ аз мардум арзу доди моро ба мақомот расонида буд, ба муҳоҷират рафт, баъди чанд моҳ баргашту омад. Дид, ки мактаб бино нашудааст. Рафт Кумитаи телвизион ва наворгирхоро даъват кард.
“Омаданд ба навор гирифтанд, танқид карданд, ки чаро аз байн як сол гузашт мактаб барои соли хониш тайёр нест? Баъди нашри навор дар шабакаи 1-уми телвизион дар соли 2019, директори мактаб Сафоева Хайриро ба кумитаи амнияти Ёвон даъват карда то соати 12 шаб истинтоқ кардаанд. Онҳо директорро таҳдид карда гуфтанд, ки чаро телевизион даъват кардед, моро напурсида. Баъди ин навор раиси ҷамоат Исо Муродов раисони маҳалларо иваз кард. Дигарбора телевизионро даъват карда ба навор гирифтаву таъриф карданд, ки сохтмони мактабро бо дастури Аскар Набизода, ҷонишини якуми раиси ноҳия оғоз карданд. Ин кор соли гузашта буд.”
Аз сари ҳар оила 100 сомонӣ ҷамъ карда 2 синфхонаро ниму нимкола обод карданд. Мо агар худамон пул диҳем ва мактаб обод кунем ,инҷо ҳукумат ва пешво ва маориф чи кораанд? Охир ин чи рӯзи сиёҳ аст,мо намедонем. Бил охира пули ҷамъоварда аз мардум ҳам тамом шуд ба бомпӯш нарасид. Баъзе аз мардум пул надоданд, гуфтанд бо ин мактаб безор кардед. Директори мактаб назди Аскар Набизода меравад ва мегӯяд, ки барои бомпӯш маблағ нарасид. Маблағе, ки аз фонди ҳукумат ҷудо мешавад бидиҳед то боми мактабро пушонем. Аммо Набизода мегӯяд ин маблағро суроғ ҳам накун барои мактаби нав аст. Ҳар сол чанд миқдор маблағ ҷудо мешудааст барои таъмир. Аммо аз падару модарҳо маблағ ҷамъ мекунанду он пулро худашон обу лой мекунанд. Вале то ҳозир мактабро насохтаанд, равед бинед агар бовар накунед.
“Ин шикоятҳоямонро бояд мо ба ҳукмат, прокуратура, коррупсия ва ВАО кунем, то дарди моро фаҳманд. Аммо инҷо ҳама коррупсионеранд ва ҷое барои шикоят кардан надорем ҷуз «Ислоҳ»,Аллоҳ шуморо барои расонидани доди мардуми мазлум ба мо ато кардааст.”
Як нафар бо номи Алишер дар Кумитаи заминсозӣ ё архитектура кор мекунад, дақиқ намедонам. Падараш дар Душанбе дар кадом мансаби баланд кор мекардааст. Ӯ ҳам зодаи деҳаи Чироғчии ҷамоати Ҳасан Ҳусейнов аст. Дар деҳаи Чашмасор замини (селсброс) ро ҳуҷҷат карда фурухт. Пурсида мешавад, ки ин кор дар куҷо иҷозат аст? Дар Точикистон коргарони амният, прокуратура, милиса куҷоро нигох мекунанд? Ёфтанд танҳо мардуми оддиро. Ҳоло рафеду тафтиш гузаронед дар деҳаи Чашмасор, тарафи насоси 4.Замине,ки дар барии роҳ аст, дар ин тарафи роҳ, дар ҷойи оғил як оила зиндагӣ мекунад. То ҳоло замини наздиҳавлигӣ надоанд, ки хона бисозад. 5 фарзанд дорад. Шавҳараш дар муҳоҷират аст. Кормандони ҳукумат шумо ба дарду доди мардум намерасед. Маоши мегирифтаи шумо ҳалол аст ё ҳаром?
Ва,ҳоло дар бораи Аскар Набизода:
Падарарӯси Аскар Набизода ҳоҷӣ Исматуллоҳ аз дунё гузашт. Ӯ соҳиби чандин гектар замини корами обӣ буд. Заминро хоҷагии деҳқонӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда вале чуноне мебинем 20то 30 ҷои хона ҷудо карда фурӯхт аз ин замини корами обӣ. Ҳоҷӣ Сафарбек Зокиров тағои Аскар Набизода аст. Ӯ ҳам замини обиро ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ ҳуҷҷат карда ва барои 30 нафар участкаи наздиҳавлигӣ ҷудо карда фурӯхтааст. Ин корро бо ёрии Аскар Набизода, ҷонишини якуми раиси ноҳияи Ёвон ва Исо муродов, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов анҷом доданд. Моҳи гузашта Аскар Набизода, муовини раиси ноҳияи Ёвон ва Хайриддин Саидмуродзода, раиси Идораи замини ноҳия пас аз санҷиши Додситонии вилояти Хатлон бо иттиҳоми «хилофкорӣ дар тақсими нодурусти қитъаи замин барои бунёди манзил» дастгир шуданд. Онҳо дар авали ноябр дастгир шуда буданд. Вале ба назар мерасад худро «хариданд» ва ё хариданианд. Чунки дар ҷаласаи ҳукумати ноҳия гуфтаанд, ки Аскар Набизода бинобар талаботи ҷойивазкунии кадрҳо (ротатсия) аз вазифаи муовини раиси ноҳия сабукдӯш шудааст. Хайриддин Саидмуродзодаро бошад дар рухсатӣ гуфтаанд. Дар ҳар сурат дар Ёвон имрӯзҳо овоза ин аст ки Аскар Набизода пули калон дода халос шудааст, пушти зӯр доштааст. Вале чанд вақт аст ки нопадид мебошад. Аммо мо бовар дорем,ки дар Тоҷикистон ҳарчи шуданаш мумкин аст. Хеле аз заминфурӯшҳо пул дода озод мешаванд ва ҳатто дар ҷойи кори пешинашон барқарор шуда боз кори худро идома медиҳанд. Ин аст “адолат” ва давлати “ҳуқуқбунёд” ва “демократӣ”
Вазъияти хело бади беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон
Дар ин беморхона инсоф тамоман вуҷуд надорад. Аз фаррош сар када то сардухтур дар фикри бемор нестанд, чашмашон ба дасту ба кисаи ӯст.
Ба наздикӣ кӯдаки 5 солаамро ҷарроҳӣ кардем. Кӯррӯда шуда буд. Барои як шаби беморхона 650 сомонӣ-150 сомонӣ шӯъбаи эҳё, -100 сомонӣ пули наркоз ва -400 –и дигар барои хирург.
Азбаски шароити зиндагиям вазнин буду чунин маблағро надоштам (воқеан ҳам надоштам) хостам ба сардухтур муроҷиат кунам. Шояд инсофу имон дорад ва ягон сабукие медиҳад. Аммо баракс шуд ва ба ҷои сӯхта намак пошид. ”Мисли ту имрӯзҳо чандин одамон меоянд, чи ман аз ҳамаи шумо қарздорам?” Ман гуфтам шумо қарздор нестед, барои кӯдаки ноболиғ табобат дар беморхона бояд бепул бошад. Ҳол он ки барои 1 шаб 650 сомонӣ талаб карда истодаанд. Шояд ягон гард арзон мекардед.
Гуфт ин пули давлат аст ва ба буҷаи давлат меравад. Метавонед дарро аз берун пӯшед. Дигар ноилоҷ қарз гирифта пули ин хунхорҳоро заҳри бадани фарзандонашон шавад, супоридам. Ҳар боре ба шӯъбаи беморхона медаромадам фаррош тамаь мекард, ки 1 сомонӣ супор барои бахил. Вақте барои қарзгирӣ мебаромадам боз гуфт, ки э,ту чи хел мардакӣ, барои як сомонӣ меғалтӣ, баъд гуфтамаш, ки ин бахилак бе пул аст. Калонҳоятон тамаъ мекунанд, бас нест? Ақалан шумо дар фикри мардуми камбағал бошед. Фаррош бо нигоҳи пуралам гуфт бародар мо ҳам маҷбурем. Ман пурсидам, ки чи туро маҷбур кардааст? Гуфт приказ аз боло аст. Гуфтам боло яъне – сардухтур? Ӯ ҳисоби кадоми шуморо меравад? Гуфт одаме, ки дурбинҳои беморхонаро назорат мекунад одами худи сардухтур аст. Вақте ки мо басти кориро қабул мекунем маҷбуран 50 дона бахилак медиҳанд, ки гузаронем ба мардум ва пул карда бидиҳемашон. Гуфтам агар мардум нагирад чи? Гуфт барои онҳо фарқаш нест. Пули бахилакро аз сари маош минус мекунанд. Боз афзуд, ки дар мо ҳоло ба хайр аст. Шӯъбаҳои сердарову баро бояд 100 донагӣ бахилакро пул карда супоранд. Ба Аллоҳ қасам духтурҳои инҷо як намуд беинсофу беимонанд, ки якхелаш бе пул ҳатто салом намекунанд. Як духтури ниҳоят баднафсаш бо номи Холиқов,ки мудири шӯъбаи таваллудхона аст ба Худо қасам барои пул шуда кӯдаки ҳамсинфи худашро кушт. Гуфтааст, ки 1000 сомонӣ супор. Мегӯяд, ки ин миқдор пул надорам арзонтар кун, инсоф ҳам даркор. Разбор мешавад. Мебоист саҳари он рӯз ҷавобаш медоданд.
“Аммо бегоҳ теревога мекунанд, ки маҳз тифли навзоди ҳамон одам вазнин шудаасту бояд ба шӯъбаи эҳё гузаронида шавад. Аммо модари кӯдак мегӯяд, ки ман 2 рӯз тифламро шир (сина) додам, кӯдак хуб буд. Аз рӯи нақли падари ин тифл маълум шуд, ки Холиқов ба хотири нагирифтани ҳамон 1000 сомонӣ “принсип” карда бо зарби сӯзандору, ки маълум нест чаро тазриқ кардааст, тифлро куштааст.”
Овозаи ин кор дар тамоми ноҳия паҳн шуд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам огоҳ шуданд. Чунки падари бечора номаи шикоятӣ навишт. Аммо сардухтур Холиқовро ҳимоя кард ва ҳоло ҳам Холиқов дар ҳамон вазифаи мудири шӯъбаи зоишгоҳ кор карда истодааст.
“Чанде пештар дар ҳамин беморхона як духутури УЗИ,ки Қосим ном дошт як келинчаки ҳомиларо дар утоқи кориаш таҷовуз карду делояш то суд рафт боз ҳамон сардухтур ҳимояташ кард. Ин духтур низ ҳоло ҳам кор карда истодааст. Вале он келинчакро шавҳараш бо кӯдаки дар қадаш буда талоқ дод.”
Сардухтури беморхона ба одамони наздикаш мегуфтааст шумо маро нафурӯшед,то рӯзе ман ҳастам ба пои ҳеҷ яки шумо хоре намехалад.
Як ҷарроҳи ботаҷриба буд дар ин беморхона бономи Алиев Диловар, ки бо номи ҳоҷӣ Диловар машҳур буд. Вай ба чунин тарзи кори сардухтур муқобилат кард ва сардухтур ҳам болои ӯ пайваста фишор овардан гирифт. Рӯирост мегуфт,ки бо хости дили ман кор мекунӣ, мисли дигар духтурҳо. Аммо ӯро виҷдонаш нагузошт. Ариза навишту аз кор рафт ва ҳоло дар Русия кору фаъолият мекунад ва маошаш дар Русия аз ду ҳазор доллар бештар будааст. Афсӯс, ки ҳоло ҳамин беморхонаҳо ҳам ба ҷойи ришваву фасод табдил шудааст.
Поёни бахши аввал,идома дорад….
Ps: Аз ноҳияи Ёвон шикоятҳои зиёде расида истодаанд ва мо бароятон қавл медиҳем,ки ҳар ноадолатиҳое мебинед онҳоро ба “Ислоҳ” фиристед,то нашрашон кунем. Пас аз нашри ин малаб интизор мемонем вазъи соҳаҳое дар боло зикрашон рафт беҳбуд меёбанд ва ё не? Агар дидем вазъият бе тағйир боқӣ монд ҷиноятҳои ин мақомдоронро бо шакли дигаре хоҳем расонаӣ кард. Ҷиноятҳои раиси Ёвон ва сармеъмори ноҳия дар “Ислоҳ” хело дайн шуда аст. Пас аз нашри ин матлаб ин ҷинояткорон сабукдуш нашаванд ва соҳаҳои номбурда ислоҳ нашаванд. Он вақт дигар ба ҳолашон на фақад Ёвониҳо, балке махлуқоти бе забон механданду расвои ҳама кишвар мешаванд. Мо гуфтему шумо шунидед!