16.07.2020 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

Туркия қасд дорад барои Либиё размандаҳои касбӣ омода кунад.

Ин изҳороти ҳукумати Туркия баъди сафари вазири дифоъаш Хулуси Акор ба Тароблус садо дод. Ӯ гуфт бо бародарони либиёиамон дар ин бора дар заминаи мавозини байналмилалӣ тавофуқотеро имзо кардем. Вай гуфт: Мо азм кардем,ки ҳамеша ва дар ҳар ҳолат ҷониби онҳо боқӣ мемонем ва роҳи баргашт надорем.

Хукумати э́ътирофшуда аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо роҳбарии Фоиз Сарроҷ баъди дастгирии Туркия аз марҳилаи дифоъ ба ҳучум гузаштанд. Дар манотиқе,ки дар ишғоли инқилобчии муҷрим Халифа Ҳафтар қарор дошт,дар ҷануби Троблус ва Тархун қабрҳои ҷамъӣ пайдо шуданд,ки шуморашон тақрибан ба 15 ва шумори фавтидагон ба 211 нафар мерасад. Маълум шудааст,ки ҳамагӣ аз ашхоси бегуноҳ будаанд. Ин як амали ваҳшиёна ва ҷинояти зиддибашарӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Либиё бо маҳкум кардани ин аъмол ашхоси дастдошта ба Додгоҳи Байналмилалӣ супурдааст.

Комиссиюни Созмони Милал Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар эълон кардааст,ки барои таҳқиқи қабрҳои ҷамъӣ намояндагонашонро равон мекунад. Ҳукумати Либиё изҳор доштааст,ки минбаъд намехоҳад Ҳафтарро як тарафи сиёсӣ дар мамлакат бубинад. Чунки ва бо кумаки давлатҳои манфиатҷӯ монанди Русия, Имороти муттахидаи араб, Фаронса, Миср зидди ҳукумат меҷангид ва бо кумаки онҳо ҷангиҳоро аз Судону Чад ва Русия ҷалб мекард, то бар зидди ҳукумати қонунӣ инқилоб барпо кунад. Вақте ҳукумат ночор шуд Туркияро ба кӯмак даъват кард. Баъди омадани мутахассисони низомии турк Ҳафтар ва тарафдоронаш аз тарафи қувваҳои ҳукуматӣ шикасти сахт хӯрда маҷбур қафо нишастанд. Туркия баъди пешравиҳо дарҳои донишгоҳҳои худро барои донишҷӯёни Либиё кушод ва ваъда дод Либиёро ба яке аз давлатҳои пешрафта ва қавӣ табдил кунад.

Комиссияи Созмони Милал Муттахид:Деҳоти Роҳинҷа дар коми оташ аст.

Дар сафҳаи расмии Иттиҳоди Уламои Муслимин аз вазъи бади мусалмонҳои Рохингия иттилоъ аз Комиссияи СМИ медихад. Комиссиюни ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз нерӯҳои низомии Миянмар хостаст таври фаврӣ ба азобу шиканҷа ва поймолкунии ҳуқуқи аҳолии Ароканро хотима бахшад ва дар онҷо оташбас эълон кунанд.

Дар нишасти 44-уми Комиссиюни СММ оид ба ҳуқуқи инсон,ки зери риёсати Мишиел Бошлат баргузор шуд,ӯ гуфтааст вазъ дар Роҳинҷа хеле бад аст ва оташзании деҳаю қарияҷот давом дорад. Ӯ гуфтааст дар Роҳинҷа маҳалли амну ороме боқӣ намондааст.Ҳама ҳаводис дар пеши назари Созмони Милал рух медиҳад ва медонад,ки чи гуна Маянмар бо истифода аз силоҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ягонҷоро эмин намонд,истиқрорро пурра аз байн бурд. Дар ин нишаст аз Маянмар ҷиддан талаб карда шуд,ки ҳарчи зудтар оромиро фароҳам ва ба нобудкунии насли Арокан хотима бахшад.

Мусташори амрикоӣ хоҳони муҷозоти Чин шуд.

Петр Нофору,мушовири тиҷоратии Кохи Сафед аз Конгресси Амрико тақозо дорад Чинро муҷиби паҳншавии вируси Куруно ( Ковид19) шуморида ба ҷазо кашад.

Нофору гуфтааст,ки Чин аз хатари вабои куруновирус ё Ковид -19 моро огоҳ накард ва ҷиҳати ҷилавгири аз густариши он чораҳоеро ироа надод. Омор ва мизони маргу мир ва олудашавиву сироят дар Амрико бадтарин дар ҷаҳон аст. Дар оморҳои расмӣ ҳукумати Амрико нишон медиҳад, ки адади фавтидагон ба 132 000, олудашудагон ба вирус 3 000 000 ва адади бекорон ба 30 000 000 нафар расидааст.

Моҳҳои охир раисиҷумҳури Амрико Трамп чандин бор Чинро муттаҳам ба ҷиноят намуда таҳдид кард. Вай гуфт таҳримоти бузурге алайҳи Чин ҷорӣ мекунад ва он 1.2 трилиард маблағе,ки назди мост дигар бар намегардад,ва ин як қисми товони зарари расонидашуда ба Амрико аз куруно мебошад.

Дар паи ин таҳдидхо Трамп Созмони Бехдошти Ҷаҳониро дар ҳамкорӣ бо Чин муттаҳам карда ёрдами 30 миллиондолларии ҳарсолааш ба ин созмонро лағв кард.

Вабои нав дар Чин

Шабакаи Алҷазира ва бархе расонаҳои дигар аз пайдоиши вабои наве дар Чин хабар медиҳанд.Гуфта мешавад,ки ин вабо пас аз истеъмоли гӯшт ҳайвоне ба номи Мармут пайдо шудааст. Ҳукумати Чин ба шаҳрвандони худ ҳушдор додааст,ки аз истеьмоли гӯшти Мармут дурӣ ҷӯянд.Эҳтимол аст ин вабо ҳам гузаранда бошад. Саги духтари 15 солае ин ҳайвонро шикор мекунад. Баьди истеьмоли гӯшти ин ҳайвон гирифтори дард мешавад. Ин духтар ва хоҳараш, ки ҳар ду аз ин гӯшт истеьмол кардаанд феълан таҳти назорати табибон қарор доранд. Айни замон145 нафари дигар эҳтиётан ба карантин фаро гирифта шудаанд. Нишонаи асосии ин беморӣ ҳам таби баланд аст.Вируси Ковид- 19 дар авохири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуда ва ҳамарӯза чони садҳо нафарро гирифта истодааст. Коршиносон ҳамоно дар мавриди пайдоиши он иттифоқи назар надоранд.Бархе мегӯянд аз гӯшти ҳайвоноти баҳрӣ ва бархеи дигар аз вируси куршабпарак ва бархе ҳам онро ҷанги биологӣ меноманд.То имрӯз Чин асрори ин вирусро пурра ошкор накардааст .

Share This Article