Интернет: Охирон дилхушии шаҳрвандро аз ӯ нагиред!

Ислоҳ нет

 

 

 

    Афзоиши дую се баробари пули интернет танҳо амале нест, ки боиси хашму ғазаб ва норозигиҳову эътирозоти мардумӣ шуда аст.

  Раҳмон ва қудоҳову домодҳо ва духтарҳояш, ки мулкро милки худ ва халқро ба барда табдил додаанд,дигар шӯрашро дароварданд.Истиҳола, мулоҳиза, андеша, шарму ҳаёро комилан аз даст дода ба халқи Худо тавре рафтор мекунанд, ки ангор чоҳи нафт бошаду то хушконидан бикананду бикашанд. Инки халқи Тоҷикистон чоҳи нафт нест, зинда аст, одам аст, ҷон дорад,ҷонаш ба дард меояд, азоб мекашад, ба хашм меояд, ин тоифа РОҲЗАНОН парво надоранд. Амдан ва барқасд болои мардум машаққат ва кулфат бор мекунанд.

 

  Танҳо ҳамин як қиёс, ки чаро қирғиз бояд як гигобайтро ду сомонӣ ва тоҷик 63 сомонӣ бихарад, худ гувоҳ аст ки дар сари давлат РОҲЗАНОН нишастаанд.

 

    Раҳмон ва хешу табораш, ки дар курсиҳои ҳокимият дар айшу нӯшанд, боз як василаи дигари пулкоркунӣ аз ҳисоби халқро фикр карда ва онро ба амалбароварданианд. Фақат барои инки дар сари ҳукумат ҳастанд, бо истифода аз зӯр ва иқтидори ҳукумат ба чунин корҳое, ки нон аз даҳани мардуми бе ин ҳам фақир бикананд, даст мезананд. Як тоҷики муҳоҷир  нархи билети  се нафар қирғизро, ки аз Бишкек ё Ӯш ба Маскав парвоз мекунад, пардохт мекунад, чӣ аз Хуҷанд, чӣ аз Душанбе.

 

  Чунин ба назар мерасад, ки худи Раҳмон барои ноамнӣ, барои шӯришҳои халқӣ замина гузошта истодааст, худаш даъват карда истодааст,таҳрик ва тела додан дорад,то мардуми ҷон ба лаб омада, ҷонаш ба каду қабашуда бархезад ва гӯяд: бас аст. Ба ростӣ бароям сахт муаммо аст, ки чаро Раҳмон тоқати мардумро ба бозӣ мегирад?Чаро оромиш ва суботи ҷомеаро таҳти хатар қарор доданиаст? Чаро ҷомиаро мутазалзил карданиаст?

 

    ҲНИТ- як тарафи сулҳи кишварро, ки дар чаҳорчӯбаи қонун амал мекард, то инки бандад ва террористӣ эълон кунад, тамоми фитна ва дасисаро ба кор бурд, ячейкаҳои онро дар аксарияти ноҳияҳо бо фишору зӯрӣ бубаст, бархе аз аъзояшро ба зиндон кашонд, то сабраш ба сар ояд ва ба хиёбону майдонҳо бирезад. Нашуд. Чандеашро кушт, чандеашро зиндонӣ кард ва бақия рӯ ба ҳиҷрат ниҳоданд. Хулоса, ин фитна бо бастан ва манъ кардани ҳизб ба пойин расид. Аммо ҳизб аз хориҷ ҳам, ки буд муборизаи мусолиматомезашро идома медиҳад.

 

   Ниқори худро аз зиндониёни ин ҳизб ситонидан мехоҳад. Бо нақзи меъёру қонунҳо, бо пушти по задани тақозои Созмони Милали Муттаҳид, Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИро озод намекунад, балки ҳамарӯза таҳти шадидтарин шиканҷа қарор дода истодааст.

 

 Ҳоло, ки дар набарди иттилоотӣ дар баробари оппозитсион беш аз пеш шикаст мехурад, бахусус ҳодисаи ба сари Шарофиддин Гадоев, муовини раиси ПМТ, ки ҷинояти дар сатҳи байналмилалиашро ошкор кард, аламашро аз халқи бечораи тоҷик меситонад ва гӯё василаи робитаи оппозитсия бо мардумро маҳдуд ва пешгирӣ мекунад. Нархро боз ҳам гаронтар кунад, ки халқ бо оппозитсия иртиботашро қавитар хоҳад кард, чунки имрӯз зери зулму истибдод тоҷик ҷон меканад,ҷони тоҷик дар азоб аст, ҷони тоҷик дар каду аст. Ӯ расман шаҳрванди кишвари худ аст аммо амалан кору зиндагӣ ва маоши хонаводаашро, ризқи бачаашро, рӯзии падар ва модарашро, ҳамсар, хулоса аҳли байташро аз Русия ба даст меоварад. Ягона дилхушие, ки дошт ҳамин телефони мобилиаш буд, ки тавассути интернет бо онҳо ва онҳо бо ӯ сӯҳбат мекарданд. Раҳмон ин дилхуширо ҳам аз ӯ ва аз хонаводааш мегирад. Вале ӯ тамоми дарду аламашро, хашму ғазабашро барои  кадом як рӯзе, ки худаш ҳам намедонад, фурӯ мебарад ва ончиро ки дар Русия кор кардааст, аз тикаи нонаш ҷудо карда интернет мехарад. Ҳамчунон, ки ҳоло ҳамасола боло бурдани баҳои қувваи барқ, гаронии нархи билети самолёт, пулакӣ кардани роҳи мардум, ҳадди боло гузоштан ба маоши бознишастаҳо ё нафақахӯрон, камтарин музди моҳона, андозҳои гургона болои соҳибкорон ва тоҷирон ва садҳо ҳолатҳои дигари хафақон ва буғикунандаи кишварашро дида таҳаммул карда истодааст.

 

Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ин суоли беҷавоб аст, ки чаро дар дарозои се даҳа сер намешавад ва ду чашмаш ба ҷайби халқ аст.Коре мекунад, ки бори зиндагии мардумро вазнинтар бисозад? Ягон иқдоме, амале намекунад, ки мардум бигӯяд, хуб, раҳмат, ки ҳукумат мушкили моро аз байн бурд, азобамро нест кард.

 

  Қаблан, вақте нархи симкортҳоро боло бурданӣ шуд, баҳона пеш овард, ки террористҳо аз онҳо истифода  мекунанд. Ҳоло баҳона ин аст ки интернет ба мардум зарар дорад.Як дурӯғҳое мебофед ва як далелҳое меоваред, ки худатон бовар намекунед. Шумо барои ҳеҷ яке аз ин ширкатҳои интернетӣ як сомонӣ харҷ накардадед. Ширкатҳоро соҳибонашон бо пули худашон ба роҳ монда ба ҳазорон нафар ҷойи кор доданд, миллионҳо доллар ба буҷаи мамлакат андоз месупоранд. Аммо шумо ва қудоятон Бек Сабур тамоми талошро карда истодаед, ки нони даҳони онҳоро кашида бигиред, яъне нони даҳони мардумро. Ҳамчунон,ки роҳро бо пули Хитой сохта  ва ҳамасола барои қарзҳои ин кишвар аз ҳисоби буҷҷа,яъне ҷайби халқ, даҳҳо миллион доллар баҳра ё ҳамон фоизи қарз бармегардонед, аммо фоидаи ин роҳро домоду духтари Шумо , балки дар асл худи Шумо мегиред. Ҳамин тавр барои ширкатҳои ва тиҷоратҳои домодҳо ва дар асл худатон имтиёзҳо медиҳед, аз андоз, аз боҷ ва аз аворизи гумрукӣ озодашон мекунед. Аммо ҷуброни ин ҳамаро аз ҷайби мардум меситонед. Нархи интернет, нархи бензин, нархи билети ҳавопаймо ва нархи ҳарчизе дигар ҳатто, шаҳодатномаи ронандагиву “справка”-и тиббиву намедонам тамоми дигар чизҳоро рӯзбарӯз боло мебаред. Халқро то кай хонасалот мекунед. То кай бо тоқати мардум озмоиш анҷом медиҳед? Бо инки нархи интернетро боло мебаред, иртиботи халқро бо оппозитсия ва Кабирӣ канда наметавонаед? Чун халқ, ки безор шудааст, ба ҷое, ба қуввае, бар ҳарфи дигаре умедворона гӯш фаро медиҳад.

 

   Беш аз пеш маълум мешавад, ки кори давлатро иҷро намекунед, кореро,ки ба шаъни давлат намезебад, намеарзадро иҷро мекунед.Мардум ба ашё ва Тоҷикистон ба ширкат ва корхонаи тиҷоратии Шумо ва домоду қудову духтарҳоятон бадал шудааст. Ҳоло дар ихтиёри шумо тамоми иқтисодиёти гардон ва фоидаовари давлат, ки бояд ба халқ хизмат кунад, қарор дорад.

 

      Ва Раҳмон роҳро пулакӣ карда духтараш Озодаву Ҷамолиддини домодашро соҳиби манбаи муфти даромад кардааст, барои мисол Спитаменбанк,ки маҳз бо ҳамин пулҳои ҷамъовришуда, дурусттар ба яғмобурда ташкил шудааст, бозорҳое ба мисли “Фаровон” ва маркази тиҷоратии “Садбарг” ва мағозаи мавсум ба “Ситора” дар маркази Душанберо бо пули буҷҷаи давлат сохта ва дар ихтиёри Таҳминаву Зарифбеки домодаш гузоштааст, аз тиҷорати Зойир Соҳибов, нахустдомодаш, ки тамоми заминҳои пахта ва корхонаву бозорҳои асосии вилояти Қурғонтеппаи собиқро дар даст дорад, ҳама бохабаранд, аммо албатта, ҷойи Шамсулло, ин домоди чаққони корчаллон ва ширкати маъруфи ӯ “Фароз” дигар аст. “Сафеддара”-ашро намегӯед, ки худи ҷаноб ҳамроҳ бо шоҳзодахонум Азизамоҳ дар расми ифтитоҳ ширкат карда чанасаворӣ карда буданд.80 миллион харҷ карданд. Пурсида мешавад аз куҷо? Ҳамчунин Ашраф домоди дар оянда вазири хориҷиаш ҳам, ки ният дорад дар ҳукумати Рустам  ба ин мақом биоварад ,шахси андак мандак нест. Аз ҳисоби муҳоҷирини бадбахт дар замони консул буданаш бо фурӯши “возвращение на родина” ва паспорти хориҷӣ, миллионҳо доллар кор кард.

 

 Ва дар фаровард боз ҳам баргардем ба Бег Сабуру болобарии нархи интернет. Ҳоло акнун дигар  зери тасарруф даровардани корхона ва ҳатто вазоратҳои ҳукумат миёни қудоҳо ба як сабқат табдил  шудааст. “Ширкати “Барқи тоқик” ҳам нимахусусӣ, корхонаи тавлиди алюминий “Талко”, ки барвақт хусусӣ шуда буд. Фурудгоҳу “Тоҷикайр” ва ҳоло дигар Хадамоти алоқа. Ҳарчанд инҷоро ҳам  кайҳо ба духтару домоди кенҷагӣ Зарина ва Рамз тӯҳфаи арӯсӣ карда буданд.Болои симкортҳо нархи иловагӣ мондан, трафики ширкатҳоро тасарруф кардан, маркази ягона ё ҳамон мӯрии назоратӣ барои бозори ин ширкатҳо ташкил додан ва ниҳоят… нархи интернетро  аз ҳар кишваре дигар боло бурдан, ин ҳам дар ҳоле, ки суръати интернет дар Тоҷикистон пасттарин суръат дар ҷаҳон баҳогузорӣ шудааст.

Каппаи мардумро сӯхта истодаед, то қасру кӯшкатон гармтар ва равшантар шавад. 

 

 

 

Share This Article