Э.Раҳмонов: «Ман сулҳ не, фиребатон карда будам»

Ислоҳ нет

Ё шулҳу шубот аз дидгоҳи ӯ

Тоҷикон бо умед бо ҳам дасти сулҳу дӯстӣ доданд.

Ҳамдигарро бахшиданд.

Аз сари қасосу хунхоҳӣ гузаштанд.

Ба хотири ободии Ватан ҳамдигарро бахшиданд, ба ҷуз як тан.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба итмом расид

Касе касеро дигар ҳамчун ду тарафи ҷанг намекушт, агар ҳам кушторе мешуд ҷанбаи инфиродӣ, хунхоҳии шахсӣ ё ҷиноятӣ дошту ҳарду ҷониби сулҳ қотилро нафрат мехонданд, ба ҷуз як тан.

Маро хоин меноманд

Ман намехоҳам, ки маро касе ному насабамро шиносад. Бигзор ман дар байни ин ҳама аъзои Комисияи оштии миллӣ чун нуқтаи номаълум ва рукни оштинопазир ба сулҳу ваҳдату ҳамдигарбахшӣ боқӣ монам.

Бигзор ояндагон ба суроғаам лаънату нафрат бифристанд, вале ман душманӣ бо оштии миллӣ доштаму дорам ва то охир бо ин фикру андешаам боқӣ хоҳам монд!

Соли 1992. Ҳанӯз,  пас аз он ки Раҳмон Набиев дар он ҷаласа, ки зери таҳдиди мили силоҳ, бечора, ногузир аризаи истеъфояшро навишту гуфт: майлаш, агар ҳамин пеши роҳи хунрезӣ гирифта шаваду ҳамдигарфаҳмӣ шавад, ман аз курсӣ даст мекашам, бароям ҳамин вожаҳои манфуре чун «оштӣ», «оши оштӣ», «ҳамдигарбахшӣ», «якдигарбахшӣ», «афв», «сулҳ» ва «ваҳдат»  ва амсоли ҳамин гуна истилоҳот манфур тофтанд.

Маро хоин мехонанд, кори худашон, вале ман, ки ҳеч гоҳе розӣ набудам, ки бо касе сулҳ кунам, оштӣ кунам, сари таслим фуруд орам ва ё дасти дӯстии содиқона дароз кунам. Аслан, ман ҳарчанде аз торих он қадар огоҳ нестам, вале фитрати аҷдодӣ-чингизиям аз аъмоқи вуҷудам бароям нидо медоду медиҳад, ки ҳамеша аз равиши Чингизу Темури ланг, дар баробари соддадилию аҳдднигаҳдории беолоиши тоҷикона, амал кунам, то инки ончӣ дар замири тираву тори нафси шайтонии хеш парваридаам, рӯзе ҳамагиро, сар ба сар ба коми нестиву адам восил созад.

Медонам, ки Чингиз ба ҳар як шаҳре ваъда медод, ки агар бидуни ҷанг таслими лашкараш шаванд, дар амонанд, вале ҳамин,ки сари мизи музокирот нишаставу дасти сулҳу оштӣ медоданду бо умеди осоишу адами хунрезӣ, силоҳҳояшонро ба лашкариёни Чингиз таслим мекарданду халъи силоҳ мегаштанд, Чингиз ба аҳди худ пушти по мезаду ҳамагиро аз дами теғи бедареғ мегузаронид.

Ҳеч аҳдномаеро муқаддас намешумурд, ҷуз ғолибият ба душманонашу рехтани хунашон, онгоҳ, ки ба макраш, ки зери пӯшиши «сулҳу оштӣ» ба роҳ мемонд, содабоварону софдилон қарор мегирифтанд, ғадраш  аён ва дандонҳои ноаёни ашкаш чун гургон намоён мегашту ҳамагиро бо лифофаи ҳамон аҳдномаву сулҳнома ба гӯру адам восил мекард.

Чингиз чи қадар инсонҳоро бо ин услуб, ки ҷузъе аз стратегия ҷангӣ ва идомаи қатли «бесадо» мехонд, ба он олам фиристода аст, касе намедонад.

Маро хоин мехонанд, кори худашон. Аммо, на танҳо Чингиз, балки Темуру Ҳолекуву Ӯзбакхону дигар хонзодагони турктабори муғулнажоди ғаддори торих, дар сарзамини тоҷикон, аз ин стратегияи ҷангӣ бо маҳорат истифода кардаанд.

Ин айби шумо, тоҷикон аст, ки бо вуҷуди 800 сола таҷрубаи талхи ҷонгудози торихиятон, ҳоло ҳам, дар асри 20-у 21 душманатонро, ки ман як фарде аз селаи кафторҳои даштгарди тоҷикхоратон маҳсуб меёбам, нашнохтаед; аз тактикҳову рӯйкардҳову амалкардҳои муғулонаамон огаҳӣ касб накардед.

Паёмбаратон мегуфт:муъмин ду бор аз як сӯрох газида намешавад, вале чӣ қадар, дар дарозои торих шуморо аҷдоди бодиягарди ваҳшисурату ҳайвонсирати ман газиданду неш заданду дариданд, боз шумо, тоҷикон, омадеду дар санаи барои ману оилаву ҳаммаслаконам фархунда, дар санае, ки ба зоҳир ҳар сол онро, барои найрангу хокпошӣ ба чашмони ғафлатзадаи кӯри бебасирати шумо, ҷашн мегираму муҳим арзёбӣ мекунам, бо ман, бо мане,ки аслан, сар аз ҷаласаи 16-ум дар кохи Арбоб,баъд аз лаҳазоте, ки оши оштӣ мехурдему ба зоҳир ҷангро хотима ёфта эълон мекардем, ғадри пӯшидаамро буруз доданӣ будам, дасти оштӣ дароз кардеду сухан аз ҳамдигарбахшию фаромӯшсозии гузашта задед. Аз ҳамон лаҳазот маро нашнохтед.

Маро аслан барои сулҳ сари кор наоварда буданд. Маро аслан барои бахшидану афв сари давлат наоварда буданд. Маро аслан барои гузашт ба касе мусаллаҳ накарда буданд.

Замоне, ки маро барои аввалин бор, пас аз онки Акбаршоҳ Искандаров пешниҳодҳои Ислом Каримовро радд кард, ба Тирмизи Ӯзбакистон бурданду ҳамагӣ шарту шурути ба қудрат расиданро бароям диктоват карда буданд, медонистам, ки дар ин рӯйхат ҷое барои афв, бахшиш, гузашт, тараҳҳум, ободонӣ, тараққиёт, рушд, иқтисод, илму фарҳанг, сулҳу ваҳдати воқеӣ ва амсоли ин мафҳумҳо ҷой надошт.

То ҳол ин силсила талаботе, ки русу узбакҳо барои ба сари қудрат омадану бақои низоми ғайритоҷикиям дар ин диёр карда буданд, дар архивам қарор дорад.

Ман, ҳар сол, дар нимаҳои моҳи июн онро аз говсандуқам, ки ҷуз авлоду роҳнамоҳо (конструкторон)-и хориҷиям, ки барои бар сари кор омадани низомам тоҷиккушию ҷонфидоӣ карда буданд, аз вуҷуди он огоҳ нестанд. Ман мадюни талошу заҳамоти хоҷагонамам, ки дар бадтарин ҳолоту хатарноктарин мавоқеъ аз ман даст накашида буданду аз ман орзуву омоли зиёде доштанд, ки рӯзе орзуҳои геополитикии эшонро, дар баробари  бароварда сохтани озу ниёзҳои оилавии худ, ҷомаи амал мепӯшонам ва чунин ҳам кардааму мекунам.

Маро хоин меноманд, бигзор биноманд

Ҳаминеро, ки имрӯз шумо «сулҳдӯстдорони таслимгаштаи макр»-и ман «хиёнат» меномед, табори муғулони бераҳму шафқати ман, аз соддагии тоҷиконаи аҷдодонатон истифода карда, дар дарозои торих, борҳо бо шумо раво дидаанд.

Ёд надошта бошед, ба ёдатон оварам

Замоне, ки қарлуқҳои қошғарӣ лашкари Темури лангро дар ҷанги «Лой» торумор карданду ӯ бо боқимонда лашкараш фирор карду тоҷикони Самарқандро дар баробари сели хурӯшоне аз ваҳшисифатони одамхор раҳо кард, як заррае парвои мурдаву зиндаи шумо, тоҷикон надошт. Вале, шумо- тоҷикон ҳамеша, дар лаҳзаҳои ҳассоси торихатон, тавонистаед, ки бе мо – муғулзодагони ғаддор ҳам, баҳри ҳимояи нангу номусу зану фарзандону насли хеш, бо ҳар душману аҷнабие пайкори ҳасадоваре, ки ҷони моро меёзорад, ба роҳ мондаву ғолиби ҳар набарде гардед. Вале, тули 800 соли гузаштаи торих, мо – муғулзодагон тавонистаем, ки дар мағзи шумо ин бовари ғалатро ҷой диҳем, ки шумо- тоҷикон қобилияти роҳбарию кишвардорию сиёсатфаҳмию пайкорро надореду хушбахтона, калидитарин манипулятсияи мо- муғулзодагони ваҳшисифатро, бо вуҷуди ин ҳама зарангии торихиятон, аз он ҷо ки мардуми зудбовару динмеҳвару соддадилу душманнашносу ҳассосе ҳастед, бовар кардед.

Аз ин рӯ, дар ҳама соҳаҳо мо- муғулон шумо- тоҷиконро гул мезадему мезанем.

Ва пас аз онки Сарбадорони Самарқанд мардонавор, чун қувваҳои ИНОТ дар солҳои 1992-97, ки аҳволи равонию инсонии моро (қувваҳои муғулиямро бисёр мекуштед) бо зарбаҳои ҷонкоҳу паёпай каму камтару баду бадтар мекарданд, пас аз бо ном сулҳ, ҳамагиро сарбанест кардем. Темури ланги ҳамтабори ман ҳам бо ҳамин услуб тамоми Сарбадоронро,бо ғадру фиребу хиёнат сар буриду ин неҳзатро ба фаромӯшхонаи торих фиристод!

Масалан, агар тоҷике барои фанду фиреби мои ваҳшисифати бадтарбияи дастхунолуд, тазоҳур ба «туркият» ҳам кунад, мо ӯро сарвари хеш қарор намедиҳем. Мегӯем, ки мулло (тоҷик)-ро ба гуфтааш куну ба кардааш не (сарвараш накун).

Ин тафсилоти торих барои он гуфтам, ки бас кунед амалкарди ғаддоронаи моро ба ҳайси «хиёнат ба сулҳу ваҳдат» талаққӣ карданро.

Уруқи мо- чингизтаборон аслан, аз рӯзе, ки қадам ба паҳноҳои сарзаминатон, ба соли 1220 гузошт, аслан пайи маҳву нобудии нажодатон буду мемонад.

Аз ин рӯ, маро ҳарчанде «хоину ғаддор» ҳам номед, парво надорам. Аслан, хиёнате даркор нест, чун ман сулҳе «бо ҳизби Террористии Назҳат» накардаам.

Ба гуфтори ман писханд мезанед, ки вожаҳои тоҷикиро, дар аксар мавридҳо, ҳатто аз рӯи коғаз  ҳам ғалат мехонам. Вале, агар шумо як каме маърифати антропологӣ медоштеду дар фарқиятҳои таборӣ, дар мавриди шинохти кулминатсияи овоии калимаҳо, дар гуфтори ҳар нажод, маълумоти кофӣ медоштед, бохабар мегаштед, ки аслан зери пӯсти шахсияти ман, на хоину ғаддори худӣ, балки як бегонаирқи душмани дастнишондодаатон нуҳуфта мебуд.

Маро, ки нашнохтаед, ҳар гуна баҳои ғалату зоҳирӣ медиҳед.

Як таҳлили сарсарӣ нишон медиҳад, ки ман чи гуна ба ҷои «гавҳар»- «гаҳвар», ба ҷои «қалъа», «қаъла», ба ҷои «иқтисод»- «иқсод», ба ҷои «сулҳу субот» -«шулҳу шубот» ва ба ҷои «истиқлолият»- «исқлолият» мегӯям… ин бесабаб нест. Ин навъ талаффузи калидитарин вожаҳое, ки марбут ба давлату давлатдорию сулҳу ваҳдат мекунад, далолат бад он мекунад, ки дар зершуури ман, ин вожаҳо ҷойгоҳе надоранду манфуранд. Аз ин рӯ, ҳатто ҳангоми талаффузи рӯякии онҳо забонам ба онҳо намепечад, чунки бароям ин ҳамагӣ «сулҳ», «ваҳдат», «иқтисод», «истиқлол», «Муҳаммад», «ислом», «ризоияти миллӣ», «оши оштӣ», «ҳамдигарбахшӣ», «фаромӯшсозӣ», «қасос нагирифтан», ва аз ҳама наҳстараш ҳамон банди охири созишномаи «Ризоияти миллӣ» ва декларатсияи ҳамдигарбахшию сулҳу оштии миллӣ аст, ки танҳо ба зоҳир, зери фишори сарварони русу узбакам, зери он имзои зӯракии худро, бо дили нохоҳам, дар санаи 27. 06. 1997 бо «ҳизби террористии Наҳзат» гузошта будам, вале пасон гуфтам- ку: «Ман бо ҳизби террористии Наҳзат ягон аҳдномаи сулҳ-пулҳ набастаам».

Шумо аз кадом сулҳу ваҳдату ҳамдигарбахшию аҳдномаву декларатсияву ризоияту қавлу қасам, пас аз соли 2015 гап мезанед?

Аз ҳамон аҳдномаи санаи 27. 06. 1997, ки барои фиреби шумо, ки он гоҳ ҷуз роҳи фиребатон бо номи «сулҳ» дигар ҳама роҳҳои маҳву нобудиятон баста буд, ёд мекунед, ки кайҳо, пас аз халъи силоҳ карданатон, онро пушти по задааму парво ҳам надорам!?

Бароям на ҷаласаи 16-ум арзиш доранду на 27-уми июну на Фронти халқию на гузаштҳои паёпайи ИНОТ.

Асоситарин арзишҳову муқадласоти имрӯзи  ман, ҳимояи манофеъи хоҷагонаманд, ки то рӯзе пуштибонаманд, ҳеч газанде аз шумо, тоҷикон ба ману бастагонам нахоҳад расид!

Пас, мекӯшам, ки ҳарчи бештар бикушаму сарват биғундораму шуморо, тибқи нақшае, ки ҳанӯз ба соли 1992, барои нобудии ниҳоии миллате ба номи тоҷик, ки шумоед, ки онро аз хоҷагонам дастрас кардаам, барои ҳамеша аз рӯи курраи хокӣ қалъу қамъ кунам. Кореро кунам, ки на Чингиз ба он муваффақ шуду на Темуру на Столину на Исломи Карим.

Вале, танҳо аз як чиз, ростӣ хавф дорам! Мепурсед, он чист? Он имони шумост, ки дар дарозои торих аз ҳар вартае наҷотатон дода буда аст!

Агар рӯзе муваффақ ба баргирифтани бовармандиҳоятон ба муқаддас будани аҳду вафо, оини ҷавонмардӣ, ситеза бо зулми золим, пайкор дар баробари туғёни саркашон, сар гирифтану сар бохтан дар роҳи ҳақиқат, ки бас аз он мутанаффирам, даст ёбам, тухмаи тоҷик, пас аз он рӯз, чун «Аҳдномаи сулҳу ваҳдат», ки имрӯз қоғази ташноби ману авлоду ҳамқабилагонам гашта аст, барои ҳамеша аз ин марзу бум барчида хоҳад шуд.

Шиори азалиямро такрор мекунам:

Нест бод, ислом

Нест бод, демократия

Нест бод, озодӣ!

Нест бод, тоҷику тоҷикият!

Маро хоин мехонед?

Дуруст! Магар дастнишонда ҷуз хоин чизи дигаре ҳам мешавад?!

Share This Article