05.07.2020 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

Зиёда аз 81 нафар дар Эфиопия (Ҳабашистон) бар асари бетартибиҳо кушта шуданд Баъди куштори мутриби машҳури инқилобӣ Ҳошолу Ҳандисиёи 34-сола бо силоҳи оташфишон дар Аддис- Абеба- пойтахти Ҳабашистон дар шумор аз шаҳрҳо мардум ба хиёбонҳо баромада муҷозоти қотилро талаб карданд. Дар рафти ин тазоҳурот миёни муътаризин ва нерӯҳои пулис ва амният задухӯрд ба амал омад, ки боиси ба ҳалокат расидани 80 нафар шудааст. Абу Аҳмад, раиси вузарои Ҳабашистон дар як суханронӣ мардумро ба сабру таҳаммул даъват кард ва тавзеҳ дод, ки дасти хориҷӣ мудохила карда истодааст ва ҳадаф ба таъхир андохтани анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Наҳза мебошад.Ин ҳамон нерӯгоҳест дар хабари ҳафтаи гузашта дар мавридаш хабар дода будем.

Туркҳо,то соли 2022 ҳавопаймо месозанд

Туркия якҷо бо Амрико ба ин тавофуқ расида буданд,ки беҳтарин ҳавопаймои ҷангӣ дар ҷаҳонро бисозанд. Вақте Туркия аз Русия сипари дифоии зиддимушакии С-400 харидорӣ кард, дар ҳамкориҳои ду давлат халал ворид шуд. Амрико тавофуқи ҳосилшударо лағв кард. Чунки онро як хатар дар манотиқи НАТО мепиндошт. Бо вуҷуди ин ҳама тахдид Туркия аз харидан даст накашид. Гуфт мо ҳам аз Русия-С -400 ва аз шумо Шумо сипари дифоии зиддимушакӣ хоҳем харид. Сабаби дигари тирагии равобити Амрико ва Туркия хунсошавии як инқилоби нофарҷоме дар Туркия буд, ки давлати ин кишвар онро кори Фатҳулло Гулен,як роҳбари мазҳабии паноҳанда дар Амрико бо пуштибонии Амрико медонист. Вале ба назар мерасад,ки як соли охир байни ин ду кишвар гармиву тафоҳуме пеш омадааст. Пентагон эълон кардааст,ки ҳамкорӣ барои сохтани ҳавопаймо бо Туркияро оғоз кардааст.Қарор аст 139 аҷзои он дар Туркия ва худи ҳавопаймо дар соли 2022 сохта бишавад.

Чин барои ривоҷи иқтисодаш ба Амрико мӯйҳои сари уйғурҳоро мефурӯшад

Нақл аз рӯзномаи Араб Пост, Хадамоти Гумрукии амрикои аз ҳамлу нақли воридшавандаи Чин ба Амрико мӯй сарҳоеро ошкор ва мусодира намуданд,ки аз мӯй инсон аст дароз ва хушру даста-даста барои савдо омода карда шуда вазнаш хамаги 13- тон мебошад. Эҳтимоли зиёд меравад,ки ин мӯйҳо иҷборан ҷамъовари карда шудааст, дар минтақае,ки мусалмонҳоро ба лагери пинҳонӣ нигахдорӣ мешаванд Шинчинг дар ширкати ( Meixin Hair Products ) ҷамъовари карда шудааст. Қонуни Амрико молҳои тиҷоратие, ки бо рохи ғайриқонуни ҷамъовари карда мешавад ҷиноят мехисобад. Чин аз тарафи Созмони милал Муттаҳид чандин маротиба барои таъқибкунии мусалмонони Туркистони шарқи махкум карда шудааст. Чин ба маҳкумкуниву танқидҳои шадид аз тарафи давлатҳои мустақил ва СММ беэътинои карда зулму таъқибкориашро нисбати мусалмонон давом медихад. Чин баъди ғасб кардани заминҳои давлати Туркистони Шарқи ,ки 40-миллиён зиёд аҳоли дошт ва масоҳаташ ду баробари давлати Фаронса аст саркубгароёна ҳуқуқашонро поймол намуда монанди давлатҳои золиму мустабид мусалмонони бегуноҳро ба террористи муттаҳам карда зиндону қатл мекунад. Давлати Чин зиёда аз Ду миллион мусалмононро дар лагерҳо нигаҳдорӣ карда бо баҳонаҳои таьлим додан онҳоро аз аслашон дур мекунад ва шиори коммунистиро меомӯзонад динашонро аз байн мебарад ва таваллуди занҳоро Мань карда маҳдудиятҳои зиёдеро ҷори карда ҳуввияташонро нобуд мекунад.

Исроил мехоҳад Зиффаи ғарбиро ғасб кунад

Муҳаллилони фаластинӣ тасмими изофасозии заминҳои фаластинӣ аз тарафи Исроилро як амри хато ва золимона мепиндоранд.Чунки ишғолгарии замини дигар давлат мухолифи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Бенямин Натаняҳу сарвазири Исроил тасмим гирифтааст, ки Зиффаи ғарбиро ба замини Исроил изофа кунад. Дар ин шаҳрак зиёда аз сад ҳазор фаластинӣ зиндагӣ мекунад. Ин тасмими золимонаро Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои Урупо хатарнок номида барои пешгирӣ аз ин амали нодуруст ҳукумати Исроилро ба боди интиқод кашидаанд. Маълум аст,ки Исроил як меҳмони нохондае дар замини Фаластин аст. Аммо ҳар рӯз дар фикри тасарруфи Фаластинзамин аст. Исроилиҳо аҳдномаи соли 1967-ро шикаста заминҳои зиёди фаластиниҳоро ишғол карданд. Вакте фаластиниҳо ба ҳимоя мехезанд онҳоро бо иттиҳоми террористу экстремист муттаҳам карда онҳоро ҳам мекушанд ва ҳам ба зиндон меандозанд.

Канораравии Башшор наздик шудааст

Турон Кислаксӣ,таҳлилгар ва рӯзноманигори туркӣ бо он мӯътақид аст ки Туркия,Русия ва Эрон бо Амрико иттифоқ шудаанд,ҷойгузини Башшорро муайян кунанд, ва худи макони паноҳандагии Башшор Асад ҳам маълум шудааст. Дар дидори охири ин се давлат масъалахои оташбас дар Сурияро баррасӣ ва хостори хатми ҷанг, ҳали сиёсӣ ва бинои Сурияи навро ба миён гузоштаанд.

Баъди барканории Башшор Асад бо кумаки давлат мехоҳанд Сурияро аз нав созанд ва мардуми гурезаашро, ки ба нӯҳ миллион мерасад, баргардонанд.

Гуфтанист, баъди қонуни қайсар дар байни аҳли оила ва наздикони Башор Асад муноқишаву нофаҳмиҳо зиёд шуда истодааст. Алавиҳое, ки аз қавми шиаи Башор Асаданд ба канорагирии ӯ аз сиёсат розӣ шуда бар ин боваранд,ки ӯ дигар корношоям шудааст. Қумандонҳои наздик ба Башор Асад байни худ занозанӣ мекунанд, онҳо ояндаи навро интизоранд ва аз Башор фармонбародорӣ накарда баракс саркаширо оғоз кардаанд. Башшор Асад ҳам дарк кардааст,ки ба ниҳояти худ наздик шудааст ва дигар кораш тамом шудааст.

Share This Article