16.08.2018 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

Трамп роҳбари собиқи CIA-ро аз дастрасӣ ба гузоришҳои маҳрамона маҳрум кард

Доналд Трамп, президенти Амрико бо судури дастуре, иҷозаи дастрасии иттилоотии Ҷон Бреннан, раиси собиқи Созмони маркази иттилоотии CIA-ро лағв кардааст. Ҷон Бреннан борҳо бо интиқод аз Доналд Трапм, ӯро нолоиқ ба вазифаи президентӣ хонда буд.

 

Ин амри президенти Амрико  Бреннанро аз дастрасӣ ба гузоришҳои маҳрамона ва дастгоҳҳои иттилоотии Амрико маҳрум мекунад.

 

Соро Сандерз, сухангӯи Кохи сафед дирӯз чаҳоршанбе, 15 август дар ҷараёни нишасти хабарии худ дар ин бора хабар дода, сабаби ин иқдоми Трампро “рафтору аъмоли номуназзам ва ғайриқобили пешбинии Ҷон Бреннан” унвон кардааст.

 

Бреннан, наздик ба ду сол аст, ки  ҳамвора Трампро интиқод мекунад. Ин раиси собиқи созмони  CIA соли гузашта ҳам гуфта буд, ки таҳқиқоти марбут бо иртиботи миёни ситоди интихоботии Доналд Трамп ва Русия дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2016  “бидуни шак” амалӣ шудааст.

 

Ин дар ҳоле аст, ки Трамп борҳо чунин иттиҳомро рад карда, таҳқиқот дар ин заминаро “дасисачинӣ” барои беэътибор кардани пирӯзияш дар интихоботи соли 2016 медонад.

 

Қобили зикр аст, ки  Ҷон Бреннан барои 6 президенти Амрико (се демократ ва се ҷумҳурихоҳ) кор карда буд ва дар замони ёфтан ва куштани Усома бини Лодан, раҳбари собиқи гурӯҳи Алқоъида, Бреннан раиси созмони CIA буд.

 

бреннанҶон Бреннан дирӯз чаҳоршанбе, 15 август  дақоиқе пас аз лағви дастрасии иттилоотиаш ба гузоришҳои маҳрамонаи Амрико, дар саҳифаи твитериаш дар хитоб ба Трамп навишт: “Аҷабовар аст, ки шумо то куҷо метавонед манзалат, шоистагӣ ва покдомании инсонро паст занед. Ба назар мерасад, шумо маънои ҷойгоҳи президентиро ҳаргиз дарнахоҳед ёфт ва ҳатто нахоҳед фаҳмид, ки шахси хуб, содиқ ва наҷиб будан, чигуна мумкин мешавад. Ин барои миллати мо бисёр хатарнок ва даҳшатовар аст.”

Бреннан таъкид намудааст, ки ин иқдоми Трамп поймол намудани ҳуқуқи озодии андеша ва ҳақ ба танқид аст.

“Бояд мардуми Амрико нисбати ин иқдоми Трамп бетарафӣ зоҳир накунанд” – гуфтааст Ҷон Бреннан

***

 

Интихоботи президентӣ дар Покистон 4 сентябри соли 2018 баргузор мегардад

интихоботи ПокистонБарномаҳои номзадҳо барои иштирок дар интихобот то 27-уми августи соли 12 -уми маҳаллӣ қабул карда мешаванд. Раванди баррасии дархостҳо то 29-уми август давом хоҳанд кард ва қарори он 30 август эълон хоҳад шуд.

 

Дар ин бора, Комиссияи интихоботии Покистон хабар додааст.

 

Мутобиқи Конститутсияи Покистон, интихоботи президентӣ дар як моҳ баъди интихоботи парлумонӣ ё як моҳ то анҷоми ваколати президенти кунунии сарвари давлат сурат мегирад.

***

Дар шимолу ғарбии Туркия қариб 14 ҳазор муҳоҷир боздошт шудаанд

Аз оғози соли 2018 дар вилояти Эдирна, шимолуғарбии Туркия, 13.900 муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳангоми  кӯшиши вуруд ба хоки Аврупо тавассути Туркия боздошт шудаанд..

мигрант

Тавре оҷонсии иттилоотии Анадолу хабар медиҳад, аз  оғози сол 8651 муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба қаламрави Юнон ва Булғористон тавассути Туркия боздошт шудаанд. Илова бар ин, боздошти 5249 муҳоҷири ғайриқонунӣ, ки тавассути дигар минтақаҳои сарҳадии Туркия қасди ворид шудан ба қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро доштанд, боздошт шудаанд.

Бино ба манбаъ дар байни хориҷиёни боздоштшуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба қайд гирифта шудаанд.

“Дар байни боздоштшудагон шаҳрвандони Афғонистон, Покистон, Фаластин, Эритрея, Сомалӣ, Гана, Марокаш, Алҷазоир, Эрон, Тунис, Сенегал, Тоҷикистон, Ироқ, Бангладеш, Сурия, Ветнам, Непал, Урдун, Буркина Фасо, Либия, Серра Леоне, Конго, Яман, Миср, Шри-Ланка, Арабистони Саудӣ, Гурҷистон, Озарбойҷон, Судон, Тибет, Лубнон, Мянма мавҷуд мебошанд” – омадааст дар гузориши манбаъ.

 

Дастгиршудагон дар боздоштгоҳи махсуси муҳоҷирони ғайриқонунии Департаменти муҳоҷирати вилояти Эдирна нигоҳ дошта шудаанд.

***

 

Пешниҳоди манъи вуруди мусалмонон ба Австралия 

Фрэзер Эннинг, сенатор аз штати Квинсленди Австралия талаб кардааст, ки  ба Австралия барои муҳоҷирон аз кишварҳои мусулмонӣ роҳ дода нашавад ва низоми муҳоҷират ба таври ҷиддӣ бознигарӣ шавад.

фрезер

 Фрэзер Эннинг – сенатори Австралия

 

 Тавре islam tuday хабар додааст, Эннинг зимни баромадаш дар палатаи болоии парлумони Австралия  пайравони дини исломро ба идғоми фарҳангҳои Австралия айбдор карда, «ҳалли ниҳоии мушкилоти муҳоҷират» -ро талаб намуд.

 

Изҳороти исломситезонаи ин сиёсатмадор сару садоеро  дар ҳукумат ва миёни мухолифони ҳукумати Австралия ба бор овард.

 

Малколм Тернбул, сарвазири Австралия, суханони Фрэзер Эннингро танқид карда гуфтааст: “Австралия кишварест, ки мувафақ  шудааст, тавсеаи ҷомеаи бисёрфарҳангиро бар асоси эҳтироми мутақобил ва эътимод  ба вуҷуд оварад”.

 

 «Мо ҳама гуна иқдоми нажодпарастиро рад ва маҳкум мекунем».- таъкид кардааст Малколм Тернбул, сарвазири Австралия

***

Русия: Соҳибхона ҳақ дорад, иҷоранишини муҳоҷирро аз қайд барорад

Дар Федератсияи Русия қонуне мавриди амал қарор гирифтааст, ки тибқи он агар шаҳрванди хориҷӣ дар макони будубош иқомат надошта бошад, ҷониби қабулкунанда бояд ӯро аз қайди муҳоҷират барорад. Акнун агар муҳоҷир макони будубошро тарк карда бошад ё аз як хона ба хонаи дигар кӯчида бошад, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ натанҳо ба қайди ӯ, балки ба аз қайд хориҷ кардани ӯ низ ӯҳдадор мешаванд.

мигрант

Тавре дар нашрияи «Невские новости» коршиносон гуфтаанд, ин қонун аз 10-уми августи соли 2018 дар Русия мавриди амал қарор гирифтааст.

 

Дмитрий Коваленко, намояндаи Мактаби мутахассисони масоили муҳоҷирати Санкт-Петербург изҳор доштааст: «Қаблан ҷониби қабулкунанда то анҷоми муҳлати амали қайд шаҳрванди хориҷиро аз қайд бароварда наметавонист».

 

То қабули қонуни нав асосҳо барои аз қайд баровардан чорто буданд: кишварро тарк кардани шаҳрванди хориҷӣ, марги ӯ дар Русия, ҳукми қонунӣ гирифтани қарори суд дар бораи бедарак ҳузур надоштани шаҳрванди хориҷии муқими Русия ё эълони марги ӯ, ҳамчунин ба шаҳрвандии Русия соҳиб гардидани шаҳрванди хориҷӣ.

коваленкоДмитрий Коваленко шарҳ додааст: «Акнун банди панҷум илова шуд, ки тибқи он макони будубошро тарк кардани муҳоҷир барои аз қайд хориҷ кардани ӯ асос шуда метавонад. Мутаносибан, қаблан корфармо/иҷорадеҳ аз қайд бароварда наметавонист, лекин барои дар қайд будани муҳоҷир масъулият дошт».

 

Коршинос бар ин назар аст, ки расмиёти аз қайд хориҷ кардан эҳтимол ба макони нави будубош омадани шаҳрванди хориҷӣ гардад, аммо шаклу муҳлатҳои он алҳол муқаррар нашудааст.

 

Бешубҳа, навгониҳо барои корфармоҳо як қатор ташвишҳо эҷод мекунанд, ки онҳо бояд дар бораи рафтани шаҳрванди хориҷӣ огоҳ кунанд ва ин вақту қувваро тақозо мекунад.

 

Мувофиқи тағйироти охир, тибқи қонун корфармо танҳо дар сурате ҷониби қабулкунанда шуморида мешавад, ки агар кормандони худро бо манзил таъмин созад, яъне муҳоҷир дар вагону ҳуҷраҳои алоҳидаи маишӣ дар қаламрави ширкат зиндагӣ кунад ё барои ӯ бинои ҷудогона (хона, ҳуҷра) иҷора гирифта шавад.

Пакина

 

Юлия Пакина, мутахассиси ширкати «Альянс – Трудовая Миграция» шарҳ додааст: «Дар робита ба мавриди амал гирифтани қонун, эҳтимоли пайдо шудани шаҳрвнадон ё корфармоҳои беинсоф вуҷуд дорад, ки баъди анҷоми расмиёти ба қайд гузоштани шуҳрванди хориҷӣ, дарҳол ӯро аз қайд мебароранд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ин тадбир барои муҳоҷирон зиёновар аст».

 

Аммо, Дмитрий Коваленко таъкид доштааст, ки ин тадбир ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои муҳоҷиронро поймол намекунад. Ин коршинос афзудааст: «Муносибатҳо байни шаҳрванди хориҷӣ ва ҷониби қабулкунанда чун пештара боқӣ монда, ҳеҷ касе «тақдири хориҷиёнро ҳал намекунад». Танҳо акнун ҷониби қабулкунанда ҳуқуқ пайдо карда, ӯҳдадор мешавад, ки шаҳрванди хориҷиро аз қайд барорад ва мутаносибан масъулиятро аз дӯши худ бардорад».

Share This Article