Макри зан шавхари бенамозро намозхон кард.

Ислоҳ нет

Макри зан шавхари бенамозро намозхон кард.

Хангоми сафар бо як шайх аз минтакаи Касими давлати Саъуди тасодуфи вохурдам. Ин вохури дар дохили хавопаймо буд. Шайх миёнсол ва шухтабиат буд. Пас аз шиносои хеле сухбат кардем. Як киссаи ачибро бароям накл кард.
Гуфт: ман дар минтакае зиндаги мекунам ва бо хондани рукияи шаръи маъруфам. Инчунин ашхосе, ки чин ба онхо дохил шудааст онхоро низ мехонам ва алхамдулиллох бо кумаки Аллох хорич мегарданд. Шумори чунин афрод зиёд наздам меоянд. Як руз зане наздам омад ва арз кард, ки аз барои Аллох кумакам кунед? 
Гуфтам: бифармоед хохар. Чи кумаке? 
Зан гуфт: Ман бо марди бенамозе издивоч кардаам, ки наздики хашт сол аст зиндаги дорам ва сохиби 4 фарзанд хастам. Намедонам бо шавхарам чи кор кунам? 
Шайх мегуяд: аз дасти ман чи меояд? 
Зан гуфт: даъваташ кунед, ки намоз хонад.Ман худ хеле кушиш кардам, аммо нашуд. Хатто чойгохи хобамро чудо кардам, муъомилаи бад кардам, хама васила ва рохро анчом додам, аммо хеч таъсир накард. Метарсам аз ин зиёд коре накунам, ки шавхарам аз ман норози шавад ва ба газаби Аллоху малоик гирифтор шавам. 
Шайх мегуяд: Ман бояд чи кор кунам? 
Зан гуф: касе, ки метавонад уро намозхон кунад танхо шумоед. 
Шайх мегуяд: Субхоналлох, хохари азиз хидоят дар дасти Аллох аст ман чи тавр метавонам ин корро анчом дихам? Агар максадатон Рукияи шаръи хондан бошад (дуъохои суннати) ман мехонам, вале ба у чи фоида мерасонда бошад намедонам, зеро аввалин касро мебинам, ки аз ман талабу хохиш дорад, ки шавхари бенамозашро намозхон кунам! 
Зан гуфт: Ман Шуморо мефахмонам, то чи тавр ин корро анчом дихем. Танхо ончи ман мегуям хохиши маро рад накунед.
Шайх мегуяд: агар хохиши шумо мухолифи шариъати ислом набошад ман хозирам. 
Зан мегуяд: Ман чанд руз худро ба бемории чин зада (чин ёршуда ё паривара мегуем дар лахча) вонамуд мекунам ва ба модарам мегуям, ки шавхарамро мачбур созад, то маро пеши Шумо орад ва Шумо маро дар хузури шавхарам дуо хонед. Вакте мехонед шумо бо чин гап мезанед. Дар он хол чин бо забони худи ман гуе бо шумо сухбат дорад. Он гох ман медонам аз забони чин чи гуям, то шавхарам намозхон шавад. 
Шайх мегуяд: Дар хайрат мондам. Гуфтам, кабул, вале дар тааччуб будам чи тавр ин сахнаро зан анчом медода бошад, зеро аз оянда ва анчоми сахнае, ки бояд месохт чизе нагуфт. 
Зан меравад ва як хафта худро ба бемории чинзада вонамуд мекунад ва тибки маслихат модари зан ба шавхараш мегуяд. Хатман бояд пеши шайх баред, то чинро аз дохили хамсаратон берун орад.
Шайх мегуяд: Мард бо зан вориди хучра гаштанд ва занро дидам фахмидам сахнаи сохта шуруъ мешавад. 
Хонданро шуруъ намудам ва гуфтам: эй чин берун шав! Зан садои худро дигаргун намуда гуфт: эй шайх ман хорич мешавам аз дохили ин зан, вале ба як шарт.
Шайх мегуяд, ман хеч шартеро кабул надорам тез хорич шав, вагарна корат мушкил мегардад.
Зан бо садои чин гуфт: эй шайх аввал шартамро шунавед, агар писанд набуд онро напазиред.
Шайх мегуяд: гуш мекунам шартатро тезтар бигу.
Зан бо садои чин мегуяд: ман аз бадани ин зан хорич мегардам, вале ба шавхараш дохил мешавам. 
Шавхари зан аз чояш харосон мепарад ва бо тааччуб ба тарафи шайх менигарад. 
Шайх мегуяд: На ин шартатро наметавонам бипазирам, зеро ин зарар ба як мусалмон хаст. 
Зан мегуяд: шайх шавхари ин зан намоз намехонад ва шумо инро намедонед аз ин ру монеъи даромадани ман нагардед! 
Шайх мегуяд: дархол фахмидам ва барои он ки шавхари зан ин сахнаро нафахмад гуфтам: ман хам як шарт дорам бояд ту бипазири. 
Зан гуфт: чи аст шартат? 
Шайх гуфт: Аз дохили ин зан хорич шав ва дар пушти дари хонаашон хамеша нигох кун ва мунтазир бош. Агар ин мард намоз нахонд ба у дохил шав, агар намоз хонд ба у дохил нашав!
Зан чун ин суханро мунтазир буд гуфт: бошад ман хорич мешавам аз ин зан, вале мунтазир мемонам. Агар ин мард намоз нахонд дохили ин мард мешавам ва уро назди шумо оварданд, то маро хорич кунед бидонед хорич намегардам. 
Шайх мегуяд: бале ман ба ин шартат розиям, инчунин ба чанд шайхи чинхоне хаст мерасонам, то ин мардро нахонанд ва ту дар дохилаш боши. 
Шайх мегуяд, мард чунон рангу руяш тагир карда буд ва аз бемороне, ки дуояшон мехондам холаш вазнинтар менамуд. Мухим зан худро партофт ва пас аз чанд дакика аз чой баланд шуд ва гуфт: ба ман чи шуда буд. Шавхараш уро бардошт ва гуфт: хонаамро сухти чини ту мунтазири ман аст, рафтем ва дасти хамсарашро гирифта рафт. 
Шайх мегуяд, пас аз чанд муддат зан наздам омад ва аз холи шавхараш пурсон шудам, ки намоз мехонад? 
Зан гуфт: алхамдулиллох, шавхарам шахсе шуда, ки дархои масчидро аввалин шуда боз менамояд. На танхо намоз мехонад, балки хамеша дар сафи пеши намоз аст. 
Шайх мегуяд, гуфтам: Субхоналлох, мо бо ин корамон ва сахнаи сохтаамон чинро дар “Хайати Амр ба маъруф ва нахи аз мункар” ( ин бахш тобеъи вазорати дини давлат аст, ки миёни мардум хастанд ва харчи хилофи шаръро бинанд онро манъ ва дар холати намоз мегарданд, касе намоз нахонад аввал мефахмонанд, агар нафахмид барояш чазо муайян мекунанд) дар бахши масочид ба кор бидуни маош таъин намудем. 
Зан ба максадаш расид ва шавхарашро бо хилла хам бошад намозхон кард))
Аллох субхонаху ва таъоло дар Куръони карим мефармояд: 
قَالَ إِنَّهُ مِن كَيْدِكُنَّ ۖ إِنَّ كَيْدَكُنَّ عَظِيمٌ
[الجزء: ١٢ | يوسف (١٢)| الآية: ٢٨] !

гуфт: «Ин аз макри шумо занон аст, ки макри шумо занон макре бузург аст!
(Сураи Юсуф, ояти 28) 
Умед аст занхое, ки шавхархояшон намоз намехонанд хар макру хиллае метавонанд ба кор баранд, мухим шавхархояшонро намозхон кунанд. Агар зан дили шавхарро пайдо кардан хохад ва уро бо услуби хуб ва шевои неку бифахмонад хатман кабул менамояд. Вале дар акси хол агар зан намоз нахонад ин барои мард хеле нукс ва мусибти бузургест. Зеро фарзандони ту дар домони зане ба воя мерасанд, ки сачдаи модарро надидаанд ва ин бевосита ба кудак таъсири худро хатман мегузорад. Мардони гироми, хамеша ба намоз хамсарони худро водор созед, зеро сухани мард хатман кабул аст. Албатта аз мардоне, ки вокеан марданд. Бубинед кахарамони кисса чи тавр талошу кушиш карда, то шавхарашро намозхон кунад. Хама василаро истифода бурдааст ва ин охирин макри занонааш буд, ки онро анчом дод ва муваффак хам гардид. 

Share This Article