30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия? №22

Ислоҳ нет

Чи тавр Шӯрои Олӣ ва интихоби Э.Раҳмонов кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонд?

(бахши бисту дуввум )

Эмомалӣ Раҳмонов, шашумин ва охирин раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум буд, ки дар Иҷлосияи 16-и ин Шӯро дар қасри Арбоби Хуҷанд дар 19 ноябри соли 1992 ба ин мақом баргузида шуд. Қабл аз вай дар ин мақом Акбаршо Искандаров, Сафаралӣ Кенҷеав, Раҳмон Набиев, Қадриддин Аслонов ва Қаҳҳор Маҳкамов кор кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмонов аз ин Шӯро ва махсусан аз Иҷлосияи 16-и он то абад ва барои ҳамеша розӣ ва шукргузор аст. Маълум аст ки маҳз ҳамин Шӯро Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳамроҳонашро аз як музофот ба сари қудрати мамлакат овард ва акнун сӣ сол аст ки худро сварка-кафшер кардааст.

Барои Раҳмонов ва ҳамроҳонаш ин Шӯро ва ин иҷлосия дар шумори муқаддасоти зиндагониашон ҷой дорад. Абдулмаҷид Достиев, ки дар ин Шӯро ӯро ба курсии нафари дуввум ва китфи рости Раҳмонов шинониданд, аз ҳар каси дигар бештар изҳори сипос ва шукргузорӣ мекунад. Ба назари вай ин Иҷлосия ва ин Шӯро Тоҷикистонро наҷот дод ва киштии ғарқшудаи истиқлолиятро ба соҳил овард.
Бингарем, ки ин Шӯро чи тавр интихоб шуд ва чи мароҳилеро тай кард ва дар сарнавишти давлати тоҷикон чи нақше бозид.

Интихоботи депутаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12 баъди ҳаводиси рӯзҳои 12 ва 14и феврал дар шароите баргузор гардид, ки дар кишвар режими вазъияти фавқулодда ва қуюди шабгардӣ амал мекард. Мақомоти он замона, яъне Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба раҳбарии Қаҳҳор Маҳкамов созмони ҳанӯз сабтиномнашудаи «Растохез»-ро гунаҳкор карда ва алайҳи зиёиёну дигарандешон ва ба вижа роҳбарияти ин созмон маъракаи бадномсозиро тавассути расонаҳо ба роҳ монд. Ин интихобот 230 вакили Шӯрои Олиро интихоб кард, ки дар рӯзҳои 25 феврал ва такроран дар рӯзҳои 4 ва 9 марти соли 1990 доир шуд. Бо вуҷуди мухолифати шадиди Ҳизби коммунист, ки давлат ва ҳокимиятро дар ихтиёр дошт чанд нафаре аз рӯшанфикрон ба шумули Тоҳири Абдуҷаббор, раиси «Растохез» дар ин интихобот ғалаба ба даст оварданд. Шарофиддини Имом, донишманди фақиди тоҷик ва аз муовинони раиси «Растохез» , ки аз шоҳидони айнии он рӯзҳо буд мегуяд дар интихоботи 25 феврали соли 1990 намояндаҳои номенклатураи комунистӣ 94%-и Шӯрои Олиро гирифтанд:

« Ба ҳайати он фақат ду намояндаи Растохез ва неруҳои милливу равшанфикр дар маҷмӯъ-Бозор Собир ва Тоҳир Абдуҷаббор ва иддаи маҳдуди коммунистони ислоҳотталаб ва тараққихоҳ-Абдулло Ҳабибов, Аслиддин Соҳибназаров, Одилҷон Ёқубов ва дигарон (ҳамчунин Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода) интихоб гардиданд». Шарофиддини Имом.«Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон». Душанбе-2003. «Сунатулло».

Ба навиштаи ин донишманди тоҷик ҷараёни ин интихобот аз оғоз то ба анҷом таҳти контроли шадиди ҳокимони онрӯза баргузор гардида шахсиятҳои дорои афкору ақидаи нав бо мухолифати шадиди мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо қарор гирифтанд.
Аммо баракси ин гуфтаҳо Иброҳими Усмон яке дигар аз донишмандон ва низ шоҳиди айнии ҳаводиси он солҳо бар ин бовар аст ки интихоботи депутатҳои халқӣ ба Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум шаффоф ва озод доир шуда буд:

«Интихоботи парламентии соли 1990 дар фазои демократитарин ва имконияти афзояндаи неруҳои зиддикоммунистӣ гузашт. Ҳавзае набуд, ки камтар аз се номзад ба қайд гирифта шуда бошад, ҳавзаҳое буданд, ки то бист нафар номзад доштанд. Дар бисёр ҳавзаҳо муншиҳои аввали ҳизби коммунист аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд. Натиҷаи интихобот низ ҳолати умумидемократиро нишон медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар таърихи интихоботи парламентии Тоҷикистон ин ягона интихоботе буд, ки роҳбарони ҳизби коммунист ва ҳукумат ба раванди он таъсир расонида натавонистанд.» И.Усмонов «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» .Хуҷанд-2003. «Нури маърифат»

Ва, аммо маҳз ҳамин Шӯрои Олӣ ва бозиҳову интригаҳои дохилии он, баҳсу талоши номенклатураи коммунистӣ, ки дигар бо сиёсатҳои перестройка ва ошкорбаёнии горбачевӣ наметавонистанд муқовимат кунанд ва курсӣ дар зери пойҳояшон ларзонак шуда буд, сабаб шуда буд, ки сукут ва рукуди иҷтимоӣ дастхуши тағйирот бишавад.
Шарофиддини Имом, ноиби раиси «Растохез», ки солҳо баъд дар дастгоҳи маъмурияти Раҳмонов кор карда то ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистон ҳам расид дар ҳамин китобаш лаҳзаҳои мубориза ба мақоми раиси Шӯрои Олии Тоҷикистонро ин тавр тасвир кардааст:

«…..интихоби Раиси Шӯрои Олӣ дар шароити муборизаи шадиди дохилии номенклатура ҷараён гирифт: барои ин мақом 2 номзад-Қаҳҳор Маҳкамов ва Ғоибназар Паллаев пешбарӣ шуданд: баъди баҳсу талоши ҷиддӣ овоздиҳӣ сурат гирифт. Дар он Қаҳҳор Маҳкамов ғалаба кард: Ғоибназар Паллаев 60 овоз гирифт.Ҷудоӣ дар таркиби номенклатура амри ошкор гардид. Интихоби Қаҳҳор Маҳкамов ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ бо дарки возеҳи оҷизии ӯ аз иҷрои нақши воқеъии роҳбари умумимиллӣ иқдоми нахустини манфӣ ва ҳатто фоҷиавии парламони нав буд.» Шарофиддини Имом.«Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон».Душанбе-2003.«Сунатулло».

Агарчи Қаҳҳор Маҳкамов, муншии аввали ҲКТ ба мақоми раиси Шӯрои Олӣ ва сипас боз ҳам аз тариқи овоздиҳӣ дар ҳамин Шӯрои Олӣ нахустин раиси ҷумҳурӣ интихоб гардид аммо вай дигар баъди ҳаводиси февралӣ обрӯи худро аз даст дода буд. Дар интихоботи раиси Шӯрои Олӣ Қаҳҳор Маҳкамов-Котиби Якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистн Ғоибназар Паллаверо, ки то ин замон раиси Президиуми Шӯрои Олӣ буд шикаст дод ва каме дертар дар интихоботи раиси ҷумҳурӣ Раҳмон Набиевро. Ҳардуи ин интихобот дар ҳамин Шӯрои Олӣ анҷом гирифт, на тавассути раъйгирии мардумӣ. Аммо ин замоне буд, ки аллакай неруҳои нави сиёсӣ, ҳизби демократ, ҳизби наҳзат ва созмони «Растохез» талоши вориди саҳна шудан мекарданд. Маҳкамов ва ҳукумати вай имкони фаъолияти расмӣ ба онҳоро бо ҳар баҳона рад мекард ва аксари вақт талоши номнавис шудани онҳоро бо Шӯрои Олӣ ноком месохт. Аммо ҳодисаи ГКЧП дар Маскав дар моҳи августи соли 1991 ва дастгирии Маҳкамов аз он суқути сиёсии ӯро фароҳам кард. Ҳамин тавр ҳамин Шӯрои Олӣ, ки ҷонфидоёна аз вай ҳимоят мекард ба якбора дар муқобилаш қарор гирифт ва депутатҳое мисли Шӯҳрат Султонов ӯро водор карданд, ки истеъфо бидиҳад. Маълум буд, ки депутатҳои халқӣ ва Шӯрои Олӣ мехостанд бо қурбонӣ кардани Маҳкамов худро ҳифзу ҳимоят кунанд вагарна чуноне гуфтем,94 дар сади ин Шӯро аз коммунистон ва мансбдорони онрӯза таркиб ёфта буд.
Тоҳири Абдуҷаббор, раиси Растохез ва депутати Шӯрои Олии онрӯза мегуяд дар ҳақиқат он ҳайати Шӯрои Олӣ сазовори ниҳоди олии қонунгузор набуд:

«..Зеро ин парлумон 94 дарсад аз коммунистони мансабдор иборат буд ва бештари онҳо ашхоси бесалоҳият буданд ва тавони кор дар ин ниҳоди қонунбарорро надоштанд. Ағлаби онҳо раисони колхоз, директорони совхозҳо ва котибони ҳизб буданд ва намедонистанд қонун чист ва кори парлумон комилан ҷавобгӯи талаботи замон набуд, чунки вазъият босуръат тағйир мекард, вале пояи ҳуқуқии онҳо аслан вуҷуд надошт. Барои сохтани пояи ҳуқуқии онҳо парлумон бояд доимо амал мекард, вале депутатҳо соле се-чор дафъа даст мебардоштанд.»

Ва,дар ҷойи дигар равоншод Тоҳири Абдуҷаббор дар бораи ин депутатҳо мегуяд:

«….депутатҳо соле се-чаҳор дафъа барои ду-се рӯз ҷамъ мешуданду аз қонунҳо чизе нафаҳмида, фақат даст мебардоштанд …..Касоне дар парлумон буданд, ки дар андеша ва ғами ҳифзи мақом ва манофеву мансаби худ буданд ва тақрибан ин парлумон ва Кумитаи Марказии ҳизб ҳарду як чиз буданд, чунки касоне, ки дар онҷо буданд, дар парлумон низ ҷой гирифта буданд ва онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд, ки барои пешрафт ва зиндагии ҷомиа дар шароити ҷадид коре бикунанд.» «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон».Душанбе-2000. «Суннатулло»

Шарофиддин Имом, ҳукумати онрӯза ва роҳбарияти онро ба он муттаҳам мекунад, ки дар заминаи маҳалгароӣ ҳокмият меронданд. Аз ин рӯ буд, ки дар мақомоти раҳбарӣ бештар намояндаҳои шимоли мамлакат дар мансабҳои асосӣ кор мекарданд:

«Баръакс, гурӯҳи ғолиб дар фикри бештар заиф сохтани мавқеи рақибони онрӯзии худ шуд: на фақат Бӯрӣ Каримов ва Нурмуҳаммад Табаров, ҳамчунин Абдулло Ҳабибов аз мақомоти худ бо ҳаёҳую табли шодмонӣ сабукдӯш сохта шуданд, балки Ғоибназар Паллаев, ки бонуфузтарин намояндаи гурӯҳҳои ба ҳам наздики номенклатураи қаротегинию бадахшонӣ маҳсуб мешуд дағалона ва намоишкорона берун карда шуд. Мақомоти асоситарин ва муҳимтарин дар ихтиёри гурӯҳҳои асосии ки аз элитаи шимол қарор гирифтанд. Каме дертар дар миёнаи соли 1990 яке аз кормандони масъули КМ ҲКТ ба КМ ҲКИШ ёддошти ҷолиб дар мавриди таркиби мақомоти олии ҳизбӣ ва давлатӣ ирсол намуд, ки баъзе арқоми он хеле омӯзандааст ва гувоҳи сиёсати бехирадонаи ин марҳилаи баъди февралӣ мебошанд ва баҷост, ки инҷо сабт гардад. Дар ин ёддошт таъкид гардидааст, ки нуфуси вилояти Ленинобод ҳудуди 25% нуфуси умумии кишвар аст дар ҳоле ки намояндагони он (саҳеҳтараш намояндагони гурӯҳҳои асосии номенклатураи он –Ш.И) дар Раёсати Шӯрои Олӣ- 55,5%,дар Шӯрои Вазирон-55%, дар бюрои КМҲКТ-50% дар КМ ҲКТ-46, дар Шӯрои Олии Тоҷикистон 44% ва муассисоти дигар ҳамин таносубро ташкил медиҳанд. Ин арифметикаи ҳиллаварона ва айёрона барои квазиэлитаи шимол пирӯзии бузург талаққӣ мешуд, дар ҳоле ки ин амал сабабгори аслии шиддати муборизаи гурӯҳҳои гуногуни номенклатура гардид ва натиҷаи он амиқтар шудани буҳрони сиёсии кишвар буд». Шарофиддини Имом.«Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон».Душанбе-2003.«Сунатулло».

Аммо мушкили асосии Шӯрои Олии Тоҷикистон ин буд, ки вай тӯли фаъолияти панҷсолаи худ ҳеҷ гоҳ як мавқеъи муайян надошт. Вай ба равиши об бел мезад. Зеро чуноне гуфтем он аз мансабдорон иборат буд. Мансабдорон ҳамавақт ба ҳавои даҳан ва хостаҳои ҳукумат кор мекунанд. Барои мисол ин Шӯро дар оғози кораш, ки ба даврони дигаргуниҳои сиёсӣ дар саросари рост омада буд, наметавонист вокуниши муносиб кунад. Ҳатто кор ба ҷое расида буд, ки асноди таъйинкунандаи истиқлолияти давлатиро рад карда ва дар талоши ҳифзу ҳимояти СССР амал мекард, давлате, ки имрӯзу фардо суқут карда истода буд.
Марҳум Тоҳири Абдуҷаббор мегуяд, ки Шӯрои Олии Тоҷикистон замоне, ки санади Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро ӯ пешниҳод кард бо як ҳаёҳу рад карданд. Аммо вақте ин санадро қабул карданд, ки аллакай СССР пароканда шуд:

«Парлумони Тоҷикистон санади истиқолияти давлатии Тоҷикистонро низ танҳо баъд аз саркӯб шудани кудатои 19-21 августи соли 1991 ва амалан пароканда шудани ИҶШС қабул кард. Яъне парлумони мо дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ замоне лаб кушод, ки ба қавли муҳтарам Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода Тоҷикистонро се талоқ дода танҳо гузошта буданд.»Тоҳири Абдуҷаббор «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон» Душанбе-2010. «Нодир»

Айни ҳамин бемавқеъиву беиродагиву бепринсипии худро Шӯрои Олии Тоҷикистон дар масъалаи додани иҷозат ба аҳзоби нави сиёсӣ: демократ ва наҳзати исломӣ ва низ Растохез нишон дод. То он замоне, ки рӯи он фишор оварда нашуд, розӣ ба сабти номи онҳо нашуд, дар ҳоле, ки дар дигар ҷамоҳири шӯравии пешин аҳзоб ва ҳаракатҳои нав амал мекарданд.

Бӯрӣ Карим, роҷеъ ба фаъолияти Шӯрои Олии даъвати дувоздаҳум дар китобаш ба тафсил сухан рондааст, ин Шуроро мусаббиби тамоми балоҳои ба сари Тоҷикистон омода медонад:

«14.08.1992. Сессияи 15 Шӯрои Олӣ доир гашт. Маҷлиси Шӯрои Олӣ масъалаи вазъи сиёсии ҷумҳуриро баррасӣ менамуд. Дар вилояти Қурғонтеппа хунрезӣ идома дошт. Иҷрокунандаи вазифаи раиси кумиҷроияи вилоят Н.Қурбонов аз сессия талаб кард, ки дар ноҳияи Вахшу Бохтар вазъияти фавқулодда эълон гардад. Иҷлосияи 15 парлумони «фавтида»-ро ба қавле аз сари нав зинда намуд. Дар ин Шӯро зиддияти вакилон зиёд гашт. Якчанд варианти зери пасипардагии вакилон нисбати аз варта аз варта берун намудани Тоҷикистон байни гурӯҳҳо маслиҳат мешуд. Баромади Набиев мазмуни гунаҳро пурра ба мухолифин бор карданро дошт. Вакилони зиёде аз роҳбарон мепурсиданд: «Яроқро кӣ дод?» Вале ҷавобҳо аниқ ва ҳақиқӣ набуданд. Иҷлосия нишон дод,ки обрӯи Р.Набиев бениҳоят паст рафтааст. Ба ин нигоҳ накарда чанд вакили кулобӣ ба ҳимояи Р.Набиев гузашт. Аз ҷумла Ҳикмат Шарифов гуфт, ки «чӯбро,ки интихоб кардед, ба чӯб итоат кунед». Бӯрӣ Карим «Фарёди солҳо».Москва «Трансдорнаука»,1997.

Ин порлумон ба ҳеҷ ваҷҳ сари қавлаш наистодааст. Мисли заврақе дар дасти ҳаводис, балки беҳтар аст бигӯем дар дасти ҳукумати иҷроия буд. Ҳар ончики ба ҳукумат писанад буд онро иҷро мекард. Ҳатто дар фосилаи даҳ- понздаҳ рӯз қарору мадорики қабулкардаи худро дигар ва ё лағв мекард. Ин порлумон аз мардум дур буд. Барои ҳамин пайваста таҳти фшор қарор дошт. Депутатҳое дошт мисли Миралӣ Маҳмадалӣ, ки мегуфт: «чор баақлтарамо равану масъаларо ҳал кунанду биёянд мо овоза битем ва ё мисли депутат Ҳикмат Шарифов,ки мегуфт, чубро ба саратон раис монданд, итоаташ кунед.»

Ҳамин Шӯрои Олӣ Маҳкамовро раис ва раиси ҷумҳурӣ интихоб кард аммо як сол нагузашта аз мансаб ронд, ҳамин порлумон ҳамин тавр Набиевро раиси Шӯро интихоб кард вале дар Хуҷанд бидуни онки бипурсад, ки чаро ӯро водор ба истеъфо кард. Ҳамин тавр Қадриддин Аслоновро бардор-бардор карданду раси интихоб намуданд аммо вақте вай хост бо таҳаввулот ва тағйироти замона ин Шӯроро канор оварад, ӯро ҳам бо як қаҳру ғазаб аз курсӣ барандохтанд. Шӯрои Олӣ бадтарин муносибатро бо Сафаралӣ Кенҷаев раво дид: се бор раис интихоб кард ва се бор барканораш намуд.

Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, ки вақте мо-неруҳои нави милливу демократӣ бо таваҷҷуҳ бо нокоромадӣ ва нокифоятии ин Шӯро хостем, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол парламенти касбии худро дошта бошад, вакилони парлумон ба шумули раиси онрӯза Сафаралӣ Кенҷаев бад бардошт карданд:

«-Бале, аслан тавре гуфтам, парлумон ба ном буд ва дар асл ҳеҷ набуд ва вазоифи бузурге, ки дар пеш истода буд, онро наметавонист иҷро бикунад. Аз ин лиҳоз, ман воқиан розӣ будам ва қабл аз ин ҳам тақрибан дар авоили соли 1992 ба Кенҷаев гуфта будам, ки ту як дуруст фикр бикун, ки ҳамин парлумон кори худро дуруст анҷом дода битавонад, яъне иваз шавад ва чун навад дарсад касоне, ки дар парлумон ҳастанд, онҳо вазифаи худро намедонанд ва тавоноии ин корро надоранд. Аз ин хотир маслиҳат бикунед ва ин дафъа вақте намояндагони мардум меоянд, мавзӯъро дар миён бигзор, ки ҳамин тур корҳои бузург дар пеш аст ва шумо тавони ин корҳоро надоред. Биёед, шояд бо дарназардошти вазъи феълӣ ва таҳаввулоте, ки сурат мегирад, маслиҳат бикунем ва худи Парлумон қарор барорад, ки як интихоботи ғайринавбатӣ сурат бигирад. Ин кор, масалан, дар се-чор моҳи оянда, яъне тобистон гузаронида шавад ва Маҷлис, яъне парлумон нав шавад.» Меъмори истиқлоли Тоҷикистон». Душанбе-2000. «Суннатулло»

Мо чаро гуфтем, ки ин Шӯро маҳз бо Сафаралӣ Кенҷаев дучори мушкил гардид, чун маҳз дар ҳамин ваҳла ва мақтаи замонии фаъолият Шӯрои Олӣ-депутатҳои халқ собит карданд, ки нокоромаданд. Зеро ин давра аз кори Шӯрои Олӣ Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонд. Талабу дархости тазоҳуроти осоиштаи неруҳои милливу мардумӣ ва муқобилони онро ба таври бояд ва шоиста ҳаллу фасл накард, аксуламали муносиб ба як ниҳоди ҳокимиятро аз худ нишон надод. Барои мисол вақте Давлати Усмон гуфт, ки Шумо бояд ба унвони намояндагони мардум ба нидои гирдиҳамомадагон гӯш фаро диҳед, талаби ӯро сарфи назар карданд. Яке аз чунин лаҳзаҳоро Салими Аюбзод чунин ба қалам додааст:

«Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Давлати Усмон он вақт чунин изҳороти Шаҳидонро ба депутатҳо қироат кард: «Агар дили шумо барои миллат ва ватан бисӯзад ва хоҳишманди муътадилшавии вазъияти сиёсии ҷумҳурӣ бошед, бори дигар сари ин масъала бозгардед ва онро мутобиқи хостаҳои мардум ҳал намоед. Вагарна дар пеши таърих, миллат ва ватан ҷавобгар ҳастед. Дигар касе шуморо намебахшад. Бори дигар шуморо огоҳ мекунем, ки агар то фардо, 21-апрели соли 1992, соати 12-и рӯз талабҳои гирдиҳамомадагон ҳал нашаванд, мардум ба аксуламал шуруъ мекунад. Агар хуни бегуноҳе резад, масъулият ба дӯши шумо ва раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев хоҳад буд». С.Аюбзод. «Тоҷикон дар қарни бистум. Сад ранги сад сол». Прага-2002

Дар навбати худ Рустами Абдураҳим, ба унвони раҳбари гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» болои депутатҳо чунин фишор ворид карда онҳоро ҳатто таҳқир ҳам мекунад:

« Бародарони муҳтарам, ман узр мехоҳам, вақте ки мебинам масъалаҳои муҳим дар толори шумо ҳал мешаваду ҳар кас ба таври худаш дар ҷои нишастааш афсона мегӯяд ва тугмачаро зер мекунад, дар ҳолате ки намедонад барои чи зеруш кард. Ин парлумони проффесионалӣ нест…..Ман дар ҳайрат мемонам дар «лутфан»-гӯиҳои Тоҳири Абдуҷаббор, ман ҳайрон мемонам дар сухангӯиҳои Соҳибназаров.» Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо». Москва. Аз нашрияи «Адолат» №22-23( 34-35) 1992

Бӯрӣ Карим хеле ҳам дуруст ва возеҳу рӯшан менависад, ки ин аз бепринсипӣ ва бекифоятии Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, ки рахна ҳатто дар васати се мақоми болои кишвар ба вуҷуд ояд:
« Бино ба далелҳое, ки мавриди мутолиъа буданд, пояҳои давлати Тоҷикистонро асосан ихтилофи шадиде, ки миёни роҳбарони аввали ҷумҳурӣ вуҷуд дошт, ларзон ва хароб кард. Пеш аз ҳама рафтори тамаъкоронаи Р.Набиев, ки хостааст, кабинети вазирон тобеъи раиси ҷумҳур бошад ва сониян қисми бештари ваколатҳои раиси Шӯрои Олиро ҳам ба ӯҳда гирифта, шакли идораи президентӣ ҷорӣ кард. Р.Набиев хоссатан С.Кенҷаевро хеле устокорона гӯл зада, ба бунбаст тела додааст. Чунон ки маълум аст онҳо-Р.Набиев, Н.Дӯстов ва С.Кенҷаев дар пиёда сохтани воқеаҳои сентябри соли 1991 ҳамдаст буданд. Ва онҳо чун ба вокуниш аз ҷониби нируҳои мардумӣ дучор омаданд, хостанд бо истифода аз неруи силоҳ тазоҳургаронро аз майдон дур андозанд, вале он вақт вазири умури дохила М.Навҷувонов ба амри онҳо итоат накард. Натиҷаи ҳамин кина буд, ки С.Кенҷаев бо маслиҳат бо Р.Набиев барои сабукдӯш сохтани Навҷувонов далел гирд оварданд ва С.Кенҷаев дафтари аъмоли Навҷувоновро варақ зада манзараи «мурофиа»-ро аз тариқи телевизион пахш кард, ки сабабгори гирдиҳамоии тӯлонии зидди Кенҷаев гардид. Ва баъди ин Р.Набиев аз сабукдӯш кардани М.Навҷувонов даст кашид. Р.Набиев воқеан ҳам мехост кулли масъалаҳо ва ҳокимиятро пурра зери даст бигирад ва натиҷа ин шуд, ки Раиси Девони Вазирон ва Раиси Шӯрои Олиро душмани худ сохт ва ҳар кадоми онҳо-ин се душман воқеаҳои берун аз дарбор-майдонҳо ва ҳукуматҳои маҳаллиро ба суду нафъи худ истифода мекарданд.» Бӯрӣ Карим «Фарёди солҳо».Москва. «Трансдорнаука».1997

Дар иҷлосияи 14-и худ дар августи соли 1992 депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон бо дархости Раҳмон Набиев ваколатҳои ӯро аз ҳисоби салоҳиятҳои худ ва раиси Шӯрои вазирон васеъ карданд. Ин албатта ба иззати насфи Кенҷаев ва Акбар Мирзоев бархӯрд. Сафаралӣ Кенҷаев ба ин кори ҳамтоёни худ хеле ҳам бо дарди ҷонкоҳ бархурд кардааст: «Вақтҳои охир гӯё курсии Раиси ҷумҳур ба Раҳмон Набиев хурдӣ кард, вазъияти сиёсии ҷумҳуриро ба назар нагирифта, чун давраҳои «рукуду карахтӣ» худро шоҳу сояашро вазир ҳисобида, бе маслиҳати раёсати Девони Вазирон, Шӯрои Олӣ ва розигии сессияи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ як қисм ваколатҳои Девони Вазиронро ба зиммаи худ гирифт, ки он табъи сарвазири ҷумҳурӣ, муовинони ӯро хира кард……Илова бар ин, сессияи чаҳордаҳуми Шӯрои Олӣ фикру ақидаи Раиси ҷумҳур Р.Набиевро дастгирӣ карда ҳуқуқу ваколатҳои ӯро зиёд намуд ва дар ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии президентӣ ҷорӣ намуд.» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон» ҷ.1
Дар навиштаҳои қаблии ин силсилагузориш аз ҳолат ва мавриди қазияи муҳокимаи вазири умури дохилӣ аз тарафи Раиси Шӯрои Олӣ гуфта тавзеҳ дода будем, ки ин қазия ангеза ва тагдаргиронӣ ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки ин ҳам аз бетафовутӣ ва ношоистагии депутатҳои халқӣ ба вуҷуд омад. Бубинем, ки Ҳикматулло Насриддинов, раиси Кумитаи аграрии Шӯрои Олӣ дар китобаш «Таркиш» дар ин маврид чи менависад:

«Дар сессияи 13уми Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12ум, ки 21 апрели соли 1992 баргузор гардид, намояндаи халқ Султонов Шӯҳрат Музаффарович ин аъмоли нобарҷои Сафаралӣ Кенҷаевро хатои сиёсӣ шумурд. Ӯ таъкид кард, ки С.Кенҷаев услубҳои прокурориро дар кори давлатдорӣ истифода бурда, сиёсати ноболиғро пеша кардааст. Ҳамчунин Шӯҳрат Султонов қайд намуд, ки Сафаралӣ Кенҷаев хатои сиёсии худро фаҳмидааст ва пушаймонӣ мекунад…»
Ва дар ҷои дигар ҷаноби Насриддинов менависад:

«Фаъолияти Президиуми Шӯрои Олӣ ва фаъолияти муҳтарам С.Кенҷаев халқро ба ин майдон овард. Вақте илтимос карданд, ки шумо рафта узр пурсед, ин кас гуфтанд бо як кибру ғурур, ки «калаамро гиред» ман намегӯям. Гап дар сари Навҷувонов намеравад. Гап дар сари он ки Президиуми Шӯрои Олӣ ва раиси он ба Суди Олӣ табдил ёфтааст. Ин хатар аст.» Ҳикматулло Насриддинов. «Таркиш»

Аммо, чуноне пештар ҳам навиштем бо ин ҳама хатокориву нокоромадии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ба маҳзи фаъолиятҳои вай кишвар ба гирдоби ҷанги панҷсолаи бародаркушӣ расид, Абдулмаҷид Достиев аз он тамҷид ва тавсиф мекунад, чун дар ниҳоят ӯ дар ин парламент муовини раис интихоб шуд:
«Боло шудани мақоми Шӯрои Олӣ ва салоҳияти Раиси он ба ҳайси Роҳбари давлат барои доираи муайяни корпуси вакилони халқ, аз ҷумлаи интиқолдиҳандагони идеяи мухолифин дар парлумон ва барои худи мухолифин низ ғайричашмдошт буд. Онҳо гумон доштанд ва ё умедвор буданд, ки ин Иҷлосия низ мисли иҷлосияҳои пешин бо зиддияти ақидаҳо, муттаҳам сохтани якдигар дар ин вазъи ба амал омадаи сиёсӣ ва ниҳоят бо иваз карданҳои Раиси Парлумон анҷом мепазирад ва ё дар натиҷаи ихтилофи шадиди ақидаҳо барои ислоҳи вазъ ба як қарор наомада, Шӯрои Олӣ дар назди мардум комилан беэътибор мегардад ва ҳаққи маънавии роҳбарии мақоми олии ҳокимияти давлатиро аз даст медиҳад. Вале бар хилофи интизори онҳо, бештари вакилони халқ бо эҳсоси масъулияти бузург дар назди наслҳои имрӯзу фардои ҷомеаи Тоҷикистон, бо дарки огоҳонаи ҳассосияти вазъияти таърихӣ дар роҳи амалӣ сохтани таҳаввулоти куллӣ дар низоми сиёсии мамлакат ҳуқуқҳоеро қабул намуданд,ки онҳо ба қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, ваҳдати мардуми кишвар ва суботи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид намуда, бояд зикр кард, ки Шӯрои Олӣ дар тамоми давраи вазъи муташанниҷи сиёсиву иҷтимоии солҳои 1991-1992 дар сари роҳи нерӯҳои сиёсие, ки мехостанд ҳокимиятро ғасб кунанд, чун қалъаи фатҳнопазир истода буд ва вакилони Шӯрои Олӣ бо садоқат ва матонати хеш ҳамеша дар ҳифзи қонун ва шикастнопазирии аркони давлат қарор доштанд. Аз ин ҷост, ки нахустин қурбониҳои ин давра фарзандони содиқи ватан-вакилони Шӯрои Олӣ буданд.» Абдулмаҷид Достиев « Ситораи ғолиб» Душанбе. «Матбуот»-2006

Бидуни шак дар шумори ин депутатҳо вакилони огоҳу фаҳмидае ҳам буданд, ки фраксиони демократии онро ташкил мекарданд. Онҳо бештарини талоши худро ба харҷ медоданд, то ин вакилони бесалоҳият ва бемасъулиятро сари ақл оваранд. Вале кор ба ҳадде кашид, ки ин вакилонро хостанд дар дар ҳамон Иҷлосияи Хуҷанд дастгир ва ҳабс кунанд. Инҷо боз ҳам аз сӯҳбатҳои ду соли пеши яке аз қумандонҳои шаҳри Душанбе, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт нақли қавл мекунем:

«Дар вақти танаффус бисёре аз депутатҳои Шӯрои Олӣ ба назди ман омаданд ва бо ҳам вохӯрӣ намудем, гуфтугӯ кардем. Он депутатҳое, ки маро хуб мешинохтанд, оҳиста ба гӯшам мегуфтанд, ки хуб шуд, ки шумо омадед. Мо ҳамаамон дар зери фишор қарор дорем, ҳарфе гуфта наметавонем ва ихтиёрӣ ба ҷое рафта наметавонем.Ба мо ошкоро гуфтанд, ки то қумандонҳои оппозитсия наоянд ва мо кори саркардаамонро то ба охир нарасонем ва ба мақсади худ нарасем, шумоҳо ба ҳеҷ куҷо намеравед. Яке аз депутатҳо гуфт, ки Сангак инҷо омада ҳама вакилонро огоҳӣ додааст. Ягон депутат зидди Фронти Халқӣ ё ин ки кӯлобиҳо сухан намегӯяд. Аз ҷонаш ва аз ҷони зану фарзандонаш метарсад. Ба охир мерасонем ва ба мақсади худ мерасем, чунин будааст таҳдиди Сангак ва ошкоро мегуфтааст, ки Россия ва Узбакистон дар пушти мо истодаанд.»

Аммо дар қисмати поёнии ин навишта зарур донистем бори дигар ба Бӯрӣ Карим рӯ оварем:

«Садҳо бор гуфтаанд ва боз ҳам тайи таърихи дарози халқи тоҷик хоҳанд навишт, ба такрор исбот хоҳанд кард, ки парламенте, ки солҳои 1990-1995 дар Тоҷикистон вуҷуд дошт, парламенти солим набуд. Дар ин хусус нависанда Саттор Турсун чунин андеша рондааст: «Ин фикр дар дили ман чандин вақт боз буд, ҳоло ҳам мехоҳам баён дорам. Ин фикри ман аз ҳамон рӯзе сар шуд, ки ҷанҷоли сахт дар парламент бо изҳороти сиёсии Аслиддин Соҳиназаров сар шуд. Ин изҳороте буд дар хусуси бесавод, бесар, бедармон будани парламенти мо. Ман намегӯям, ки ҳама узвҳои парламент чунин одамон ҳастанд. Вақте ки дар ҳамин маҷлис се нафар сухан кард, ҳар се нафарро ҳам намешинохтам-Шодмон Юсуф, Ҳимматзода ва Давлати Усмон. Ман аз телевизор дида гуфтам, ки воқеан ин нафарон узви ҳамин парламент набошанд ҳам, аммо мантиқ доранд, сухан ронда метавонанд, забони тоҷикиро медонанд. «Адолат»,№16,соли 1992

« Ана дар ҳамин ҳолат ман чеҳраи парламенти Тоҷикистонро бори дигар барои худ кашф кардам.
1. С.Кенҷаев собиқ раиси Шӯрои Олӣ, Раиси Фронти Халқист. Фронте, ки барои бақои ин парламенти ҷинояткор «қаҳрамониҳо» нишон дода, хуни ҳазоронро рехтааст,вале парламент аққалан ба ёд наовард,ки куҷост касе,ки моро ба инҷо ҷамъ овард.
2. Депутати дигар, собиқ Раиси Шӯрои Олӣ, Қадриддин Аслонов он соатҳое, ки дар Хуҷанд сессия ҷараён дошт, дар ҷаллодхонаи шаҳри Калининобод бадтарин азобҳоро аз сар мегузаронд. Вале як –ду ҳарфе, ки ҷиҳати наҷоти ӯ садо дод, пуштибонӣ наёфт.
3. То ин дам онҳо якравона даъводоштанд, ки Раиси ҷумҳур Р.Набиев ҷабран эъломи истеъфо додааст ва айни адолат он аст ки эъломи худро бозпас бигирад, акнун дам фурӯ баста буданд, раис ҳатто барои ширкат ва машварат даъват нашуд.
«…..парламенти Тоҷикистон, ки солҳои 1990-1995 фаъолият мекард, ба сабаби ҷиноятҳое, ки дар муқобили халқи худ содир карда буд, ба маҳкамаи байналмилалии ГААГА кашида мешавад. Ва он депутатҳое, ки ҳамеша иқдомоти зиддихалқиро ҷонибдорӣ мекарданд, манфиатҳои миллию мазҳабиро чун як тудаи манқурт пушти по мезаданд,ҷинояткор эълон шаванд.» «Фарёди солҳо».Москва.1997

Бо ин ҳама фаъолиятҳои пур аз саҳву иштибоҳот, ки бадтар аз хиёнат аст ин Шӯро то ба охири ваколатҳояш феврали соли 1995 фаъолият кард. Шӯрое, ки дар Хуҷанд дар моҳи ноябр идораи президентиро барҳам зада буд, боз дубора онро барқарор кард ва Эмомалӣ Раҳмонов дар ноябри соли 1994 раиси ҷумҳур интихоб шуд. Яъне мушкил дар куҷоҳо вуҷуд дошт,ки мунҷар ба ин ҳама бадбахтиҳо шуд умедворем фаҳмидед. Интихоби вакилоне,ки дар ғайри макон ва ургони қонунбарор қарор гирифта буданд. Бояд намояндагони мардум аз афроди бо саводу дилсӯз интихоб мегаштанд. На раисони колхозу совхозу, фермаҳо,ки натиҷааш ончи то имрӯз мубталои ҳазорон мусибатем ва роҳи наҷотро аз як раиси собиқи колхоз сӣ сол аст пайдо надорем.

Поёни қисмати бисту дуюми ин силсила матолиб буд ва бахши бисту севвуми мо “Иҷлосияи 16 чи ҳукуматеро рӯи кор овард: -миллӣ ё маҳаллӣ? “ аст. Ин қисматро низ дунбол кунед, то аз асли қазияи он рӯзгорон огоҳтар гардед….

Share This Article