Тафсири баъзе оёти Қуръонӣ аз Алӣ Ибни Абутолиб (раз)

Ислоҳ нет

 

 Тафсири баъзе оёти Қуръонӣ аз Алӣ Ибни Абутолиб (раз)

1– Тафсири ояти 15-сураи Таквир.

 

Савганд ба ситорагони бозгарданда

                                                   (Сураи Таквир, 15)

 

Саъд ибни Мансур бо исноди ҳасан аз Алӣ (раз) ривоят карда, ки мақсуд аз ин оят ситорагоне аст, ки дар шаб тулуъ ва дар рўз ғуруб мекунанд ва дида намешаванд.

 

2– Гиряи замин ба хотири марги бандаи некукор.

 

Алӣ Ибни Абутолиб (раз) мегуяд: «Вақте бандаи некукоре мемирад он қисмат аз замин, ки рўи он намоз мехонад гиря мекунад ва қисмате аз замин, ки амалаш аз он боло рафта ва ҳамон қисмат аз осмон ҳам барояш мегиряд ва сипас дар таъйиди ин суханаш ояти зеро қироат намуд:

На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд.

                                                                                  (Сураи Духон, 29)

3– Қалб маҳалли хушуъ аст ва хушрафторӣ бо мусалмон.

 

Аз Амири мўъминон Алӣ (р) пурсиданд: Мақсуд аз ояти 2 Сураи Муъминун чист? :

“Онон, ки дар намозашон тарсу умед мекунанд

(Сураи Муъминун, 2)

 

 Дар посух гуфт: «Маҳалли хушуъи (фурутанӣ) қалб аст ва ин ки бо мусалмон ба нармӣ рафтор кунӣ ва дар намозат бо зери чашм ба касе нигоҳ накунӣ[i]».

 

4-Ду дӯсти муъмин ва ду дўсти кофир.

 

Аз Амири муъминон Алӣ (р) пурсиданд: мақсуд аз ояти 67 Сураи Зухруф чист?:

Дар он рӯз дӯстон, ғайр аз парҳезгорон, душмани якдигаранд”.

                                                        (Сураи Зухруф, 67)

 

Алӣ (раз) чунин гуфтанд: «Манзур ду дӯсти муъмин ва ду дӯсти кофиранд, ки яке аз он ду дӯсти мўъмин аз дунё меравад, вақте ба биҳишт мужда дода мешавад ба ёди бародари мўъминаш меафтад ва мегуяд: Парвардигоро! Фалон дӯстам маро ба корҳои хайр амр мекард ва аз корҳои мункар наҳӣ мекард ба ман дастур медод, ки аз Ту ва Паёмбарат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) итоат кунам ва маро аз мулоқот бо Ту огоҳ сохт, пас Худоё! Баъд аз ман ўро гумроҳ накун ва ўро монанди ман ҳидоят, икром ва эҳтиром кун ва баъд аз ин ки мемирад ҳар дуро бо ҳам дар биҳишт ҷамъ мекунад ва дар онҷо ба онҳо гуфта мешавад: «Ҳар як аз шумо якдигарро таъриф кунад». Дўсти дигар дар таърифу ситоиши дусташ мегуяд: Парвардигоро! Маро ба хайр амр ва аз шар наҳй мекард, дастур медод аз Ту ва Паёмбарат (с) итоат кунам ва ба ман мегуфт, ки бо Ту Аллоҳ таъоло мулоқот хоҳем намуд, бинобар ин бародар, дўст ва рафиқи бисёр хубе будааст».

 

Вале ҳаргоҳ яке аз ду дусти кофир ба ҳалокат мерасад ва ўро ба оташи дўзах мужда медиҳанд дар онҷо ба ёди дусташ меафтад ва мегуяд: Парвардигоро! Фалон дустам маро ба бадӣ ва гунаҳ кардан дастур медод ва аз анҷоми хайру некӣ наҳӣ мекард ва дастур медод, ки аз дастуроти Ту ва Расулат (с) нофармонӣ кунам ва мегуфт, ки қиёмат куҷост ва мулоқот бо Худо чист? Пас Парвардигоро! Ўро гумроҳ кун, ҳамонтавр, ки гумроҳам кард. Вақте дусташ мемирад ҳар ду дар дўзах бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ба онҳо гуфта мешавад: Якдигаро тавсиф  кунед. Мегуяд: Парвардигоро! Маро ба бадкорӣ ва шар амр ва аз хайр наҳй мекард ва дастур медод, ки Ту ва Расулат (с)-ро нофармонӣ кунам ва ба ман гуфта буд, ки ҳаргиз Туро мулоқот нахоҳам кард, бинобар ин бародар ва дўст ва рафиқи бисёр баде будааст.

 

5– Зуҳд ва порсоӣ дар Қуръон байни ду калима аст.

 

 Алӣ Ибни Абутолиб (раз) гуфтааст: Тамоми зуҳд ва порсоӣ дар Қуръон байни ду калима аст, зеро Худованди мутаъол мефармояд:

То бар он чӣ аз дастатон меравад, андӯҳгин мабошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. Ва Худо ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад”.

 (Сураи Ҳадид, 23)

 

Бо таваҷҷуҳ ба ин ояти Қуръони карим ҳар кас бар он чӣ дар гузашта аз даст дода таассуф нахурад ва ба он даста аз неъматҳо дар оянда ба ў дода мешавад фиреб нахурад ва худхоҳ ва мағрур нашавад ба яқин, ки чунин касе зоҳид ва порсои воқеъӣ аст.[ii]

 

6– Тадаббур ва таъаммуқи Алӣ (раз) дар намоз.

 

Алӣ Ибни Абутолиб (раз) шарҳ дода, ки мустаҳаб аст вақте намозгузор ояти раҳматро тиловат кард аз Худованд талаби раҳмат кунад ва ҳангоме, ки ояти азобро тиловат кунад аз азоби Худованд ба Ў паноҳ бибарад. Аз Абдихайри Ҳамадонӣ ривоят аст, ки гуфт: «Шунидам Алӣ (раз) дар номоз ояти 1-Сураи Аълоро мехонд ва мегирист:[iii]»

 

Номи Парвардигори бузурги хешро ба покӣ ёд кун”.

(Сураи Аъло,ояти 1)

 

Аз Ҳаҷар ибни Қайси Мудрӣ ривоят аст, ки гуфт: «Шабе ба хидмати Амири мўъминон Алӣ (р) будам, шунидам дар намози шаб (таҳаҷҷуд) Қуръон тиловат мекард ва ояти 58 то 69 Сураи Воқеъаро тиловат карданд:

58.Оё он маниро, ки мерезед, дидаед?

59.Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем?

60.Мо маргро бар шумо муайян сохтем ва нотавон аз он

нестем, ки

61.ба ҷои шумо қавме  монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он  бехабаред, аз нав биёфаринем.

62.Шумо аз офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред?

63.Оё чизеро, ки мекоред, дидаед?

64.Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем?

65.Агар мехостем, ҳаройна, (киштзорро) хошокаш месохтем, то дар ҳайрат монда,

66.Гӯянд: «Мо зиёнкардагонем,

67.мо бенасиб мондагонем».

68.Оё оберо, ки менӯшед, дидаед?

69.Оё шумо онро аз абр фурӯ мефиристед ё Мо фурӯ фиристандаем?

 (Сураи Воқиъа, 58-69)

 

Ҳангомеки ба инҷо расид, ки Худованд мефармояд:

63.Оё чизеро, ки мекоред, дидаед?

64.Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем?

 Алӣ (раз) се мартаба гуфт: «Албатта шумо эй Парвардигор!

Сипас оёти баъдиро тиловат кард, ки мефармояд:

68.Оё оберо, ки менӯшед, дидаед?

69.Оё шумо онро аз абр фурӯ мефиристед ё Мо фурӯ фиристандаем

 (Сураи Воқиъа, 68-69)

 

Вақте ин оётро, ки тиловат кард се бор гуфт: Парвардигоро! Балки Ту фуруд овардаӣ! Ва сипас оёти баъдиро тиловат кард, ки мефармояд:

 

71.Оё он оташро, ки меафрӯзед, дидаед?

72.Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?

 

 (Сураи Воқиъа, 71-72)

 

Алӣ (раз)  се бор  гуфт: «Балки Ту Парвардигоро![iv]».

 

7– Тафсири Алӣ Ибни Абутолиб  (раз) дар мавриди оёти  88-89-сураи Шуъаро.

 

Алӣ Ибни Абутолиб (раз) дар мавриди оёти зер чунин мефармояд:

88.рӯзе, ки на мол суд медиҳад ва на фарзандон,

89.магар он кас, ки бо қалбе раста аз ширк ба назди Худо биёяд!»

 (Сураи Шуъаро, 88-89

чунин гуфт: «Молу фарзандон кошти дунё аст ва натиҷаи амали солеҳ дар охират ба даст меояд, ки Худованд ҳар дуро бо ҳам ба касоне аз бандагонаш додааст[v]».

Умед аст истифода намудед аз тафсири ин оёти Қуръони аз Алӣ Ибни Абутолиб (раз)


[i] . Аззуҳд, ибни Муборак 403 № 1148.

[ii] . Рисолатул- мустаршидин 224. Фавоидул-калом 376.

[iii] . Алмуҳиллӣ 4/118 ва Сунани Сабҳарӣ 1/146.

[iv] . Аддуррул-мансури Суютӣ 8/23722.

[v] . Тафсири Амирул-мўъминин Алӣ (р), Абдулазиз Фозил 2/661, рисолаи донишгоҳие, ки то ба ҳол мунташир нашудааст.

Share This Article