5. СУРАИ МОИДА
Чанд суолу посух аз ин сураи муборака
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Суол: Рақами оятро, ки номи сура дар он зикр гардидааст, баён кунед?
Ҷавоб: Дар ояти 114 номи сура, Моида зикр шудааст.
Суол: Сабаби номгузории сура ба Моида чист?
Ҷавоб: Ба Моида (калимаи арабие, ки маънояш дастархон аст) номгузорӣ шудани сура он аст, ки ҳавориёни ҳазрати Исо (а) аз ў барои далели сидқи нубуват дастархон талаб карданд ва ид оростанашон, қиссаи он дар ин сура зикр шудааст.
Суол: Сураи Моида кай нозил шудааст?
Ҷавоб: Баъд аз сураи Фатҳ.
Суол: Номи Худованд, Аллоҳ (ҷ) дар сура чанд маротиб зикр шудааст ?
Ҷавоб: 143 маротиб.
Суол: Кадом паёмбарони Худо дар сураи Моида зикр гардидаанд?
Ҷавоб: Одам (а), Мусо (а), Исо (а), Довуд (а).
Суол: Теъдоди калимаҳои ин сура чанд аст?
Ҷавоб: 2837 (ду ҳазору ҳашсаду сивуҳафт) калима аст.
Суол: Шумораи ҳарфҳо чӣ?
Ҷавоб: 12,206 (дувоздаҳ ҳазору дусаду шаш) ҳарф.
Суол: Бар тиловат кунандаи сураи Моида чанд савоб аст?
Ҷавоб: Тибқи ҳадиси ривояткардаи Ибни Масъуд (р), 122,060(Яксаду бисту ду ҳазору шаст) савоб мегирад.