Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №207                                                          

Ислоҳ нет

Бинобар хабарҳое, ки дар ин чанд рӯзи ахир аз гушаҳои мухталифи Тоҷикистон ба дасти мо мерасад, режими интиқоли неруи барқ дар кишварамон боз ҳам маҳдудтар карда шудааст. Субҳ ду ва бегоҳ ду то дуввуним соат ба аҳолӣ нерӯи барқ медиҳанд.

Соли гузашта ҳатто дар моҳи шарифи Рамазон лимити свет ба куллӣ  маҳдуд карда шуда буд ва мардум наметавонистанд чой ва ғизои ифторашонро дуруст тановул кунанд. Кор ба ҳадде кашида шуда буд, ки намози таробеҳро мардум бо шамъу чироғу фонус ва рушании телефонҳои мобилӣ гузориданд. Ба назар мерсад имсол бадтар аз соли гузашта мешавад.

Ин дар ҳоле аст ки фурӯши неруи барқ тибқи омори расмӣ аз ин моҳ то моҳи дигар ба Афғонистон бештар шуда истодааст.

Раҳмонови тоғут фикр мекунад, ки бо зиёд кардани содироти барқ ба ҳукумати Афғонистон бо Толибон наздик мешавад. Аммо баъид аст ки масҷиду таробеҳро бесвет гузоштани Раҳмонов назари Толибонро ба Раҳмонов мусбат кунад.

Аммо светро на фақат Раҳмонов, «раисчаҳо» дар дохили кишвар ҳам мефурӯшанд.

                       Рудакӣ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол! Ман як бародари шумо, ки ҳоло дар ватан ҳастам. Барои он дар ватан мегуям, ки чандин сол дар Русия, дар муҳоҷирати корӣ қарор доштам.

Гапро дароз намекунам. Ҳозир дар ватани мову шумо свет бизнес шудааст. Меравӣ светзаказкунӣ ба подстансия. Мегуяд, ки сесад сомонӣ медиҳӣ, панҷсад сомонӣ медиҳӣ, шашсад сомонӣ медиҳӣ, фалон соат барқат медиҳем. Соати чор ё панҷи бегоҳ медиҳанд,вале ним соат нагузашта мекушанд. Бовар кунед, ки ҳатто успети тухмбирён намекунед. Боз соати 6 ё ҳафт мегиронанду ҳашт,ё ҳаштуним, нуҳ мекушанд.

 Ин саҳар соати 4у 54 дақиқа доданд, аммо соати 5у 9 дақиқа куштанд ва соати шашу понздаҳ гирониданд ва ҳафту 16 дақиқа куштанд.

Ман туй доштам. Туйро гузаронидам. Рафта свет заказ кунам гуфтам шашсад сомонӣ ва панҷ кило гушт мепурсад. Подстансия дар ҳамсояқишлоқ аст. Дар Чортеппа.

  Туй нағз гузашт. Гуфтанд, ки рафта аз танзим коғаз гир. Рафтам танзимро наёфтам. Ягон хел коғаз нагирифта гузарондам. Ягон хел танзим наомад.

Ҳозир проблема дар мо роҳҳо аст. Тамбашавӣ зиёд.Тротуар нест, ки кудакҳо мактаб раванд. Пешеход ҳам нест. Агар пешеход ҳам бошад мошинҳо нигоҳ намекунанд. Дар шоҳроҳи Қурғонтеппа-Душанбе, ҳамон тани мосте, ки то даруни ноҳия меравад, тротуар надорад.

  Як кори зишту нобахшидание, ки дар маҳаллаи мо кардан ин буд, ки болои масҷидро бо плакатҳои калон пушониданд, ки Ҷанобашон, ки аз ин роҳ мегузаштааст, набинад, чашмаш ба масҷид нағалтад. Ҷаноб аз инҷо ду бор гузашт. Як бор гузашт асфалти кардаашонро қабул накрад. Дуюмбора мумфарш карданд роҳро. Шояд дар ин нақша тротуар ҷо дода шуда бошад. Аммо то ҳоло пиёдараҳаро насохтаанд.

  Вале, масъалаи свет бисёр ҳам вазнин аст. Вақте ман рафтаму бо корманди подстансия гапзанон карда сумро барои ду соати изофӣ супоридам, вай гашту ба ман гуфт, ки бародар, ҳамин симҳои светро, ки болои сарамон мебинӣ, мисли пистони пури шири гов барқ дорад, аммо моро иҷозат нест ,ки онро кушоем.

Занг мезананд куш мегуянд, мо мекушем, занг мезананд гирён кун мегуянд мо гирён мекунем. Ва ин пулеро, ки ту ба ман додӣ, ҳатмани ҳатман раиси мо дар ноҳия 90% онро мегирад. Инки мо светро мефурӯшем то болои боло медонанд….

                                    Турсунзода

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам дар бораи хлопзаводи Турсунзода гап занам. Ин заводи пахтаро, ки аз даврони шуравӣ мерос монда буд, барбод доданд. Ба худо қасам не раҳм доранд, не инсоф. Ин ҳама моликияти давлатиро гирифта барбод доданд. Вайрон карда ба оҳанпора мубаддал гардонданд ва дар ҷояш бозор карда истодаанд. Ин корро  авлодони пасвои миллат -Ҳасан Асадуллозода карда истодааст. Ман онҷо ду моҳ кор кардам ва бо чашмони худам дидам, ки оҳанҳоро гирифта металолом карданд. Дар болои сари мо як одамро сардор монданд. Номи ин одам Иноятов Шуҳрат буд. Ба худо қасам шайтон дар пеши ӯ изо мекашад. Аз дасти ин Шуҳрат Иноятов не металл монд, не тахтаву не симент, ҳамаро аз як лаб мефурушад. Ба гуфти Шуҳрат бо Ҳасани ишкамба шинос ва дӯст будааст. Бачаҳо пурсидаанд, ки ака агар шумо бо Ҳасан дӯст бошед чаро ҳама чизро медуздеду мефурушед? Шуҳрат ҷавоб медиҳад, ки «ино ҳама мусур да ҳичи кор намераванд». Гуфтем чи хелӣ мусор аст: «иқа оҳану чуву тахта Ҳасани шикам иҷозат додагияй» ва гуфт ба Ҳасана шикам ҳама чизро ҳисобот медиҳад. Лекин мо медонем, ки дуруғ мегуяд. Чандин бор бо мошини калон   тахтаву металлу шифери тунукагӣ бо сименту дигару дигар хӯба хонааш ба маҳаллаи Зарнисор бурд. Чандин мошинҳои миксер, ки битон меоранд аз Душанбе, онҳоро бо 10 куб битонаш мефурӯхт. Намедонем, ки клиентҳоро аз куҷо пайдо мекард?

Як сол шуд, ки дар поёни ҳавлияш бо писари калониаш сохтумон дорад. Як шаб омад бо як портер 40 халта симент, 40 дона страпил бор кард ва хонааш бурда фаровардем. Ман чанд бор хонааш рафтам. Бо ду бачаи ҳамон маҳалла гап задам, пурсидам, ки ин Шуҳрат кӣ буд, чӣ буд? Хулосаи гап инки Шуҳрат Иноятов  пеш дар завод кор мекард, нони басерӣ намехурд, гушна калон шудагӣ.
Кутоҳи гап зиёда аз 300 халта семент, 400 дона страпили 6 метра, мех ва дигару дигарро фақат ба хонаи худаш бурд. Ин Иноятов Шуҳрат тамоми сохтумони хонашро аз ҳисоби масолеҳи сохтмони бозори нав сохт. Ин ҳама ба ғайр аз дуздиҳояш, ки100 баробар зиёд ба мардум мефурӯшад.

Чи хеле, ки дар урфият мегуянд: дузда қароқчӣ зад. Ин авлоди Раҳмонов давлату халқро ғорат мекунанду Шуҳрат Иноятов инҳоро ғорат мекунад. Ба гуфти Шуҳрат инҳо «аз куншон хабар надоранд. 3 мошин битона хонаш бар гуфтем, ака бо ягон проблема нашава, бо иноя фалон кунӣ, хабар надоран» гуфта хандид. Лекин на самом деле намефаҳмидаанд. Шуҳрат гуфт, ки «ин чӣ? ма аз ин батарша кардам, ҳиҷки нафаҳмид анаку мефаҳманд»? 
Баъд ман корро бас кардам. Гуфтам оқибаташ ба хайр бошад. Москва омадам бо бачаҳо дар алоқа ҳастам. Бачаҳо гуфтанд, ки ҳозир бо бачаи калониаш, ки Шаҳзод ё Шаҳбоз ном дорад ва бачааш ҳам бераҳмтар аз худаш аст, дуздиро давом дода истодааст. Кутоҳи гап ин ки ин дуздии руи рост дар моликияти давлатӣ карда истодааст. Моликияти давлатиро ба манфиати худаш дуздида истодааст. Фақат бозору магазину дигар чизҳо нест. Ҳоло барои ин бозори наваш боз чандин тоҷиронро ғорату зулм мекунад. Ин бозори марказӣ куҳна зиёда 1500 дукону дуконча дорад.  Аммо бозори Ҳасан бошад 400 ҷо надорад. Ҳоло хунхурӣ дар пеш аст. Чи хеле ки бозори Муҳиддин Кабириро маҳкам карда 1000-ҳо соҳибкору тоҷирро хонасалот намуданд. Инҷо ҳам ҳамин тавр мешавад.

                           Айнӣ

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам хубу хуш бошед. Аз Дардари Айнӣ бароятон менависам. Бародар агар имконият мебуд ин домуллои бадахлоқро занг зада шарманда мекардед.

Дар ноҳияи Айнӣ, деҳаи Дардар як домулло ҳаст ба ном Домулло. Ин нафар домуллои масҷид аст. Намозро мехонад, дуруғ мегуяд,арақ мехурад,нос мекашад, духтарбоз аст.Дар тую маъракаҳои худаш арақ мемонад.

 Коргари мақомотҳо аст. Бузи шохдор аст. Бачаҳои то 18 соларо дар масҷид бинад зуд ба мақомот бузӣ мекунад.

  Ҷавонҳои сини даъватро бинад, сурати онҳоро гирифта ба воистаи облава аскарӣ мефиристад. Пули мардумро мехурад

  Аз тарафи давлат хато накунам 400 000 сомонӣ ҷудо шуд барои таъмири масҷид. Вай ин пулро гирифта  кришаи масҷидро нав кард, рангу бори масҷидро нав карду тамом. Ҳоҷатхона ва таҳоратхонаи масҷид ягон хел таъмир карда нашуд. Ин қадар пул куҷо шуд? Пулҳо гум шуданду ба ном «ремонт» кард.

Ягон нафар дар вақти намоз ягон хатоӣ кунад дарав ба амният кашида мешавад. Ин буз ҳамаро контрол дорад. Ҳамроҳи ин домулло боз 4-5 нафар ҳастанд, ки бо ҳамдигар кор карда ин деҳаро пурра зери назар гирифтаанд.

 Номи ин домулло Бахтиёр аст. Ин чи гуна домулло аст ки дар баданаш наколка ё тотировка задагӣ. Ин чи хел домулло, ки ҳама ҳайрон мешавад. Микрофонҳои масҷидро маҳкам  ва манъ карда намемонад, ки садои масҷид берун барояд. Як намуд зулму ситам болои мардум карда истодааст.

Бовар кунед, ки ин қадар пулро обу лой кард. Фақат ранг карду дигар масҷид чи хеле буд, ҳамон хел монд, ягон навигарӣ ва тағйирот нест.

                    Душанбе (Фирдавсӣ)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як сокини маҳаллаи Гулпарвар -2 ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳри Душанбе  ҳастам. Мо, мардуми ин маҳалла аз дасти раиси маҳаллаамон рӯз надорем. Вай бузи чолок аст. Бо роҳи зури ва тағабозӣ раисиро аз дасти як муйсафед, ки ҳоҷӣ ва обруяш баланду мардум интихоб карда буданаш ва танҳо ба нафъи маҳалла кор мекард, гирифт. Ин бадбахт худаш милиса буд. И вазифаро пеш бо воситаи шиносҳояш гирифт. Мо ҳама хонаи раиси маҳаллаи собиқ меравем. Вай ба мо мегуяд, ки ман дигар раис нестам. Аз ин пас Ширин раиси маҳалла аст. Ҳама ҳайрон. Дар ру ба руяш як зани камбағал зиндагонӣ мекард ва ин занро чап гирифта фарзандонашро ба военкомат ба воситаи бузи фурӯхт бо нархи 6 ҳазор сомонӣ.

 Фарзандони худашро аз хизмат гурезонд, то инки фарзанддор шаванду дигар хизмат нараванд. Бо танзиму участковий забон як карда мардумро ба ҳар воситае набошад ҷарима ва бузӣ мекунад. Фарзанди калониаш Фаридун, соли таваллудаш 1993 ва фарзанди дуюмиаш Усмон ном дорад, ки соли 1997 ба дунё омадааст. Усмонро то ҳозира аз хизмат мегурезонад. То облава тамом шудан дар куҷое баҷояш мекунад. 

   Акаи Сафар як марди ин маҳалла, ки устои сварчик мебошад, бачаашро зан дод. Ба воситаи танзим 15 ҳазор ҷаримааш карданд. Ба Аллоҳ қасам одамоне, ки ба мағозаҳо шир меоранд, аз тарси ин касифи разил  баҷоӣ, пинҳонӣ меоранд, то ки раиси маҳал онҳоро мабодое набинад. Мардуми фақири деҳаро номнавис карда (бевазанҳоро сағераҳо, оилаҳои камбизоатро аз ҳисоби ҳукумат помош меояд, масалан орду ягон озуқаворӣ ва касе намебинад ва одамони сарватманде, ки закоту хайрия меоранд, онҳоро низ фиреб медиҳад. Ангишт, орд, равған ва ҳарчики бошад меоранду ба хонааш медиҳанд, ки раис ба мардуми эҳтиёҷманди маҳалла тақсим кунад. Дона дона ягон касро медиҳад, боқӣ ҳамаро мефурӯшаду кисаашро пур мекунад.

  Ширин яке якбора аз опел -каравани 25 ҳазор сомона ба Тойота камрии 150ҳазор сомона мегузарад. Барои онки ба бовари инсонҳои сарвантманд дарояд аз пули ҳаром ҳаҷ меравад. Ин бадбахт зино ҳам мекунад. Чандин одамон гуфтанд, ки бо занҳои бегона «бисёр чақ -чақҳои фаҳш ҳам мекардааст.» Ба Аллоҳ қасам ҳатто духтарони мактабхонро ҳавасхурӣ мекунад, ки аз духтарони худаш хурд мебошанд.  

   Як нафари хайрхоҳ ба деҳаамон маблағи лоиҳаи оби нушокиро барои 200 хоҷагӣ бо пуррагӣ пардохт кард. Аммо ин харомхурон ба баҳонаи обгузаронӣ боз аз мардум чапу рост сум ҷамъ карданд ва аз ҳисоби ин оби зери заминӣ, ки барои 200 кас пешбинӣ шуда буд ба ҳазор одам фурӯхта  чандин кас соҳиби мошин ҳам шуданд. Аз пушти об ин Ширини ноширин мардумро бо бузиҳояш бисёр азият мекунад. Дар ҳарҷо, ки номи вай гирифта мешавад, ҳама дашномаш медиҳанд. Як велик ҳам дорад. Великашро савор шуда тамоми маҳалро мегардад то ҷое ва маълумоте биёбаду бузӣ кунад.

Маҳаллаи мо дар поёни бозори Корвон қарор дорад. Чуноне, ки дар боло зикр намудем дар бораи раиси маҳалаамон, ки Ширин ном дорад бисёр ҳам бузи чолок (шустрий) аст. Фарзандони мардуми маҳалро кофта ҷойҳояшонро аниқ мекунаду ба воситаи участковый ва милисаҳо ба военкомат бурда сари ҳар салдат 3000 сомонӣ мегирад. Ҳангоме облава сар мешавад ба монанди мурғе, ки дарди тухмаш мегираду ҷой намеёбад ва бетоқат мешавад, ҳатто изо накашида руирост мепурсад ва мепояд, ки «фалониро надиден, намедонен, дар куҷо бошад»?  Ба касе хоҳад справкаи ҷои зист медиҳад, нахоҳад не. фарзанди калонияш кибр хаст ин гадо сифатро пули ҳаром парварида масташ кардааст. Заминдорони маҳалларо, ки ба парникпарварӣ машғуланд рӯз намедиҳад. Касе як стройка кунад дар ҳол ҳама мақомотро ба онҷо даъват мекунад. Боз шунидем, ки мегуяд ҳақи маро фаромӯш накунед. Ба маъракаҳои одамон меравад ягон чи намехурад. Ба худо қасам чунин бузи зур якта, боз ҳамин худаш аст, гуфти бачаҳо,ки буза бе раҳмаш ҳамин худаш аст. Агар ягон маъракаву туй, чизе, ки набошад рафта қонунӣ иҷозатнома гирию маъракаатро гузаронӣ дар ҳол тамоми мақомотро ба сарат равона мекунад. Бояд аввал рафта дастҳоятро пеши бар гирию як 300ё 400сомонӣ дар кисааш монию зора кунӣ, ки ман маърака дорам. Он вақт шояд, ки аз шарри бузиаш раҳо ёбӣ.
                                            Рашт

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як сокини минтақаи Рашт яъне Ғарм ҳастам, ки дар Ғарм қарор дорам. Мехоҳам бо чашми чору гирён хизмате дар ҳақи Ватану миллати худам намоям. Ва ҷои арзу шикоят фақат «Ислоҳ» асту бас.
Ман муддати чандин сол дар ғарибӣ будам. Ба Ватан баргаштам. Як моҳ тоқат карда натавониста истодаам, намедонам метавонам тоқат карда ин ҳамаро дидану хомӯш будан!    .
Номаи ман аз се қисм иборат аст:


Қисми якум дар бораи хатиби масҷиди марказии ноҳия Мулло Мустафо мебошад. Шикояти тамоми мардум аз ин шахсият маро маҷбур кард, ки ба воситаи «Ислоҳ» ба ӯ огоҳӣ ва ҳушдор диҳам.
Мулло Мустафо тули солҳои дароз аст, ки дар ин вазифа аст. Чи гуфтаниам? Аввалан бидон ай акай мулло Мустафо, ба валлоҳ қасам ман нисбати шумо бадӣ ё ягон намуд душмание надорам.
Ман суханрониҳои шумо ва мавъизаҳои шуморо шунидам. Аммо дар руи шумо гуфта намешавад ин чизро. Чунки мумкин аст ту ҳам одами мақомот бошӣ.

Ҳама суҳбатҳои ин муллоро мардум хуб медонанд. Саводи хубе ҳам надорад. Бисёртар аз пешвояш дар минбар васф мекунад ва дар бораи парчаму нишон тарсон -тарсон суҳбат мекунад ва мардумро барои мухолифат бо «Ислоҳ» ва дигар гуруҳҳо мешуронад ва «Ислоҳ»-ро ҳам чун як гурӯҳи террористӣ медонад ва мегуяд инҳо мехоҳанд ватани моро ранги ҳамсоякишвар намоянд. Ҳамеша дар минбар тавсифи ҳукуматдорон мекунад ва суханони беҳуда гап мезанад. Мардум безор шудаанд аммо касе лаб боз намекунад аз тарс
Ай мулло Мустафо бидон, ки «ал уламоу ва расатул анбиё» Ай мулло бидон, ки минбари расуллулоҳ ҷои сухани дунё нест.
Ай мулло агар адои масъулият карда наметавонӣ минбарро холӣ намо. Пеши Аллоҳ чи ҷавоб хоҳӣ дод. Ба валлоҳ мегуӣ додари Саидмукаррам бошад. Ман ку дар Ватан нестам. Сад ҳайфе, ки дар Ғарм чунин хатибе намози мардумро имоматӣ мекунад.
Қисми дуввум Дар бораи занҳо, хоҳарон ва фасод дар Ғарм
Дар дохили бозору роҳҳо гашта намешавад. Ҳама пур аз занону пур аз духтарон, китф ба китф роҳ меравӣ. Зинову фаҳшо дар авҷ аст:-аз духтарони синфи нуҳ то занон шавҳардор.
Талабагони мактабҳо ҳама бо либосщои комилан ба фарҳанги мардуми Ғарм бегона, формаҳояшон ба мисли урусо. Ҷавонони зандор ба валлоҳӣ бо духтарони мактабхони синфи 9,10 ва 11 алоқа доранду ба ҳама кори бад даст мезананд. Аллоҳ ҳидояташон кунад.

  Духтароне, ки дар коллеҷу донишкада таҳсил мекунанд онҳо сол то сол, курс ба куср тағир меёбанд. Духтароне, ки аз қишлоқҳои дур меоянд солҳои аввал бо шарму ҳаёянд. Баъдан мебинӣ, ки аз духтарони район бадтар мешаванд. Бо муаллимону коргарони дигар соҳаҳо алоқаи зидди ахлоқӣ доранд. 
Ҷавоне савори мошине бошад кадомеяшро хоҳиш дошта бошад метавонад истифода барад. Барои сум ҳама коро мекунанд. Ман туҳмат надорам ва ончи дидаам гуфта истодаам.
Занони шавҳардор ё ин ки занони бозоргард бо либосхои тангу бегона мегарданд. Сатрро баҳона карда бисëриҳо сари луч мегарданд. Шарму ҳаë тамоман намондааст. Дар бозор бо магазинчӣ ранге мегуӣ дар молбозор гов савдо мекунанд ҳамин хел суҳбат мекунанд.
Қисми сеюм хитоб ба падарону мардону шавҳарону акаҳову додарони ин занҳову хоҳарон! Бидонед, ки ин занҳо, модар, апа, духтар, хоҳар, хола, амма зани ака ё зани додари мову шумоянд.
Ай бародарон! Ба валлоҳ қасам дилам месузад. Ман мусулмонам алҳамдуллилоҳ, имон ва ғайрат дорам, хомуш истода наметавонам. Шумо ба куҷо равонед? Шумо мусулмон ҳастед, мардед? Бояд аз модару духтару хоҳари худ дифоъ кунед.
Барои як зан 4 мард ҷавоб медиҳад. Шавҳар, падар, бародар ва писар ҷавоб медиҳад.
Чи ҷавобе медиҳед пеши Аллоҳ? 

 Эй, мардуми Ғарм бедор шавед, ғафлатзадагӣ бас аст! Мо мусулмонем, алҳамдуллилоҳ, ҳимояи дин, ватан, зан ва фарзанд ва озодӣ барои мо аз моли дунё заруртар аст. То кай масҷидҳоятонро мебанданд, хомуш меистед? Инҳо медонанд, ки мо аз дин дур шавем, итоат аз инҳо мекунем. Агар мо дар дини худ қоим бошем, ин шо Аллоҳ ки моро ҳеч кас шикаст дода наметавонад.
Хитоб ба тамоми мардуми тоҷик!

  Ба дину оини худ баргардед, занону духтарону фарзандонатонро таълими динӣ диҳед. Илм фарз аст барои марду зани мусалмон.
Хусусан, духтаронатонро, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд аз истифодаи телефони мобили дур намоед, ба одобу ахлоқи онҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳед!
Ин масъулияти банда буд, ки бароятон изҳор доштам. Дар ҳақи бародарони мубориз дуогу бошед, то тезтар аз ин зулму фасод раҳоӣ ёбем.

                             Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Бародар шумо худатон, агар ягонҷо дар ин нома хато бошад, ислоҳ кунед. Ман якумин маротиба аст ба шумо менависам, намедонам чи хел нависам. Пешакӣ барои чопи ин нома ба шумо раҳмати калон.

Ному насаби ман пеши шумо бигзор махфӣ монад. 

  Ман ва бародарону хоҳаронам ва падару модарам ҳамеша барномаҳои Шуморо тамошо мекунем. Ин номаро аз деҳаи Мирзообод, ки шумо дар борааш дар барномаи «Номаҳо..№ 164» гап задед, мефиристам. Ман ҳам каме ҳам бошад мехоҳам илова кунам. Ончи ки  дар он барнома дар бораи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гап задед дар ҳақиқат ҳамааш рост аст. Ин ГАИҳо ҳаммашон порхур астанд. Эмомтапак фармон дода буд, ки 30 %камашон кунед. Аммо якбора зиёд шуданд.

 Ин ноҳияи мо бесоҳиб аст. Касе чизе хоҳад мекунад. Безпридел шудагианд. Ҳатто пожарник ë участкавой, ки бо началник милитсия шинос ҳаст сумро дода дар роҳ мебарояд ва мошинҳоро дошта як чизро баҳона карда сум мекананд аз шумо. Тамоман бесоҳибӣ ҳукмфармо аст дар инҷо. Инҷо мехоҳҳам дар бораи мактааби рақами 4-и деҳаи Мирзообод, ки шумо дар борааш дар барномаии «Номаҳо..164» гуфта будед, каме илова кунам.

17 августи соли 2017 Эмомтапак омада лентаашро бурид. Ва даронҷо гуфт, ки барои як ҳамин оғил маро даъват кардед. Шахсан ман худам дар ҳамонҷо иштирок доштам. Дар асл бояд мактаб аз руи дигар проект сохта мешуд. Аммо дар ноҳияи мо ҳама дузду порахуранд.Ҳама мавод ва масолеҳи сохтмони мактабро дуздиданд. Он вақт директори мактаб Додарбек Давлатов буд.

 Ҳозир бошад директор Худойбердиева Шамсия директори МТМУ №4 аст ки шумо дар Номаҳо 164 гап зада будед. Ин Шамсияи беномуси сабукпо дар мактаб ҳамаи духтаронро бероҳа карда аст. Духтаронро дар мактаб аз сарашон руймолҳояшонро бо зурӣ ва таҳқир кашида мегирад. Худаш, ки як беномуси беҳаё аст намехоҳад, ки духтарон руймол ба сар кунанд. Ин беномус вақте қонуни манъи сатр баромад ҳамаи муаллимаҳоро хона ба хона равон кард, ки имзо ҷамъ кунанд, ки ҳатто дар хона сатр накунанд. Дар як давлате, ки мегуянд 97%мусалмонанд, ин корҳоро карда истодаанд.

Ман ин Шамсияро шахсан худам дидам, ки бо коргарони ҷамоат, ки ҳамаашон зан буданд 4- 5 нафар ва 1-2 участкавой сатри занҳоро аз сарашон гирифтнад. Идораи ҷамоати мо дар даромадгоҳи бозори ҳоҷӣ Зайнулло ҷойгир аст. Ҳар як зан ва духтаре, ки сатр дошт, руймолҳояшонро гирифта аксбардорӣ мекарданд  

Шамсия Худойбердиева вақти сохтмони мактаб завучи мактаб буд. Дар вақти завуч буданаш аруси Давлатов Додарбек, директори онвақтаи мактаб буд ва бо вай робита дошт. Шамсия аз завуч буданаш истифода карда аз мактаб ҳамаи чизҳоро дуздид ва ба манфиати шахсиаш истифода мекард. Масалан кумури барои мактабро, ки аз тарафи маориф меомад онҳоро медуздид ва боз заборҳои мактабро нав карданд, панҷара гирифтнад. Аммо деворҳои бетонии давру гирди мактабро, ки аз шуравӣ боқӣ монда буд онҳоро низ канда гирифта  ба хонааш бурд. Қасам ба Аллоҳ, ки ҳозир ҳам он деворҳои бетонии аз мактаб дуздидааш дар пеши хонаи ин беномус истодаанд. 

Вақте Эмомтапак ба деҳаи мо барои мактабро кушодан меомад, як рӯз пеш гирду атрофро маҳкам карда ба болои хонаҳо баромаданд ва ман, ки даврони мактабхониям буд соати 2 ë 3 шаб буд, ки омадем ба мактаб даромадем, ин ҳамаро дидем. Эмомтапак хело тарсончак аст. Эмомтапак ту бояд истеъфо диҳӣ, чунки аз мардуми худат метарсӣ. Вагарна чаро ҳамаҷоро бо милисаву сарбозу амниятиҳои мусаллаҳ маҳкам кардӣ? Мо аз ту ва оилаи ту хаста шудем, ҳама безор аст аз ту. Дигар туро ҳеҷ кас намехоҳад инро мефаҳми ё не?.   

Як чизи дигарро, ки шумо дар Номаҳо 164 гуфтед, мехоҳам ислоҳ кунам. Дар барнома гуфта шуд, ки Шералиро, ки соли таваллудаш 2002 мебошад чашмашро дар хизмат кафонданд. Ин хабар асос надорад. Акаи Шералиро чашмашро кафонданд. Акааш  аз Русия меояд ва мехоҳад, ки оиладор шавад ва аз ҷамоат паспорташро мегиранд, ки баъди туй нагурезад ва ба хизмат равад. Инҳо як камбағаланд, кадоме сум ё таға дорад ба хизмат намеравад. Аммо камбағал агар туй кунад ҳам ба хизмат мебаранд. Баъд ҳамин ҳодисаи кафонидани чашмаш дар онҷо руй медиҳад. Аммо ҳозир хуб шудааст аст ин бародар.

Дар инҷо дар бораи масҷидҳо гуфтаниам. Дар деҳаи Мирзобод, ки пештар 4- 5 масҷид буд, ҳозир бошад ҳамаашро маҳкам карданд. Дар ин деҳаи мо 3 -4 сол мешавад, ки масҷид нест,дар ягон масҷид овози азон нест. Ҳама аз тарс хомушанду дар куза азон мегуянд аз тарси Раҳмонов. Ҳеҷ кас гап зада наметавонад дар бораи масҷид. Агар гап занӣ, ки ба мо масҷидамонро кушоед15 -20 сол маҳкамат мекунанд. Мо, намедонем, ки чи кор кунем. Деҳаи мо хело калон аст, ба куҷо равем, чи кор  кунем намедонем? Ба куҷо шикоят кунем куҷое намеравӣ, мегуянд аз боло фармон аст, ки ин деҳа дар чёрни списка аст. Намекушоянд. Эй Эмомтапак! Эй Сайидмукаррам! Аллоҳ хоратон кунад. Ба мо иҷозат диҳед. Ақалан барои як масҷиди деҳаамон иҷозат барои ҷой ибодат диҳед охир мо дар чи гуна давлат зиндагони дорем ?

Ба Аллоҳ қасам бо одамони идораи ҷамоат ҳофиз оварданд, ҳукумат ҳофиз ва раққоса овард, аз шуъбаи фарҳанг.2-3 соат ҳофизиву рақсу бозӣ карда масҷидҳоро маҳкам карданд. Ман худам шахсан шоҳиди ин ҳодисаҳо будам. Ҳануз даврони мактабхониам буд, хурд будам, ки ин корҳоро карданд -ин бедину диёнатҳо. Мо ҳозир ягон масҷид надорем.

Аллоҳ хору залилат кунад Эмомтапак. Дар ҳар моҳи Рамазон сум ҷамъ карда барои ҳуй кардани масҷид медиҳем. Як хел вақт агар форадашон ҳуй мекунанд, нафорадашон ҳуй намекунанд. Магар мо мусулмон нестем? Охир агар мо масҷид дошта бошем ва ибодатҳои фарзгашта аз ҷониби Аллоҳро анҷом диҳем террорист мешавем ? Охир шумо чи гуна худро мусалмон ва фарзанди мусалмон мешуморед ман намедонам.

Share This Article