35 ҳазор сокини колхози Р.Исмоил ва мақомоти Ваҳдатро Яқубов Мирзо ҷоду карда хар гардонидааст

Ислоҳ нет

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!  Илтимос ҳамин номаи моро бихонед ва илоҷаш шавад, барнома кунед, то ки мардуми Тоҷикистон ва мақомоти баландпояи он кӣ будани ин ду бародари ҷодугари ҳаромхурро бидонанд.

“Мо, як гурӯҳ бачаҳои Ваҳдат ин номаро аз колхози Раҷаб Исмоил бароятон мефиристем. Ин Колхози Раҷаб Исмоил ҳудуди 35 ҳазор аҳолӣ дорад ва мо асири ду ҷодугаре қарор дорем. Намедонем аз ин ҷодугарҳо чӣ гӯна наҷот ёбем?”

Таърихчаи кутоҳ

Ин ду бародари ҳаромхур ҳам мисли Аҳмади колбасаанд. Вале фарқи инҳо ин аст ки инҳо ба воситаи ҷодугарӣ кори худро пеш мебаранд. Калониашон Яқубов Мирзо ва хурдиашон Яқубов Баҳром ном доранд. Яқубов Мирзо солҳои пеш, дар давраи шуравӣ, дар кооперативи «Нури нав» фурӯшанда шуда кор мекард. Вай дар соли 1992 дар ҷангҳо иштирок карда буд. Соли 1993 пули Гурхурда дар роҳи Кулоб -Орҷоникидзеободро бо ҳамроҳии дигарҳо кафонида гуреза шуда ба Афғонистон рафт. Як сол дар Афғонистон монд. Баъд аз Афғонистон Эрон рафт. 6 моҳ дар Эрон истод. Аз Эрон тавассути Озарбойҷон Русия омад. То имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997дар Русия кор мекард. Баъди тақсимоти 30% Яқубов Мирзо Тоҷикистон омад. Аз саҳми 30% ба язнаи Яқубов Мирзо Сафоев Собир вазифа доданд. Ба Яқубов Мирзо надоданд. Сафоев Собир дар қисми низомии ҳудуди Академияи улум муовини қумандон Қосимҷон таъин шуд. Мирзо боз Русия рафт. Ҳамин тавр Русия рафта меомад.

Оғози раисии Яқубов Мирзои ландаҳур

Аз соли 2006 Яқубов Мирзо дар қишлоқамон Хоҷабойқул раиси маҳалла шуд. Дар аввал одами нағз буд. Ҳама халқ аз Мирзо розӣ буданд. Дар баъзе чорабиниҳои қишлоқ ёрдам мекард. Соли 2010 аз мардум (зиёда аз 70нафар) пули замини таҳҷоӣ гирифт -барои 6 сотих. Яъне замин барои участкаи наздиҳавлигӣ. Ин участкаҳо аз ҷои обии замин гуфта аз одамҳо аз 3 ҳазор то 5 ҳазор долларӣ гирифт. Аммо аз ин 70 нафар 10 нафар аз чанд ҷои колхоз соҳиби замин шуданд. Дигарҳо то ҳоло наметавонанд, ки на замин бигиранд ва на пулҳояшонро.

“Дар соли 2018 Яқубов Мирзо дар чор ҷо кор мекард: дар колхозамон-колхози Раҷаб Исмоил, раиси маҳалла, раиси ҷавонон ва котиб ва боз болои 12-то раиси маҳалла- старший. Наход як одам дар чаҳо ҷой кор кунад. Қонун куҷоро нигоҳ мекунад? Ин одами хуб якбора порахуру ҷинояткор шуд.”

Дар идорамон ду кабинет дошт:-ҷои котиб ва раиси маҳалла. Як справкаи одиро одамро дида нарх мемонад. Барои фақиру камбағал аз 10 сомонӣ сар мешавад, барои одамони доранда он справка 20 сомонӣ. Агар ҳавлиатонро байни бародарон тақсим кунед, барои камбағалу бой як нарх буд. Яқубов Мирзо ҳамроҳ бо коргари кумитаи замин меомаду агар замини ҳавлӣ 2 тақсим шавад аз ҳар яктоаш 5 ҳазор сомонӣ мегирифт. Яъне 10.000 сомонӣ. Агар ҳавли 4 тақсим шавад 20.000 сомонӣ мегирад. Ана инро ҳаромхурӣ мегуянд. Аммо нархи давлатиаш 600 сомонӣ аст. Агар дар деҳа ягон маърака масалан туй мекунӣ аз 400 сомонӣ то 800 сомонӣ Яқубов Мирзо мегирад. Мегуяд, ки ин маблағ аз номи Кумитаи амният аст ва мардуми деҳаро бо ин гап тарсонида пул медиҳанд. Агар ҳофиз оварӣ аз 1000 сомонӣ болотар мегирад, баъд ҳофизи овардаат метавонад ҳофизӣ кунад. Аз ҳар нафари русиярави қишлоқ, ки ҳатман аз ҳар хона ҳеҷ набошад як кас меравад аз 3000 рублӣ сар мешавад. Агар дар Русия посредник ё бизнес дошта бошӣ аз 10.000 рубл боло мегирад. Агар ҳар кадоме аз Русия ба хона баргашту муддати як ҳафта пеши Яқубов Мирзо «доля» доданӣ нарафт, бо ҳар баҳона участковийро ба сараш роҳӣ мекунад. Дигар мардум тарсончак шуда аст. Боз «подстава» накунад гуфта сраза мебаранду медиҳанд ҳақашро. Аз «призивникҳо», кадоме, ки аскарӣ нарафтааст, дар як сол ду бор пул мегирад: аз 1500 сомонӣ то 5000 сомонӣ. Одамро дида нарх мемонад. Каме пулдор бошад 5000 сомонӣ.

Пулситонӣ аз ҳар ҷавони ба синни сарбозӣ расида

Нормаи колхози мо дар ду даъвати сол 30 нафарӣ аст. Мардуми деҳа журнали ҷамоатро мебинанд, ки дар ҳудуди мо 1155 даъватшаванда зиндагӣ мекунад:-аз 18 то 27 сола. Ҳисоб кунед, ки ду бор ҳамагӣ 60 ҷавон аскарӣ меравад, аз боқии ин 1155 Яқубов Мирзо бо зурӣ ба волидони онҳо аз номи Кумитаи амният тарс дода аз 1500 сомонӣ то 5000 сомонӣ дар як сол дуборӣ пул мегирад. Ин хел ҳаромхурӣ дар ягонҷои дигар нест. Аз беш аз 200 нафари дигар аз 12000 сомонӣ то 20.000 сомонигӣ гирифта гуфтааст, ки ман барои шумо билети ҳарбӣ (военний билет) месозам, через духтурҳо шуморо «негодний» мегузаронам. Дар ҳақиқат через духтур корҳои ягон 30 нафар даъватшавандаро «буд» кард. Тамом. Бечораҳо як хелаш «облава» шуда рафтанду хизмат карданду омаданд, аммо то ҳоло аз паси пулҳояшон даводав доранд. Агар боз рави раис пуламро баргардонед охир ман хизмат рафта омадам. Мегуяд тез гум шав аз пешам ҳозир бо статияи 307 зиндонат мекунам.

Андоз ё ушру закот аз заминдорон ва пулситонӣ аз масҷидҳо

Аз заминдорҳо, яъне хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки1гектар замин дошта бошанд, ғайри андози замин Яқубов Мирзо 100кг гандум мегирад, боз даҳ преси коҳ ё 10 дарза алаф. Дар колхози мо 12 деҳа аст. Дар ҳар деҳа аз ду то панҷ мағоза кор мекунад. Аз ҳар мағозаи хурокворӣ аз 600 сомонӣ то 1000 сомонӣ Яқубов Мирзо «доля» мегирад ва мегуяд, ки ин пул ба кумитаи амният дода мешавад. Дар соли 2021 се бор масҷиди ҷумъахониамонро маҳкам карда аз мусафедони деҳа пул гирифта сипас масҷидро боз кард. Ду дафъаи аввал 7000 сомонигӣ ва баъди камтар вақт навбати сеюм аз номи Кумитаи амният гап зада боз 10.000 сомонӣ гирифтанӣ мешавад, ки мардуми дар ҷонашон зада бо Мирзо Яқубов ҷанҷол мекунанд ва мегуянд, ки мо чанд кас аз номи мардум бояд идораи амният биравем. Пас, 5000 сомонӣ мегуяд. «Расиян»-ҳои деҳа ҳам ҳар сол 5000 сомонӣ «доля» медиҳанд. Аммо ин дафъа, вақте Яқубов Мирзо мебинад, ки аз масҷид пул гирифта намешавад, намози ҷумъаро ба дигар қишлоқ мекучонад. Ба қишлоқи Андре.То ҳоли ҳозир намози ҷумъа дар қишлоқи Андре мегузарад. Ҳоло масҷиди Андреро доля баста аст ва аз номи амният тарсонида моҳона,1500 сомонӣ мегирад.

Ҷодугариҳои Яқубов Мирзо ва ….

Яқубов Мирзо ба воситаи ҷодугарӣ бо милисаҳои шаҳри Ваҳдат рафиқ шудааст, бо коргарони амнияти Ваҳдат робитаи зич дорад, бо раиси ҳукумат ва муовининаш рафиқ шуда аст, ҳамин тавр бо муовинони прокуратура, судяҳо, 6-ой отдел, сардору муовини сардори «светавой»,военкому кормандони военкомат равуо дорад ва бо ҳамроҳи бародараш Яқубов Баҳром бо се ҷодугари калон ҳамкорӣ мекунад. Яке аз ин ҷодугарҳояш аз Норак, дуюмаш аз Ёвон, сеюмаш ҷодугари безеби бисёр ҳам пули калон мегирифтагӣ аз  Узбекистон, аз шаҳри Бухоро, як марди қадбаланди чашмонаш каҷала. Ин ҳама коркунони давлатро Яқубов Мирзо дар худаш ба воситаи ҷодугарӣ гармӣ карда аст, ҷоду хуронда аст. Ҳатто дар аксҳояшон ҷоду кардааст. Дар тортанак ҷодуву сеҳр мекардааст. Ва дар чойники чойҳояшон меандохтаасту дар вақти «обед» карданашон медодааст. Вақте ки дар кайфу сафоянду масту махмуранд, донаи занҷабили тез, риштаи сиёҳ, нохуни саг мехурондааст. Боз онҳоро курхат мекардааст. Бисёртар раиси ҷамоат, участковий, кумитаи замин, кураторамон аз амният, ҷонишини прокурор, кормандони ҳукумати ноҳияро дар ҳолати мастӣ аз ҳамин чизҳо мехуронидааст. Вай ҳатто аз пашми мардиаш ва мояаш ба онҳо хуронида будааст.

   “Як шаб ба як нафар рафиқаш вақте мепурсад, ки дар ин нимишаб аз куҷо меоӣ, ҷавоб додааст, ки аз қили фалонам додамаш. Ё мегуфтааст, ки бо фалон милиса шишта будем аз пашми фалонам хуронидамаш ва қаҳ -қаҳ ханда мекардааст. Сардорони калон масалан раиси ноҳия ё сардори милисаро бо ҳамон ҷодугари бухороияш сеҳру ҷоду мекардааст.”

Ҷодугари бухороиро занг мезадасту мегуфтаст, ки бишин дар таксиву биё Душанбе. Як рӯз меҳмон мешавию меравӣ. Ҷодугари бухороӣ аз Бухоро меомадааст. Дар кадом квартирае дар гардиши фурудгоҳи Душанбе «поворот аэропорт» меҳмондориаш мекардааст ва вай ҳам кори Яқубов Мирзоро буд мекардааст. Мирзо барои вай 500 доллар ҳақи кор ва 500 доллари дигар туда –обратно, роҳкиро медодааст ва дар як сол камаш 3 ё 4 бор ин ҷодугарро меҳмонӣ даъват менамудааст ва ба раисони калон мехуронидааст. Дар деҳа Яқубов Мирзо10-12 одами боваринок дорад. Аз миёни онҳо чор-панҷ нафарашон таксистҳои деҳаанд. Дар ин нома номҳои он афродро намеорем вале агар идома диҳад ҳатман ҳамаро хоҳем гуфт. Корҳои дар вақти мастиаш кардаро нақл мекардаанд. Ба номи Аллоҳ қасам ин гапҳои мо як калима ҳам дуруғ нестанд. Ин корҳои гуфтаи мо ҳамааш росту дуруст аст. Агар кормандони давлатӣ ба ин хати навиштаи мо бовар надошта бошанд, бираванд пеши «любой» шахсе ба онҳо бовар доранд ва санҷанд. Ҳамаашонро хар карда, исползоват намуда гаштааст. Кадоме, ки бо Яқубов Мирзо «обед» ё ки кайфу сафо кардааст, равед  худатонро «лечений» кунед, баъд мефаҳмед, ки ҳама гуфтаҳо ростанд ё дурӯғ.

   “Нозири минтақавии пешина, ки Ҷаббор ном дорад, Амони заминтақсимкунак аз кумитаи замин, куратор Собиров, милисаҳои отдел, муовинони прокурору судяҳо, раиси ҳукумату муовинонаш, ҳамаашро ҷоду хуронидааст. Ба худо қасам раведу ҳамаатон табобат кунед.”

Яқубов Баҳром бародари баригааш, ки 135 кг аст

Ҳоло инҷо аз бародари Яқубов Мирзо Яқубов Баҳром мегуем. Баҳром дар соли 1998 дар Оренбурги Русия ҳамроҳи сиганҳои ин шаҳр доруфурушӣ мекард: чарс ва чакида мефурухтанд. Он сиган дар шаҳри Оренбург барон-калони сиганҳо буд. Баҳром як сол зиёдтар ҳамроҳашон кор кард.

Баҳром хеле ҳам ба кори худаш ҳушёр аст. Ин сарвату бойигарии сиганҳоро дида ба сигани ҷурааш гуфт, ки биё ба Тоҷикистон меравем, акаам бачаҳояшро туй мекунад. Сиган мегуяд, ки ман дар ин шаҳрд калони сиганҳоям, рафта наметавонам Баҳром ба сиган мегуяд, ки меравем як ҳафтаина. Боз меоем. «Як лингча чарс подаркаат мекунам. Ту ай усу омадан фақат 200 доллар барои худату линчаи чарсат правадника бте тамом.» Сиган розӣ мешавад. Баҳром ба язнааш занг зада ситуатсияро мефаҳмонад. Мегуяд: «мо билет дорем, фалон вагонда фалон рӯз да Душанбе мерасем».  Вақте поезд дар Пахтаобод мерасад, язнааш ҳамроҳ бо сарбозонаш вагон медароянд. Баҳром барои онки сиган падазрени нашавад гуфта бо як 20 одами дигар дар Ҳисор аз вагон мефароранд ва қисми ҳарбии Академияи илмҳо мебаранд. Ҳамаи онҳоро мезананд, дубинкаю дурашап карда аз он бист одам аз 50 доллар то 200 доллар меситонанд. Тоҷикҳоро сар медиҳанд. Баҳрормро якҷо бо сиган се шаб маҳкам мекунанд. Сиганро бисёр мезананд. Баҳромро ҳам росту дуруғ мезананду дар пеши сиган биниашро хун мекунанд. Сипас пул талаб мекунанд. Сиган мегуяд «документҳои моро бигир, вақт бидеҳ як ҳафта. Чанд суме даркор аст ман мегуям, меоранд». Инҳо розӣ намешаванд. Ба сиган мегуянд, ки якто условия дорем. Ҳоло шуморо почта мебарем, занг мезанед. Чанд суме ҳамин Баҳром мегуяд оварда бидеҳ ва бигуй, ки моро «заложник» гирифтаанд. Баъд Баҳромро «дуруғакӣ» сар медиҳанд. Баҳром апаи сиганро занг мезанад ва мегуяд, ки 100.000 доллар пурсида истодаанд. Апаи сиган мегуяд, ки ин қадар пул надорем. Мешавад, ки як қисмашро тиловорӣ бидиҳем. Баҳром розӣ мешавад. Апаи сиган се-чаҳор руз пас мерасад. Аз стансияи Пахтаобод «встречат» мекунанд, пулу молро мегиранд. Апаи сиганро мегуянд, ки камӣ карда истодааст. Боз 20.000 доллари дигар биёр. Апаи сиган меояд котеҷашро залог монда дар ду ҳафта пулро меовараду медиҳад.  «Под охрана» сиганро ҳамроҳи апааш аз сари ҳамон пул билети самолёт мегиранду фурудгоҳ меоваранд. Дар аэропорт Баҳром бетоқат мешавад ва тоқии сафедаки навро дар сари сиган мемонад ва заҳрханда мекунаду мегуяд, ки ин тоқӣ аз ман на памят-подарка, боз гум накунӣ. Хуб, дигар ба аҳмақ ҳам маълум мешавад, сиган ҳам мефаҳмад, вале сирро бой намедиҳад. Барои онки ҷонашро каҷ кунад мегуяд, ки «мы братя».

Ҳамин тавр сиганро роҳӣ мекунанд. Он вақтҳо дар Душанбе кваритаи 3 комнатаӣ дуввуним се ҳазор доллар буд. Баҳром пулро бо язнааш тақсим мекунад. Чаҳор квартира мехарад. Таги як дом-подвалро ҳам мехараду бар, ҷойи спиртнушӣ мекунад. Як 099-и пачка ва боз як жигулии 07-и сафеди нав мехарад. Аммо ин кару фари Баҳром долго накашид. Бачаҳои Душанбе ӯро дар героин шинониданд. Як сол ҳам зиёдтар нагузашта буд, ки Баҳром квартираҳоро, барро, мошинҳоро фурӯхт ва дар героин зад, кайф кард ва оқибат бичу бомж шуд. Одамони аз таги ин ҳама гапу  ҳодиса хабардор мегуфтанд, ки оҳи дили  сиган ва апаи сиган Баҳромро гирифт.  Яқубов Баҳром бо ҳар кадоме, ки шинос мешавад, одам дар МВД бошад ё киУБОП –и ҷумҳурӣ рутба ва мақомашон калон аст. Яқубов Баҳром онҳоро ҳам дар тортанак дар пашми мардияш илму ҷоду карда мехуронад. Онҳоро ба худаш гарм мекунад. Шодӣ Ҳафиз бояд сахт эҳтиёт кунад ва мо муомилаҳояшро бо ӯ хуб медонем!

Яке аз кормандони УБОП соли 2022 чанд рӯзе пеш аз моҳи рамазон мегуяд, ки бекор бошӣ дар Ромит як дом отдих ҳаст, дар онҷо ҳамчун администратор кор кун. Баҳром розӣ мешавад. То моҳи рамазон кор мекунад. Яъне як моҳ зиёдтарак. Виручка каме бештар аз 60.000 сомонӣ мешавад. Дар моҳи рамазон карантин мекунанду меҳмонхонаро ҳам маҳкам менамоянд. Баҳром пулро бурда дар отдели назди танкаи Душанбе медиҳадашон. Баъди рамазон то ҳоло Яқубов Баҳром кор карда истодааст. Аз Қурғонтеппа, аз Кулоб проститукаҳоро овардагианд дар меҳмонхона. Ҳоло Баҳром ҳам дар инҷо администратор ва ҳам сутинёр ва ҳам барига аст. Нархи арусҳо аз 500 сомонӣ то1500 дар як шаб аст. Як қуттии гугирди банг 300 сомонӣ аст. Як грами чарс 150 ва як дозаи героин 200, як граммаш 500 сомонӣ аст. Дар деҳаи мо аз дасти Баҳром талабаҳои мактаб ва ҷавонҳои ёш ҳамаашон бангӣ шудаанд. Вазни Яқубов Мирзо беш аз 160 кг ва қадаш 1,92 см аст. Бародараш Яқубов Баҳром бошад 135 кг ва қадаш 1,78 см мебошад.

Ба Худо қасам, ин гапҳои мо ҳамааш рост аст. Ин ду ҳаромхур деҳаро ҷазир карданд. Коргарони мақомоти Душанбе аз амният, ВКД, УБОП, уголовний розиск, аз ҳамаатон илтимос, сари роҳи ин ду ҳаромхури разилро бигиред. Агар ба ин гапҳо бовар надошта бошед, ҳамин қишлоқи Хоҷабойқули боло ва дар поён Андре, истанса, пушти чойхона, бачаҳову мардҳои аз 15 то 50-соларо рейд ташкил карда биқапеду бипурсед. Аз пешоб ва аз хунашон анализ бигиред, сипас ба гапҳои мо меоед. Илтимос, милисаҳои Душанбе ба милисаҳои Ваҳдат бовар накунед. Шояд онҳо дар ин ҳама шариканд. Хоҳиш милисаҳои ватандӯст ва боимону инсофро фиристед ва ин корро ҷиддӣ пайгирӣ намоед. Ин ҷодугарҳоро чораашонро бинед. Ҳоло боз дар деҳа дар чанд хона зулм ситам карда истодаанд, «подстава» карда истодаанд, ин дафъа дар бораи онҳо менависем.

Бародар Муҳаммадиқбол! Агар ватану милататро дӯст бидорӣ, илтимос ин номаро нашр намо, то ҳама бифаҳманд. Шояд дар мақомоти Душанбе фикри миллату ватанро мекардагиҳо ҳам бошанд.

Ps: Рамазон Раҳимзода , Шодӣ Ҳафиззода ва раиси Ваҳдат чӣ гап аст ?

Share This Article