5 муфтхури Ҳафттеппаи Ҳисорро мешинохтед?

Technik
By Technik

Ин нома тасвире аз манзараи имрӯзаи Тоҷикистон аст. Ин нома Ҳисорро мунъакис кардааст. Аммо, бинобар маълумот ва хабарҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» мерасанд, айни ҳамин ҳолату ҳамин вазъият дар тамоми ватани азизамон ҳукмфармост.

Тайи, махсусан 6-7 соли ахир ҳукумат амдан ва дидаву дониста даст ба корҳое зада истодааст, ки боиси авҷгирии шиддати иҷтимоӣ мешавад. Гуё ҳукумат дигар роҳу шеваи мудирияти ҷомеаро балад нест ва бояд бо ҳамин роҳу шева пеш биравад.

Ба як гурӯҳи алоҳида такя карда боқии халқро тохтутоз ва торумор карда истодаанд. Инки масъулину маъмурини мақомоти қудратӣ мардумро доранд зери по ва лагадмол мекунанд, ҳарфи дигар аст, аммо ба як гурӯҳ, ки дар мақому мансабҳои маҳаллӣ ҷой гирифтаанд, шароитро тарзе муҳайё сохтаанд, ки ҳама чизи ба истилоҳ ҷамъиятиро, молу амволи мансуб ба тамоми мардуми он деҳа ва ҷамоатро муфту ройгон тасоҳуб мекунанд.

Нависандаи матлаби зер аз Ҳисор аст. Мо мутмаинем, ки ҳар касе мутолиа кард, ҳатман ин гуна афродро дар маҳалли зисти худ ҳам мебинад, чун дар воқеъ ҳама манотиқи кишвар яксон ҳастанд.

Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон.

Асcалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Номаро аз шаҳри Ҳисор, ҷамоати Ориён, деҳаи Ҷетиқир, ҳоло “Ҳафттеппа” мебошад. Ман як нафақахӯр ҳастам. Дар бораи 5- 6 нафаре, ки мардумро зулм мекунанд ба шумо ва тавассути шумо ба тамоми халқи Тоҷикистон гуфтан мехоҳам.

1.Мирзоев Муртазо: даҳмарда аст. 200 гусфанд камомад карду тюрма шуд. Аммо ин гапи камомад дуруғаст. Сабаби асосии зиндонӣ ва панҷ сол шиштанаш героин буд. Баъди панҷ сол аз маҳбас баромаду хонаҳои 3 ошёна сохт ва бачааш, худаш ва зану келинаш ҳаҷ рафтанд. Ҳоло бачааш бо Лексус мегардад, худаш бо Прадо, ки номераш 71 -71аст. Як опел ва комбайн ҳам дорад. Дар се ҷо хона, ду зан, се аспи тозӣ ва дар ҳисоби камтарин 1000 сар гуспанд дорад. Раиси хоҷагии деҳқонии деҳа мебошад. 65 гектар замин дар ихтиёр дорад. Ба мардум намедиҳад, то шолӣ, ҷуворимакка ё ҷав корад. Мардуми мо аслан аз ҳисоби чорводорӣ рӯз мегузаронад. Ҳар ҳафта дар меҳмонхонааш Муртазо як гӯсфанд мекушт.

Қорӣ Амриддин ҳоло дар маҳбас хусури (худо раҳматаш кунад) Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар маҳбас безарар карданаш (қатл) инчунин эшонҳои Қалъа домуллоҳо дар хонааш меҳмон буданд. Ҳамаи онҳо зиндонӣ шуданду баъзеашонро қатл карданд. Муртазо зиндон нашуд. Ҳоло дар меҳмонхона бачаҳакои боло:- ё амният, ё сардори милитсияи Ҳисор меҳмони доимианд. Як ҳамсояаш Бобошариф духтури ҳайвонот мебошад. Ваъда кард, ки15 ҳазор доллар биёр, раиси ҷамоати Ориён мемонамат. Пулро гирифт. Вале13 сол шуд, раис нашуда аст. Аз думи Муртазо давида гаштааст пуламор деҳ гуфта. Ҳамсояи дигариаш Сумбул, як зани бева, шавҳараш фавтида аст. 10 сол аз Муртазо калон аст. Бо вай ҳаромӣ карда мегардад. Мемурӣ никоҳ куниву рушод бгардӣ. Ду нафар ҳаррӯз, ҳар бегоҳ дар хонаи Муртазо мебошад. Яке махсуми Хурустал, дигари ҳоҷӣ Маҳмадӣ -имомхатиби ҷумъахонии Чанори сӯхта мебошад. Дар минбар гапаш ҷаноби олӣ мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва низ раиси шаҳри Ҳисорро таъриф кардан аст. Шукр, ватан тинҷ аст мегуяд. Бо як муаллима аст дар мактаби деҳа. Ҳар сеи инҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ буданд. Ҳоло чоплус шудаанд. Муртазоро телефон куниву пурсӣ, ки «раис куҷодайен», ҷавоб медиҳад, ки ман ҳозир дар Данғараюм ё дар Қурғонтеппа. Дар даҳонаш фақат номи шайтон пешвои миллат, ҷаноби олӣ.

2. ) Самиев Абдумаҷиди ГАИ: 10 сол дар Ҳисор мардумро зулм кард. Баъд сардори ГАИ дар шаҳри Ҳисор таъин шуд. Дар деҳа хонаҳои 3 ошёна,се зан ва ду Мерседес дорад. Коррупсия бо праваҳои қалбакӣ қапидааш.10 000 доллар дод. Як моҳ бекор гашт. 70 ҳазор доллар дод тарафи Мурғоб ГАИ шуд. Ду сол пас Ҷиргатол рафт. Ҳоло бошад началники ГАИ ноҳияи Файзобод мебошад. Файзободро зулм дорад. Наркотика мегузаронад, Ҷалили додараш мефӯрушад. Ҷалил хонааш дар деҳа аст-се ошёна. Таги пояш Прадои сиёҳ, ду фура, ду аспи тозӣ. Дар маркази шаҳри Ҳисор боз як хона. Ду зан. Раиси хоҷагии деҳқонии Ангулӣ ва кони намаки машҳур бо номи Хоҷа Мӯъмин. Кришаашон бачаҳакои боло. Ҳар моҳ ду маротиба гӯшти кабк ва моҳихурӣ меоянд. Ду бародар дорад:- Файзулло, раиси ҷамоати Ориён буд дафн карданаш ва Анвар, ки дар банк кор мекунад. 50 сар гов доранд. Ҳоло Файзулло раис. Подабон раис шудааст.

3.) Умаров Искандар: таваллуди 1976 аст. Дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад. Шогирди Юсуф Раҳмон аст. Искандар шахси босавод аст. Вақте синфи 11-ро хатм мекарданд, барои медали тилло ду нафар пешниҳод шуд. Искандар ва як духтари муаллими кабкбоз- Ҳасанова Зебиниссо. Ин духтар ҳам хело саводи хуб хуб дошт, соҳиби медали тилло шуда буд. Аз маориф як чанд нафар хонаи муаллими кабкбоз омаданд, ки хонданӣ намемонӣ, биё медалро дар номи Умаров Искандар гузаронем. Муаллим розӣ шуд. Ҳоло дар қайди ҳаёт нест. Искандар донишгоҳро хатм кард. Амакаш Санҷарбеки камазист 4 ҳазор дод, дар ноҳияи Рудакӣ дар Прокуратура ба кор монданаш. Як мошини 011-и сурх дошт. Бо вай кор мерафту меомад. 10 сол пас аз маркази шаҳри Душанбе хона харид, мошин бошад Рав 4-ҷип. Аз дарё он тараф се гектар замини ҳамвор буд, молҳоямонро мечаронидем. Ин прокурор гирифт, гирд ба гирд сетка кашид ва дар онҷо ду оғил ва як хона сохт. Свет гузаронд. Ҳоло ҷо нест, ки гову молҳора чаронем. Ҳамаро соҳиб шуд. Дар болои деҳа мурғхона буд -10 гектар боғ ва 3 оғили калон сохту гирдогирд маҳкам кард.

40 гови карпатии сметанаи сурх овардагиянд, подабонҳо нигоҳ мекунад. Аз вақте аз прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ба Прокуратураи генералӣ гузашт ҳар сол як Лексуси пачка иваз мекунад. Номери мошинаш10- 11,мошини додараш ҳам номераш10 -11аст. Додараш дар кумитаи замини шаҳри Ҳисор кор мекунад. Илҳом ном дорад. Сертификат ва техпаспорти хона нархаш 10 -12 ҳазор сомонӣ. 500 сомонӣ дар банк бисупор квитансияашро биёр, дар болои техпаспорт клей карда мемонанд. Як моҳ медавонанд. Баъд чоплусҳо мегуянамон, ки даказат чеки бонк аст. Дар болои техпаспорт 500 сомонӣ он қадар пуле нест.

4. Бобиев Абубакр: соли таваллудаш 1977 аст. Дар кумитаи замин шаҳри Ҳисор кор мекунад. Ду зан ва дар се ҷо хона ва ду мерседес дорад. Номери мошинаш 28 88. Падараш мулло Аҳмад бисёр шахси босавод аст. Яслии деҳа иборат аз се хона ва 8 сотих боғ буд. Барои бачааш бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ харид. Мардум мегуянд, ки ба раис 4 дона балони нав дода яслиро гирифт. Яъне балони мошин. 60 -70 сар гов дорад. Заминҳои аз канал боло- хоксафедиро 5 гектар ғайриқонунӣ фурухт. Абубакр садқаи ҳамин ном шавад.

Дар болои Ҷетиқир, пеши мурғхонаи прокурор Умаров, ки Тошқалъа ном дорад, 10 гектар заминро ғайриқонунӣ тамоми қарорҳо бекор карда тақсим карда гирифтанд. Ҳатто на сертификат дорад на техпасорт. Безор шудаанд соҳибони хона. Ҳар моҳ участковий меояд ҳуҷҷатҳои замин ва хона мепурсад. 200 -300 сомонӣ медиҳем дафъ мешаваду меравад нақл мекунанд шахсони дар Тошқалъа буда.

Бовар кун бародар Муҳаммадиқбол, зулм болои зулм аст дар мо. Светбинак ҳар моҳ иваз мешавад. Ҳар як шахси нав омада ҳисобкунакро 200- 400 сомонӣ қарздор мебарорад. Свет ку нест. 100 суматро фиреб карда мегиранд.

Сангро болои санг мон, нозири минтақа меояд: аз кӣ пурсидӣ, канӣ ҳуҷҷати иҷозати сохтмон, протокол мекунем мегуянд. Хайр чи кор кунам, ҷарима кунед. Ҷарима 1500 -2000 сомонӣ. Сохтумони оғил ё хона ба охир норасида раиси маҳалла Маҳмадулло, ки кличкааш мурғ аст меояд: «ҳоло мада раҳмат бугу,ки мақомотда ай киссам 500 сомон додум, гуфтум хешу таборай, ёрай, рафиқай наомаданд». Бузи амният ва амакзодаи Искандар мебошад.

Як шахс бо лақаби Айёр. Бародараш Алиддину модарашон Саидой аст. Айёр дар Регар зиндагӣ мекунад. Вай як дузд аст. Ба очааш занг мезанад, овозашро дигар карда: «бачат мурдай, биёйд мурдаро баред аз морг». Қишлоқ теревога. Раиси маҳалла дарав чор нафарро вобаста мекунад, қаврканӣ, ҳатто тобут оварда назди дарвоза мемонанд. Ташкилотчӣ тағои Аҳлиддин. Яъне тағои Айёр- мулло Маҳмадалӣ, муллои деҳаи Чуҷалӣ мебошад.

Имомхатиб бовар кунед як чоплус аст. Маҳмадалӣ тағои Абубакри кумитаи замин мебошад. Хулоса қарибиҳои намози аср буд, ки одами «мурда» ба мулло Маҳмадалии тағояш занг зада мегуяд,ки «э, ман шухӣ кардум». Ҳамаи шахсоне, ки аз шодӣ зиқ шуда буданд ба якбора зиқи зиқ шуданд. Баъди намози шом чор қабркан ба хонаи Маҳмадуллои мурғ рафтанд ва гуфтанд, ки пули қабрканҳоро кӣ медиҳад. Раис аз кисааш 200 сомонӣ бароварда медиҳад. Маҳмадулло касеро бинад очаи Айёрро фалон кунам, занашро фалон кунам, ин намурда будааст, ман аз кисаам 200 сум додам ба қабрканҳо, гуфта доду фарёд мекунад. Мерседес дорад, боз Опел-караван. Гоҳ таксӣ мезанад.

5.) Бобоев Иззатулло: яке дигарашон мебошад. Соли таваллудаш 1978. Раиси дастгоҳи шаҳри Ҳисор аст. Дар се ҷо хонаи дуошёна дорад, ду мошини Прадои сиёҳ, Ланкрузери сиёҳ, номераш 9899. Донишгоҳро ду сол хонд, партофт дигар нахонд. Дар солҳои 2001 -2013 Русия мерафт барои васеъ кардани ҷаҳонбиниаш. Даҳ рӯз меистоду мерафт. Аз хариди маршрутка сар кард. Газ 31-10, нексия, камаз, экскаватор. Ҳамаи инҳоро нав мехарид. Ҳамсояи Маҷиди гаи мебошад. Кораш фақат зинокорӣ ва фаҳш аст. Бо зани шавҳардор мегардад. Падараш Мӯъмин -Миша магазинчӣ буд. Устохонаи таълимӣ, китобхона, магазин ҳамаро аз худ кард. Аз деҳа як зан гирифт, се духтар дошт, вайро пеш кард. Ин занашро аз ноҳияи Шаҳринав гирифт. Рақоссаи Манон паҳлавон буд, ҳамин очаи Иззат. Муъмин шавҳари дуюмаш мебошад.

Муъмин ҳоло раиси хоҷагии деҳқонии Ҷартеппа аст. Тамоми заминҳои деҳаро аз худ кардааст. Ба мардум намедиҳад. 70% мардуми деҳа узбектабор мебошанд. Касеро дид очаатонро фалон кунам, занатонро фалон кунам, гову молатонро нигоҳ кунед, ки боз даруни замин надарояд гуфта таҳдид мекунад узбекони бечораро. Ин боз ҳоҷӣ ҳам аст. Солҳои 2013- 14 интихоби раиси ҷамоати Ориён шуд. Бо фармони Баҳриддин Солиев, раиси ноҳияи Ҳисор Иззат таъин шуд. 10 ҳазор доллар пешакӣ дода буд. Иззат баъди раис шудан аз Лексуси сафед сар кард. 40 сотих замин аз асфалт боло дар Ҷартеппаро фурӯхт. 50 сотих замини лаби дарёро аз худ кард. Ҳоло мурғхона кардааст. Бозори Чуҷалиро ҳам аз худ кард.

Дар поёни деҳаи Чанор як заправка буд. Дар назди он ду гектар заминро аз худ карда ғайриқонунӣ ба халк фурӯхт. Ягонтояш ҳуҷҷат надорад. Соли 2016 то 2022 раиси ҷамоати Ҳисор буд. Ҳар сол як Лексус иваз мекард. Ҳоло Прадои сиёҳ дорад. Ин ҷамоат иборат аз 37 деҳа мебошад. Дар ҷамоати Ҳисор облаваро худаш ташкил мекард. Ду гектар замин дар чорроҳаи Қалъаро аз худ карда шолӣ мекорад. Занҳои ҳамон ҷамоат гуфтанд, ки рӯзи кори 30 сомонӣ кор мекардем. 25 нафар. Музди 3 рӯзи кориамонро надод -шолихишова буд. Кор.Мардуми ҷамоати Ҳисор нависед зулми раисро.

Иззат бо Ҷумъа Шарифзода, раиси пешини шаҳри Ҳисор, одами Қоҳир Расулзода,с арвазири Тоҷикистон ба  мисли акаю додар буданд. Иззат Хуҷанд рафт. Қафои Прадои сиёҳ пури савғотӣ хонаи Ҷумъа Шарифзодаро хабар мегирад. Шоҳроҳи Душанбе- Турсунзода, гардиши Ҳисор 10 сотих замин, 2 ошёна коттеҷ, нархаш 120 ҳазор доллар мебошад. Хонаи саввумаш дар ноҳияи Синои Душанбе ва дар он бо зани сеюм зиндагӣ мекунад. Нархаш 60 ҳазор доллар, ҳоло раиси дастгоҳ аст мошинаш 70 ҳазор доллар меистад. Як додари Иззат Фаридун ном дорад. Таваллудаш хато накунам 93 -94 аст. Дуто мошини Лексус, Прадо, номер 3333, ду хонаи ду ошёна, ду зан. Падараш Мӯъмин, як портер, як мерседес дорад. Вазифаи Фаридун раиси танзими ҷамоати Ориён пеш дар бахши ҳарбӣ повестка диҳак дар ҷамоат кор мекард. Иҷозатномаи худоӣ, чил сол аз 200 -300 сомонӣ, туй бошад: 800 -1000 сомонӣ. Агар бачаат хизмат нарафта бошад.

2- 3 ҳазор сомонӣ солҳои пеш узбекҳоро ҳамин сахт ғам медод, ки повесткаро худаш хона ба хонаи узбекҳо рафта бо таҳдид бачаат дар Русия 2 ҳазор сомонӣ тез бте маилаш хизмат намеравад 3000 сомонӣ тиед. Шабҳо облава, аз хона меқапид бачаҳоро. Касе, ки рӯзи 1ум билет дошт дар таърихи 30 меқапид. Бечора касе 1ум билет дошт, маҷбур мешуд то 5 ҳазор сомонӣ диҳад халос мешавад. Нуҳ деҳа дар ҷамоати Ориён дар зери зулми Фаридуни додари Иззат қарор дорад. Духтаратро шавҳар додӣ, маҷбурӣ ҳамсоя, гирду пешат, хешу таборатро хабар диҳӣ. Аммо бачаи раиси Фарид иҷозатнома намедиҳад. Дар қонун ин хел туй духтарвечер нест, ноита сар мекунад, намедиҳам иҷозат. Баъд маҷбур мешавӣ «хайр раис чанд сум мешавад, бугу метем. Хайр ,майлуш, мункин нестайю бте 500 сум ҳал мекунем».

Ана ҳамин хели шакли пулкоркунӣ дорад. Ҳар сол як- ду бор Русия меояд- турист.10 рӯз меистад, боз бар мегардад Тоҷикистон. Гуфти занакои лави об дар Русия коттеҷ харида аст Иззат раиси дастгоҳ.

Ду ҷиян дорад, яке бачаи амакаш, дигаре бачаи аммааш. Бачаи амак Рустам бекорхуҷа. Ду зан, ду аспи тозӣ, ду хона, се замини наздиҳавлигӣ, Тойёта- кемри, 6- 7 портер ва як Лексусу як Мерседес дорад. Рустам дар оила як бача ва ҳафт духтаранд. Дар кадом як маъракаи кадом хешашон мегуяд, ки «ин язнаҳои мана хоҳаршона фалон кунум, бо дар болои хоҳарои ман зан гирифтиянд». Ҳамин, ки остановка баромад воҳимара сар мекунад: «у фалонизан, у фалониочара бо фукуш чухт шудай. Узбекистонда будум, фалон ҷо да одих кардум, хариди бисёр кардум».

Адҳами хусурбачаашро бо героин дар Русия қапиданд. 9 сол дар Мордовия шишту баромад. Бори ана ҳамин язнааш буд. Занашро бо падараш ҳаҷи фарзӣ роҳӣ кард. Худаш зино карда гаштааст.

Парвиз, бачаи аммаи Иззат ду зан ва ду хона дорад. Ҳар моҳ як мошин иваз мекунад. Тойота- кемри 1,2,3, 4,5 ва БМВ х3, х5, х6, Ранҷ ровер, Мерседес. Дар қалъаи Ҳисор пеши ошхонаи Кунда хонаи се ошёна дорад. Дар доми 5 ошёнаи пеши бозори маркази шаҳри Ҳисор хонаи сексия дорад ва бо зани дуюм зиндагӣ мекунад. Бародараш Хусрав фураи мерседес дорад. Падараш Файзалӣ мироби ҷамоат мебошад. Дар Ҷартеппа ду гектар замини шолӣ дорад, ки ба Муъмини хусурбачааш дода гуфтааст: «бухур, бугард, ай шоти ман».

Як нафар аз совхози 50 солагиро Парвиз бо мерседесаш заду кушт. Ягон кас ягон чиз нагуфт. Дар чорроҳаи Қалъа ин ҳодиса руй дод. Бобоев Иззатулло Муъминович ҳоло раиси шаҳри Ҳисор шуданӣ аст. Бачаи холааш дар 6-ой отдел кор мекунад. Шахсоне, ки гражданини Русия мебошанд, Тоҷикистон, ки рафтанд аввал доляро ба Иззат медиҳанд. Вагарна аз УУР ва 6-ой отдел хонааш меоянд, экстремист ва террорист, Гурӯҳи 24 гуфта 2 -3 ҳазор долларашро мегиранд ва баъд халос мешавад.

Ҳодиса ин тавр мешавд, ки Иззат дар роҳ, ки бо Прадояш аз рӯи 120 -140 мерафт «ма задагиям гаи, милисара, амниятам». Мегуяд сузишвории мошинаш дар як рӯз 1000 сомонӣ аст. Обед 1000 сомонӣ -100$. Ҳар бегаҳ харидаш 1000 сомонӣ. Мардуми калъаи Ҳисорро ҳамин хел зулм карда буд, ки ҳисоб надорад. Милиса ҳам Иззат буд, амният ҳам Иззат буд, раиси маҳалла ҳам. Ҳамаро мурғ карда буд. Дар ду ҷамоат тақрибан 50 қишлоқ ҳаст. Аз шаҳри Ҳисор то Боботоғ- сарҳади Узбекистон ҳамаро мурғ карда аст. Тамоми шахсоне, ки гражданства доранд, пеш пеши Иззат барои ҳуҷҷатгузорӣ справкаи ҷои истиқомат, узви оила, ҳайати оила, аз қайд баровардан, дар кайд мондан, ЗАГС, тақсими мерос, ҷанчоли оилавӣ ё бачаш гражданини Русия ё Туркия мерафтанд. Ҳамаи ин «проблема»-ҳоро худаш ҳал мекард. Яъне тоҷикҳое, ки гражданини Русия ё Туркия ҳастанд, дар чорчӯбаи қонун забонхаташро мегирад. Барои баёноташ як ҳафта медавонад. 200 доллар медиҳӣ, ҷонат халос. Як моҳ наистода боз тарки ватан мекунӣ.

Кришаи Иззат Зоир ва Шамсулло Соҳибовҳо, домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов ва Исмоил- пингвини даст ба хайр мебошанд. Иззат бор, яъне героинро аз Зоир ё Шамсулло мегираду меорад ба Рустаму Парвиз медиҳад ва мегуяд ҳаққи ман «инамиқа мешавад, 20- 25 ҳазор доллар». Инҳо обу хок мекунанд.

Бародар Муҳаммадиқбол баъзе маълумотро аз даҳони мардум гирифтаам. Дар деҳа чор шахсе буданд, ки шуҷоъ, ҳақиқатгуй ва ҷасуру нотарс ва зидди чоплусҳо гап мезаданд. Инҳо Исроил, Шайх, Ҷамшед ва Шамо, ки намояндагони ҷамоати Ориён буданд. Худованд раҳмату мағфиратшон кунад, гера истеъмол мекарданд Сабабгори асосии марги ин чор нафар ана ҳамон нафароне, ки номашонро дар боло зикр кардем буданд. Инчунин мақомоти тафтишотӣ гунаҳкори ашаддӣ мебошанд.

Масъалаи роҳ, гуфти Ҷамшеди Ҳалим, хоҳӣ санги гурдаат бирезад, ҷамоати Ориён равед. То бозор меравему меоем, як ҳафта касал мешавем. Дар роҳ зада -зада меравему меоем. Роҳҳоро сел шуста бурдааст. Боз чоплусҳо мегуянд, ки «шигр ҳамиқашам, ватан тинҷай». Аз ҷаври чанги роҳҳо, аз буямон мефаҳманд, аз либоси танаамон мешиносанд, ки мардуми ҷамоати Ориёнем.

Share This Article