«Додари азиз, Рустами Эмомалӣ, ҳоло ту вазифадорӣ, ки обурӯйи падарат ва ватанатро бо қабули ин ду пешниҳод ё роҳи дигар бихарӣ. Атрофиёнат гуфтанд, ки ту хеле ҷавони ҷасур ва бофаҳму бо идрокӣ. Ба дуқад шудану тамаллуқкорӣ кардани баъзе аз масъулин фирефта нашав, эҳтиром фақат дар ин нест! Инҳо дар асл санг дар бағал доранд, ба шумо некӣ намехоҳанд. Шахсан ман ва тими «Пайк» имрӯз ва дар оянда мехоҳем бо ту кор кунем, ватан обод созем ва дастовардҳои абармардони собиқ ва падари арҷманди туро ҳифз созем, фақат имрӯз нагузор, ки ватани ману ту шарманда шавад».
(иқтибос аз мактуби кушоди Аҳмади Иброҳим ба Рустами Эмомалӣ)
Ҳайф.
Аввалин ҳарфе, ки баъди хондани ин мактуби кушоди Аҳмади Иброҳим, сардабири «Пайк» дар зеҳнам хутур кард, ҳамин буд:
Ҳайф.
” Барои он ҳайф, ки ҳиҷ мавридеро наметавон ба ёд овард, ки на Рустам ва на падараш ба номаҳое амсоли ин номаи моломоли дарду доғи мардум вокуниши мусбат нишон дода бошанд. Ин бор ҳам истисно нахоҳад буд, ки ин нома камтарин вокунише ба бор оварад. Зеро мухотаби ин нома ва падари вай, ки сӣ сол мешавад дар сари қудранд, дар сар фикру хиёли дигар доранд ва ҳодисаву рухдодҳо гувоҳи он аст ки беш аз пеш сиёсати қулдурӣ, зургӯӣ, иҷбор, ваҳшатуфканӣ, тарсу ҳаросро болои мардум ҷорӣ карда истодаанд. “
Дар оғози мавсими сарбозгирӣ «Ислоҳ» навишта буд, ки имсол ин фарохон бадтар аз солҳои гузашта хоҳад шуд. Хабарҳое, ки мерасад ин пешбинии моро таъйид мекунад. Ҳоло дар тамоми масоҷиди ҷомеъ дастур шудааст, ки ё як сарбоз биспоранд ё 5000 сомонӣ бипардозанд.
Аммо ин навиштаи бародар Аҳмади Иброҳим барои ман як ангезае дод то бори дигар роҷеъ ба Рустами Эмомалӣ бинависам. Барои он бори дигар, ки қаблан ҳам на як маротиба аз ӯ ва фаъолиятҳои, дақиқтараш ҷиноятҳои ӯ гуфтему навиштем. Шахсан ман ва тими «Ислоҳ» ба тафовут аз бародар Аҳмади Иброҳим дар оянда намехоҳем бо Рустам кор кунем ва дар харобазор кардани ватан ва сарсону саргардону ҳабсу зиндонӣ кардани рушанфикрону донишмандони миллат бо вай ва падари лаънаткардаи Аллоҳаш шарик бошем.
Ва,ҳоло:
“Дузд дуздро дар шаби маҳтоб мешиносад”
Фикр мекунед, ки ҳамин чанд рӯзи пеш Рустами Эмомалӣ Туркманистон чиро рафт? Рустам Туркманистон барои он рафт, то як «пиар» кунад ва паём диҳад ки «имрӯзу пагоҳ ман ҳам Сердар мешавам». Рустам барои афзоиши ҳамкориҳо, боло бурдани мизони табодули моло коло ва ё харидории нафти Турманистон нарафт. Чун миёни Туркманистон ва Тоҷикистон ҳаҷми гардиши мол ҳатто 20 миллион долларро ҳам ташкил намекунад.
Туркманистон кишваре намебошад, ки кадом нақшу мақоме дар муносибат бо Тоҷикистон дошта бошад. Аммо аҳамият ва махсусияти вижа ва ё оҳанрубое, ки Рустамро бикашидаву ба Туркманистон бурдааст ҳамин анҷоми амалиёти интиқоли қудрат аз падар ба писар аст, ки барои Рустам ва падараш арзиши болотар аз ҳаётро дорад. Рустам рафт ба Туркманистон то бигӯяд, ки ин танҳо ӯ нест, ки курсии раёсати ҷумҳуриро ба рағми майлу иродаи мардум ва миллаташ маврусӣ карданист ва ҳоло вай дар рӯбарӯ ба нафаре нишастааст, ки (Сердор Бердимуҳаммадов) ҳамин корро анҷом дод ва касе аз туркманҳо лому мим ҳам нагуфт ва агар ҳам, ки ӯ омад тоҷикҳо ҳам бояд қабуд кунанд ва муқобилият нишон надиҳанд. Рустам рафт ба Туркманистон то намунаи ояндаи ҳукуматдорӣ дар Тоҷикистонро тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш бигзорад. Оянда вай раиси ҷумҳурӣ мешавад ва Эмомалӣ Раҳмонов, дар курсии Асосгузори сулҳу Пешвои миллат мешинад ва мақомоти хориҷиро ҳарду, ҳамчуноне Қурбонгулӣ ва Сердар Бердимуҳаммедовҳо мепазиранд, қабуд хоҳанд кард: отаву бача. Ин халқу ин мардуму ин миллату ин ватану ин давлату ва ин «облава»-ро кашидагӣ, задагӣ, ки чи мегуянду чи мекунанд. Боядам мардум мурдамурда тоқат ва итоат кунанд.
Вай, вақте дар оғози марти имсол Озарбойҷон, пеши Илҳом Алиев рафт, низ бо ҳамин нақшаву ният рафта буд. Чун ҳеҷ зарурате барои сафари Рустами Эмомалӣ ба Боку набуд. Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар соли гузашта ҳамагӣ дар ҳаҷми 6 миллион доллар доду гирифт доштаанд. Вай рафт Озарбойҷон, то инки бо нафаре, ки курсиро аз падараш гирифт, бишинад ва дар расонаҳо ҳам замзама кунанд, ки Тоҷикистон дар интиқоли қудрат аз Озарбойҷон пайравӣ мекунад ва Рустам ҳам чанде баъд Илҳом Алиеви Тоҷикистон мешавад. Ин як навъи таблиғи нақшаву нияти Эмомалӣ Раҳмонов ва ташвиқи он ки маҳз ҳамин хел мешавад. Ва, дар мағзу азҳони мардум фуру карданианд, ки Рустам Илҳом Алиев ва Сердор Бердимуҳаммедови Тоҷикистон хоҳад буд.
“Рустам ба Туркманистон ва Озарбойҷон барои он сафар анҷом дод, ки то нишон бидиҳад давлатҳое мисли Тоҷикистон ва роҳбарҳое мисли падараш ҳастанд ва онҳо ҳиҷ кори баде накардаанд, фақат инки падари пири беш аз сӣ сол дар қудрат бударо бо як ҷавоне иваз кардаанд. Бидуни онки ҳаё варзанд, шарм дошта бошанд, хиҷолат бикашанд, пусти хукро дар руяшон мекашанду мегуянд, ки дар интихоботи озоду демократӣ Рустами Эмомалӣ, сиёсатмадори ҷавону ҷасур, 90унд % овозҳои интихобкунандаро ба даст овард.”
Рустам бо ин сафарҳо ба Озарбойҷону Туркманистон дурусту яқин заминаи омадан, дақиқтараш овардани худро фароҳам карда истодааст. Аз суе дигар вай як навъи эътилоф ва иттиҳоди давлатҳои диктотурӣ ва худкомаро дорад ташкил мекунад. Ҳозир Эмомалӣ Раҳмонов дар тамоми кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд дарозумртарин раиси ҷумҳурӣ ва дар миқёси олам ҳам дар шумори чанд нафар диктотурҳои беш аз се даҳа дар қудрат боқимонда ба ҳисоб меравад.
“Аммо тибқи як маълумоти таъйидношуда Рустами Эмомалӣ бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноии қочоқбарони молу маҳсулот дар Туркманистон ва Русия тиҷоратҳои муштарак дорад. Рустам шароити интиқоли молу колоҳои истеҳсоли Чинро тавассути марзи Тоҷикистон барои ин гурӯҳҳо фароҳам кардааст, ин колоҳо то ба кишварҳои аврупоӣ бурда мешаванд. Мо, наметавонем тасдиқ ва ё такзиб кунем, ин матлаберо, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда буд. Бинобар ин навишта нафаре бо исми Нуриддин, аз Данғара ё Кулоб таҳти ҳимоят ва пуштибонии Рустами Эмомалӣ ҳаракати аъзои шабакаи байналмилалии қочоқчиёни маводди мухаддир аз Афғонистон ба Русия ва аз онҷо то ба Аврупоро аз марзҳои Қазоқистону Қирғизистон таъмин мекардааст. Гуфта мешавад ин Нуриддин тамоми харҷу масрафи маишату истироҳат ва ҳатто сафарҳои Рустам ба хориҷ аз кишварро маблағгузорӣ мекардааст. Сафари ахири Рустами Эмомалӣ ба Ашқободро ҳам ҳамин Нуриддин сармоягузорӣ карда ва дар ин сафар ҳамроҳи Рустам будааст.”
Гуфта мешавад, Сердар Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон низ муътод буда ва Рустами Эмомалӣ аз таъминотчиёни ӯ ба шумор мерафтааст. Рустам, то ин сафари расмиаш низ борҳо пинҳонӣ бо самолети хусусиаш ба назди Сердар ба Ашхобод омада будааст. Онҳо дар меҳмонхонаи панҷситораи мавсум ба «Олтиной»-и Ашқобод якҷо бо духтарҳои фоҳиша шабнишиниҳо баргузор мекардаанд. Рустами Эмомалӣ шабҳоро дар меҳмонхонаи ба номи «Сердар» -и маҳаллаи Фируза Ашқобод ба сар мебурдааст. Рустам дар инҷо бо як фоҳишаи касбӣ бо номи Гулмира зиёд амалҳои маҳрамона анҷом медодааст ва аз ҷумла дар сафари ахираш низ Гулмира бо Рустам будааст. Гулмира бо усулу шеваҳое наздикӣ мекардааст, ки Рустам барои ӯ шуда ба Ашқобод меомадааст. Гулмира солҳо пеш маъшуқаи Мурод Ниёзов, писари Сапармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури пешини Туркманистон будааст.
“Аммо, бовар кунед, ки Рустам ҳатто дар сатҳи ҳамин Сердор Бердимуҳаммедов ҳам қарор надорад, чи расад ба онки бо Илҳом Алиев қиёс бишавад. Шояд барои атрофиёнаш бисёр «ҷасур» бошад аммо бубинед, ки ҳатто ҳамон ду ҷумлаи ташрифотӣ ва протоколиро дар суҳбаташ бо раиси маҷлиси Туркманистон аз рӯи коғаз хонд. Ҳиҷ коре, ки қобили ситоиш ва ситудан бошадро накардааст. Аммо бубинед, ки илми баҳракашиву суистифода чи қадар мумтозу ғарро аст. Рекламаи «Сиёма» дар даруни соати барномаи хабарии шабакаи давлатӣ аст. На, танҳо «Сиёма», «Душанбе-сити», бозори «Сиёма-молл», ширкати «Авестогрупп», ки 24 соат дар шабакаҳо реклама мешаванд, рустам ва тиҷоратҳои беҳисоби ӯро муаррифӣ мекунанд.”
Як корманди фурудгоҳи Душанбе ба яке аз шиносҳои мо гуфтааст, ки аз чанд вақт ба ин тараф Рустам ва Ҳасан Асадуллозода бо самолётҳои хусусии худ гоҳ-гоҳе ба дохил ва хориҷа сафарҳо анҷом медиҳанд. Ин самолётҳо, ки гуфта мешавад 10 миллион доллар арзиш доштааст дар ангарҳои фурудгоҳ нигоҳ дошта мешавад. Вай гуфтааст, ки ҳаргоҳе Рустам ба ягонҷо сафар карданӣ бошад ҳама коргаронро аз назди ин ангар дур мекунанд,то ба «Ислоҳ» хабар надиҳанд. Аммо яке аз ҳамроҳони Рустам гуфтааст, ки мо чанд бор бо ин самолёт ба назди Сердар Бердимуҳаммадов рафтем.
“Ҳарду кишваре, ки Рустам ба онҳо сафари корӣ анҷом дод: Озарбойҷон ва Туркманистон ҳамвора ба монанди Тоҷикистон ба саркӯби мухолифон, таъқиби дигарандешон, хафақони озодиҳои сиёсиву мазҳабиву матбуотӣ ба шиддат интиқод мешаванд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “дузд дуздро дар шаби маҳтоб ҳам мешиносад”
Рустам барои ин мардум ва ин ватан ҳеҷ гоҳ кори баманфиат анҷом намедиҳад. Вай аз боқии зоидагиҳои Эмомалӣ Раҳмонову Азизмоҳ як зарра ҳам фарқ надорад. Балки аз онҳо дида баднафстару бераҳмтару беинсофтар аст. Ҳозир пойгаҳ барои вай холӣ аст. Ҳар чизе ки дилаш бихост, ҳамон мешавад. Кам монда буд, ки осорхонаи падари адабиёту давлатдории муосири тоҷик домулло Садриддин Айниро хоку туроб карда ва пайи онро ба кадом як бизнесмен фурӯшад. Чун барои вай ҳеҷ чизе муқаддас ва боарзиш аз доллар нест ва насиҳати шунавидааш аз падар ҳам ҳамин аст ки «пока есть возможност и время» ҷамъ кун, бо чи роҳе бо чи қимате ҳам, ки набошад.
“Дар боло, дар бораи чанде аз ширкату тиҷоратҳои Рустам ёдовар шудем. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки Рустам дар Душанбе як корхонаи истеҳсоли уребча (памперс)-ро кушод. Аммо ҳоло маълум мешавад, ки ин уребчабарорӣ аз они худи Рустам будааст. Чун тоҷирони аз берун памперс меовардаро ҳушдор додаанд, ки аз хориҷ оварданро қатъ кунанд ва аз ҳамин корхона бигиранд ва тибқи маълумотҳои расида ҳоло «Таҷеро» аз они Таҳминаи апаи Рустам ин уребчаҳоро ба дуконҳо тақсим карда истодааст.”
Барои ҳамин бародар Аҳмади Иброҳим, сардабири арҷманди нашрияи «Пайк» омадани Рустам ба ҷойи падараш рӯзу рӯзгор барои тоҷик ва Тоҷикистонро сиёҳтар мекунад. Агар Рустам мактуб мехонду ба мактуб ҷавоб медод ба мактуби модари ҷигарсухтаи Гулбиддини бадахшонӣ ҷавоб медод. Ҳазорҳо модарони ин миллат навиштаанд ба ӯ , аммо аз санг садо ҳасту аз ӯ не. Вай давоми падараш аст,балки бадтар аз падараш хоҳад буд.
Аммо ба фарқ аз Абдулло Роҳнамои чоплусак, ки мегӯяд бо омадани Рустам «нигарониҳои сиёсӣ» рафъ шуд, шумо, ки аз мушкил мегӯед, хуш ба ҳолатон. Аммо ман бо сароҳат ва бо итминони тамом мегӯям, ки омадани Рустам ин кишвар ва ин миллатро на ба асри миёна ба аср ва ба обшинаи ибтидоӣ мебрад. Дигар ҳама ғулому бардаи Оли Раҳмонов мешаванд. Чун хоре ба пойи Рустам нахалидааст ва вай, ки дур аз воқеиятҳо бузург шудааст, ҳиҷ коре намекунад, ки зиндагӣ барои мардум сабуку осон шавад. Баракс. Давлат ба вай барои кор дода намешавад, давлат ба вай барои айшу ишрат дода мешавад.
Албатта, хеле тулонӣ шуд, вале чун ҷойи гуфтан омад, инашро ҳам бигӯям, то бо кӣ будани Рустам бештар ошно бишавед. Ин ҳикояти як корманди собиқи гумрук аст:
Вақте Рустам дар соли 2009 сардори Раёсати зиддиқочоқи Хадамоти гумрук таъин шуд хеле аз кормандони ботаҷриба ва соҳиби малака аз кор ронда мешаванд.
Муқобили баъзеи онҳо дело карданду бегуноҳ сол доданд, якхелҳояшонро
«угрожат» карда аризаҳояшонро гирифта аз кор пеш карданд, як хели дигарашонро «подставит» карданд. Ин корро барои он карданд, то нишон диҳанд ҳарфи аввалу охир аз они Рустам аст ва ҳама бояд пеши вай дуқад шаванд. Он вақт Рустам ҳамеша «подкайф»-и героин мегашт. Як тарафи бинои Хадамоти гумрукро тамоман банд карда ҷои арусбозиву арақхуриву геразанӣ карда буд. Дар он блок касе ҳад надошт ворид шавад. Ҳатто раиси Хадамоти гумрук генерал- лейтенант Зарипов Гурез пеши Рустам даромада наметавонист. Дар тӯли моҳ агар яке дар саҳани бино медид давида давида омада «Рустамҷон чико кунум,чи камбуд дорӣ,чи хидмат кунум» гуфта харгуш воре дур-дур меларзид. “Хушомадкунӣ ба як кудака медидӣ!!!” Вазири таможни Рустамро дида ай тарса дар куҷо баҷо шиданша намедонист. Ин Рустами герчик бошад соатҳои 11 бо даҳ мошин миемадану ҳамроҳи ҷураҳояш хандаю арақхурӣ, бо арӯсҳо сеюм ошёнаи Гумрукро «дом терпения» карда буданд. Гурез Зарипови бечора ва дигар сардорони раёсат дигар дар даву тоз буданд: арақ, самбуса, шашлик, палав, хулоса Рустаму ошноҳову арусҳояшро бо хурок таъмин мекарданд. Баъд, вақте Рустам раис шуда омад Гурез Зариповро бо як корманди дигар Анвар Хоҷаев «дело» карданд дар соли 2013. Дилаш зад, аммо он вақт намурд. Тавассути Фаттоҳ Сайид 50 миллион долларашро гирифта баъд сар доданд. Бо ҳазору як алам мурд. Ҳозир ҳамон бачаи Зарипов Гурезро Асадулло Раҳмон-Сумбулоғо пули калон гирифта муовини раиси шаҳри Душанбн мондагӣ аст. Гуреззода Умед (Зарипов Умед Гурезович )
Бародари арҷманд, Аҳмади Иброҳим, Худо кунад, ки пешниҳоди туро Рустами Эмомалӣ, ки ин қадар аз ҷасорату ҷуръаташ гуфтаӣ, қабул бикунад. Лекин исто, ки дар пеши ҷуръату ҷасорати Рустам, ки садду девор гузоштааст? Фикр мекунӣ, ки Рустам аз «облава»бохабар нест? Агар Рустам бихоҳад, ки «облава» ҳал шавад Сомони бародараш ва Исмоили ҷиянашро бояд қапида мефиристод. Аммо ҳоло бадтарин ҷойи «облава» ин Душанбе аст. Агар Рустам кордону ҷасур аст, чаро Душанбе наметавонад нақшаро буд кунад? Ба маҳзи Рустам қонуни аскариро иваз ва ҳоло донишҷӯҳоро «бо хоҳиши худ ва ихтиёрӣ» бурда истодаанд. Як ҳодисаро мухтасар мегӯям. Ҷавоне рафт хидмат кард, омад. Рафт Русия, депорт шуду омад, исмашро иваз кард. Хоҳ бовар мекунӣ ва хоҳ не, ӯро бори дигар дастгир карда маҷбурӣ аскарӣ фиристоданд. Боз хидмат кард. Дигар худ донӣ, бародари азиз. Вале бовар кун бародари азиз, агар Рустам салоҳи ин ватан, ин давлат ва ин миллатро бихоҳад, бояд бас кунад. Ба падараш ҳам бифаҳмонад, ки ҳамин қадараш бас аст: аз ҳад гузаронидем!
“Барои хонанда ва бинандаи бешумори “Ислоҳ”,ки аз Пайк ба маротиб бештаранд. моро худи Рустам ҳам бо оилаи “Пешво” мебинанду мехонанд. Салоҳ медонам номаи саркушодаи Аҳмади Иброҳимро биорем,то Рустам яке мебинед чашмонашро мепӯшаду мекунад.”
МАКТУБИ КУШОДИ АҲМАДИ ИБРОҲИМ БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Миллатро аз шармандагӣ наҷот деҳ!
Салому дуруд бар шумо, раиси Парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ. Мактубро бояд ба унвони Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менавиштам, аммо гумон дорам, ӯро ташвиш додан лозим нест, аниқтараш ҳаққи ташвиш додани ӯро надорам. Ӯ рисолати азалии худро дар назди миллати тоҷик адо кардааст. Бо изни Худо давлати ҷангзадаи касоду фасодро ба як кишвари гулгулшукуфон мубаддал гардонид. Дар ин роҳ ширинтарин лаҳзаҳои ҳаёташ-ҷавониашро қурбон кард. Ҳақ дорад ҳоло аз буҷҷаи кишвар дар беҳтарин истироҳатгоҳҳои олам бафароғат дам гирад. Корро бояд ман, ки раиятам ва ту, ки садри ҳукуматӣ анҷом диҳем. Хоҳиш дорам «ту» гуфтани маро таҳқир ҳисоб накун, чунки менталитети мардуми мо ҳамин аст -калонтар ба хурдтар «шумо» гуфта муроҷиат кунад, таҳқираш меҳисобанд. Ин одати мардуми бародармиллати мо узбекон аст, ки ҳатто мӯйсафед ба кӯдаки 1 сола «шумо» гуфта муроҷиат мекунад.
Хулоса, бародари гиромии мо Рустам, баъди тамошои навори «облава» дар ноҳияи Ёвон ҳамин ҳафта, дигар тоқатам намонд. Дигар тобу тавони дидани таҳқири давлатамро надорам. Ин ҳама доду фиғон, ин ҳама аз ошёнаҳо парида гурехтани донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Ёвонро дида, сахт дар изтироб шудам. Банда ҳанӯз 15 соли пеш дар мақолаҳоям гуфта будам, ки бо ин тарзи коргузории фармондеҳии ҳарбӣ билохира ватани ман шарманда мешавад. Баъди солҳои 2010-ӯм бошад дар бораи аз байн бурдани «облава» пешниҳодҳои зиёд кардам, ки гӯши шунаво наёфтанд. Мисли он, ки қасдан пешниҳодҳоро қабул намекунанд, то давлати мову сарвари мо шарманда шаванд! Аммо мову ту ку ба ин ду, хайрхоҳем, мехоҳем давлати мо дар арсаи байналмилал мавқеи волои худро дошта бошад? Ҳоло ҳама медонанд, ки дар як сол 2 маротиб раисони ҳукуматҳои маҳалҳо бо тамоми сохтори давлатдорӣ ба кормандони ғайриштатии комиссариатҳои ҳарбӣ мубаддал мегарданд. Баъзеашон дар хилват ва дар назди наздикон хун мегирянд, чунки бовар надоранд нақшаро иҷро карда тавонанд. Яке облава мекунаду солдат мефурӯшад, дигаре гурехта ба хориҷи кишвар меравад, саввумӣ дар кунҷу канори мувофиқ пинҳон мешавад. Агар касе мегӯяд ин суханон ҳақиқат надоранд, ба Худо қасам хоини ҳамин миллат аст! Маҳз ҳамин нафарон заҳматҳои кашидаи падари ту ва Пешвои миллати маро дар роҳи ободии диёр ба сифр оварда расониданианд. Воқеоти назди Коллеҷи тиббии Ёвон дар назди ҳама комиссариатҳои ҳарбии ватан қариб ҳар рӯз такрор мешаванд ва аламовараш ҳамин ки пинҳон намемонанд.
Медонам, намепурсӣ, ки кӣ айбдор аст, чунки худ таҳсилкардаиву донишмандтар аз ман, ба хубӣ ҳамаашро медонӣ.
Инҷо Ҳукумати ноҳияи Ёвон ва ҳукуматҳои дигар шаҳру навоҳӣ айбдор нестанд, комиссариатҳо ҳам, ҳатто ҷавонон ҳам, балки айб дар сиёсати нодурусти Вазорати мудофиаи кишвар аст. Ислоҳаш бошад, гумон дорам, дар дасти раиси парлумони кишвар, яъне дар дасти ту аст, додари азиз. Баъзеҳо ба ман гуфтанд, ки агар чунин мактуб ба Рустами Эмомалӣ нависӣ, базудӣ аз паят кормандони милитсия омада дастонатро баста мебаранд. Бо вуҷуди ин ҳам навиштам. Бигзор ману чанд нафари дигари мисли ман қурбон шаванду мушкил ҳалли худро ёбад, набошад кадом рӯз кадом раиси ҳукумати маҳал даст ба худкушӣ мезанаду шармандагӣ аз ҳад мегузарад.
Инак, 2 пешниҳоди банда:
1. Хизмат дар сафи артиш бояд 1 сола бошад. Аз ин як сол 6 моҳашро аскар дар қисмҳои низомӣ хизмат кунаду 6 моҳи дигарашро дар хона. Баъди 6 моҳи хизмат дар казарма бо либосҳои ҳарбиаш ба хона ҷавоб шавад, аммо билети ҳарбӣ ҳоло нагирад ва дар қайди қисми низомӣ бошад. Дар сурати зарурат бо як занги телефонӣ дар муддати кӯтоҳтарин, ба қисми ҳарбӣ дар либоси низомӣ ҳозир шавад. Баъди 1 соли дигар, чун билети ҳарбӣ гирифт, ҳама дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ дар эҳтиёт боқӣ мемонанд, то 40 солагӣ.
Ҳама бояд хизмат кунанд. Ҳангоми муроҷиат ба ҳама сохторҳои давлатӣ ва фурӯдгоҳҳо ҳатман бояд билети ҳарбӣ ё гувоҳномаи комиссариати ҳарбиро пешкаш намоянд. Инро вориди қонун кардан лозим.
Ду сол пеш ҳафтавори «Пайк» як нафар кормандашро ихтиёрӣ ба сафи артиш равон кард. Хизматро адо карда омада гуфт, ки дар ду сол ҳамагӣ 6 тири автомат паррондааст. Ду соли умраш беҳуда гузашт, на ягон касб омухт на тарбияи ватандустӣ гирифт ва на малакаи ҳарбӣ. Дар 6 моҳи пешниҳодкардаи мо бошад, хизматчӣ бояд фақат ҷанг омӯзад, подабонӣ накунад, ҷуфту хишова накунад, барои командирон пул набарад.
2. Ротаҳои корӣ таъсис додан лозим. Хизмат дар ин ротаҳо ихтиёрӣ бояд бошад. Барои пайдо шудани ихтиёриён, ба ин хизматчиён моҳона додан лозим. Масалан 2000 сомонӣ маошаш бошад, 500 сомонӣ ба суратҳисоби артиш гузарад, 1500 сомонӣ ба суратҳисоби худи хизматчӣ. Баъди 1 сол ё 2 соли хизмат, (вобаста ба хоҳиши худаш) хизматчӣ билети ҳарбӣ гирад.
Ҳоло сохтмонҳо зиёданду коргарон намерасанд, аз ин ҳисоб метавон бо як тир чанд нишон зад.
Аз ин зиёд пешниҳодҳо намекунам. Бовар надорам Вазорати дифоъ қабули ин 2 пешниҳодро ҳам ба ту тавсия диҳанд, чунки гумон мекунанд ман, як журналистак обуруйи муфт меёбам. Бало ба сари обуруйи ману сад чун ман, обуруйи ватанро бихаред!
Бале, ин ду пешниҳод дар дунё собиқа надорад, аммо мо миллати ориёием, бигзор дигарон аз мо омӯзанд.
Додари азиз, Рустами Эмомалӣ, ҳоло ту вазифадорӣ, ки обурӯйи падарат ва ватанатро бо қабули ин ду пешниҳод ё роҳи дигар бихарӣ. Атрофиёнат гуфтанд, ки ту хеле ҷавони ҷасур ва бофаҳму боидрокӣ. Ба дуқад шудану тамаллуқкорӣ кардани баъзе аз масъулин фирефта нашав, эҳтиром фақат дар ин нест! Инҳо дар асл санг дар бағал доранд, ба шумо некӣ намехоҳанд.
Шахсан ман ва тими «Пайк» имрӯз ва дар оянда мехоҳем бо ту кор кунем, ватан обод созем ва дастовардҳои абармардони собиқ ва падари арҷманди туро ҳифз созем, фақат имрӯз нагузор, ки ватани ману ту шарманда шавад.
Бо эҳтироми хосса Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтавори «Пайк»