27.08.2018 Хабарҳо : Аз ҳар гӯша як хӯша

Мубориза дар Малазгирт намунаи далериву қаҳрамонӣ аст ва ба мо ибрати бузурге мебошад. Имони росих ва таваккул ба Худо гузаштагони моро ба ин пирӯзӣ мувоҷеҳ карда буд. Ҳар куҷое қувваи рӯҳу имон ҷисми моро роҳбаладӣ кунад, пирӯзӣ насиби мо хоҳад буд

Таҷлили 947 солагии тасарруфи Малазгирти Рум дар Туркия

Императори Рум, Романи IV Диогенро дар ҷанги Малазгирт, санаи 26 августи соли 1071 Султон Алпарслан шикаст дода буд.

Дар Туркия 947-солагии ин ғалабаи таърихиро, ки дар натиҷаи он Анатолия зери тасарруфи туркҳо ворид шуд, дирӯз 26 август бо иштироки Президенти ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва ҳазорон сокинон таҷлил намуданд.

“Мубориза дар Малазгирт намунаи далериву қаҳрамонӣ аст ва ба мо ибрати бузурге мебошад. Имони росих ва таваккул ба Худо гузаштагони моро ба ин пирӯзӣ мувоҷеҳ карда буд. Ҳар куҷое қувваи рӯҳу имон ҷисми моро роҳбаладӣ кунад, пирӯзӣ насиби мо хоҳад буд”.- изҳор намуд президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар маросими тантанавӣ бахшида ба 947-солагии ғалабаи Малазгирт дар вилояти Муш.

Ӯ афзуд : “Бояд қайд кард, ки аҳамияти ғалаба дар Малазгиртро нодида нагирем. Маҳз тавассути ҳамин муҳориба, мардуми турк далериву шуҷоат ва таслимнопазирии худро ба ҷаҳониён нишон додааст”

Эрдуғон таъкид кард, то он даме, ки мардуми Туркия муттаҳиду сарҷамъ ҳастанд, ҳар гуна ҳамлаҳои душманон ба нокомиҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Қобили қайд аст, ки Султон Муҳаммад Алпарслан, писари Чағрибеки туркман, фармонсолори Хуросонӣ, аз амакаш Туғрулбой қудратро ба мерос гирифта буд. Дар синни 42-солагӣ, 26 августи соли 1071 қувваи бузурги низомии импротури Рум, Романи IV‑и Диогенро Алпарслан шикаст дод.

Маросими таҷлили 947-солагии ғалабаи ҷанги Малазгирт дар ноҳияи Аҳлоди устони Битлис баргузор шуд.

***

Музди хабарчин дар Русия аз музди кории генерал боло рафт

Ба назар мерасад замон, замони бузу хабарчинҳо шуд. Музди хабарчин дар Русия аз музди кории генерал боло рафт.

Дар Русия, Вазорати корҳои дохилии ин кишвар қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он ба ҳар хабаре, ки аз ҷониби аҳолӣ ирсол мешавад, вазорат пул пардохт мекунад.

Минбаъд ба мақомоти полис ҳар касе метавонад дар бораи ҷиноят иттилоъ дода, дар ивазаш пул ба даст орад.

Тавре хадамоти матбуотии ВКД Русия иттилоъ додааст, қиммати ниҳоии иттилоъот вобаста ба муҳиммияти он метавонад аз 3 миллион рубл зиёдтар бошад, аммо ин маблағ бояд аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Русия тасдиқ карда шавад. Маблағ пас аз таъйид шудани хабар, дар давоми ду ҳафта ба хабарчин дода мешавад.

***

Дар Тоҷикистон фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии ширкатҳои русӣ манъ шуд ?

Ба ширкатҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон бо тарзи шифоҳӣ амр шудааст, ки танҳо чиптаҳои ҳавопаймоии ширкатҳои тоҷикиро фурӯшанд.

Дар ин бора як хонандаи Ислоҳ аз шаҳри Душанбе хабар дода гуфт, ки тӯли чанд рӯз мешавад, аз дуконҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ билети арзон намеёбад.

“Ҳама ҷоро гаштам, фақат чиптаҳои қимати ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикӣ ҳастанду халос. Чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ тамоман нест” – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Як нафари дигар бо номи Шерафган Додаршоев аз Русия ба мо навишт, ки барои ҷустуҷӯи чиптаи арзон даҳҳо дуконҳоро дар шаҳри Душанбе гаштааст, аммо чиптаи арзон наёфта, маҷбур шудааст, тавассути корти бонкии як дӯсташ аз ширкати “Уралские авиалинии” ба нархи нисбатан арзон чиптаи электрониро харидорӣ намуда ба Русия парвоз кунад.

“Бовар кунед, дар як ҳавопаймои калон ҳамагӣ 20 нафар ба Екатеринбург парвоз кардем. Ҷойҳо хоп-холӣ. Аммо дар ширкатҳои чиптафурӯшӣ дар Душанбе ба мо мегуфтанд, ки дар хатсайрҳои русӣ ҷой нест, аллакай чиптаи ширкатҳои русӣ тамом шудааст. Ҳеҷ сарфаҳм нарафтам, ки чаро ин хел мекунанд”. – мегӯяд Шерафган.

Барои тасдиқи дурустии ин хабар мо ба чанд нафар муҳоҷирон тамос гирифтем. Як муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав кору фаолият мекунад ва нахост номаш ифшо шавад, ба мо гуфт, ки тавассути як дӯсташ имрӯз аз ин қазия бохабар шудааст.

“Имрӯз бояд як бародар аз Душанбе чипта мехарид, дуконҳо танҳо чиптаҳои ширкатҳои точикиро ба фурӯш гузоштагӣ ҳастанд, чиптаҳои ширкатҳои русӣ нест дар фурӯш. Ман фиқр мекунам барқасд намефурӯшанд чиптаҳои ширкатҳои русиро, барои он ки чиптаҳои ширкати русӣ арзон аст”. – гуфт манбаъ.

Аммо як нафар дукондори фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки машғули фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии чанд ширкати русӣ асту дар фурӯдгоҳ ҳеҷ мамониете нест.

“Мо фурӯхта истодем, ҳеҷ кас ғаммон надодаст. Чанд кас аз ман занг зада дар ин бора пурсид. Гуфтам, ки биёед кадом ширкате мехоҳед чипта ёфта медиҳам. Шояд ин корҳо берун аз фурӯдгоҳ бошад. Аммо дуруст аст, ки барои ба иҷро нарасидани талаботи паритет хархашаҳо байни ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикиву русӣ гоҳ-гоҳ ба миён меояд. Аслан агар хушбинӣ кунем, ҳарчанд қиммат ҳам бошад, бештар ба фурӯш рафтани чиптаҳои ҳавопаймоии ширкатҳои тоҷикӣ аз рӯи патриотизм аст. Инро ҳам бояд ба назар гирифт” – мегӯяд дукондори фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе.

Ин гуфтаҳоро ҳамсӯҳбати мо Шерафган Додаршоев рад карда гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин андеша розӣ нест.

“Бояд гуфт мардуми тоҷик имрӯз дар ҳоле нест, ки аз рӯи патриотизм чиптаи арзонро монда, чиптаҳои қиммматашон ҳангуфти ширкатҳои тоҷикиро харидорӣ намоянд. Аз гуфтаҳои фурӯшандаи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар фурӯдгоҳ бармеояд, ки шахсоне, ки дар фурӯдгоҳ дукон доранд, одамони наздик ба мақомот ё оила ҳастанд. Унҷо одами тасодуфӣ ҷойгир шуда наметавонад. Мо бо чашми худ дидем, чиптаи ширкатҳои русӣ дар фурӯш нест охир”. – мегӯяд Додаршоев.

Тибқи маълумот аз шоҳидони ҳол ба назар мерасад, ҷониби Тоҷикистон аз рӯӣ тоби рақобат надоштан дар бозори фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, пеши роҳи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии ширкатҳои русиро бо таври ғайрирасмӣ гирифтааст.

Сомонаи Ислоҳ ба касоне, ки мехоҳанд ба шаҳрҳои Русия сафар кунанд, тавсия медиҳад, ки чиптаҳои электронии ширкатҳои русиро аз сомонаи расмии ширкатҳо тавассути кортҳои бонкӣ харидорӣ намоянд. Ё худ аз хатсайрҳои кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон истифода кунанд.

***

Amnesty Inter­na­tion­al аз пайдоиши робот-терминаторҳо изҳори нигаронӣ кард

Фаъолони дифоъи ҳуқуқи башар гуфтаанд, ҳоло ҳам дер нашуда, бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз истеҳсол ва офариниши низоми силоҳҳои роботӣ ба таври пурра даст кашад. Дидабони ҳуқуқи башари авфи байналмилалӣ Amnesty Inter­na­tion­al аз пайдоиши робот-терминаторҳои аслиҳаи низомӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҷиҳати манъи истифодаи ингуна роботҳои қотил, дар арафаи музокироте, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мегузарад, ин Созмон изҳорот нашр кардааст.

Изҳороти дахлдор дар сайти ин созмон имрӯз душанбе, 27 август нашр шудааст.

Дар изҳорот омадааст, ки дигар робот-терминаторҳо қаҳрамонҳои филмҳои фантастикӣ нестанд ва доранд ба воқеъият мубаддал мешаванд.

“Дар робита ба пешрафти техникӣ дар ин соҳа, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз паёмадҳои он низ андеша кунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба пайдо шудани роботҳои қотил иҷоза надиҳад”- омадааст дар изҳорот.

Маврид ба зикр аст, ки дар Женева, аз имрӯз 27 август музокироти коршиносони давлатии беш аз 75 кишвар таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид оид ба системаҳои силоҳи мухтори марговар оғоз ёфт. Натиҷаи ин музокирот муайян хоҳад кард, ки робот-терминаторҳо ба воқеъият мубаддал хоҳанд шуд ё хайр.

Дар даври гузаштаи машваратҳо, моҳи апрел манъи системаи аслиҳаи мухтори марговарро 26 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Австрия, Бразилия ва Миср ҷонибдорӣ карда буданд.

Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Русия, Фаронса, Бритониё ва Кореяи Ҷанубӣ пайдоиши робот- терминаторҳо, эҷоди системаи аслиҳаи мухтори марговарро дастгирӣ карданд.

***

Варзишгари мусалмон мусофиронро аз шарри террорист наҷот дод

Варзишгари мароккоиасли фаронсавӣ терористеро, ки мехост хатсайри ҳавопайморо тағйир диҳад, дарҳол бохабар шуда ба по афтонидааст.

Ториқ Саҳобиддин, варзишгари мусалмон, қаҳрамони дукаратаи Фаронса дар риштаи бокс, рӯзи шанбе як мардеро, ки дар ҳавопаймо кӯшиши ба кобинаи халабон ворид шуда, хати сайрро дигар кардан дошт, зада ба по афтонидааст. Дар натиҷа мусофирони хатсайри Мюнхен – Париж аз шарри ин террорист наҷот ёфтаанд.

Дар ин бора, рӯзноманигор Арнауд Ромеро дар саҳифаи фейсбукии худ иттилоъ додааст.

“Вакте яке аз мусофирон бо чеҳраи хашин бо мақсади дигар кардани хати сайри ҳавопаймо ба кобинаи халабонон ворид шудан мехоҳад, ин варзишгар ӯро ба замин афтонида, дастонашро бастааст” – навиштааст ӯ.

Total
0
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов ?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад