Зулми “Даҳмардараис” дар Лахш, Лахшиёнро ҷонибдори “ПМТ” карда истодааст

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

 Мо, ҷавонони ноҳияи Лахш аз рафтору кирдори раиси ноҳия Баротзода  Файзулло Раҷаб бисёр ҳам норозӣ ҳастем. Ин раис як роҳбари бисёр ҳам бесавод ва аз тарафи дигар дузди гузаро аст. Ҳама ӯро бо лақаби Даҳмарда мешиносанд. На танҳо мардуми одӣ ҳатто ҷойнишинҳои худаш ва кормандони ҳукумат низ ӯро бо ин лақаб ном мебаранд. Мо ҳайронем, ки чи гуна ӯро бо ин саводу бо ин сатҳи пасти фаҳмиш роҳбари як ноҳия мондаанд. Ӯ лаёқати посбонии як садикро надорад. Вай дар ҳақиқат сазовори подабонӣ ва чупонӣ асту халос. Аммо имрӯз як имзои вай аз 6 то 10 ҳазор сомонӣ нарх дорад. Тамоми заминҳои ноҳияро ғасб ва шахсӣ кардааст. Мардуми бечораро бурда дар ин заминҳои шахсии худ мисли ғулом кор мефармояд.

“Ба Худо қасам донишҷӯён ва талабагони мактабҳоро аз баҳор то тирамоҳ бемузд кор мефармояд. Тоҷирон, деҳқонон, муллоҳо, духтурон ва муаллимон аз дасти ин Даҳмарда ба дод омадаанд. Ҳар як табақаашро «доля» мебандад.”

Ба таври мисол дар Наврӯзии соли порина, дар мусобиқи гуштигирӣ як паҳлавони ҳақиқӣ ва номдорро танҳо барои онки як риши кутоҳ дошт аз майдон бадарға кард. Таҳдид кард, ки бареду ришашро тарошед. Ва, ӯро водор намуд, ки бо паҳлавони аз худаш калон гӯштӣ бигирад. Новобаста аз хурдсолӣ ва вазни камтар доштан ӯ он паҳлавонро мағлуб мекунад. Аммо баъди хатми мусобиқа ин паҳлавонро ба Идораи амният бурда зери латту кӯб қарор дода ришашро метарошонад. Бо ин қонеъ намешавад ва тамоми ҷоизаҳое, ки бо меҳнат ва арақи ҷабин аз гӯштӣ гирифта буд, кашида мегирад. Роҳбар бояд бо инсоф бошад, аз руйи қонун кор кунад. Аммо Даҳмарда ягон қонунро писанд намекунад ва бо майлу хости худаш кор мекунад.

“Ҳар ҳафта муллоҳоро даъват ва маҷлис гузаронида онҳоро таҳқир ва дашном мекунад. Аз онҳо талаб менамояд, ки ҳар як намози ҷумъа аз ҳар масҷиди ҷомеъ 500 сомонӣ оварда супоранд. Агар кадом имомхатибе супоришро иҷро карда натавонист, таҳдид мекунад, ки масҷидатро баста мекунам. Метарсонад, ки масҷидро табдил ба спортзал ё садик мекунад. Муллоҳо маҷбур ҳастанд, ки пули гуфтаи ӯро аз халқ ҷамъовари карда оварда бо ду дасти адаб супоранд. Коре карда истодааст, ки намозгузоронро аз масҷид рафтан дилозурда кунад. Имомҳо рӯи рост дар намозҳои ҷумъа мегӯянд бесум масҷид набиёед. Халқи бечора аз куҷо меёбад, нони хӯрданӣ надорад. Ҳатто ҳамин тоату ибодати халқро пулакӣ карда истодааст.”

Ноҳияи Лахш аз ҳама минтақаи хунуктарини кишвар баъд аз ВМКБ ба ҳисоб меравад. Замистон, ки шуд лимити барқ сар мешавад. Аслан барои мо свет  дар замистон он қадар лозим нест. Мардуми ин ноҳия аз моҳи октябр дар хонаҳои худ печка мемонанд. Ҳама чиз дар печка омода карда мешавад, аз ҷумла ғизо.Свет –неруи барқ барои китоб хондан, телефон заряд мондан бошад халос. Аммо ин касифҳо ҳар сол чор моҳи замистонро худашон нархгузорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки мо ба ҳисобкунаки барқӣ нигоҳ намекунем. Ҳар моҳ 110 сомонӣ месупоред!!! Ҳол онки шояд дар ҳисобкунак 15 сомонӣ ҳам нишон надиҳад. Бори дигар мегӯем, ки дар мо сардӣ сахт аст ва мо маҷбурем, ки ҳезум ва ангишти зиёд захира намоем. Бо бухории электрикӣ намешавад. Аммо ҳар сол корашон ҳамин аст.

Майлаш гиранд ҳамин суми гуфтаашонро. Аз сарашон монад, вале лимити барқ ҷорӣ накунанд.8-10 соат дар шабонарӯз барқ медиҳанду халос. Касоне, ки аз рӯйи ҳисобкунак мехоҳанд пардохт кунанд, симҳои барқи хонаи онҳоро мебуранд ва аз свет маҳрумашон мекунанд. Вақте ки халқ пурсон мекунад, ки ин қадар сум барои чӣ? Мегӯянд ноҳия қарздор аст ва боз тӯҳмат мезананд, ки шумо аз ҳад зиёд светро истифода мебаред ва ноҳияро қарздор кардаед.

“Аммо баъди чандин сол маълум шуд, ки кӣ ноҳияро аз Идораи барқ қарздор кардааст, он ҳам ба воситаи барномаи шумо маълум шуд. Вақте дар яке аз барномаҳои «Ислоҳ» аз дуздӣ ва ғоратгариҳои Макрегор гуфтед, рӯшан шуд, ки ноҳияро халқ неву Макгрегор қарздор кардааст. Аммо беҳаёиву бешармиашро бинед, ки аз халқ мегираду боз таҳдид мекунад, ки шумо зиёд исрофкорӣ мекунед.”

Инҷо дар бораи Парвиз ва Хуҷаев Алишер, раиси хоҷагии деҳқонии деҳаи Пилдон чанд ҷумла гуфтанием. Ин ду нафар ҳама корро якҷоя анҷом медиҳанд, Аз дуздӣ бигир то ҳатто зино. Ягон духтар ва ё муаллимаи хушрӯе дар Коллеҷи ноҳия намонд, ки ҳамхоба нашуда бошанд. Як нафар аз ин духтарони хушрӯ Манижа ном дошт ва ҳатто мегӯянд, ки касалии СПИД аст. Бо ин духтар ҳам Парвиз, ҳам Алишер Хӯҷаев ва ҳам худи Даҳмарда ҳамхоба шудагианд. Боз якҷои духтаршикорашон беморхонаи ноҳия  ва медсестраҳои он аст. Даҳмарда-раиси ноҳия ва хобу хези вай бо Ҳусейнова Наргис, мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияро тамоми сокинон бохабаранд.

Хуҷаев Алишер аз оғози раиси хоҷагии деҳқонӣ шудан ба фурухтани заминҳои Пилдони миёна сар кард. Соли 2015 вақте муовини раис буд ба тақсими участкаи наздиҳавлигӣ сар кард. Пеш аз тақсимоти замин аз ҳамаи харидорон пули 15 сотихиро мегирад. Вале дар вақти тақсимот 4-5 сотихӣ дод. Ба ҷойи 20 хонавода 60 хонаводаро ҷой кард ва чуноне гуфтам аз ҳамаи онҳо барои 15 сотихӣ пул гирифт. Дар ин кор раиси ҷамоат Шехов Аюб, Хуҷаев Алишер ва Шаҳбоз, раиси онвақтаи совхоз шариканд. Шаҳбоз пас аз фурӯхтани заминҳо, ки мардумро фиреб карду аксарият дар қасдаш ҳастанд, гурехтааст. Як мошинаи Зефираи нав дошт. Онро фурӯхтаву тарки кишвар кардааст. Ҳоло ҳама шарикони ҷурмаш ӯро гунаҳкор карда истодаанд ва Хуҷаев Алишер бошад бо истифода аз фурсат, бо тағабозӣ раиси совхоз-хоҷагии деҳқонӣ шуд. Ба ин кор ба ӯ Изом,ки яке аз ҷинояткорони ноҳия ба ҳисоб мерафт, сахт ёрдам кард. Изом соли гузашта дар коронавирус мурд.

“Инҷо мехоҳам аз заминҳои ба додару акаҳояш дода ҳам бигӯям. Як додараш Хӯҷаев Идибек, корманди собиқи комиссариати ҳарбӣ, прапоршик аст. Бинои идораи совхози пешинаро, ки як иморати хеле калон аст, чун идораи ҷамоат ҳам дар таркиби он буд ба ҳамин бародараш хусусӣ карда дод. Ҳоло дар ҳамин бино зиндагӣ мекунад. Айни замон ин додараш барои кадом ҷурме гуреза мебошад ва дар Қазоқистон зиндагӣ дорад. Вай дар як зиёфат дар хонаи як зани корманди комиссариати ҳарбӣ аз туфангаш тир мепаронад. Ӯро сахт латту кӯб мекунанд.”

Як додари дигар дорад-Хӯҷаев Мунавваршо ном дорад. Хонаи вай дар маҳалли Ҷавонӣ аст, чунки инҷо ҳама ҷавонҳо ҳастанд ва онҳо дар заминҳои 5сотихӣ зиндагӣ мекунад. Аммо Мунавваршо боз 2 гектар замин дар заминҳои кишоварзӣ дорад. Ба ғайри ин дар заминҳои Лахш, ки аз ноҳия ба дурр воқеъанд чанд гектори дигар ҳамроҳи Парвиз доранд ва онҷо  картошка мешинонанду халқи бечораро аз муаллим то толаба мебаранду кор мефармоянд. Аммо халқ намедонад, ки ин заминҳо аз худи инҳо аст. Хиёл мекунанд, ки ин заминҳои давлатӣ аст ва ин картошкаҳо барои сарбозҳо кишт карда мешаванд. Инҳо ҳамаҷоро тасарруф карда гирифтаанд. Ҳатто заминҳое, ки фурӯшашон мамнӯъ аст ва дар онҷо участкаи наздиҳавлигӣ додан мумкин нест онҳоро ҳам фурӯхтанд, чарогоҳҳои халқро ба одамони алоҳида фурӯхтанд.

“Ҷой барои чарогоҳ намондааст. Мисол болои қишлоқи Пилдони миёна ва Пилдони боло ва инчунин деҳаи Яраш тамоми куҳу пушта ҳатто санглохзорҳоро маҳкам кардаву симхор кашида одамҳои тағадор гирифтагианд. Мо намедонем мол ва подаро дар куҷо чаронем?”

Як чизи дигар. Дар ҷамоати Пилдон, деҳаи Яраш, ки номи имрӯзааш Дӯстӣ мебошад, замин барои одамҳои пулдор тақсим карда шудааст. Дар болои ин деҳа чашма аст. Оби онро тамоми умр ҳамаи халқ истифода мекард. Аммо ҳоло ин обро Юнусов Қурбонбек бо авлодаш обро гирифтааст. Халқ   эътироз мекунад ва раиси ноҳия Файзулло Баротзодаи мулаққаб ба Даҳмардаро даъват мекунанд. Хуллас, як бегаҳ зану мард ҷамъ мешаванд ва дар пеши раис ҳақи худашонро талаб мекунанд. Аммо Юнусов Қурбонбек раисро, пеш аз он ки ба назди халқ барояд ба хонааш меҳмон карда гӯспанд мекушад ва зиёфат медиҳад ва боқимондаи гӯшти гӯспандро ба бағоҷи мошинаш бор мекунад. Занҳои деҳа ба раис шикоят мекунанд, ки обамонро Қурбонбек гирифт, иҷозат намедиҳад, ки ҳаттто барои хӯрданамон гирем, илоҷашро дар ҳамин маҷлис ёбед! Раис дар ҷавоб мегӯяд, ки «бачаи мардак дора, метона, қандша бзана, дора бкна».Ин гуна раис ва раисҳои монанди вай намояндаи мардум нестанд, инҳо намояндаҳои гӯспандкушону он одамҳое ҳастанд, ки сум доранд. Сум дорӣ зиндагии зӯр мекунӣ, сум надорӣ ҳеҷ ҳастӣ, дар пеши ҳеҷ кас қадр надорӣ.

Сахатиби Лахш, мулло не, устои чуб ё дуредгар аст

Сархатиби ноҳия Мулло Маҳмадризо аст, ки ҳама бо лақаби Рӯдакӣ мешиносандаш. Ин  мулло дузана аст. Як зани татари бисёр ҳам бад дорад. Ҳар рӯз аз ин занаш шатта мехурад. Ин вазъи ӯро тамоми деҳа медонад. Дар баъзе аз намозҳои ҷумъа пешҳои чашмонаш сиёҳ меояд. Бардурӯғ мегӯяд, ки уфтодам.

“Валлоҳи қасам худам дидагиам, ки занаш чи гуна латаш мекунад. Умуман аз дин хабар надорад .Як устои чӯб-дуредгар буд. Аввал ӯро имомхатиби масҷиди деҳаи Пилдон таъин карданд. Вақте амният дид, ки бисёр ҳам тарсончак ва лесаки зӯр аст гирифтанду ба ҷойи Махсуми Сайдисмон сархатиби ноҳия, ки бемор буд, сархатиб монданд. Дар масҷид номи Аллох ва расулро аслан намегирад. Агар ягон кас ба таври катбӣ саволҳои шаръӣ диҳад бо забони худаш мегӯяд,ки «мара ай масалаи исломӣ савол натен, мара ай дару тиреза савол бтен, ма устойм».  

Боз мегӯяд вақте савол менависед ному фамилияатонро ҳам дар поёни нома зикр кунед. Баъди саволи додагӣ ӯро мефурӯшад. Гапи мезадагиаш дар болои минбари Расулаллоҳ пул ҷаъм кардан аст. Ба ҷои номи Худову Расул фақат номи Раҳмоновро мегирад. Танҳо як ҳадисро медонад ва он ҳадис ҳам роҷеъ ба садақа кардан аст. Кораш фақат «доля» бастан аст. Аз савдогарони бозор ва тоҷирон маҷбуран «доля» мегирад. Дар намозҳои ҷумъа ошкоро аз онҳо пул мепурсад. Замоне, ки усто буд, чизе надошт. Як камбағал буду бас. Аммо ҳозир бо Ҷип сафеди Раф-4 мегардад. Бузи садфоиза аст. Одамҳоро ҳатто метарсонад, ки амният туро суроғ дорад. Ва пул гирифта онҳоро мегӯяд, ки ман ягон кор мекунам.Аммо рӯзе нест, ки аз он зани татари каратеисташ шатта нахурад. Тамоми мардуми деҳа шоҳид буд, ки ҳатто дар тӯйи писараш, ки аз зани якумаш мебошад, иштирок кардан намонд, дар хона маҳкамаш кард.

Шехов Аюб раиси ҷамоати Пилдон аст. Ба зурӣ ба хонаҳои мардум зада даромада   бачаҳояшонро ба хизмат роҳӣ мекунад. Ҳол он ки писарони  худаш хидмат нокардаанд ва ба писаронаш военний билети «нигодний» гирифта дода аст. Гӯё чашмони як фарзандаш хира бошанд .Ба худо чашмони он бачааш 100% аст. Ин раис халқи деҳаи   Пилдони болоро бисёр шиканҷа мекунад. Ҷамоати Пилдон иборат аст аз деҳаҳои Сайрон, Яраш, ки номи ҳозирааш Дустист, Пилдони Чингак, Пилдони Миёна, Пилдони Боло ва Чубай. Ин раис Шехов аз Пилдони болост. Вақте ба сари вазифа омад заминхои деҳаи Сайронро гирифта ба мардуми Пилдони худаш тақсим кард. Аз Ярашро ҳам чунин кард. Заминҳои чарогоҳҳоро  гирифта ба мардуми деҳайи худаш тақсим кард. Ва ҷоеро, ки подаи халқ мегузашт, онро ҳам маҳкам карда 4 гектар заминро ба Ҳомидов Муқим, ки як омӯзгор аст, медиҳад. Ҳомидов Муқим бо раиси КДАМ-и пешинаи ноҳия алоқаи хуб дошт. Мардум эътироз кард, ки замини подараҳа набояд ба касе дода шавад, аммо ҳеҷ кас гӯш накард. Хулосаи гап, ҳар касе таға дорад, бо амният соз ҳасту доля медиҳад замин дораду хуб зиндагӣ ҳам мекунад. Ҳарчи Худозада аст мардуми камбағал аст. Вале чи маъракае мешавад ё ид, аз халқ пул ҷамъ мекунанд. Таҳдид ба як чиз мекунанд: «агар сум ҷам накнен масҷидтона маҳкам мекнем». Аз халқ пулро ҷамъ мекунанду аммо дар ҷаласа ҳисобот медиҳанд, ки раис фалон ободкорӣ кард. Ва, раис ҳам барои он «ободкорӣ» ҳатман аз бюҷети ноҳия пул мегирад.

“Давраи шӯраӣ садҳо бор беҳтар аз ин истиқлолияти дурӯғини имрӯза буд. Дар давраи шӯравӣ дар ин ҷамоат як фермаи калон буд, ки тамоми мардуми ин ҷамоат дар он кор ва ризқи худро аз онҷо пайдо мекарданд. Занҳои зиёде кор мекарданд. Аммо ин ферма ҳозир шахси шудагӣ аст. Ин фермаро Диёров Азиз Шодович бо беш аз 5 гектар замин ва бинои беҳад калони он хусусӣ карда гирифт. Онро дар давраи шуравӣ худи халқ сохта буд. Диёров дар Лахш боз гектар гектар замин ва чандин коргар дорад. Дар Лахш аз заминҳои пинҳониаш алҳол халқ онқадар хабардор нест.”

Дар охири ин нома як нуктаро ба мардуми муҳоҷири ин ноҳия расониданиам. Эҳтиёт аз як бузе бошанд, ки дар байнашон аст. Ин буз номаш Сайдакрам, писари собиқ сархатиби ноҳия Махсуми Сайдисмон мебошад. Махсуми Сайдисмон вафот кардааст дигар аз корҳои он кас намегӯем,мардуми ноҳия ҳамааш медонанд.    Аз ин бузи амният  эҳтиёт кунанд. Кори ин  буз суханчиниву хабарбарӣ: дар байни ҷавонҳо чи гап мегузарад, чи кор мекунанд, бо кадом сайтҳо иртибот доранд «даний» медиҳад ба амният.

“Дар масҷид пеш аз соли нав аз ҳар намозгузор бо зури маҷбури пул ҷамъ карданд. Баъдан бо қисме аз он пулҳо ҳадияи солинавӣ харидорӣ намуданд ва аз номи “Пешво” ба кудакон дар мактабҳо қатор монда доданду акс гирифта ба дастгоҳи президент фиристоданд. Пас аз он боз аз кудаконе медиданд имкони гирифтани он ҳадияҳои соли навӣ мешавад онҳоро гирифтанд. Хайр шумо гӯед ин давлатдорӣ аст магар ? Ин куҷояш дурӯғ аст, имон дошта бошанд инкор кунанд ин корро.”

Шояд баъди нашри ин нома муллоҳову муаллимонро бар зиди шумо истифода баранд, Бигӯянд, ки ин гапҳо дурӯғ аст. Лекин мо бо боварии комил дорем ва ҳолату воқеаҳоеро ба шумо гуфтем, ки бо чашмони худ дидаем ва садҳо нафар ҷавон ва муйсафедонро медонем, ки дар  пушти шумо ва тарафдори шумо ҳастанд. Лекин ончунон тарсондагиашонанд, гап зада наметавонанд. Ҳар рӯз худи раиси ноҳия маҷлис баргузор мекунад ва воҳимаро ммезанад, ки «мо ҳамара таҳти назорат дорем, шумо агар бо мухолифин гап занед, мо мефаҳмем». Аммо ҳама тамошоятон мекунанд, тарафдоратон ҳастанд. Лекин аз тарс лайк намемонанду подписатса намекунанд. Дар эфирҳои мустақим мо ҷавонон ҳамеша тамошо мекунем. Ҷавонҳо мехоҳанд, ки дар нашрҳои мустақим гап зананд лекин ончунон тарсондагиян, ки фикр мекунанд, пайдояшон мекунанд. Аммо, новобаста аз тарсу таҳдидҳо тарафдорони шумо дар ноҳияи Лахш хело зиёд шуда истодаанд. Ислоҳ дар Лахш ба монанди оне.ки инсон хурок наметавонад нахурад ҳаминхел аст. Ҳар соат нигоҳ мекунанд ягон навори нав баромад ва ё не. Барномаи “Минбари муҳоҷир” нашуд ин ҳафта ҳама инаш аз онаш мепурсад чаро нашуд ин барнома. Ҷавонон бо шавқу рағбат барномаҳои пахши мустақим ва наворҳои таҳлилии шуморо бе саброна интизорӣ мекашанд.

Хитоби Лахшиён ба ҳукумати ҷумҳурӣ!

Агар пас аз нашри ин матлабҳам ин “Даҳмардараис”и интихобнамудаи “Пешво” бар сари моро иваз накунад, мо мутмаин мешавем, ки барқасдона чунин афродро бар мо раис таин мекунад, то моро зулм кунанд. Мо ҳақ будани мухолифонро хоссатан Паймони миллӣ ва роҳбарияти онро қабул мекунем ва ба ҳар амру фармонҳои онҳо омодагии худро эълон менамоем. Мо пеш аз ин Наҳзатӣ набудем ва аслан ҳеҷ иртиботе ҳам надоштем бо онҳо. Аммо нав фаҳмида истодаем ,ки онҳо ҳақ будаанду бегуноҳ мисли садҳо бегуноҳоне аз ҷавонони мо зиндон намудед онҳоро ҳам ҳаминхел карда будаед. Шикояти моро бори сеюм аст “Ислоҳ” мебардорад (агар ин номаи моро нашр кунад) аммо ҳеҷ мақомдори ноҳия як шикояти моро баррасӣ ва ба манфиати мардуми бечора ҳал накард. Мо чаро дурӯғ дастҳо пеши бар шукронаи пешво кунем? Дигар мо шукрона намекунем ,мо ба ҷонамон расидаем ва ҳеҷ ҷойи тарс ҳам надорем дигар. Шумо худатон медонед, ки мо чихел  баҷонҳои ширинамон расидаем аз ин ҳолат ва вазъияте бар сарамон овардаед. Комисия ташкил кунед,то оянд вазъиятро аз наздик бубинанд. Комисия боз наоянд гусфандхурда ҳама сад аст гуфта нараванд. Ҳайати бо виҷдону инсонсифатонро фиристед, на чанд корруасионери дигарро.

Share This Article