2.08.2018 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

Ҳоҷиёни чинӣ бо гарданбанди чипдор ҳаҷ мераванд

Мақомоти Чин барои ҳар як нафари мусулмоне, ки бо нияти Ҳаҷ ба Арабистони Саъудӣ сафар мекунанд, гарданбанди махсуси дорои GPS омода намудааст.

Ҳамеша бо худ доштани ин гарданбанд ба ҳоҷиёни чинӣ ҳатмӣ буда, тибқи низомнома дар бораи ҳаҷи Идораи назорати дини ҷумҳурии мардумии Чин, ҳангоми зиёрат аз худ дур намудани гарданбанд  ҷиноят ҳисобида мешавад.

Гуфта мешавад, ин гарданбанд дорои дастгоҳи GPS буда, ҷои буду бошро муайян мекунад. Бар замми ин имконияти сабти садои сӯҳбату гуфтугӯи соҳиби гарданбандро низ дорад.

Мақомоти Чин инро як ғамхории  давлат барои гум нашудан ва ба мушкилиҳо дучор нагардидани шаҳрвандонаш ҳангоми зиёрати ҳаҷ, пешгирии амалҳои терористиву экстремистӣ унвон кардааст.

Аммо коршиносон гуфтаанд, яке аз омили асосӣ ин назорати мустақими мусалмонони Чин ҳангоми сафар ба хориҷ мебошад.

***

 

Норасоии мутахассисони улуми исломӣ дар Финландия

Дар масъалаи кадрии соҳаи маорифи Финландия, як мушкили бисёр ғайри мунтазира ба вуҷуд омадааст.

Масъулони Вазорати фарҳанг ва маорифи ин кишвар гуфтаанд, ки аз норасоии устодони улуми исломӣ мушкилӣ мекашанд.

“Дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои миёнаи кишвар ҳудуди 10 ҳазор донишомӯзи мусулмон вуҷуд дорад. Мо ба муаллимони дорои маълумоти дараҷаи маҷистр аз риштаҳои улуми исломӣ ниёз дорем. Барои ҷавобгӯ намудани кадрҳои мактабҳои миёна, мо дар ҷустуҷӯи садҳо донишмандони исломӣ ҳастем. Тақозои замони имрӯз ҳамин аст, ки мо ба хонандагон исломро тавассути мутахассисон ва донишмандони огоҳ таълим диҳем” -гуфтааст Анита Лехикоинен, котиби доимии Вазорати фарҳанг ва маорифи Финландия.

Ӯ афзудааст, ки аз тирамоҳи имсол назди донишгоҳи Хелсинкий факултаи илоҳиёт боз хоҳад шуд.

“Яке аз мақсадҳои асосии ифтитоҳи ин факулта, тайёр намудани мутахассисони улуми исломӣ барои кишвари Финландия мебошад”. — шарҳ додааст Лехикоинен.

***

 

Эътирози шадиди Туркия ба таҳрими Амрико

Аз паи эълони таҳрими мақомоти Иёлоти Мутаҳидаи Амрико  нисбати ду вазири ҳукумати Туркия, роҳбарияти ин кишвар бо истифодаи лаҳнҳои шадид гуфтанд, ки ҳатман Амрико посухи худро хоҳад гирифт.

Дар ин бора оҷонсии иттилоотии Анадолу хабар додааст.

Мавлуд Човушоғлу, вазири хориҷаи Туркия бо эътирози шадид ба ин тасмими Амрико эълом кард, ки Анқара низ ба ҳамон шева ва бидуни ҳеҷ таъхир ба таҳримҳои Амрико алайҳи  ду вазири худро посух хоҳад дод.

«Мо қатъан ба эъломи таҳримҳои Вазорати хазонадори Амрико эътироз дорем. Ин иқдоми ситезаҷӯёна, ки манфиате барои ҳеҷ кас надорад, ба ҳамон шакл ва бидуни таъхир талофӣ хоҳад шуд» — таъкид кардааст Човушоғлу.

Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунин дар сафҳаи шахсии Твиттери худ  кишвари Амрикоро таҳдид карда гуфт, ки ё ҳарчи сареътар ин иқдоми нодурустро ислоҳ кунанд ё посухи онро дарёфт хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки  Соро Сандерз, сухангӯи Кохи сафед шомгоҳи чаҳоршанбе 1 август эълом карда буд, ки нисбати Абдулҳамид Гул, вазири  адлия ва Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия ба хотири нақшашон дар боздошти Андрев Брунсон, роҳиби амрикоии зиндонӣ дар Туркия, таҳрим эълон шуда, ҳамаи амволи ин ду нафар дар Амрико масдуд мешавад ва амрикоиҳо ҳаққи муомила бо онҳоро надоранд.

Соро Сандерз боздошти Брунсон, роҳиби 50-солаи амрикоиро ноодилона хонда гуфтааст, ки ин боздошт ғайри қобили қабул аст.

Маврид ба зикр аст, ки равобити Туркия бо Амрико тайи солҳои ахир ба хотири масоиле монанди ҳимояти низомии Вашингтон аз шабҳинизомиёни курд, адами истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен, тарроҳи  кудатои нофарҷом шоми 15 июли 2016, таҳдид ба таҳрим ба хотири хариди сомонаҳои мушакии s-400 аз Русия муташанниҷ шудааст.

***

 

Ҳаҷми вуруди колои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҳдуд шуд

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки интиқоли маҳсулот аз Узбекистон ба ин кишвар дар ҳаҷми то 50 килограмм иҷоза мебошад.

Дар ин бора , Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот додааст.

Сардори хадамоти гумруки Тоҷикистон шарҳ надодааст, ки сабаби маҳдудияти вуруди бор аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар чист. Танҳо гуфтааст, ки тибқи қоидаҳои гумрукӣ, як ҳаҷми муайяне ҳаст, ки бе пур кардани декларатсия ворид карда мешавад, агар бор аз ин ҳаҷм зиёд бошад, бояд бо расмиятбахшӣ дар гумрук ворид карда шавад.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки сокинони ду кишвар метавонанд ба маблағи то як ҳазор доллар маҳсулотро ба Тоҷикистон бидуни таҳияи асноди расмӣ ворид кунанд.

Тибқи гузориши Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 Тоҷикистон ва Узбекистон ба маблағи 117 миллион доллар доду гирифт кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст.

“Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 66 миллион доллар маҳсулот содир карда, аз ин кишвар ба маблағи 51 миллион доллар коло ворид кардааст”, гуфтааст Хуршед Каримзода.

***

 

Гармои сӯзон фарогири Аврупо шудааст

Ҳарорати гармои сӯзон саросари Аврупоро фаро гирифта, аз гармӣ ҳама алафҳои кабудизорҳо зуд хушк мешаванд, оби дарёҳо то рафт кам гардида, ҳатто ҳайвонот аз ташнагӣ худро аз бешаҳо ба диёрҳои одамнишин зада истодаанд.  Мардум рӯзона, бештари вақти худро дар лаби обу ҳавзҳо мегузаронанд. Дар баъзе мавзеъҳо аз гармии зиёди офтоб ҳатто зери сояи дарахтон истодан мушкил шудааст.

Масъулони соҳаи экологӣ, тавассути расонаҳо огоҳ карда истодаанд, ки вазъият метавонад минбаъд то охири тобистон идома ёбад.

Тавре Евронюз хабар медиҳад, дар Литва ва Латвия мақомоти давлатӣ бино ба гармои шадид аллакай низоми фавқулодда эълон намудаанд.

Гармои шадид ба зироату киштҳои мардум низ дар Аврупо зарари ҷиддӣ ворид кардааст.

Гуфта мешавад, муддати 15 соли охир  миқдори камтарини истеҳсоли ғалла дар Фаронса ва Олмон, дар соли ҷории 2018 ба қайд гирифта шудааст.

***

 

Гирифтани ҳуқуқи паноҳандагӣ дар Фаронса сангин шуд

Баъд аз тақрибан шаш моҳи муҳокима ва мубоҳиса дар парлумони Фаронса, ниҳоят қонуни нав дар бораи муҳоҷират қабул шуд, ки тибқи он тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, тафтиши  ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон барои паноҳандагӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо талаботи сангине ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар ин бора хабаргузории Евронюз иттилоъ додааст.

Тибқи қонун нав, давомнокии баррасии дархости паноҳандагӣ аз 11 моҳ то 6 моҳ кам карда шудааст.

Ташаббускорони тағйирот ба қонуни муҳоҷират гуфтаанд, ки вориди талаботи нав ба қонун ба раванди хориҷ кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишвар роҳро боз мекунад. Илова бар ин бидуни ҳуҷҷатҳои лозима ва далелҳои муҳкам ҳеҷ аризаи дархости паноҳандагӣ ҷавоби мусбӣ нахоҳад гирифт.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар тасвиби қонуни нави муҳоҷират дар Фаронсаро нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар унвон кардаанд.

Share This Article