Зиндагиномаи Абдуллоҳ ибни Зубайр (разияллоҳу анҳу)
(бахши аввал)
Ӯ Абдуллоҳ ибни Зубайр ибни Авом ибни Хувайлид ибни Асад ибни Абдулузо Қурайшии Асадӣ мебошад.
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) соҳиби насаби пок ва шарофатманду асилест. Падараш: Зубайр ибни Авом аз саҳобагони Паёмбар (с) ва яке аз даҳ нафарест, ки муждаи ҷаннат ба эшон дода шудааст. Ҳамроҳи Алӣ ибни Абитолиб (р) дар як сол таваллуд шуда, дар як сол исломро қабул карданд. Исломи эшон баъд аз исломи Абубакр (р) буд. Зубайр ду маротиб, ба Ҳабаша ва Мадина ҳиҷрат намуда, аввалин шахсест, ки дар роҳи Худо шамшер аз ғилоф баркашидааст. Ӯ дар набардҳои Паёмбар (с) ширкат варзида, дар барҳам додани ширк ва мушрикин саҳми бориз гузоштааст. Паёмбар (с) дар мавриди ӯ мефармояд: «Ҳар оина барои ҳар паёмбаре ҳаворӣ аст ва ҳавории ман Зубайр аст». Худи Зубайр (р) аз ин сухани Паёмбар (с) ифтихор дошт.
Модари ӯ соҳиби ду миёнбанд, Асмоа бинти Абубакр (р) аст. Ӯ қабл аз ҳиҷрат таваллуд шуда, нафари 18-ум дар қабули ислом ва мусалмон шудан аст ва он ҳангом 14 сол дошт. Муаррихин мегӯянд: Асмоа 27 сол қабл аз ҳиҷрати Расули Акрам (с) таваллуд шуда, дар омода намудани шароит барои ҳиҷрати Паёмбар (с) нақши муҳим бозида, ҳаёти худро дар хатар гузоштааст. Ӯ Паёмбар (с)-ро бо таъому шароб дар ғор таъмин менамуд. Чун ҳангоми хориҷ шудани Паёмбар
(с) ҳамроҳи Абубакр (р) аз ғор барояшон ғизо омода намуд ва миёнбанди худро ду пора карда, дар яке таъом, дар дигаре шароби он Ҳазрат (с)-ро бубаст, аз ҳамон ҷост, ки онро соҳиби “Нитоқайн” меноманд. Дар ривояти дигар як миёнбандро барои таъому шароби он Ҳазрат (с) истифода мекард ва дигареро барои худ мегузошт.
Бобои ӯ халифаи аввали Паёмбар (с) Абубакри Сиддиқ (р) буд, ки Паёмбар (с) гуфтааст: «Агар халиле барои худ ихтиёр мекардам ҳар оина Абубакрро халил мегирифтам». «Халил» охирин ва баландтарин дараҷаи дӯстиву рафоқат аст.
Бибияш Сафия бинти Абдулмутталиб аммаи Паёмбар (с) аз қадим исломро қабул карда, бо Расули Худо (с) байъат намуда, ба Мадина ҳиҷрат кард. Ӯ дар ғазваҳои Уҳуд ва Хандақ ширкат дошта, яке аз шоираҳои араб аст, чун мусалмонон рӯзи Уҳуд шикаст хурданд бо найзаи дасти хеш ба рӯи эшон мезаду мегуфт: «Ай Расули Худо (с) шикаст хурдед»…
Аммаи ӯ уммулмуъминин Хадиҷа бинти Хувайлид, зани некӯкорест, ки Паёмбар (с) ӯро беҳтарини занҳои ҷаннат ва олам хондааст.
Холаи ӯ Ҳумайро, ҳамсари Паёмбар (с) уммулмуъминин Оиша бинти Абубакри Сиддиқ аст, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Оё розӣ намешавед, ки ҳамсари ман дар ҷаннат бошад».
То чи андоза ин насаби тоҳир, асил ва асли он пок аст.
Ҷанини муҳоҷир.
Ҳангоме, ки Паёмбар (с) аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуд, Зубайр ва ҳамсари ӯ Асмоа бинти Абубакр (р) дар Макка буданд. Асмоа аз шавҳари худ Зубайр ҳомила буд ва тақдири илоҳӣ буда, ки ӯ бо ин ҷанини дар раҳм будааш ба Мадина ҳиҷрат намуд. Ҳиҷрати Асмоа ба Мадина дар охирин моҳи бордориаш сурат гирифт ва ин ҷанини муборак соҳиби шарафу каромате гардид, ки кас нагардида буд. Ин ҷанини муборак ғаму андӯҳ ширинию талхии ҳиҷратро ҳамроҳи модар худ кашид. Чун Асмоа ба «Қубо» расида буду нахлистонҳои Мадина намоён шуда буд, дарди зоймони аввалин тифли муҳоҷирин ба ӯ расид. Абдуллоҳ аввалин тифлест дар ҳиҷрати пуршарафи мусалмонон ба Мадинаи мунаввара.
Зоймон.
Вилодати Абдуллоҳ мисли вилодати дигар атфоли оддӣ набуд, балки вилодат ва пирӯзии мусалмонону ислом буд.
Ҳангоме, ки муҳоҷирон ба хоки поки Мадина қадам ниҳоданд яҳудиён ба ғаму андӯҳ мубтало гашта, пайи ангехтани фитнаву дасиса бар зидди мусалмонон шуданд.
Онҳо миёни мардум дар Мадина овоза паҳн карданд, ки коҳинонашон муҳоҷиронро сеҳр кардаанд ва онҳо дар Мадина соҳиби фарзанд намешаванд. Муҳоҷирин инро шунида, хеле ғамгин шуданд. Чун Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) таваллуд шуд дурӯғу бӯҳтони онҳо ошкор шуд мусалмонон хеле хушнуд шуданд ва ҳамдигарро таҳният гуфтанд. Пас вилодати Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) аввалин насре дар аввалин рӯйёрӯии мусалмонон бо душманон дар Мадина буд.
Ибни Зубайр (р) зарфест аз луоб ва хуни Паёмбар (с).
Абубарк (р) шитобон назди тифли навзод, набераи аввалинаш омад, то ӯро бо чашмони худ бинад ва бо дастони худ ламс намояд. Абубакр (р) ӯро бо ду дасти худ бардошта, ба гӯши росташ азону дар чашмаш иқомат хонд. Модари тифл бошад ӯро гирифта, назди Паёмбар (с) бурд. Асмоа мегӯяд: Баъд аз он ӯро назди Расулуллоҳ (с) бурда, дар бағалаш гузоштам ва он Ҳазрат (с) хурмоеро хоида ба даҳони тифлам гузоштанд ва аввалин чизе, ки ба даруни ӯ рафт ин луоби Паёмбар (с) буд.
Оишаи Сиддиқа (р) мегӯяд: баъд аз анҷоми ин кор Паёмбар (с) барояш дуо карда, ӯро Абдуллоҳ номид. Абдуллоҳ ба ин иктифо накарда, балки хост ҳамаи фазл барояш насиб гардад ва меъдаашро зарфе барои луоб ва хуни Паёмбар (с) гардонад.
Рӯзе Абдуллоҳ назди Расули Худо (с) даромад, дар ҳоле ки ӯ (с) ҳиҷомат (хунгирӣ) дошт ва чун фориғ шуд, фармуд: Эй Абдуллоҳ инро, яъне хунро ба ҷое бибар, ки касе набинад. Абдуллоҳ мегӯяд: Чун аз назди ӯ (с) хориҷ шудам онро нӯшидам ва пас баргаштам. Он Ҳазрат (с) фармуд: Чӣ кардӣ эй Абдуллоҳ? Абдуллоҳ гуфт: Ба ҷое онро гузоштам, ки гумон мекунам аз мардум пӯшидааст. Паёмбар (с) гуфт: Шояд онро нӯшидӣ? Абдуллоҳ гуфт: Бале
Паёмбар (с) гуфт: Барои чӣ?
Абдуллоҳ гуфт: Дӯст доштам, хуни Расули Худо (с) дар дарунам бошад ва шояд он қуввату шуҷоъату балоғате, ки Абдуллоҳ доро буд ба сабаби нӯшидани хун ва луоби он Ҳазрат (с) бошад.
Суханвар будан аз хурдсолӣ.
Ибни Зубайр (р) аз хурдсолӣ суханвару забондони шинохтае буд. Усмон ибни Талҳа (р) мегӯяд: Дар се чиз бо Ибни Зубайр (р) хусумат ва ситеза карда намешуд: На дар шуҷоъат, на дар ибодат ва на дар балоғат, яъне суханварӣ. Ӯ овози баланде дошт, ки акси садояш аз кӯҳҳо меомад. Чаро чунин набошад, касеро, ки луоби даҳони Паёмбар (с) ба даҳонаш гузошта шуда буд ва хуни бадани мубораки Расулуллоҳ (с) дар меъдааш расида буд. Рӯзе Ибни Зубайр (р) бо кӯдакони ҳамсинни худ дар кӯча бозӣ мекард ва ин ҳангом амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб (р) аз кӯча мегузашт, чун ҳайбат ва виқор дошт кӯдакон гурехта, пинҳон шуданд, аммо Абдуллоҳ ибни Зубайр аз ҷояш наҷунбид.
Умар (р) гуфт: Барои чӣ ҳамроҳи хурдсолон пинҳон нашудӣ?
Абдуллоҳ гуфт: Эй амиралмуъминин, ҷурме содир накардам, то аз шумо тарсам ва роҳ танг набуд, ки онро бароят фарох созам.
Умар (р) аз сухандонии ин хурдсол дар тааҷҷуб монд. Ибни Зубайр дар синни бузургӣ низ суханвар буд. Ҳангоме, ки Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисироҷ муждаи нусрат ёфтан бар қавми Барбар ва қатли шоҳи эшон ва гирифтани ғаниматҳоро ҳамроҳи Ибни Зубайр ва халифаи ислом Усмон ибни Аффон фиристод ва Ибни Зубайр, Усмон
(р)-ро огоҳ сохт, Усмон(р) ба ӯ гуфт: Ту метавонӣ муждаи фатҳро аз минбар ба мардум расонӣ?
Абдуллоҳ гуфт: Бале.
Абдуллоҳ болои минбар шуда, он фатҳу зафареро, ки насиби лашкари ислом шуда буд ба мардум расонид.
Худи ӯ мегӯяд: Чун фаҳмидам, ки падарам аз ҷумлаи ҳозирин дар миёни мардум аст ва аз суханронии ман хеле мутаассир гардидааст, мавриде, ки аз минбар поин шудам, гуфт: Эй фарзандам, савганд ба Худо ҳангоми шунидани хутбаи ту гумон кардам, ки хутбаи Абубакри Сиддиқ (р)-ро мешунидам. (Бор Илоҳо, барои фарзандони миллати мо низ, ки дӯстдору ҷонфидои ин бузургонанд, чунин фасоҳати волои суханварӣ ва шуҷоъату далерии Абдуллоҳворро насиб бигардон, ОМИН. М.С.)
Амири хурдсол.
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) аз хурдсолӣ иморату сарлашкарӣ, яъне амир ва сардор буданро дӯст медошт ва гуё муҳаббати он дар хунаш ҷо шуда буд. То ин ки ҷавони баркамоле шуду орзӯву омоли ӯ ҷомаи амал пӯшид. Рӯзе Ибни Зубайр (р) бо гурӯҳе аз хурдсолон бозӣ мекард. Марде омада, ба сӯи онҳо дод гуфт ва ҳамагӣ гурехтанд. Ибни Зубайр (р) бошад рӯ ба сӯи мард ба қафо мерафт. Ӯ ба ҳамсолони худ гуфт: Эй бачаҳо, маро амир таъин кунеду бар зидди ин кас ёрӣ диҳед ва чунин ҳам карданд.
Юсуф мегӯяд: Дуздеро назди Расулуллоҳ (с) оварданд эшон амр намуд, то ӯро ба қатл расонанд. Гуфтанд, ки дуздӣ кардааст. Он Ҳазрат (с) гуфтанд: Аъзояш бурида шавад.
Баъд аз он дар замони хилофати Абубакр (р) он мардро боз оварданд, ки аъзояш бурида шуда буд. Абубакр (р) гуфт: Чизе ҷуз амри Паёмбар (с) ба қатлат намебинам. Пас гурӯҳе аз бачаҳои муҳоҷиринро амр намуд, то ӯро ба қатл расонанд, ки ман низ миёни онҳо будам. Ибни Зубайр (р) гуфт: Маро бо худ амир гуморед.
Юсуф мегӯяд: Ӯро амир таъин намудем ва он дуздро дар «Бақеъ» бурда, ба қатл расонидем. Ҳангоме, ки Муовия хост хилофати Умавиёнро шакли дунявию меросӣ диҳад ва писараш Язидро меросбони худ таъин кунад, Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ҳизби пурқуввати Мадинаро сарварӣ кард ва дар ҷамъ намудани Мадина ва атрофи он пирӯз шуд.
Инчунин Абдулоҳ ибни Зубайр (р) ҳамроҳи Ҳусейн ибни Алӣ (р) ҳизби фарзандони муҳоҷиринро сарварӣ мекарданд. Ва Ибни Зубайр аз Ҳусейн ибни Алӣ (р) дида бештар ба иморат майл дошт. Ҳусейн (р) бошад баъд аз даст кашидани Ҳасан аз хилофат ба фоидаи Муовия ба канора гирифтан майл намуд.
Ибни Зубайр (р) ҳамеша бо чунин хислат боқӣ монд, то ин ки ба мақсади худ расид, ва халифаву амири мусалмонон интихоб гардид.
Ҷуръати Ибни Зубайр.
Ҷои тааҷҷуб нест, чун аз ҷуръату ҷасорат ва паҳлавонии Ибни Зубайр (р) шунавем. Ӯ писари кист? Писари Зубайр ибни Авом шахсест, ки дар кулли набардҳо дар саффи пеш меистод. Зубайр ибни Авом аввалин шахсест, ки шамшер дар роҳи ислом аз ғилоф баркашидааст.
Чун ин тифли навруста, Ибни Зубайр (р) ба воя расид ва аз ҳақиқати нубувват ва илми он огоҳ шуд парда аз рӯи ҷуръату шуҷоъати ӯ бардошта шуд. Рӯзе Паёмбар (с) дар ҳузури хурдсолон, аз ҷумла Абдуллоҳ ибни Ҷафъар, Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ва Умар ибни Абисалама сухан гуфт: Ба он Ҳазрат (с) гуфтанд: Эй Расули Худо (с) чӣ мешуд агар бо онҳо байъат кунед, то баракати шумо ба онҳо расад ва зикри эшон монад. Чун онҳоро назди Паёмбар (с) оварданд аз ҳайбати он Ҳазрат (с) пеш нарафтанд ва баргаштанд. Аммо Абдуллоҳ ибни Зубайр пеш рафт, пас Паёмбар (с) табассум карду гуфт: Ин писари падараш аст ва танҳо бо ӯ байъат намуд.
Ибни Зубайр дар хонадони нубувват.
Ибни Зубайр (р) аз замони вилодат, то ба воя расидан дар хонадони нубувват буд. Аввалин дасте, ки ӯро ламс кард дасти Расулуллоҳ (с) буд. Ӯ ҳамнишини Паёмбар (с) дар хонааш буд, биноан суханони он Ҳазрат (с)-ро шунида, роҳнамоиҳояшро аз наздик бо вазоҳат дидааст. Ӯ аҳодиси зиёде аз таъминоти Паёмбар (с) ривоят кардааст.
Шояд аввалин чизе, ки ба тарбияи Абдуллоҳ дар хонадони нубувват ёрӣ расонидааст ин вуҷуди холааш Оишаи Сиддиқа (р) буда.
Оиша (р) ӯро хеле зиёд дӯст медошт. То он ҳад, ки куняашро бо номи ӯ, яъне умми Абдуллоҳ монданд. Паёмбар (с) ӯро чунин куня гузошта буд, яъне ба номи писари апааш Абдуллоҳ ибни Зубайр (р).
Инчунин аз шиддати муҳаббати Оиша (р) лаҳзае ӯ аз Оиша (р) ҷудо намешуд, на дар ҳаёти Паёмбар (с) ва на баъд аз он. Аз бартарин нишонаҳои дӯстдории Оиша (р) нисбат ба Абдуллоҳ ин буд, ки чун хабари зинда мондани ӯро шунид саҷдаи шукр ба Худо карду даҳ ҳазор дирҳам ба муждадиҳанда дод.
Ибодат ва парҳезкорӣ.
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) шахси обиду зоҳид ва пойбанд ба Қуръону суннат буд. Ва дар ибодату парҳезкорӣ назир надошт. Ӯро кабутари масҷид мегуфтанд.
Модараш мегӯяд: Ба хонаи Абдуллоҳ дохил шудам дар ҳоле, ки ӯ намоз мехонд. Пас море аз сақфи хона ба поён афтида, дар шиками писараш, ки хоб буд печид. Аҳли байт ҳама доду фиғон бардоштанд. Мор, мор, то ин ки онро куштанд ва Абдуллоҳ бошад ба намози худ идома додан гирифт ва илтифоте накард ва саросема ҳам нашуд. Чун аз намоз фориғ шуд, гуфт: Ба шумо чӣ шуд?
Ҳамсараш гуфт: То кадом андоза нисбати писарат беэътиборӣ?
Абдуллоҳ гуфт: Вой бар ту! Як нигоҳ ва бе таваҷҷӯҳӣ намози маро фосид мекард. То ин дараҷа аз хушуъ хузуъ расида буданд. Ибни Динор гуфтааст: Касеро ҷуз Абдуллоҳ ибни Зубайр надидам, ки намозашро некӯ гузорад. Ӯ дар намоз мисли шохи дарахтест, ки бод
ба он мевазад. Муҷоҳид гуфта: Ибни Зубайр (р) чун ба намоз меистод аз фурӯтанӣ мисли чуб буд.
Умар ибни Абдулазиз рӯзе ба Ибни Абимолика гуфт: Абдуллоҳ ибни Зубайр (р)-ро ба мо васф кун. Ибни Абимолика гуфт: Савганд ба Худо касе мисли ӯ набуд. Чун ба намоз дохил мешуд аз ҳама чиз фориғ мешуд. Чун ба рукуъ ё суҷуд мерафт гунҷишкакон дар пушту китфи ӯ менишастанд, аз тӯлии рукуъува суҷудаш ӯро деворе мепиндоштанд.
Ибни Аббос, ки яке аз наздикони ӯ буд мегӯяд: Ӯ ҳофизи китоби Худо буду пайрави Паёмбар (с). Аз тарси Худо рӯзҳои гарми тобистон рӯза мегирифт. Умар ибни Қайс мегӯяд: Чун дар кори дунёии Ибни Зубайр (р) менигарӣ ба худ мегӯӣ: шахсест, ки заррае иродаи Худоро надорад ва чун дар амри охираташ ба ӯ менигарӣ мегӯӣ, ки ин мардест, ки заррае иродаи дунёро надорад.
Ҷиҳод ва мардонагии ӯ.
Ибни Зубайр (р) дар ҳақиқат аз хурдсолӣ шуҷоъу ҷавонмард ва паҳлавони шинохта шуда буд. Ҳишом ибни Урва мегӯяд: Аввалин чизе, ки амакам, Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ба забон овард ва онро такрор мекард ин лафзи шамшер буд. Ва чун падараш инро аз ӯ мешунид мегуфт: Савганд ба Худо ту бо он рӯзҳое хоҳад доштӣ, (яъне бо он ҷанг мекунӣ). Шуҷоъат ва мардонагӣ яке аз се хислате буд, ки касе ба Ибни Зубайр (р) дар он чира намегардид. Чаро чунин набошад дар ҳоле, ки аввалин чизе, ки дар дохили ӯ рафт луоби Паёмбар (с) буд ва хуни ӯ (с) дар рагҳои ӯ ҷорист. Ибни Зубайр (р) аз хурдӣ дар маъракаҳои ҷангӣ бидуни тарсу ҳарос ширкат мекард ва дар сафи пеш ҳам меистод.
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) мегӯяд: Дар ҷанги «Хандақ» ҳамроҳи занону кӯдакон дар қалъа бо Умар ибни Абисалама будам. Дар пушти ӯ баромада, аз равзана муҷоҳидонро назора мекардам. Дар миёни эшон падарам низ буд. Ва чун бегоҳӣ ба қалъа баргашт ӯро аз мушоҳидаҳои худ хабар кардам, ӯ хушҳол шуд.
Абдуллоҳ ибни Зубайр дар сини сездаҳсолагӣ дар ҷанги «Ярмук» ширкат кард. Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) мегӯяд: Соле, ки ҷанги «Ярмук» ба вуқуъ пайваст ҳамроҳи падарам будам. Чун мусалмонон омодагии набардро гирифтанд Ибни Зубайр (р) либос ва олоти ҷангии худро ба бар карда, болои аспаш нишаста, ба ҳамроҳонаш гуфт: Абдуллоҳро ҳамроҳатон нигоҳ доред, ки ӯ ҳанӯз хурдсол аст. Абдуллоҳ ибни Зубайр дар фатҳи Африқо, Андалус ва Қустантиния ширкат намуда, фидокорӣ ва маҳоратҳои хубе нишон дод, дар ҳоле ки ҳанӯз ба сини бисту ҳафт солагӣ нарасида буд.
Дар фатҳи билоди Африқо дар маъракаи «Субайтила» Абдуллоҳ ибни Зубайр бо бист ҳазор муҷоҳид дар муқобили лашкари яксаду бист ҳазор нафара ширкат мекунад. Чун задухурд миёни ду тараф шадид мегардад ва бартарии лашкари куфр ва заъфи муҷоҳиддин ба чашм мерасад, Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) бо чашми ақлу тадбир нагариста, дармеёбад, ки сирри қуввати лашкари Барбарҳо дар вуҷуди шоҳи онҳост, ки болои аспи худ нишаста, ду канизак аз ду тараф бо
пари товус ӯро шамол медиҳанд ва ӯ лашкариёнашро барои мубориза то дами марг ташвиқ мекунад.
Инро ҳис намуда, Ибни Зубайр (р) мегӯяд, назди Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисарҳ рафта, талаб намудам, ки ҷамоъате аз ҷанговарони шуҷоъро бо ман фиристад, то ақибгоҳи моро муҳофизат кунанд ва ман қасди ҷони шоҳи Барбарро мекунам.
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) мегӯяд: Баъд аз ин ки ҳамаи сафҳоро ба сӯи шоҳи Барбар рахна кардам муҳофизони шоҳ гумон карданд, ки ман нома ба шоҳ мебарам. Чун ба шоҳ наздик шудам эҳсоси хавф кард ва бо аспаш фирор намуд. Ман ӯро дунбола намуда, бо найзаам зада, афтондам, баъдан бо шамшер ба ӯ ҳамла намудам ва сарашро бурида, аз тан ҷудо намудам ва бар найзаи худ Аллоҳу акбаргуён боло бардоштам. Ин ҳолатро дида, лашкари Барбарҳо пароканда шуда, рӯ ба фирор оварданд. Мусалмонон бошанд онҳоро дунбола карда, мекуштанд ва асир мегирифтанд ва ғаниматҳои зиёде ба даст меоварданд.
Қуввати ақлу андеша.
Ибни Зубайр (р) бо мафкураи васеъ фаҳми амиқ ва мулоҳизаи дақиқ ба воя расид. Ширкати ӯ дар набардҳо маҳорати ҷангӣ ва тавоноии ӯро дар идораи маъракаҳои қитол исбот намуд. Шояд аз боризтарини ин гуфтаҳо пешниҳоди Ибни Зубайр (р) оид ба тағйири нақшаи ҷангӣ дар фатҳи Африқо бошад.
Чун Усмон ибни Аффон (р) ба хилофат расид Амр ибни Осро аз вазифа сабукдӯш кард ва Абдуллоҳ ибни Саъдро ба ҷои ӯ гузошт. Ин дар соли 27-ҳиҷрӣ буд. Абдуллоҳ ибни Саъд ба хотири идомаи футӯҳот дар билоди Африқо аз Усмон (р) иҷоза пурсид ва халифа низ баъд аз машварат бо бузургони Саҳоба ба ӯ иҷоза дод.
Усмон (р) ба Абдуллоҳ ибни Саъд лашкареро бо роҳбарии бузургони саҳоба фиристод, аммо дере нагузашта, хабари ин лашкар аз халифа қатъ гардид. Усмон (р) ба хотири барқарорсозии ахбори ин лашкар Абдуллоҳ ибни Зубайр (р)-ро бо ҷамоъате аз мусалмонон равон намуд. Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ҷараёни рафтуомади ахбарро миёни маркази хилофат ва урдугоҳи мусалмонон барқарор сохта, аз сиёсати пешгирифтаи Абдуллоҳ ибни Саъд дар рӯёрӯй бо душман изҳори норозигӣ кард, зеро ӯ аз субҳ то зуҳр бо душман меҷангид ва баъд аз он ҳарду тараф ба истироҳат мепардохтанд. Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ин нақшаро танқид намуда, пешниҳод намуд, то ба душман фурсати истироҳат надиҳанд. Бад-ин хотир бояд лашкарро ба ду қисм ҷудо намуда, қисми аввал аз субҳ то зуҳр бояд бо душман биҷангад ва қисми дуввум дар ҳоле, ки душман ба истироҳат пардохт бояд ба шакли ногаҳонӣ ба онҳо ҳамла намояд. Ибни Саъд аз ин пешниҳоди Ибни Зубайр хеле шод гардид, ва чун тибқи он амал намуданд душманонро шикаст доданд. Худи Ибни Зубайр (р) шоҳи онҳоро кушта, хабари насрро ба Мадина овард.
Ибни Зубайр ва Зин-нурайн.
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) беҳтарин намунаи шуҷоъат ва мардонагиро аз худ дар дифоъ намудан аз халифаи мазлум Усмон (р) нишон дод. Чун низоми АМН дар Мадинаи Мунаввара барҳам хурд, мардум аз хонаҳояшон берун намешуданд, ба ҷуз касе, ки дар даст силоҳ дошт. Баъзе аз фарзандони саҳоба мисли Абдуллоҳ ибни Зубайр (р), Ибни Аббос (р), Ибни Умар (р), Ҳасан, Ҳусейн (р) ва Муҳаммад ибни Талҳа (р) назди Усмон (р) дохил шуданд. Усмон (р) аз эшон қотеъона талаб намуд, то даст ба куштору хунрезӣ назананд. Чун инқилобгарон хостанд ба ҳавлии Усмон (р) дохил шаванд фарзандони саҳобагон монеъи онҳо шуданд. Инро дида, онҳо дарвозаро оташ зада, дохил шуданд. Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) он рӯз аз мудофеъини ашаддии Усмон (р) буд, ки дар натиҷаи муқовимат чандин захм бардошт ва охирин нафар буд, ки аз ҳавлии Усмон (р) хориҷ шуд.
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ба табобати ҷароҳатҳои худ машғул гардид ва ҳамеша аз он фахр мекард, ки дар дифоъ намудан аз Усмон (р) ҷароҳат бардоштааст. Ӯ баъдҳо даст ба он ҷароҳатҳо гузошта, умед мекард, ки он аз беҳтарин аъмолаш бошад. Ӯ ҳамеша нисбати Усмон (р) вафодор боқӣ монд ва аз ӯ тамҷид мекард, агарчӣ аз қабилаи эшон набуд.
Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Муовия ибни Абусуфён (разияллоҳу анҳум).
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) дар Макка як замини зироатие дошт дар ҳоле, ки Макка ва Мадина зери итоати Ибни Зубайр (р) ҳам буд. Поёни хилофати Муовия ибни Абусуфён буд. Ин замини зироатии
Ибни Зубайр (р) бо замини зироатии Муовия ба ҳам часпида буданд. Кормандони замини зироатии Муовия ба замини зироатии Ибни Зубайр гоҳ гоҳе дохил мешуданд. Ин масъала Ибни Зубайр (р)-ро ором намегузорад ва ба Муовия нома менависад.
Аз Абдуллоҳ ибни Зубайр писари зотинитоқайн ва писари ҳавории Расули Акрам (с) ба Муовия писари Ҳинди ҷигархора. Кормандони замини зироатии ту ба замини ман дохил мегарданд, агар кормандонатро аз ин амалашон боз надорӣ миёни ману ту ҳатман муноқишае сурат хоҳад гирифт, вассалом.
Ҳангоме, ки ин нома ба дасти Муовия ибни Абусуфён ба Шом расид номаро хонд ва чунин посух навишт.
Аз Муовияи писари Ҳинди ҷигархора ба Абдуллоҳ ибни Зубайр писари зотинитоқайн ва писари ҳавории Расули Акрам (с). Агар дунё аз ман мебуд ва ту мепурсидӣ ҳаройна онро бароят медодам. Ҳангоме, ки ин нома ба дастат расид замини зироатии маро ба замини зироатии худ изофа кун ва кормандони он заминро ба кормандони худат изофа кун. Агар замини зироатии ман аз Димишқ то Макка мебуд ҳаройна ба ту онро мебахшидам. Ҳар ойина ҷаннати Аллоҳ бузургияш мисли осмонҳо ва замин аст, вассалом.”
Ҳангоме, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ин номаро хонд дар ҳол ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашт ва амр намуд, то саворае барояш оваранд. Дар ҳол савор гашт ва ба суйи Шом раҳсипор шуд. Ҳангоме, ки назди Муовия расид сари ӯро бӯсид ва чунин гуфт: Аллоҳ бароят ақлу заковати волоеро ато карда ва ҳеҷ кӯтоҳие ҳам накардаӣ.
Ин номанигории миёни Ибни Зубайр (р) ва Муовияро барои он овардам, то бубинед чи муносибате бо ҳам доштанд. Дар ҳоле Ибни Зубайр (р) дар Макка ҳаст ва бидуни навиштан метавонист он заминро ғасб намояд ва соҳиби он шавад. Вале чунин кореро ҳаргиз дар ҳаққи ҳалоли якдигар намекарданд. Рафтани Ибни Зубайр (р) ба сарзамини Шом, ки дар асл бо якдигар мухолиф ҳастанд дар сари ҳукм, вале озодона ба мақарру маконаш мерафт ва боз бармегашт. Ин ҷои тааҷҷуб аст. Акнун ҳоли имрӯзро ба он замон қиёс кунед, ба хубӣ мақсади баёни ин номанигории миёни ин дуро мефаҳмед.
Идома дорад