30 солагии16-умин иҷлосия ё ифлосия? №18

Ислоҳ нет

“Чаро Сангак Қадриддин Аслонов, муаллифи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро кушт?

 (бахши ҳаждаҳум)

 «Солҳо мегузаранд. Вақту замоне меояд, ки номи ӯ сафед ва дар як саф бо қаҳрамонони ростини миллат қарор мегирад. Ин қаҳрамони воқеӣ ва ростин Қадриддин Аслонов, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон аст, ки бо имзои мубораки вай Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид.»

  Қадриддин Аслонов, раиси собиқи Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар қасри Арбоби Хуҷанд ҳузур надошт. Сарнавишти вай норӯшан ва номаълум буд. Дар асорати «боевик»-ҳои Фронти халқӣ афтода  буд. Маълум набуд, ки зинда ва ё мурда аст. Депутатҳои тарафдори Фронти халқӣ, вакилони кулобӣ сокиту хомӯш буданд. Вале депутатҳои ҷиноҳи демократӣ ва тарафдори оппозитсион изтиробу ташвиши худро дар бораи сарнавишти Аслонов пинҳон намедоштанд. Аз инҷо буд, ки масъалаи ҳузури Аслонов ва чаро ӯ наметавонад дар ин ҷаласа ширкат кунад на як бору ду бор баҳсҳо барангехт ва дупутатҳои блоки демократӣ иштироки ҳатмиии вай ва озод кардани ӯ аз дасти ҷинояткоронро дархост мекарданд. Кашокашу ҷангҳои лафзӣ то ҳадде сахт ва шиддат касб кард, ки намояндагони блоки демократӣ шарт гузоштанд, ки то замоне сарнавишти Қадриддин Аслонов рӯшан нашавад аз ширкат дар иҷлосия мунсариф хоҳанд шуд. Аслонов на танҳо ба уновни депутати Шӯрои Олӣ ҳамчунин ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Қурғонтеппа мебоист ҳатман дар ин иҷлосия иштирок мекард, чун дар кори ин иҷлосия раисони вилоёт ва навоҳӣ даъват шуда буданд. Акнун, ки баҳсо ҳамарӯза ва ниҳоятан ба ин тарз хулоса шуд-вакилони блоки демократ ширкат нахоҳанд кард-депутатҳои ҷонибдори Фронти халқӣ ночор шуданд, посух диҳанд. Ин посух аз забони Адолат Раҳмонова, яке аз сухангӯёни дуруштгуфтори онҳо садо дод. Вай баъдҳо дар як сӯҳбати расонаиш он лаҳзаҳоро чунин хотирнишон кардааст:

 “16-уми ноябри соли 1992 иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистонро оғоз кардем. Таклифҳо шуд, ки раисони ноҳияву вилоятҳо биёянд. Дар бораи Қадриддин Аслонов бисёр гап заданд. Гуфтанд, то вақте наояд, иҷлосия оғоз нашавад. Ман хеста гуфтам, ки бародарон, депутатҳои азиз, шунидам, ки Аслонов зиндаву саломат ҳастанд. Чаро Шумо дар бораи 5 депутати дигар, ки ба таври ваҳшиёна ба қатл расонда шуданд, аз ҷумла Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, Олими Мавлон, Муродуллоҳ Шерализода намепурсед? Магар инҳоро 15 ҳазор нафарӣ халқи Тоҷикистон интихоб накарда буданд?”

  Ҳабибулло Табаров, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон дар китобаш «То мард сухан нагуфта бошад…» роҷеъ ба Аслонов изҳори ақида карда қарор ва фармони Аслонов барои кандани ҳайкали Ленин дар пойтахти кишвар дар сентябри соли 1991-ро ҷиноят меҳисобад. Вай мегуяд, ки ҳамон рӯз бо чанд нафари дигар аз телевизион ин амали ба гуфтаи ӯ «нангин»-и Аслоновро шадидан маҳкум кардааст. Ҳабибулло Табаров аммо мегӯяд, ки бо Аслонов муносибати дӯстона дошт. Вай дар бораи охирин лаҳзаҳои ҳаёти Аслонов, ки бо дастони Сангак ба қатл расонида шуд, чунин мегӯяд:

 «Қадридди Аслоновро бисёр хуб медонистам, раҳматӣ дар ноҳияи Панҷ котиби якуми райком буду ман дар ноҳияи Москва. Баъд ӯ котиби Сека шуд ва баъдтар раиси Шӯрои Олӣ. Мо бо ҳам шинос будем, баъзан якҷоя шишта арақ ҳам мехӯрдем. Сангак як рӯз ба ман гуфт, ки Аслоновро аскарони Фронти халқӣ дар ноҳияи Панҷ дастгир кардаанд ва баъдан аз Кӯлоб ба штаби Файзалӣ ба Калининобод (ҳозира шаҳри Сарбанд) фиристода шудааст. Ман аз бачаҳо фаҳмидам, ки Аслонов бисёр дар азоб аст, гӯё ӯро либоси занона пӯшонида маҷбур мекардаанд, ки рақс кунад. Аз рӯи шунидам як рӯз Сангак омада азобҳои Аслоновро мебинад ва барояш мегӯяд, ки аз ин ҳама азоб дида мурдан беҳтар аст ва ӯро мепарронад.»

 Назарҳо дар бораи шахсият ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии Қадриддин Аслонов яксону якранг нест. Бархеҳо ӯро тавре баҳо медиҳанд, ки гӯё ҳеҷ коре накардааст ва ончики Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро имзо ва эълон кард, кадом қаҳрамоние нест, чун ҳар касе дигар ҳам дар ҷойи вай буд, ҳамин корро иҷро мекард. Масалан Исмоил Талбаков, собиқ муншии Ҳизби комунист чунин изҳори ақида карда буд:

“Дар ҳамон давра ба ҷои худораҳматии Қадриддин Аслонов ҳар каси дигар ҳам мебуд, ба Эъломияи истиқлол имзо мегузошт. Ин эъломияи хидмати Аслонов нест, балки натиҷаи муфт ба даст омадани истиқлоли Тоҷикистон буд. Лекин бадбахтии Аслонов ин аст, ки ӯ натавонист дар ҳамон рӯзҳои аввал аз истиқлол ҳимоят кунад ва мардумро дар атрофаш муттаҳид кунад.”

Назари ҳамсонеро Шарофиддин Имомов, донишманди тоҷик, бо андаке тафовут баён карда, ҳаддалимкон талош кардааст, ки хидматҳои Аслоновро зикр кунад:

 «Зимнан бояд таъкид кард, ки Қ.Аслонов ҷонибдори миллӣ кардан ва маҳдуд сохтани фаъолияти ҲКТ набуд. Ва албатта ӯ ҷонибдори неруҳои  милливу демократӣ набуд ва ҳатто моил ба ин ҷониб нагардид. Вале дар он шароит ӯ содиқона талош кард ризоияти сиёсиро дар Тоҷикистон таъмин кунад: иқдомоти мантиқӣ ва зарурии ӯ дар ин ҷода мақомоти номенклатурии ҲКТ-ро норозӣ ва хашмгин кард…..Вале дар он рӯзҳои таърихӣ Қадриддин Аслонов дар бароварда сохтани аҳдофи умумимиллӣ ва таъмини тафоҳум ва ризоияти сиёсӣ талоши фаъол ва аслан созанда ва мусбат дошт. Ва албатта иқдоми муҳимтарин ва таърихии ӯ таҳияи матни «Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти давлати Тоҷикистон» буд, ки дар он саҳми неруҳои милливу демократӣ ва исломӣ ниҳоят бузург аст». Шарофиддин Имомов. «Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон». Душанбе-«Суннатулло» -2003.

 Дар воқеъ дуруст аст. Аслонов дар атрофаш оммаи васеъи мардумро муттаҳид карда натавонист. Чун ба муқобилият ва ҷанги ошкорои комунистони онрӯза, ки ҳукумат ва Шӯрои Олӣ дар ихтиёрашон қарор дошт, мувоҷеҳ шуд. Аслонов ба тарафи неруҳои нави сиёсӣ, озодандешону рӯшанфикрон ва онҳое, ки сидқан ва бидуни кадом ғаразе истиқлол ва озодии давлат, миллат ва дину оини худро мехостанд гузашт. Аслонов фаъолияти Ҳизби комунистро баст моликияташро миллӣ эълом кард. Сафралӣ Кенҷаев, яке аз мунтақидони сарсахти Аслонов дар китоби сеюми «Табаддулоти Тоҷикистон»-аш роҷеъ ба ҳамин лаҳзаҳои ҳаёти Аслонов чунин мегӯяд:

 « Дар гирдиҳамоии майдони ба номи В.И.Ленин (Озодӣ) 21уми сентябри соли 1991, рӯзе, ки дар Душанбе Анҷумани 19-и Ҳизби комунисти Тоҷикистон мегузашт, Қадриддин Аслонов бо аризаи худ аз сафи ҳизби комунист ва аъзогии Бюрои марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон баромада, ба гирдиҳамомадагон шифоҳӣ, ба мардуми ҷумҳурӣ ба воситаи ахбори умум эълон намуд. Барои қатъ гардонидани амалиёти Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва мусодира намудани молу мулки он фармони ғайриқонунӣ бароварда ва барои кандани ҳайкали Ленин аз майдони ба номи В.И.Ленин (Озодӣ) супориш дод. Ин иқдоми ӯро ҷонибдорони мухолифин, мардуми чандҳазорнафараи майдон бо кафкӯбиҳои дуру дароз, ба суханони «Зинда бод Қадриддин Аслонов», «Фарзанди ҷасуру қаҳрамони миллат», «Қадриддин Аслонов сардори давлати Тоҷикистон» ва ғайраҳо пешвоз гирифтаву гуселонида буданд.»

 Қадриддин Аслонов, дар байни роҳбарияти онрӯзаи кишвар танҳо нафаре буд, ки тағйири мавқеъ кард ва бо мардум бипайваст. Вай Эъломи Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро имзо кард ва бо ин имзо исми худро барои абад дар таърихи миллати тоҷик муҳаққақ ва сабт кард.

Аммо ҳамин депутатҳои комунист ӯро барои ин кораш набахшиданд ва бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ ӯро бо 160 раъй аз мақоми раиси Шӯрои олӣ барканор карда ва дар ҷойи ӯ Раҳмон Набиевро оварданд, ки бо омаданаш Тоҷикистон барои солҳо бо як ҷанги шадиди бародаркуш гирифтор шуд. Аслонов дар ҳамон иҷлосия сухани таърихии худ «кулоҳи Мономах бар сарам тангӣ кард»-ро иброз дошта ва чанд муддате ба ҳайси Раиси Идораи ҷангали Тоҷикистон фаъолият кард.

Аммо ӯро дигарбора суроғ карданд. Ба таҷриба ва малака ва кордониаш ниёз пайдо шуд.

 8 октябри соли 1992 Қадриддин Аслонов, бо фармони Акбаршо Искандаров, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон раиси вилояти Қурғонтеппа таъин гардид. Дар матни ин фармон иллати ин таъинот ба таври рӯшан таъкид шуда буд: «Бо сабаби муташанниҷ гардидани вазъияти вилояти Қурғонтеппа фармон медиҳам Қадриддин Аслонов раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Қурғонтеппа таъин карда шавад».

 Худобиёмурз Аслиддини Соҳибназар дар китоби аввали «Субҳи ситоракуш» ёдовар мешавад, ки дар аввал Аслонов ба як қарор омада натавонист:

  «Қадриддин Аслонов ба як қарори қатъӣ наомада буд. Пешниҳод ба ин мансаб дар лаҳзае ба вуқуъ пайваста буд, ки ҷанг қариб тамоми вилоятро фаро гирифта қувваҳои Фронти халқӣ акнун дар ихтиёри худ даҳҳо танку зиреҳпӯш ва дигар аслиҳаи ҷангӣ доштанд»

  Дар идома шодравон Соҳибназаров менависад,ки Аслонов  аз ӯ мепурсад, ки «чи кор кунем»?

    -Намедонам, агар боварӣ дошта бошед, ки дар ин лаҳза аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа мебароед, розӣ шудан мумкин-гуфтам ман, мегӯяд Соҳибназаров.

   -Боварӣ ҳаст. Ман мардуми Кулобро хуб медонам. Ёру рафиқони  бисёр дорам. Ба дастгирии онҳо комилан боварӣ дорам.

  Ҳаминро ба назар гирифта, шуморо тавсия кардем. Дигар касе нест, ки пеши ин ҷангро бигирад.»

  Вале хонуми Қадриддин Аслонов ба ин вазифи нави шавҳараш комилан мухолиф мебарояд. Хонуми Аслонов ёдовар мешавад, ки ҳеҷ розӣ набуд, ки шавҳараш ба Қурғонтеппа биравад. Агарчи вай дар ноҳияи Панҷ ва дар худи Қурғонтеппа кор карда ва дар ҳақиқат шиносҳои зиёде дошт:

 “Хеле ҷанг кардам бо ӯ, вале гапамро гӯш накард. Вагарна ҳамон вақт визааш омада буд, бояд Германия мерафт. Ҳар қадар гуфтамаш, гуфт, агар ман инҷо нараваму хориҷа биравам, шояд бигӯянд, ки гунаҳкор будааст, ки гурехт. Аз хона 16-уми октябри соли 1992 баромад ва бо ҳамон рафт. 27 октябр буд рафтагиаш рафт. 26 ё 27 октябр буд, дар ҳамон рӯзҳое, ки Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе даромада буд, телефон кард. Гуфтам, набиё, ки инҷо ҷанг аст, ягон фалокатат мекунанд. Кошки, меомад. Айби худам шуд, ки гуфтамаш, набиё. Аз куҷое буд, ки озодона гап зада наметавонист. Бо ҳамаи бачаҳо гап заду дигар надидемаш.”

Аммо Сафаралӣ Кенҷаев, чуноне гуфтем аз мухолифини қасамхӯрдаи Қадриддин Аслонов мегӯяд, ки Акбаршоҳ Искандаров Аслоновро амдан ба Қурғонтеппа фиристод, то аз вай халос бишавад, чун Аслонов дар байни мардум ва ё ҳамон ба истилоҳ электорат дар муқоиса бо вай тарафдори бисёр дорад. Яъне, ба гуфтаи Кенҷаев Искандаров (воқиан маълум мешавад, ки Кенҷаев аз ҳама зиёдтар Искандаровро бад медид) бо ин тариқ рақиби худро ба кӯи марг фиристода буд:

  « Бинобар ин  ба вилояти Қурғонтеппа фиристодани Қадриддин Аслонов ошкоро ӯро ба танӯри пургулхан андохтан буд. Ин ба касе пӯшида набуд. Ба Акбаршоҳ  Искандаров низ ин роз ошкоро буд, ки Аслнов аз онҷо сиҳату саломат аз ақл берун аст ва шояд ин хоҳиши дили Акбаршоҳ буда бошад. Барои бисёриҳо ин мақсад то имрӯз норушан боқӣ мондааст. Чунки касе аз ургонҳои дахлдор то бад-ин рӯз ба ифшои ин амри номуборак камар набастааст. Пеш аз рафтан Қадриддин Аслонов кадом масъалаҳоро гузошта буд ва чаро онҳо амалӣ нагардиданд?!. Магар зери ин коса нимкосае набуд?!»

Сафаралӣ Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон», китоби 3

 Аслонов бо нияти хайр дили соф ба Қурғонтеппа ва бо миссияи сулҳофаринӣ ва пешгирии ҷанг рафта буд. Вале Кенҷаев дар китобаш ду санадеро бо имзои Аслонов чоп кардааст, ки дар асоси яке аз онҳо Аслонов бо як муроҷиатнома ба Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии Давлати Исломии Афғонистон аз ӯ барои муқобила бо режими комунистӣ ва ҳифзи арзишҳои исломӣ ва ҷони мусалмонҳои тоҷик дархости кумак кардааст ва дар санади дигар даъват ба фарохони саросарӣ карда ва аз мардони синни 18-то 45 даъват мекунад, ки барои ҳифзи ирзу номус баланд шаванд. Вале ба ҷуз аз Кенҷаев касе дигар ба ин аснод дастрасӣ надорад ва воқеият будани онҳо ҳам бо таваҷҷуҳ бар онки хонуми Аслонов мегуяд ӯ баъди 16 октябр  Қурғонтеппа рафта ба кор пардохт, зери шубҳа қарор мегирад, чун ба гуфтаи Кенҷаев ин санадро Аслонов ба ҷаноби Раббонӣ рӯзи 13 октябр фиристодааст.

Албатта инро низ инҷо бояд зикр намоем,ки Устод Бурҳониддин Раббонӣ чанд моҳ қабл аз қабули вазифаи раиси Вилояти Қурғонтеппа раисҷумҳури давлати Афғонистон шуда буд. Дақиқтараш дар 28 июни 1992 ва то 27 сентябри 1996 дар ин мақом буданд.

 Дар ҳар сурат Аслонов дар Қурғонтеппа ба мушкилоти сахт ва ниҳоят бо аҷал рӯбарӯ шуд.

Зардакшо Суяров, яке аз афроди бонуфзи онрузаи Қурғонтеппа гуфтааст, ба утоқи кории Аслонов дар ноҳияи Колхозобод даромадам (чун маркази вилоят дигар дар тасарруфи Фронти халқӣ гузашта буд) ва баъди суҳбат изҳор дошт, ки барои оштии сокинони узбактабор ва тоҷикон ба Панҷ меравад. Суяров мегӯяд, ки нарав, ки ҳоло замона ва одамҳо тамоман тағйир кардаанд.

 Ғайратшо Адҳамов, яке аз фармондеҳони пешини оппозитсион ва муовини вазири дифои Тоҷикистон он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд, вақте фаҳмидем, ки Аслонов ба Панҷ меравад, хеле дар ташвиш шудем:

 -Ба мо ба воситаи мухобира аз Қумсангир хабар доданд, ки Аслонов хостори сафари Панҷ аст. Мо ба раиси ноҳияи Қумсангир Шоҷон Ҳусенов арз кардем, то ба Аслонов расонед, ки ба Панҷ наояд. Аслонов дар ҷавоб гуфт, ки раиси колхози ба номи Мирзоянс ҳамонҷо бошад, меравад. Мунтаҳо Аслонов меравад, ин раис ҳатто ба истиқболаш намебарояд .Баракс Аслоновро ба асорат мегиранд.

 Ғайрат Адҳамов мегуяд онҳо пеши нафаре бо номи Ҷумъаи чут одам мефиристанд, ки раисро озод кунанд. Аммо озод намекунанд. Ниҳоят маълум мешавад, ки ин худи ҳамон Шоҷон Ҳусенов Аслоновро дидаву дониста ба Ҷумъаи Чут таслим кардаст.

 Рӯзи аввал ӯро Фархор мебаранд. Вале Ҷиёнхон Ризоев, раиси вилоят иҷозат намедиҳад, ки ӯро дар онҷо истинтоқ ва разбор кунанд. Мегуяд бояд ба мақомот бисупоред. Боевикҳои кулобӣ  ӯро бо дархости Файзалӣ Саид ба ӯ медиҳанд.

 Яке аз шоҳидони он рӯзҳо дар сӯҳбат бо расонаҳо аз он лаҳзаҳои бисёр ҳам сангини ҳаёти Аслонов чунин ёдоварӣ мекунад

 «Вақте Қадриддинро оварданд аввал ӯро лату куб карданд. Ӯро Файзалӣ дар назди худ нигоҳ медошт. Аслоновро барои онки ҳайкали Ленинро чапа карда буд сахт азият медоданд. Аммо як руз боевикҳо сурудхонӣ мекунанд. Аслонов дуторро мепурсад. Медиҳанд, мегираду менавозад. Бо садои форам чанд суруд мехонад. Баъди он муносибаташон иваз мешавад. Файзалӣ мегуфт, ки ба қарибӣ ғалаба мекунад ва Аслоновро раиси колхозҳои вилоят таъин мекунад».

  Яке дигар аз шоҳидони рӯзҳои ахири зиндагонии Қадриддин Аслонов, раиси собиқи Шӯрои Олӣ ва муаллифи имзои Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон ҳикояти ҷонсӯзе кардааст:

«Рӯзе хабарнигор Давлаталӣ Раҳмоналиев бо ҳамроҳии чанд рӯзноманигор омаданд. Ӯ аз Аслонов суол кард, ки дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ С.Кенҷаевро ба кайк ва Тоҷикистонро ба пӯстин монанд кардӣ. Боз гуфта будӣ, ки ҳоло шуморо нишон медиҳам, мақсадат аз ин гуфтаҳо чист?

  -Ман мехостам бо меҳнати ҳалол худро нишон диҳам,-иброз дошт Қадриддин.

-Дурӯғ, садо баланд кард рӯзноманигори дуввум. Рости гапро бигӯ, вагарна ҳолат табоҳ мегардад.

  Ӯро маҷбур мекарданд, ки Тураҷонзода ва Нуриро дар табаддулоти давлатӣ гунаҳкор бикунад.

 -Аз тариқи телевизиони Кулоб ин наворро нишон доданд. Аслонов бо либосҳои варзишӣ буд. Ришаш натарошида, пояш луч,-мегӯяд. Ман, ки дар ноҳияи Панҷ сардори бригадаи пахтакорӣ будаму ба Аслонов шинос будам, баъди тамошои ин навор гиристам».   

Ба ин тартиб, онгуна ки дидем Қадриддин Аслонов зери шадидтарин таҳқиру фишор асир дар дастони чанд ҷинояткор бо ҳазорон азияту азоб қарор дошт. Чуноне шоҳидони ҳол мегӯянд Аслонов вақте раиси вилоят таъин шуд, ки авзоъ комилан хароб буд. Вай, ҳатто дар Колхозобод ҳам натавонист биистад ва маҷбур қароргоҳи худро ба Қумсангир овард ва сафари вай Панҷ дар шароите иттифоқ афтода буд, ки тоҷикону узбекони ин ноҳия ба ҳам душман ва ба ҷони ҳам уфтода буданд. Чархболҳои Узбакистон ба Панҷ омада ба узбактаборҳо ошкоро силоҳу тир дастрас мекард. Хуллас, ӯ авзоъро ношинохта ва таҳлил нокарда омад ва дуруст ҳамон нафарҳое ӯро бастанду доданд, ки як вақтҳои зердастон ва дӯстони худи Қадриддин Аслонов буданд. Албатта инро низ набояд фаромӯш кард,ки онҳое дар ин қатл саҳим буданд исми онҳо ҳам дар таърихи ин миллат сабт хоҳад гашт. Ин нангу хиёнат, на танҳо ба худашон бар олу авлодашон мусаббат абадӣ хоҳад монд.

 Солеҳҷон Ҷураев, иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералӣ дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ низ бо такя ба маълумоти додситони вилояти Қурғонтеппа мегӯяд, ки Аслоновро Сангак кушт. Прокурори генералии собиқ мегӯяд, ки он шабурӯзҳо зани Аслонов назди ӯ омад, то дар пайдо кардани шавҳараш кумак кунем: “Дар ин бора ба ман прокурори вилояти Қӯрғонтеппа маълумот дод, ки ӯро ба гарав гирифтаанд. Ҳамчунин баъди ду ё се рӯз ҳамсари Аслонов ҳамроҳ бо чанде аз пайвандонаш назди раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров омаданд. Ман ҳам даъват шудам. Бо зани Аслонов сӯҳбат кардам. Гуфт Аслоновро дуздиданд, аммо кӣ дуздидааст, намедонист. Прокурори вилоят ва аз ВКД гуфтанд, ки Сангак Сафаров ӯро ба гарав гирифтааст. Дертар фаҳмидем, ки аз тарафи Сангак ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.”

Сангак, ки гӯё барои раҳоӣ аз азобу машаққати зери дасти Файзалӣ Аслоновро куштааст, як ҷинояткори беимон аст ки билкулл дурӯғ мегӯяд. Вай метавонист, ки Аслоновро наҷот бидиҳад .Вале аз онки вай қаротегинӣ, аз онки вай аз комунистҳо бурид ва ҳайкали Ленинро чапа карда бо оппозитсион пайваст, яъне бо тамоми маъно зидди барномаҳои Сангак буд, ӯро паронду кушт. Ин гушнамастҳои аз ҳар деҳаи вилоят ҷамъовардаи Сангак ҳатто баъди марги Аслонов хонаводаи ӯро ором нагузоштанд. Гулрухсор, духтари марҳум Аслонов ваҳшониятҳои ин гушнамастонро дар як сӯҳбаташ ин тавр баён кардааст:

 “8-уми январи соли 1993 буд. Либоси кӯдакҳо ва молу чизи хешу табореро, ки барои гӯрондани бобоям омада буданд, бурданд. Он вақтҳо видео нав пайдо шуда буд. Видеоро ҳам бо кассетаҳои тӯйи ману додарам бурданд. Баъд гӯё ин кассетаҳоро тамошо карда, хешу табори мо ва дигар аҳли тӯйро таъқиб кардаанд. Ҳамон солҳо падарам як манзили рӯбарӯи моро харида буд. Кӯшиш карданд, ки ин хонаро ҳам бигиранд, вале натавонистанд. Модарам ҷанҷол бардошт ва онҳо аз қасди худ гаштанд.”
Хонуми Аслонов мегуяд баъди вафоти падараш худаш кудакони ӯро ба камол расонду хононд. Як бор мегуяд дар ҳамон солҳои сахт рафтам назди Достиев. Гуфт: «янга, миёнатро сахт қапу бачаҳоятро нигоҳ кун».  

  Ҷасади Аслоновро яке аз шиносҳояш аз идораи «Селхозтехника»-и Калининобод-сарбанди имрӯза пайдо карда ба ҳақу ҳамсояҳояш ба хок месупорад. Ҷасади вай дуруст аз утоқе пайдо мешавад, ки солҳо дар он ба ҳайси раиси ин идора менишаст-утоқи кориаш буд. Ин нафар мегӯяд, ки Аслоновро мешинохтааст. На танҳо вай балки чандин каси дигарро бо дастони худаш дар ҳаминҷо- дар километри ҳафтуми роҳи Сарбанд –Данғара дар канори партовгоҳи Табақчӣ ба хок супурдааст: 

 “Соли 1992 ё 1993, дар ҳамон давраҳои кашмакаш буд. Ман мурдаашро аз “Селхозтехника”-и шаҳри Сарбанд овардам. Онҷо штаби ҷанговарон буд. Ман вақте рафтам, ки ӯ ба ҳалокат расида буд. Аз кундаи синаи чапаш як тир хӯрда буд. Ман надидам, ки ӯро кӣ кушт. Аммо мо, ки пеш дар давраҳо бо ҳам нишаста будему якдигарро мешинохтем, ман мурдаашро овардам ва бо ҳамсояҳо намози ҷанозаашро хонда, гӯрондам, ки ягон вақт ягон бачааш ё ягон духтараш моро суроғ мекунанд. Дар ҳақиқат, омаданд, рафтем, мазорашро зиёрат кардем ва ҳамаи воқеаро ба хешу табораш гуфтам. Дигар бо онҳо хешу табор шудаем ва рафтуомад дорем.”

Солҳо баъд Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки шодравон Масъуд Собиров, роҳбарӣ мекард, пешниҳод намуд, ки ба Қадриддин Аслонов унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» эъто шавад. Зеро вай Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро имзо кардааст.

Маълум буд, ки ин пешниҳод аз ҷониби Раҳмонов ва дору дастааш пазируфта намешавад. Вале, таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дер ё зуд Қадриддин Аслонов ба унвони яке аз аввалин роҳбарони воқеии Тоҷикистон мақому манзалати шоистаи худро касб хоҳад кард. Аллоҳ раҳматаш карда бошад ва ба қотилону кумак кунандагони қатлаш ҷазои сазоворро иноят намояд.

Поёни қисмати ҳаждаҳуми ин силсила матолиби мо. Қисмати нуздаҳуми мо “Мамадаёз Навҷувонов, «куҳистонӣ»-е, ки ахгари ҳаводис шуд, кист? “ Ин қисмат ҳам яке аз оғози нооромиҳо ё ҳаводис, аввалин алангае буд,ки ҷанги шаҳрвандиро асос гузошта буд. Ҳатман интизор бошед, бихонеду бубинед онро!   

Share This Article