16-уми ноябр “Рӯзи президент” ва ё “Рӯзи Э. Раҳмонов”?

Ислоҳ нет

Раҳмонов ин шабу рӯзҳо бо дору дастааш дар навоҳии канори қасри Арбоб, дар вилояти Суғд аст ва ба фарқ аз солҳои қаблӣ дигар қайчӣ дар дасташ нест ва аз рӯи лавҳи сангӣ парда мебардорад ва кафкубиҳои пурмавҷ дар фазо тарокум мекунад, ки «бо шарофати Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат» дар доираи барномаи чаҳоруми стратегӣ, ба пешвози 35-мин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва бахшида ба ҷашнҳои 30-солагии Иҷлосияи16 ва Рӯзи Президент гармхонаи Евро-6 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шуд, як дукони замонавии гуштфурӯшӣ бо таҷҳизоти итолиёвӣ ба истифода дода шуд, як духтурхонаи замонавии дорои чилу чанд кат ба истифода дода шуд, ки 100,50,40 нафарро бо маоши хубу доимӣ ба кор таъмин мекунанд.

“Бовар кунед, агар аз замони бо қайчӣ буридани лента ва инак пардабардорӣ аз лавҳаи дару дарвозаи ин корхонаҳо ба ҳисоб бигирем, Раҳмонов он қадар ҷойи кории ҷадид сохтааст, ки ҳамин ду миллион муҳоҷирамон аз Русия бозгарданд ва боз аз кишварҳои ҳамсоя ҳам муҳоҷирони корӣ даъват шаванд, дар Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.”

Махсусан ин қадар фермаи моли калони шохдор сохту «птицефабрикаҳои современний», ки мебоист имрӯз нархи гушти гову мурғ ва махсусан тухми он дастрасу арзон мешуд. Аммо ҳоло аз кишвар хабар мерасад, ки як ячейка тухм(30 дона) ба 48-52 сомонӣ баробар ба 5 евро расидааст, ки аз нархи дуконҳои инҷо ҳадди ақал 15% болотар аст.

Ҳоло бигзарем. Масъалаи мавриди гапи мо ин нест. Дар бораи Иҷлосияи 16 ва чанду чунии он сарнавиштсоз ва ё сарнавиштсӯз будани он ҳам ришта матолиби «Ислоҳ»-ро дида истодаед. Ва, мо ҳам аз ҳамин 16 ноябр-Рӯзи Президент хоҳем гуфт. Ин рӯз ҳиҷ рабте ба ҳиҷ президенти то ҳамин имрӯзи Тоҷикистон, на Қаҳҳор Маҳкамов, на Раҳмон Набиев ва ҳатто бовар кунед на ба худи ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов надорад. Фақат ин аст ки дар ҳамин имрӯз Иҷлосияи 16 дар 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоб ба кори худ оғоз кард. Тамом. Вале, бояд сана, ки ид ва ё ҷашн эълон ва давлат қарори хос роҷеъ ба он иттихоз мекунад, бояд баҳона, ваҷҳ ва ё далел дошта бошад. Масалан, мудаббирону мушовиронаш гуфтанд, ки Рӯзи забони давлатӣ аз 22 июл ба 5 октябр оварда шавад, чун ба рузи таваллуди Раҳмонов оварданд. Яъне ба хотири онки Раҳмонов дар ҳамин рӯз ба дунё омадааст, ин идро бардоштанду оварданд ба ҳамин сана ва ин сана ҳам дар шумори идҳои расмӣ сабт шуд. Хуллас, баҳона ва сабаб доштанд.

    “Аммо16 ноябр чи иртибот ва умумият ба Президент дорад? Агар манзур ҳамон Иҷлосияи 16 бошад наметавонад ҳатто сари муе наздикӣ ба Рӯзи Президент дошта бошад. Зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия идораи президентӣ аз байн бурда шуд, президенти бо роҳи ҳамапурсии халқӣ интихобшуда иҷборан ба истеъфо фиристода шуд ва худи вожаи Президент аз лексикону адабиёти давлат ҳазф гардид. Бале, маҳз ҳамин иҷлосия буд, ки на танҳо рӯз, балки худи президент, низоми раёсати ҷумҳурӣ-идораи президентиро сарнагун кард. Ва, Эмомалӣ Раҳмонов, ин арусаки Узбакистону Русия, ки дар он раиси Шӯрои олӣ таъйин гардид, шахсан идораи раёсати ҷумҳурӣ-низоми президентиро барҳам зад, то ки вай «сардори давлат» бошад.”

Барои ҳамин боз ҳам такроран мегуем, ки ҳеҷ маълум нест, ки барои чӣ ва бо кадом далел шонздаҳуми ноябр ба унвони Рӯзи Президент ҳамчун иди расмӣ пазируфта шудааст. Зеро он ҳиҷ иртиботе ба Президент ва интихоботҳои президентӣ надорад. Гуфт не президенте лозим дорем, не идораи президентӣ. Ва, ҳама балоҳо ва ҷангу ҷидол зери сари ҳамин президенту интихоботи он буд.

Ва, Раҳмонов бо фишору иръобу шайтанату шантаж Раҳмон Набиевро дар ин иҷлосия водор кард, ки аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо диҳад, чун вай фақат ва фақат раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда буд, на раиси ҷумҳурӣ, дар ҳоле, ки Тоҷикистон бо низоми раёсати ҷумҳурӣ амал мекард ва Раҳмонов ин ҳақ ва ин ҳуқуқро надошт, ки раиси ҷумҳурӣ бишавад, зеро он Иҷлосияи сарнавиштсӯз ва он калушдепутатҳои бозмонда аз шуравии собиқ чунин салоҳиятро дигар надоштанд, ки Раҳмоновро айни Маҳкамов бигиранду раиси ҷумҳурӣ интихоб кунанд,  зеро раиси ҷумҳурӣ дигар бо ҳамапурсӣ-интихоботи умумихалқӣ баргузида мешуд.Аммо, мо медонем, ки дастури махсусан Узбакистон ин буд, ки Набиев ҳам бояд биравад ва арусаки вай -Эмомалӣ Раҳмонов сардори давлат бошад. Аз ин ҷиҳат буд, ки бо зери по гузоштани қонун Раҳмонов дар он иҷлосия сардори давлат эълон шуд. Барои ҳамин аст ки имрӯзро Рӯзи Президент, яъне Рӯзи Раҳмонов эълон карданду ҳоло доранд ба унвони «Рӯзи Президент» дар саросари кишвар ва бо баргузории ҷаласаҳои пурзарқу барқ таҷлил мекунанд. Аммо100% кафолат медиҳам ва бо итминон таъйид мекунам, ки баробар бо сарнагунии Раҳмонов билодиранг аз тақвим ҳазф ва аз шумори идҳои миллӣ пок мешавад ва касе ҳам аз он ёд нахоҳад кард. Чунки, он чуноне ҳам тазаккураш рафт, бебунёду беасос аст.

  “Дар соли 1994 ҳам, ки маҳз тавассути ҳамин калушдепутатҳо идораи раёсати ҷумҳуриро дубора дар кишвар барқарор карда ва интихобот баргузору Раҳмоновро бо фанду фиреб Президент карданд, рӯз рӯзи 16 набуд. Бале, ноябр буд,аммо на16ум, балки 6уми ноябр, интихоботи аввали раёсати ҷумҳурӣ доир шуд, ки ҳамагон медонанд дар он Абдумалик Абдуллоҷонов баранда шуда буд. “

Соли1999 ҳам, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир шуд, соли 2006, соли 2013 ҳам, ки ин интихобот доир шуд на 16 нояб, балки 6 ноябр баргузор шуд. Манзури мо ин аст ки рӯзи 16 ноябр на ба Президенти имрӯза ва на ба гузаштаи Тоҷикистон дахл дорад. Интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ, ки соли 2020 доир шуд, дар 10 уми  октябр доир шуд на ноябр. Хуллас, мантиқу мазмуну моҳияти ин «ид»-ро фаҳмидан натавонистем. 16 ноябр чаро Рӯзи Президенти Тоҷикистон аст? Беҳтар аст ки онро «Рӯзи Раҳмонов» ном мемонданд ва дар тақвими Тоҷикистон ва дар шумори идҳои расмӣ ҳам бо ҳамин ном сабт мекарданд: «Рӯзи Раҳмонов» ва ҳамин тавр Иҷлосияи 16-ро ҳам ном мемонданд ба Иҷлосияи ба номи Раҳмонов ва қасри Арбобро ҳам мемонданд ба номи қасри Арбоби ба номи Раҳмонов. Ҳамчуноне, ки Сапармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури фавтидаи Туркманистон номи рӯзҳои ҳафтаву моҳҳои солро ба ном худу модару дигар бастагонаш карда буд ва ҳамин ки мурд, ҳамаро ба ҳолати оддӣ ва аввала баргардониданд. Ва, ё инки Нурсултон Назарбоев ҳам Астанаро Нурсолтон карда буд вале ҳоло номурда онро ҳам ба номи таърихиаш оварданд.

  “Албатта, поёни Раҳмон ҳам ҳамин аст. Хоҳ Рустамро оварад хоҳ Озодаро. Хоҳ барои модараш ҳайкал гузорад, хоҳ барои китобаш, хоҳ осорхона ташкил медиҳанду, хоҳ барояш  тарҷумаи ҳоли ҷаълӣ мебофанд, хоҳ аз танаш китоб менависанду хоҳ онро ба забонҳои дигар тарҷума мекунанд, хоҳ онро ҳамчуноне Ленинро мегуфтанд, доҳӣ ва доҳии муаззам ва хоҳ онро Пешвову Асосгузор мегӯянд, як рӯз не як рӯз ин ҳама чапагардон сарфуру ва вожгун хоҳад шуд.”

Ин Исмоили Сомонии сонӣ ба ҷуз аз ба қавму қабилаи худаш, ба ҷуз аз маҳаллу оилаву хешу табори худаш, барои ин миллат коре накардааст, ба ҷуз аз дуздии молу дороии миллат.

Ин Исмоили сомонии сонӣ, ки ҳоло «Рӯзи Президент» ҷашн мегирад, халқи тоҷикро бо «мужикҳо»-и руси асри 17у 18 омехта, махлут ва қотӣ кардааст ва худро Пётри Кабир мешуморад.

Албатта ба олу уруқ ва қавум қабилаи худаш кард, аз қурутов оварду палавхуру кабобхур кард, аз заминҳои лалмии ба ҷуз аз ҷаву гандум оварду соҳиби замини себу зардолу кард. Бале, барои қавму қабилаи худ кард. Аммо, ҳоло ҳам, ки меояд ба Хуҷанду вилояти Суғд ва ё Рашту навоҳии ин водӣ, боз ҳам рашку аламаш меояд,  ки чаро ин мардум метавонанду мо не? Охир, Худо ҳамин тавр кардааст. Ин мардумро офаринанда, эҷодкор, туву давру барат ва қабилаатро дузду тороҷгар. Вагарна чаро Ҳасан бираваду бозори Панҷшанбеи Хуҷандро бигирад? Вагарна чаро бояд ту ва домодат роҳи халқи худоро пулакӣ кунед? Чаро бояд кумури Назарайлоқро Бегу Сабуру Шамсулло фурушанд? Чунки самти фикри шумо, хобу хиёли шумо, фалсафаи зиндагии шумо, моҳияту мантиқи зиндагии Шумо ҳамин аст ки бояд бидуздед.

  “Ҳоло, барои Майрами гурсухта ҳайкал гузоштан барои чӣ? Ҳоло барои Майрами гурсухта мақбара-мавзолеи боҳашаматтар ва боазаматтар аз қабри Мирсайид Алии Ҳамадонӣ сохтан барои чӣ? Мегуянд, ки дар сари қабри Майрами гурсухта шабурӯз сарбозҳои кадом қисми ҳарбӣ навбатдорӣ мекардаанд ва ҳаррӯз як муллое рафта дуову фотиҳа мекардааст. Фоидаат надорад. Майрами гурсухта ҳамин гуноҳаш бас аст ки  туро ба дунё овард, дар он дунё дар қаъри моъун дар мегирад.”

Рости гап то куҷо воқеият доштани ин хабарҳоро наметавонем тасдиқ ва ё такзиб намоем. Аммо хабарҳои расида аз он мегуянд, ки омодагиҳо барои рӯзи Валентинро ба рӯзи Таҳмина иваз кардан дар Тоҷикистон оғоз шудааст. Вале, фикр мекунам ин беҳтарин, ҷоизатарин ва муносибтарин ид дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки ҷо хоҳад уфтод. Вале яқинан мегуям, ки «Рӯзи Президент» бо рафтани Раҳмонов ва шояд ҳатто пеш аз сарнагунии он аз тақвими кишвар бардошта хоҳад шуд.

Share This Article