Семейка news №17

Ислоҳ нет

Ин бор қаҳрамони «Семейка» узв ва аз авлод, ҳатто аз ҳамшаҳриҳои Оила нест. Аммо узви хонавода набошад ҳам бо ҳамин хонавода аст, ва дар дастрасӣ ва кор ҳамсанги онҳост ва аз ин ҷиҳатҳост, ки мисли аъзои ин хонаводааст ва ҳеҷ камӣ аз онҳо надорад. Ҳукмаш равост, пулаш ҳам ҳаст, пеши касе, илло протежеаш, ҳисобот намедиҳад. Мисол вазири хориҷӣ ва ё сафирро ба дукаратду намегирад. Ҳисоботи вай на хаттӣ ва на шифоҳӣ ва ҳатто на еврову доллар, фақат тиллову зари холис аст. Вақте мутолиа мекунед, мебинед, ки бисёр монандӣ ва наздикӣ, масалан калавишҳои ахлоқӣ ва бетобиҳои шаҳвониаш бо Озода дорад ва худаш аз наздиктаринҳои Озода аст. Хуб, маълумоти бештарро дар мавриди ин узви муҳимтар аз аъзои «Семейка» дар зер мутолиа хоҳед кард.

Барномаро бошад, тибқи маъмул бо ахбори гирдоваришуда шурӯъ мекунем.

     Ахбори «Семейка»

    Рустам, то онҷо, ки манобеъи мо таъйид мекунанд, барномаҳои Ислоҳ «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва махсусан «Семейканюс»-ро бо мароқ ва ҳавсалаи тамом тамошо мекунад. Баъди нашри барнома дар бораи Исмати дулик бо Зайнулло Шарифзода (Зайка), мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанбе чанд рӯз дар як мошин савор шуда тамоми ҳудуди фурудгоҳи Душанберо гашт ва аз назар гузаронд. Пеш аз ҳар омадани вай ба фурудгоҳ шумори зиёди амниятиҳо ва аз охраннаи вай меоянд.

 Баъди рафтани Шарофиддин Гадоев ба Афғонистон ба дастури бевоситаи Раҳмонов тамоми мақомот ва афроди ҳатто мулкиро ба полигонҳо тирпаронӣ бурда истодаанд. Аммо ба маълумоти шумо бирасонам, ки ин амниятиҳо, бисёриашон аз инҳо безор шудаанд. Худо мегуянд, ки ягон коре шаваду аз дасти инҳо наҷот ёбанд. Чунки на рӯз ва на шаб хоби роҳат доранд.

 Баъди инқилоб дар Сурия, то Навруз дар ҳолати казармавӣ ба сар бурданд. Ин ҳолати казармавӣ 50 фисада шуд ва то нимаҳои апрел идома кард.

Маълум нест, ки Рустам аз назорати фурудгоҳ чизеро мефаҳмад ё не, вале гуфтанд, ки вай қасд дорад барои худаш ва оилааш самолёти мисли самолёти падараш бихарад, то вақти фирор роҳаттар бошад.

    Инро ҳам манбаъи мо гуфт, ки Раҳмонов аз Душанбе ба Данғара бо вертолёт рафт аммо аз он тараф бо мошин ва роҳи заминӣ. Сабабашро касе намедонад. Аммо тарс лағташ кардааст. Боз ҳиларо бубинед,ки ба шакле дар фурудгоҳ муҳофизонро гузошта буданд,ки гӯйё тавассути фурудгоҳ бармегардад. Аммо тавассути мошин баргашт. Ин аз чи шаҳодат медиҳад?

  Феълан самолети 100 миллиониаш ҳар рӯз муоинаи техникӣ мешавад. Як ҳайати хориҷиҳоро оварда дар кадом манзиле дар Душанбе ҷой додаанд ва онҳо мутахассисони ҳамин соҳа будаанд. Онҳо чандин нуқси техникӣ дар ин самолёт пайдо кардаанд. Вале боз гуфтанд, ки даруни-салони самолётро навсозӣ карданианд.

Барои ин самолёт дар чандин миллион ангари махсуси замонавӣ бо тамоми технологияи муосир сохтаанд.

Барои ангар ҷудо ва барои худи самолёт ҷудо муҳофизони то баногӯш мусаллаҳ ҷудо кардаанд ва онҳо дар 24 соати шабонарӯз сари поянд.

Иллати ин ҳама эҳтиёткорӣ ва тарсу ҳароси Раҳмонов ин будааст, ки гӯё дар Афғонистон Шарофиддин бо ҷанговарони тоҷик ҳам мулоқот карда бошад.

Кенти наздик ё кошелеки Рустам

  Аммо Рустамро раҳо намекунему аз дӯстони вай мегӯем. Масалан аз Дилшод Ҷураев.

Дар шумораи пешинаи «Семейканюс» Дилшодро қаҳрамони барнома карда дар борааш бештар гуфтем. Дилшод сахт парешону хавотир шудааст. Аз ин ҷост, ки зуд бо «Азия плюс» мусоҳиба ташкил карда худро сафед кард. Дилшод хуб медонад, ки Рустам нафари гаправ аст ва чанд вақт боз «Ислоҳ»-ро зиёд тамошо мекунад. Аммо боз гуфтааст, ки дӯстии вай бо Рустам қавӣ аст.

Дилшод дар назди писари аммааш, ки шабу рӯз ҳамроҳаш аст ва номаш Хушбахт мебошад, гуфтааст, ки «мора ҳиҷ кас намераса, мо доляи калони хуб метем Рустама. Мо борин одамо даркоран Рустамда». 

 Хушбахт дар як ҷо нақл кардааст, ки Дилшод соле пештар бо Некруй Забиров  плани аз байн бурдан ва паст кардани нуфузи Авесто -группро кашидаанд. Онҳо бояд дар назди роҳбари дастгоҳ Озода Раҳмон нишон диҳанд, ки Авесто- групп як схемаи Алик малик беш нест ва бародарон Мирзоевҳо инҷо фақат барои худашон кор карда истодаанд ва Рустамро дар бештарини ҳолатҳо фанд карда истодаанд.

Чандин бор Некруй бо маслиҳатҳои Дилшод Ҷураев ба Озода Раҳмон маълумотҳои нодуруст оиди баъзе бизнес -проектҳои Авесто групп додаасту сиёҳ кардааст.

  Озода бар асоси ин маълумотҳо эродҳои зиёд гирифтааст. Хуршед Мирзо, яке аз роҳбарони Авесто-групп маҷбур шудааст, ки ба саволҳои зиёди Озода ҷавоб диҳад ва парешониҳову шаку шубҳаҳои Озодаро нисбати Авесто- групп дур кунад. Рустаму Хуршед намедонанд, ки Дилшод Ҷураев бо Некруй Забиров нақшаҳои калон доранд.

 Дилшод дар ду соли охир чандин миллионҳоро тариқи «Фонди Музаффар» ва дигар фирмаҳои урметаниҳо (Урметан як қишлоқ дар ноҳияи Айни аст, чандин «мутахассис» барои кушодани фирмаҳои однодневкаву обналичка кардан дорад) баровардаст. Дилшод ва акааш Даврон Ҷураев сумҳои калон ба Рустаму Шоҳрух додаанд. Онҳо айни замон ба воситаи гуё хайру кумакҳо маблағҳои калонро обналичка карда бароварда истодаанд.

  Манобеъи «Ислоҳ» гуфтанд, ки Дилшод баъди барномаи мо рекламаи худро, ки нафари мавриди эътимоди Рустам маҳз ӯ мебошад, зиёд кардааст. Чанд рӯз пеш 10- солагии «Фонди Музаффар»-ро ҷашн гирифта, аз дастовардҳои беназири он филмгузоришҳо пахш кард. 

«Фонди Музаффар» ва муассисаи Мультикид, инҳо як фирмаҳои маснуие беш нестанд, ки асосан ба пулшӯи ва интиқоли пул ба хориҷ машғуланд.

 Мисол «Фонди Музаффар» мактаб месозад ё чизе дигар. Хуб, маблағ аз ҳисоби бюҷет ҷудо мешавад. Ҳатман ширкати сохтумонӣ аз худи Ҷураевҳо, коргарҳои сохтмон ҳам аз Ҷураевҳо ва дар кулл тамоми ҷараёнот айни алик -малик. О мехоҳӣ сохтан, пулро ҳалол ҷудо кун, мон дигарон созанду кор кунанд. Не, бояд сум через схемаҳои худшон тоб хурад ва баромада равад.

 Даврон Ҷураев бошад, чи хеле, ки гуфта будем клуби муҳорибаҳои омехтаро кушода барои худ як армияи бовафо тайёр кардааст. Ҷураевҳо мегуянд, ки Рустам бе мо ягон стратегияи реальный дар бизнес карда наметавонад.  

Ин схемаи «сума ҷудо куну бо дар худат мон», дар круги Рустам хуб фаъол аст. Чанд рӯз пеш Мирзоевҳо контрактҳои чандин миллион доллара баста омаданд.

Дар ин охирҳо Дилшод ба омухтани таърих машғул шудааст. Гуфтааст, ки таърихро бояд биомузам, ки чи тавр нафарони номдор шикаст хурдану бой доданд ва мо ин тавр нашавем.

Вазъу ҳоли Хуршед Мирзоев пас аз боздошти Дулик

Хуршеди Мирзо, баъди дастгир кардани Исмати Дулик гуфтааст, ки Худо ҳасту дуъои моро мустаҷоб мекунад.

 «Ҳамиқа ма задм камбудиҳои Ҳасани Ориёнбонка ёвам, ина Худо худуш туғриш кадестай. Ҳами Исматака хушру ҷиқан ҳамаша мега. Ма ҳози через каналои худум Исматда расондм, ки ту нисбати Ҳасан показания те, чизе медони бугу, ма через Рустам тра ёрдам мекнм, мада ҳози даркорай, у гапоера, ки нисбати Ҳасан кофтаму ёфтам, я кас об тия…и шанса ма бояд ай даст натум. Исмат агар ба калаи дамш кор куна, метона ҷонша хара, и хел шанс намешаш дига ӯда.

  Ҳози Ҳасани шкамба контрол дора, ки кӣ Исмати Дулика ай пуштш даводав дора. Ҳатто, ки дачкаш мекна, медона Ҳасан. Сахт Ҳасан хавотирай, сахт. Ҳасан гуфтай, ки ҳами ягон гапи зиётӣ гуфтанӣ шид сразу да даҳаш як дута бзанен.

   Хуршед чанд рӯз пеш дар хориҷа буд бо Рустам, дар маросими рӯзи ҷаҳонии футбол иштирок дошт.

                    Далери бачаи Рамазони Буқача

    Далери бачаи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ Дубай меояд. Ва меравад кадом тарабхона-ресторани гаронқимат. Дар онҷо ба вай кадом духтаре, ки бо дугонааш дар столи дигар шишта буд маъқул мешавад. Ва, аз пешхидмат хоҳиш мекунад, ки столи ӯро аз ҳисоби Далер бигирад, гуё барои он духтар жест мекунад. Пешхидмат меравад ҳисоб мекунаду меояд мегӯяд, ки 4500 долар шуд. Дуд аз димоғи Далер ба ҳаво мехезаду аммо сари кафида таги тоқӣ гуфта мебарораду медиҳад.

Ин ҳодиса соли гузашта рух дода буд.

   Ҳасани ишкамба (Ҳасан Асадуллозода) на фақат дузд, одамкуш ҳам будааст

Ин хабари мо бар пояи маълумоти як нафар зане, ки солҳои қабл дар зиндон (чандин зиндону СИЗОҳо) нишаста буд, таҳия шудааст. Ин хонум( сабти наворҳояш пешамон маҳфуз аст ва матлабе ҳам аз саргузаштҳои вай дар зиндон дар ҳоли омодан шудан қарор дорад) гуфт, ки як нафар аз ҳамкамераҳои вай дар зиндони занонаи Норак бо дастури яке аз болонишинҳои ҳукумат, узви пурнуфуз ва пуровозаи Оилаи Раҳмонов чандин нафарҳоро тариқи сузандору куштааст.

Ин зан, ки дар зиндон ба ҳайси ҳамшираи шафқат ҳам кор мекардааст дар бемористоне дар Колхозобод кор мекардааст. Ин зан нақл кардааст, ки намедонист аз вай гумонбар мешаванд, чун фикр мекард, ки фармоишгар –Ҳасан Асадуллозода ӯро ҳимоят мекунад.

Ба гуфтаи ин зани маҳбус солҳое, ки дар зиндон буд ҳамроҳаш 73 зане нишаста буданд, ки барои одамкушӣ ба маҳбас афтода буданд. Аммо, гуфт ин зан, ҳикояти ин қотили ҳадди ақал даҳ нафарро, вақте шунидам, мӯи танаам хест ва бахусус, ки вақте гуфт Шери бинӣ конвертро меовард, ки дар он сум ва номи нафаре, ки бояд кушта мешуд, буд ва ин ҳамшираи шафқат, ки аз миллати тотор буду дар Колхозобод зиндагӣ ва дар бемористоне кор мекард, худаш иқрор ва эътироф мекард, ки бар ивази пул ин корро мекард. Ин зан тотор буд, аммо сиёҳҷурда, дар ҳоле, ки тоторҳо зардинаанд. Ин зан гуфтааст, ки вай намедонист ва донистан ҳам намехост, ки онҳоеро, ки бо укол ба он дунё мефиристад,  киҳоанд. Вай гуфт кадом вақт кадом хеши Азизморо ҳам баъди гирифтани конверт укол мекунад, ки он замон меқапанаш. Аммо он нафар намемурад.

Ғайр аз Шери бинӣ ҳамчунин вай конвертро аз дасти Раҳматуллои дружбагӣ ҳам мегирифтааст. Раҳматуллои дружбагӣ началник охраннаи Ҳасан Асадуллозода будааст он солҳо ва он занро бо Шери бинӣ Раҳматулло шинос карда будааст. Ва ин зан Рафоат Маркаева ном доштааст, ки дар соли 2009 ё 10 аз зиндон раҳо мешавад ва гуё дар Бошқирдистон будааст. Аммо маълумоти дигар ин аст ки гуфт ҳамсуҳбати мо ин зан дигар зинда нест.

Вақте Маркаева ба он хеши Азизмо сузандору заданӣ мешавад аз амният меоянду дастгираш мекунанд. Дар утоқи  беморхона камераи пинҳонӣ насб карда будаанд. Вақте вай дар укол заҳрро омехта ва ба бемор гузарониданӣ мешавад, медароянду меқапанд.

 Шери бинӣ ва Раҳматулло аз об хушк мебароянд, аммо як медбрат ва Маркаева зиндон мешаванд.

Ин зан худаш мегуяд, ки нуҳ касро бо укол ва аз тариқи капелнитса куштааст. Вақте закази даҳумро мегираду ба иҷро расониданӣ мешавад ба даст меафтад. Вай дар ҷайбаш маводи заҳрро оварда дар капел пайваст мекардааст. Ва ӯро полично меқапанд.

Ин нафароне, ки ӯ куштааст ҳамагӣ сокинони Колхозобод будаанд. Сипас маълум мешавад, ки фармоишгари асосӣ Ҳасан Асадуллозода будааст.

  Маркаева Рафоат намедонистааст, ки нафари охир хеши худи Ҳасан Асадуллозода будааст. Чунки закази қатли ӯро аз  Шери бинӣ  гирифта будааст. Ин зан мегӯяд, ки дар мурофиа ҳама чиз ошкор шуд, аммо фақат вай ва як медбрат ҳукм гирифтанд. На Ҳасан, на Шери бинӣ ва на Раҳматуллои дружбагӣ аз Сари хосорро чизе нашуд.

  Дастдарозии писари Ҳасан ба духтари ҳамхизматаш

 Ва боз як хабари дигар аз Ҳасани ишкамба.

Аз мардуми Панҷ як нафаре буд бо номи Саидисо. Саидисо ҳамхизмати Ҳасан аст. Аз мардуми Тавилдара аз райони Панҷ. Саидисоро Ҳасан сахт бардошт ва то рутбаи полковникӣ расид. Дар ВКД кор мекард. Сардори милиса дар яке аз ноҳияҳои Душанбе ҳам буд.

Саидисо як духтари хушру дошт. Ин духтар гум мешавад. Духтар бо либоси тоҷикӣ мегаштааст ва сапсефд, бениҳоят хушрӯ. Саидисо чанд рӯз мекобад намеёбад. Се руз баъд духтар аз Варзоб телефон мекунад ва мегӯяд, ки «аво биё мна бар. Дар ҳамин Варзобум намедонум дар куҷош»

 Саидисо меравад, ки духтар бо Муҳиддини бачаи Ҳасан. Муҳиддин, муовини раиси «Тавҳидбанк». Саидисо духтарро мегирад меояд.

 Саидисоро Ҳасан фарёд мекунад ва мегӯяд, ки «э, ман дар фалони зани ту вовчик фалон кунам. Ман туро ин қадар сол кашидам ба азоб ба инҷоҳо расонидам, ту бо хестӣ бачаи маро инхелӣ кардӣ?»

Саидисои бечора ягон гап намегӯяд. Ҳамин қадар, ки меравад духтарашро мегирад меорад. Яъне набояд Саидисо рафта духтари 19 солаашро аз чанги бачаи Ҳасан берун меовардааст. Гуё бачаи Ҳасан гириста бошад, ки акаи Саидисо омад мана ҳақорат кард ҳарчи гуфт.

Аммо, нафаре, ки ин хабарро ба манбаъи мо гуфт, гуфтааст,ки  Саидисо меравад даже аз назди ҳамон дача бист –сӣ метр боло меистад, сигнал мекунад. Духтараш мебарояд «пушоко, сару ру ҳама кандагӣ, шапидагӣ, ҷазирбод.

Ин манбаъ гуфт, ки ин ҳодиса ҳамин чанд моҳи пеш руй дода будааст. Саидисо бо Ҳасану Зоиру круги ҳаминҳо шину хез мекардааст ва сахт бою бадавлат ва хонаҳои қасрмонанд дошта будааст.

 Барои духтараш чанд нафар хостгорӣ меояд, аммо духтар рад мекардааст. Чунки бачаи Ҳасан меомадаст пешашу мерафтаст. Аммо ин дафъа мегираду мебарад Варзобу таблеткаву дигар маводҳои мадҳушкунанда медиҳад ва се рӯз ҷавоб намедиҳад.

Аммо ҳозир бошад ҳам худи Саидисоро антипартийний кардаанду ҳам духтарашро беномусу беобрӯ.

    Садбарг Ғаниева устоди Озода Раҳмон

     Ва ҳоло навбат ба нашри матлаби мо дар бораи қаҳрамони имрӯзаи «Семейканюс»

   Садбарг «дипломат»-ест, ки зери сояи Озода комашро ширин мекунад

Вақте суҳбат аз дипломатияи тоҷик биравад, билофосила ҳарфҳои таърихии Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири хориҷӣ ва ҳоло яке аз маҳбусони сиёсии зиндонҳои ҳукумати Раҳмонов ба ёди кас мезанад. Ҷаноби Зарифӣ додани ҳудуди 1200 километри мураббаъ хоки Тоҷикистон ба Чинро бурди дипломатияи тоҷик маънидод карда буд. Инки додан ё фурӯхтани замин бурди дипломатия бошадро фақат дипломатҳои тоҷик мегуянд.

Аммо барои чи мо аз дипломатияи тоҷик гуфтем? Чунки 29 сентябр рӯзи дипломатияи тоҷик шинохта шуда будааст. Ва дар номаи аввали ин барнома сухан аз ҳаёту фаъолияти Садбарг Ғаниева, дипломати тоҷик ва устоди Озода Раҳмонова, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон меравад. Қаблан низ дар бораи ин дипломати пуртаҷриба гуфтаву навишта будем. Ҳоло боз ҳикоёти ҷолиберо пешкаш мекунем, то ин дипломатбонуи тоҷик бидонад, ки фаромушаш накардаем:

     Дубай
 29 сентябр Рӯзи дипломатия тоҷик аст! Дипломатҳо ид доранд! Мутаассифона дипломатияи тоҷик асири ду- се сабукпо шудааст ва дипломатия ва дипломатҳоро ба зону нишондаанд. Яке аз инҳо Садбарг Ғаниева аст. Шумо қаблан дар борааш барнома карда будед! Вақте ман дар Тошкент кор мекардам Садбарг Ғаниева ҳам онҷо кор мекард. Солҳои 2019-2022. Ман шоҳид будам. Ҳатто сафирони кишварамон аз кишварҳои дур барои «зиёрат»-и Садбарг меомаданд, барои муҳлати сафирияшонро дароз кардан ё инки баъди адои вазифа дар ВКХ вазифаи муносиб гирифтан. Дутои ин сафиронро мисол оварда метавонам. Ҷамшед Ҳомидов сафири қаблӣ дар Шветсария ва Мирзоҷалол, сафири кишварамон дар Япония. Ҳамаи консулҳо аз таги дасти Садбарг мегузаранд, баъд консул мешаванд. Аз баъзеаш пул мегирад. Ҷавонҳои зебову хушқаду қоматашро истифодаи шаҳвонӣ мекунад. Мисоли ин гуфтаҳо консули кишварамон дар Покистон Баҳром аст.

Уро он қадар истифодаи шаҳвонӣ кардааст, ки ҳатто мушкили оилавӣ пайдо кард. Баҳром қариб аз занаш ҷудо шавад. Вақти дар Тошканд кор карданаш ҳамин муомиларо бо Наим консул дар Тошканд кард ва вай ҳам бо мушкили оилавӣ дучор шуд ва қариб бо занаш ҷудо шавад.

Феълан принсесса Садбарг аз соли 2022 дар консулгарии кишварамон дар Дубай ба ҳайси мушовири фиристода кор мекунад. Инак се сол аст дар онҷо кор мекунад. Боре ҳам на консулӣ рафтааст, на сафорат ба Абу дабӣ. Ҳатто як нома ҳам навиштагӣ нест. Кораш аз саҳар то бегоҳ бозор ба бозор ва магазинҳои тилло гаштану танҳо бор харидан ва ба Душанбе равон кардан. Мушовири фиристода ин вазифаи калон аст. Ӯро мебояд ҷои аз бозор ба бозор гаштана вазорат ба вазорати ИМА(Имороти муттаҳидаи араб)  гардад, барои кишвари азизамон сармоя ҷалб кунад, мушкили шаҳрвандонро ҳал кунад, бо фондҳои хайриявӣ ва сармоягузор гуфтушунид кунад. Ин як шармандагӣ аст. Ҳукумат ба Садбарги бизнесвумен ҳамчун дипломат солона $100 000 барои маош ва хонааш дар Дубай аз ҳисоби андози мову шумо ҷудо мекунад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷии Тоҷикистон аз Садбарг қади ҷонаш метарсад. Садбарг вазифадор аст аз натиҷаи кораш ба вазорат ҳисобот диҳад. Аммо канӣ бинеду санҷед, ки вай дар ин се сол барои ватани азизамон чи кор кардааст?  Баъд сармоя мегуему иқтисод мегуем. Аввал бояд мо ҷавонони кордону забондонро таъин кунем. Як беваи фоҳишаро равон мекунанд, на консули генералиро гуш мекунад на сафирро. Садбарг Ашраф Гулов-сафири мо дар Аморатро признават намекунад.
Бачаҳои консулгарии генералӣ бо сарконсул аз дасти ӯ ба дод омадаанд.
Дар консулгарии Дубай як бачаи покистонӣ кор мекунад- номаш Имрон аст. Ӯро шабҳо барои алоқаи ҷинсӣ шуда бурда таблетка медодааст. Вай  безор шудааст аз таблеткахурӣ. Ҳатто дар пеши ҳамкорҳо шикоят кардааст, ки ман дигар наметавонам, зурам ба ин зан намерасад ин серталаб аст. Баъди анҷоми алоқаи ҷинсӣ он покистониро маҷбур мекардааст, ки зерпӯшҳои  ӯро шуяд. Боз ин корҳоро бо дигар корманди консулӣ анҷом медодааст, ки номаш Иззат мебошад. Хулоса, аз ин амалҳои Садбарг Ғаниева  Диловар, консули генералӣ ҳам огоҳ аст, аммо ӯ ҳеҷ кор карда наметавонад. Чун падараш Баҳром ба ӯ насиҳат кардааст, ки бо Садбарг сарбасар нашав чун дар пушти ӯ муаллима аст, яъне Озода, туро сиёҳ мекунад ва аз кор мегиранд. Садбарг ин амалҳои шаҳвонияшро бо дигар дипломатҳо ҳам мекунад. Ҳатто бо як шафёри сафорат аз Абу -дабӣ номашро фаромуш кардам, Садбарг ин амалҳоро анҷом медодааст. Он бача хешу табори сафири пешин Баҳодур Шарипов аст. Ӯро ба Дубай даъват мекардааст ва дар як ҳафта як бор- дубор бо ӯ ҳам чунин мекардааст. Он бача қадаш паст аст. Он бача ҳам дар Душанбе пиён шудааст ва дар пеши рафиқонаш таъриф кардааст, ки Садбарг маро хуш кардааст. Медонед барои чи? Чи хеле мегуянд дуғ дар халта ….Ман қадам пастам бошад зурам, аз ҳамин ҳисоб маро даъват мекунад наздаш.
Ба вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин гуфтаниам, ки намешавад солона, ки 100000$ барои Садбарг пардохт менамоед ба ҷои вай ду -се мутахассиси кордон равон кунед? Аз Садбарг тарсед, рафта ба президент расонед, ба Рустами Эмомалӣ расонед. Ин дипломатия аст. Шумо дипломатияро мазоҳу масхара кардед. Як беваи пири фартутро таъин кардед ба як кишвари муҳим аз ҷиҳати иқтисодӣ.
Садбарг дар ҷое шишта таъриф кардааст, медонед барои чи ман Дубайро интихоб кардам? Барои онки инҷо ба ҳамаи ҷо рейс ҳаст, ҳамаи дипломатҳо -сафирон омада «хабар» мегиранд, доляро дода мераванд.

Намедонам гирям ё хандам ба ҳоли дипломатияи тоҷик.
Мақомотҳои муҳтарам бинед.

Сироҷиддин Муҳриддин як бор дар назди виҷдонат савол гузор оё таъинотат дуруст аст? Пагоҳ чи ҷавоб медиҳӣ дар назди ин миллату давлат. Тарсӣ, рафта масъаларо ба Президент ва Рустами Эмомалӣ расон.
Солҳои 2019-2022 вақте Садбарг дар Тошканд кор мекард, сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода ба дод омада буд. Сафирро умуман гуш намекард. Дар онҷо ҳам кор намекард, бозор ба бозору магазин ба магазин мегашт. Ин ҳолатро сафир ба президент расонд, ӯро аз Тошканд гирифтанд. 2-3 моҳ бекор монд. Баъди ду -се моҳ ба Дубай таъйин карданд. Тибқи қонуни дипломатия бояд шахс аз сафорат биёяд, се -чор сол дар МИД кор кунад, баъд хориҷа равад. Аммо ин қонунҳо ба Садбарг дахл надорад. Аз соли 2016 инҷониб дар хориҷ аз кишвар кор мекунад.

Дипломати дигари тоҷик сафири кишварамон дар Покистон Юсуф буд. Ӯро сабзибадаст мегуянд,ки бесабаб нест. Вай аз аввал бо Садбарг бо ҷодугарӣ машғул буданд. Ҳама китобҳои ҷодугарие, ки лозим мешуд барои духтарони президент, махсусан Озода Юсуф таъмин мекард. Юсуф ҳам умуман вазирро писанд намекунад. Дастурро танҳо аз Озода мегирад. Хулоса, Сироҷиддин Муҳриддин вазир ва тасмимгиранда нест, танҳо як кукла аст.
Шумо медонед ВКХ як ниҳоди муҳим ва пешбарандаи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ аст. Вазираш кукла бошаду тасмим гирифта натавонад аз куҷо ин система рушд меёбад? Афсус, сад афсус. Дипломатҳо ҳама дилшикаста шудаанд аз ин гуна сиёсат ва дипломатияи ҳукумати кишвар.

Share This Article