Зодрӯзат номуборак бошад Эмомалӣ Раҳмонов!!!!

Ислоҳ нет

5 октябри соли 1952 дар Тоҷикистон ҳаво сиёҳу боронӣ буд. Борони сахт, борони шадид, меборид. Дар ҳамин рӯзи абриву боронӣ дар оилаи холаи Марямбӣ дар Данғара тифле ба дунё омад, ки баъдтар, замоне, ки чиҳил сол дошт, Тоҷикистонро ба селоби  хун кашонд. Имрӯз, ки ба 69 даромадааст, 29 сол мешавад ҳамоно осоишу оромишро аз Тоҷикистон гирифтааст ва ҳамоно мардумро дар ғам нишонидааст….Ончизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён надорад.

Аммо Шуморо намедонам, вале ба ростӣ ҳар вақте номи Эмомалӣ Раҳмоновро мегиранду раиси ҷумҳуриву Асосгузору Пешвову боз кадом унвону рутбаҳое медиҳандаш пеши назари ман ғарами караму картошкаву пиёзу сабзиву шалғаму турбу лубиёву кадуву наску нахӯду бодирингу помидору боқило, меояду себу шафтолуву анору ангуру ноку олуву тарбузу ҳандалаву харбуза  пайдо мешаванд.

Ҳамин имрӯзҳо ҳам, ки ба сафари Ҳамадониву Восеъу дигар навоҳии ҷануби кишвар баромадааст, боз ҳам ҳамин ғарам, ғарам ҳамин маҳсулоти кишварзӣ. Гӯиё раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ярмаркаҳо инъикосу  ҷамъбаст мешавад.

Дар Дарвоз рафту  пешопеши вай  ярмаркаи асал ташкил карданду “шири занбур” тақдимаш карданд.Бигзарем аз онки нархи як килои он 80-90 сомонисту бар фарзи мисол як муаллими мактаб имконияти хариди онро надорад. Аммо войи ҳоли як асалпарвари фалғариву  як асалпарвари масчоиву исфарагӣ ва ё ҳамин тавр ҳисориву дигару дигар,ки барои ин ярмаркаи тамоман бефоидаи барои Раҳмонов ташкилшуда 1000-ҳо сомонӣ масраф кардаву мошин заказ карда асал мебарад.

  “Тибқи хабарҳои ба мо расида 5 октябр,яъне имрӯз, Раҳмонов ба шаҳри Кулоб меравад. Рӯзи таваллудашро онҷо ҷашн мегирад. Ба шаҳре меравад, ки бо омаданаш ба қудрат мақоми маркази вилоятро аз даст дод  ва ҳоло қарор аст Данғара-зодгоҳи Раҳмонов ҷойи Кӯлоби бостонӣ маркази вилоят бишавад.”

Барои онки ҷашни таваллуди Раҳмоновро дар ин шаҳр бисёр ҳам бодабдаба ва мутантан таҷлил кунанд, танҳо барои хариди гулҳо дар ин маросим 500.000 сомонӣ аз Тошканду Алмаато гулҳои тару тоза харидаанд. Ин кам буд, ки боз ба тамоми намозгузорони масҷидҳои минтақаи Кулоб (навоҳии вилояти собиқи Кулоб) 10 сомонӣ бор бастаанд: Барои таваллуди “Пешвои миллат”. Кормандони мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии минтақаи Кӯлоб бошанд  муваззаф шудаанд,ки 300 сомонӣ барои рӯзи таваллуди Раҳмонов ба ҳисоби ин рӯзи таваллуд пул супоранд.

Ҳоло, ки меравад, дигар дар дасташ қайчӣ нест. Аз лавҳаи рамзӣ  пардабардорӣ мекунад. Як амбулатория ва ё як туалет ва ё як дӯконро «мекушояд» боз аз пули дигар кас сохта шуда ва баъзан маҷбуран онро сохтаанд,то ӯ  бандаки жалюзро кашад ва воҳима сар мешавад: «Мо,аз Шумо розием Пешвои миллат, ҷавобан ба ин ғамхориҳои шумо фалону беҳмадон корҳоро анҷом медиҳем». Дар ҳоле,ки ин туалет аз пули як бизнесмен сохта шудаасту ба Раҳмонов аслан рабте надорад. Чуноне дар Бадахшон онро шоҳид будем.

Ва, боз вақте номи Раҳмоновро мегиранд пеши назари ман манзараи аз вертолёт пойин шудани вай пайдо мешавад. Дар зери пояш фарш меандозанд ва меояду аз дар баробари занону духтарони арғуштӣ ва доираву тавлак навоз чухт меистад, ва сипас «аҳсан….аҳсан…аҳсан» мегӯяду меояд ба растаҳои омодакардаи нонҳои гуногун: «чаппотии бамаза, оби хунук дорӣ?, гирдачаям будаст. Аҳсан…аҳсан». Ва боз дар мусобиқаи «паҳлавони сари деги ош» ҳакамӣ мекунаду ба ҷуъулбақар-пурхӯртарин палавхӯр ташаккур мекунаду ҷоиза медиҳад, табақи оши палавро дар даст мегиради селфӣ мекунад ва  «аҳсан….аҳсан»  мегӯяд.

 “Аз инҷо берун мешаваду меравад ба  растаи тавақу чумчаву кадом чизҳои дигар ва боз меравад ба қатори оҳангарҳо…. «аҳсан…аҳсан». Хилъати сафед мепушаду ба фермаи нави гов медарояд, руяш мешукуфад ба алафхурии говҳо нигоҳ карда  ва боз меравад  даруни гармхона, меравад, боғи ангур, меравад корхона мекушояд, меравад санги асос мегузорад, «аҳсан,…..аҳсан».

Сипас меравад дар ҷамъомади активу фаъолҳо гап мезанад, суханронӣ мекунад. «Мо, ин корро кардем, ки дар давраи шӯравӣ намекарданд, мо он корро кардем, ки дар замони шӯравӣ мегуфтанд, ки намешавад». Гӯиё ин ҳамаро бо пули бюҷет карда бошад. Намегӯяд ин ҳама бо пули қарзи хориҷст ва намегӯяд, ки ҳоло ҳар як сокини Тоҷикистони 9 униммиллионӣ 400 доллар бар сараш қарз бор шудааст.

  “Ҳамин 20 соли ахир аст ки кори Раҳмонов ҳамин аст. Раҳмонов фақат сафари корӣ меравад. Сафари корӣ ба ноҳияҳо ва дар ноҳияҳо ҳамин тавр ӯро истиқбол мекунанду гусел. Кори як раиси ҷумҳурӣ ҳамин будааст. Ҳамин аст ҳама буду шуд ва  симои Раҳмонов. “

Аммо дар сафари ахираш дар Лахш як гапи аҷиб зад: «Ба корҳои худатон машғул шавед, масҷидрафта озодона намоз хонед, рӯза гиред ба кори давлат дахолат накунед, назди қонунда ҷавоб метен, зиндон мешавед!»

Аҷаб, магар давлат дигар танҳо моли ӯ шудааст? Чаро мардум ба кори давлат дахолат намекардааст? Давлатро халқ интихобу таъину ифода намекунад? Дар воқеъ давлат дигар хусусӣ шуд? Ҳоло, ки Рустаму Озодаву  Рухшонаву Бег Сабуру Ҷамолиддин Нуралиевро овардӣ, тамоми ҳамшаҳриҳои ҳатто даҳмардаву подабонатро овардиву вазифаву мансаб додӣ, басат нест?

  «Аҳсан, аҳсан, шукрона кунед, шукрона кунед, аҳсан, аҳсан! Вазири маориф ҳамиҷадаяй, ин духтаркро вай кунед..донишгоҳи тиббӣ,…хобгоҳ… стипендия ….аҳсан …аҳсан…як ҷаҳон ташаккур».

Ин қадар мефорадаш, ки ӯро таърифу тавсиф кунанд. Барои он зани дарвозӣ,ки кам монда буд Раҳмоновро мачак ҳам кунад ду гов подарка кардааст. Аммо вақте аз асли ин чоплусӣ ва маддоҳи огоҳ шудем. Амният ин Фотимаи пиразанро таҳдид карда будааст,ки агар “пешво”ро хурсанд намекуни дар хушамадгӯйи дигар доруфурӯшӣ намекунӣ ва праблемаат мекунем. Ин аст ончи пушти парда,вале дар пеши парда комилан шакл ва ранги дигар.Ин хок пошидан ба чашми мардум аст,на чизи дигаре.

Ин ҳама манзараҳои такрор ба такрор, ки нишон медиҳанду нишон медиҳанд, барои шумо дилбазану  дилбеҳузуркунанда нашудааст? Безор нашудед? Дар телевизион ҳамон афту ҳамон сару кала, дар радиову дар газета, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳамон, дар утоқи корӣ, дар беморхона, дар қаровулхона. Бовар кунед дар бади ҳама задааст. Албатта, ки ман аз афту андому  сохту рехту сару сурати вай безорам. Афту андому  сохту рехту сару сурате,ки барои тамоми мардуми Тоҷикистон, ба истиснои чанд чоплуси тардомане, чанд пуштлеси хушомадгӯе, чанд сарқутхӯри занмизоҷе, ҳамранги худаш кайҳо  барои ҳама ғашовар шудааст.

  “Барои ман ҳамин тамаллуқкорони хушомадгӯ, ки ин ҳамаро мебинанду боз ҳам мадҳия месароянд мақола менависанду мегӯянд давлатро ниҳодина кардааст аҷиб менамояд. Вай дуздиро, дурӯғгӯиро, порахӯриро дар давлат ниҳодина кардааст. Вай рисолат  ва низоми давлатро хароб кардааст.”

Солҳои пеш ҳам  ин рӯзро барои  миллат ва давлату мардуми Тоҷикистон таслият гуфта будам ва ҳоло бо фаро расидани он боз ҳам ба Раҳмонов лаънату нафрин мефиристам.

  “Ҳоло, агар Раҳмонов гӯи пеши назарат чӣ меояд? Аз рӯи худо, эй ҳамватан чи чизро мебинӣ? Аз сидқи дил мегӯям, ки дигар ҳар гоҳ Раҳмонов, ки гуфтед ҳамин манзараҳои гуфтаам, ғарам- ғарам картошкаву кадуву… дигару дигараш  пеши чашмам пайдо мешаванд. Раҳмонов табдил ба маҳсулот шудааст.”

Намедонам, имомхатибҳои масҷидҳои Кулоб чи қадар барои рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмонов пул ҷамъ кардаанд, аммо як нафарашон гуфт, ки ҳамагӣ дуо карда истодаанд, ки охирин зодрӯзаш бошад. Мо, ҳам аз Худо мехоҳем, ки ин охирин зодрӯзи Раҳмонов бошад. Ва мегӯем,ки зодрӯзат номуборак бошад эй бадбахткунандаи миллат ва мардуми Тоҷикистон!

Share This Article