25 савол ва шикояти мардони Тоҷик, ки посух меҷӯянд

Ислоҳ нет

 

Инҷо аз 25 саволе сӯҳбат мешавад,ки дар тӯли даҳ сол бароям фиристода шудааст.Талош кардам,ки барои ҳар кадоме аз онҳо посухҳоро тавре бидиҳам,ки дар фаҳму идроки онҳо камтарин мушкил пеш наояд. Ин саволҳоро мардону ҷавонони Тоҷикистон ироа додаанд: баъзе аз ин пурсишҳо катбӣ ва баъзеашон шифоҳӣ. Аслан ин ҳама посухҳоро посухҳояшонро, дона-дона ба пурсандаҳо фиристодаам вале инҷо танҳо мафҳум ва дарду ранҷҳоро тақдими шумо менамоям.

 

Вале аз ин ваҷҳ,ки аксари мардони мо ва оилаҳои мо ба ин биступанҷ ҳолат гирифторанд ва ё ҳамин 25 саволро ҷавоб меҷӯянд ва роҳи ҳал барои худ мекобанд дар як матлаб гирдоварӣ ва матраҳ намудам. Мушкилоти иҷтимоъ фаротар аз ин биступанҷ аст,вале он чи бароям расидааст,рӯйи он тамаркуз намудам. Агар бо диққат хонед, ҳатман дар ин биступанҷ ҳолат зиндагонии худро имкон дорад пайдо кунед. Танҳо хонед ва бидонед, ки дар ин ҳолат танҳо шумо қарор надоред.

 

Ҳаёт ва зиндагонӣ бидуни муҳаббат миёни мард ва зан наметавонад устувор ва ширину гуворо гузарад. Ҷуз дар оилаҳои тоҷикони мо. Мумкин аст саволе пайдо шавад, ки чаро дар оилаҳои мо тоҷикон?

 

Посух барои ҳамаи мо ва шумо маълум аст, агар андаке дар ҳолати оилавии худ андеша намоед, посухашро ҳатман пайдо хоҳед кард.

 

Барои ин,ки ҳадаф равшантар гардад меравем ба асли матлаб.

 

Хулосаи шикоятҳо ва дарди дили мардҳои Тоҷик:

 

1.Мо бо ҳамсарам издивоҷ кардем ва хело ҷавон будем ва интихоби ҳамсарам аз тарафи падару модарам буд.

 

2.Ман пас аз даҳ соли зиндагонӣ ҳоло мефаҳмам, ки мо бо ҳамсарам комилан ҳамдигарро намефаҳмем ва дӯст ҳам намедорем.

 

3.Ман дигар тоқат надорам ин ҳама суханоне, ки ҳамсарам ба ман мегӯяд ва маро ба чизҳое муттаҳам менамояд, бишнавам

 

4.Ман бо ҳамсарам дар як курс ё синф мехондем ва ишқи ҷавонӣ буд миёнамон ва он пас аз издивоҷ, ба тадриҷ вале комилан аз миён рафт ва дигар на ӯ ба ман чунон муҳаббат дорад ва на ман ба ӯ ишқу алоқа.

 

5.Ман издивоҷ кардам ва ҳамсарам бокира набуд ва раҳм хурдам ӯро ҷавоб надодам. Аммо ғалат кардам, чун пас аз чанд сол аз телефони ҳамсарам паёмакҳое пайдо намудам, ки аз солҳои то издивоҷ бо ман ёдоварӣ карда буданд ва аз паёми охир фаҳмидам, ки дар Русия будани ман бо он дӯстписараш чанд бор ҳам вохурда будааст, ман чи кор кунам?

 

6.Ман бо ҳамсарам танҳо ба хотири фарзандонам зиндагонӣ дорам ва ҳеҷ алоқае ба ӯ надорам. Боз ман дар Русия кор мекунам ва ӯ бошад фарзандонамро бар зидди ман тарбият мекунад. Фарзандонам аз суханони модарашон нисбати ман нафрат пайдо кардаанд ва ман ҳама умрам ба хотири онҳо зиндагонӣ намудам ва дар дуроҳа қарор дорам ва намедонам чи кор кунам?

 

7.Ман ҳамсарамро дӯст медорам вале бо модару хоҳарам дар як хона наметавонанд зиндагонӣ кунанд. Ман имконияти харидани хона надорам ва ҳамсарам мегуяд ё модару хоҳаратро ихтиёр кун ва ё ману фарзандонатро. Ман чи кор кунам, киро ихтиёр кунам домулло намедонам?

 

8.Ман намедонам ва инро бовар намекунам вале аз ватан занг заданд, ки ҳамсаратро бо як ҷавон дидем ва на як бор, ман се фарзанд дорам чикор кунам?

 

9.Ман дар ду сол як маротиба метавонам ба ватан равам ва ҳамсарам ҳар рӯз бо ман ҷангу даъво менамояд, ки дигар намехоҳад зиндагонӣ намояд. Охир ман дар ватан кор надорам ва чигуна равам ва оилаамро хуронам ва онҷо зиндагонӣ намоям?

 

10.Ман дар оғоз аз ислом огоҳӣ надоштам ва бо духтаре мисли худам издивоҷ намудам.Пас аз инки аз шариъати ислом огоҳ гаштам ва хостам ба ҳамсарам фаҳмонам,ки ҳиҷоб ба бар кунад ва шариъатро риоят намояд вале намехоҳад қабул кунад ва ман чор фарзанд дорам ва намедонам чи кор кунам?

 

11. Ман бо духтаре издивоҷ намудам,ки ӯ шариъатро риоят мекунад вале оилаи ман бо ин амали ҳамсарам мухолифанд. Падарам вазир аст ва ҳар рӯз бо ман барои ҳиҷоби ҳамсарам ва пойбанд буданаш ба ислом даъво менамояд, ки ислоҳаш кунам. Ман дӯст медорам ҳамсарамро, падарам мегӯяд ё гапи маро мегирӣ ӯро талоқ мекуни ва ё ман оқат мекунам, чикор кунам ман?

 

12. Ман ду ҳамсар дорам ва аз ҳарду фарзанд дорам вале солҳои охир вазъи зиндагониям бад шудааст. Агар яке ҳамсаронмро талоқ диҳам гунаҳкор мешавам,чунки дигар тавони нигоҳдории якеашро надорам ва ҳамсари якумамро талоқ диҳам ва ё дуввумамро?

 

13. Ман соли 1993 ба Русия омадам ва 17 сола будам инҷо бо зани русе издивоҷ намудам ва аз ӯ се духтар ва як писар дорам ҳоло 45 сола мебошам ва акнун,ки солам ба ҷое расидааст, мефаҳмам хато кардаам. Духтаронам мисли русҳоянд ва писарам ҳам ҳамчунон. Ду сол аст мехоҳам онҳоро ба ислом баргардонам ва тарбият кунам вале мебинам дигар наметавонам ва маро итоат намекунанд ва ҳар кадом мустақил ва ба балоғат расидаанд. Ман чи кор кунам бо зани тоҷик издивоҷ кунам,то фарзандони мусалмон дошта бошам ва ё дигар ҳарчи бодо бод зиндагониямро идома диҳам?

 

14. Ман аз соли 2015 паноҳандаам ва дар Аврупо қарор дорам ва ҳамсару фарзандонам дар Тоҷикистон ҳастанд. Ҳарчи талош кардам натавонистам онҳоро ба биорам ва ман дар ин ҳолат чи кор кунам.Издивоҷ кунам бори дигар ва ё ҳамин хел бошам,то ин ҳукумат аз байн равад ва ба ватан баргардем?

 

15.Ман бо духтаре издивоҷ кардам ва хоҳарамро ба бародари ҳамсарам додем. Зиндагонии хоҳарам бо додарарӯсам бад шуд ва аз ҳам ҷудо шуданд. Модарам ҳар рӯз бо ман даъво мекунад,ки ҳамсаратро талоқ кун, чи гунае, ки хоҳаратро талоқ карданд. Агар ин корро накунӣ ман туро оқ мекунам, ман се фарзанд дорам ва ҳамсарамро дӯст медорам ва намехоҳам ҷудо шавам , ман дар ин ҳолат агар гапи модарамро нагирам гунаҳкор мешавам?

 

16. Ман дар як масъалае бо оилаи президент бархурд кардам ва аз ватан гурехтам ва пас аз он ҳамсарамро бурданду таҷовуз карданд ва ба ман наворро фиристоданд, ки агар барнагардам ин наворро нашр мекунанд. Ман чи кор кунам баргардам,то маро зиндон кунанд, дигар пас аз ин кор бо ҳамсарам зиндагонӣ намекунам. Ман дар ин ҳолат чи кор кунам хоҳиш мекунам ба ман машварати шаръӣ диҳед,то виҷдонам азобам надиҳад?

 

17. Ман мухолифи сиёсии давлат мебошам ва ҳар рӯз ба падару модари ҳамсарам мақомот фишор меоранд,ки духтаратро гӯед баргардад ва аз домодатон ҷудо шавад. Агар ин корро накунед ва духтаратон барнагардад бароятон мушкилиҳо меорем.Ман панҷ фарзанд дорам ҳамсарам ҳар рӯз бо ман ҷангу даъво мекунад, ки ӯро талоқ кунам ва ӯ баргардад, ман дар ин ҳолат чи кор кунам?

 

18.Ман як мухолифи сиёсии давлат ҳастам вале ҳамсарам духтари яке аз мақомоти баландпоя мебошад. Як рӯз аз телефони ҳамсарам паёмаке пайдо намудам,ки барояш навишта буданд,ки духтарам ончи маслиҳат карда будем бикун ва баргард. Ман бароят шавҳари беҳтар аз ӯ медиҳам вале бе натиҷа наё! Ман инро дидам вале характери ҳамсарам ҳеҷ тағйире нахурдааст нисбатам ва ман чикор кунам дар ин ҳолат?

 

19.Ман медонам ҳамсарам маро хиёнат мекунад вале ҳеҷ далеле барои ин надорам ва ду фарзанд дорам. Шахсе бо ӯ ин корро мекунад фарзанди як мақомдор аст ва метарсам аз ӯ ва инчунин далеле надорам, ки ҳамсарамро гунаҳкор кунам ва аз ӯ ҷудо шавам.

 

20. Ман бо зане издивоҷ кардам, ки аз ман 15 сол калон аст ва мо се фарзанд дорем ва ман ҳоло ин фарқро эҳсос мекунам ва модару падарам мухолифи издивоҷи мо буданд ва то ҳануз бо ман қаҳриянд. Ман чи кор кунам аз ӯ ҷудо шавам ва падару модарамро розӣ намоям ва ё зиндагониямро идома диҳам?

 

21. Ман бо ҳамсарам 21 сол аст зиндагонӣ дорам ва фарзанддор намешавем ва духтурон ҳамсарамро муқассир медонанд вале ман ӯро дӯст медорам ва намехоҳам ҷудо шавам. Падару модарам ҳар рӯз бо ман даъво мекунанд,ки 42 сола шудӣ, фарзанддор нашудӣ. Ман ӯро талоқ кунам ва бори дигар издивоҷ кунам ва ё ҳамсари дуввум гирам ва ин ҳамсарам ҳам бо ман бошад?

 

22. Ман як зани шавҳардорро дӯст медорам ва ӯ ҳам маро дӯст медорад. На ман ҳамсарамро дӯст медорам ва на ӯ шавҳарашро. Мо чи кор бояд кунем, ҷудо шавем ва бо ҳам издивоҷ кунем ва ё ин кор аз нигоҳи шариъат иштибоҳ аст?

 

23.Ман дучори мусибате шудам,ки намедонам чи кор кунам. Вақте писарам бемор шуд ва хостанд табибон ба писарам аз ман хун бигиранд. Ҳамсарам дар он ҳолат нохудогоҳ гуфт аз бародараш хун гиред,чунки ба хуни бародараш мутобиқат мекунад. Ин кор дар пеши ҳама аҳли хонавода шуд ва ман дар ин ҳолат чи кор кунам ба ман аз нигоҳи шариъат посух диҳед?

 

24.Ман бо ҳамсару фарзандонам дар Русия зиндагонӣ мекунем ва падару модарам дар ватан ҳастанд. Панҷ сол аст наметавонам хабаргирӣ равам,чун маро ба моддаи 307 гунаҳкор медонанд. Падарам мегӯяд агар барнагардӣ ман туро намебахшам ва ҳайрон мондам домулло, баргардам зиндонам мекунанд, барнагардам падарам аз ман норозӣ аст дар ин ҳолат чикор кунам?

 

25.Ман ҳафт духтар доштам ва писар надоштам, мехоҳам писар дошта бошам ва издивоҷ кардам боз ду духтар аз ҳамсари дуввум Аллоҳ бароямон дод, боз издивоҷ кунам ва ё дигар орзуйи писар накунам ва бо ин нуҳ духтаронам бошам?

 

Бале хонандагони гиромӣ, поёни 25 савол ва шикоят ва дарди мардони Тоҷик. Интизор бошед 25 савол ва шикояту дарди занони Тоҷикро. Занони мо ҳам дорои дардҳо ва ранҷҳои гуногуне мебошанд ва онҳоро ҳатман тақдиматон менамоем.

 

Share This Article