Хавориҷ
Шашум: Муҳимтарин сифатҳои хавориҷ
Силсила мақолаҳои хавориҷ № 6
Касе, ки дар бораи таърихи фирқаи хавориҷ мутолиа ва баррасӣ кунад, чандин сифатҳоро мулоҳиза мекунад, ки пайравони ин фирқа васфшуда ба он ҳастанд аз ҷумла:
1- Зиёдаравӣ дар дин:
Дар ин амр шакке нест, ки хавориҷ аҳли тоъат ва ибодат буда ва ба шиддат алоқаманд ва пойбандӣ ба дин доштанд. Дар иҷрои аҳкоми дин ва дурӣ аз ҳар чӣ, ки ислом наҳй кардааст пойбанд буданд. Ҳамчунин аз воқеъ шудан дар ҳар навъ маъсият ва ё хатое, ки бо ислом мухолифат дошт парҳез мекарданд ба тавре, ки ин як хусусияти муҳим барои ин тоифа буд, ки дар ин маврид касе ба онҳо намерасид ва чизе бештар аз қавли Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар ин амр далолат намекунад, ки фармуд: «Онҳо Қуръон мехонанд ва Қуръон хондани шумо дар пеши Қуръон хондани онҳо чизе нест ва рӯзаи шумо дар баробари рӯзаи онон ҳеҷ аст».
Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу,мегӯяд: Ҳангоме, ки барои мунозира назди онҳо рафтам,ҳеҷ касро монанди онҳо дар масоили шаръӣ кӯшишкунанда надидам. Пешониашон ба далели саҷдаи зиёд захм дошт ва дастҳояшон ҳамчун зонуи шутур пина баста буд. Пероҳанҳои тамиз ва остин болозада бар танашон доштанд ва аз шиддати шабзиндадорӣ ранг аз чеҳраашон парида буд».
Аз Ҷундаби Аздӣ ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Вақте ҳамроҳи Алӣ ибни Абӯтолиб, разияллоҳу анҳу, ба самти хавориҷ ҳаракат кардем ва ба урдугоҳи онҳо расидем, садои Қуръон хондани онон ҳамчун овози занбури асал ба гӯш мерасид». Онҳо аҳли рӯза, намоз ва Қуръон хондан буданд, аммо аз ҳадди эътидол гузаштанд ва ба ҳадди зиёдаравӣ ва ифротгарӣ расиданд ба тавре, ки ин сахтгирӣ ба далели ончӣ, ки ақл ва тафаккурашон бар онҳо пешкаш намуд, онҳоро ба мухолифат бо усули ислом пеш бурд, монанди такфири муртакибшаванда ба гуноҳи кабира, ки ба изни Худо дар бораи ақидаҳо ва афкори онон баҳс хоҳем кард. Ҳатто баъзе аз онҳо дар ин амр ҳам муболиға карданд ва ҳар касеро, ки муртакиби ҳар навъ гуноҳе мешуд, ҳатто агар гуноҳи сағира ҳам буд кофиру мушрик ва ба таври доим монанда дар оташи ҷаҳаннам медонистанд.
Аз ҷумлаи натиҷаи ин ифрот, ки онҳоро аз ҳудуди дин ва аҳдофи баланди он хориҷ кард ин буд, ки онҳо ҳар як мусалмонеро, ки бо онҳо ҳамфикр набуд такфир мекарданд ва ононро ба куфр ё нифоқ айбдор менамуданд ва ҳатто онҳо хуни мухолифони худро низ мубоҳ медонистанд.
Баъзе аз онон куштани занон ва фарзандони мухолифони худро ҳамчун душманони ошкор мубоҳ мешумурданд. Бешак хавориҷ бо он сифоте ҳамчун ҷаҳл, ифрот бадхуӣ ва хушунате, ки доштанд, хубиҳо ва зебоиҳои дини исломро ба таври аҷибе бад ва нозебо ҷилва доданд. Ин муболиға дар таъвил ва иҷтиҳод онҳоро аз рӯҳи ислом, зебоӣ ва эътидоли он хориҷ кард ва онҳо дар ин зиёдаравӣ ва ифроти худ роҳеро паймуданд, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро нагуфта ва Қуръони карим ба он фаро нахонда буд ва аммо тақвое, ки онҳо ба он худнамоӣ мекарданд аз навъи тақвои кӯркӯрона буд ва он салоҳ ва хайрхоҳие, ки дар зоҳири амр ба он ороста буданд бар асоси таъвили зоҳирӣ ва оростагии зоҳирӣ буд ва онҳо ба биҳишт тамаъ доштанд ва саъй карданд аз тариқи ин ифрот ва зиёдаравӣ дар дин, ки сабаби хуруҷи онҳо аз ҳадди саҳеҳ шуд, ба он бирасанд. Бинобар ин Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ифрот ва тундравӣ дар дин манъ мекард, зеро он бо эътидол ва осонии дини ислом мухолиф аст ва ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ифроткунандагони (дар дин) ба таври қатъӣ ҳалок мешаванд». Инро се бор фармуд. Бар ин асос беқоидагии хавориҷ ва мухолифати онон бо ин усул барои мо равшан аст, ки бар асоси беадолатӣ ва тундравии мухолиф бо осонии ислом пеш мераванд, зеро ислом дини саҳлу осонӣ аст ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст: «Дин осон аст ва ҳар кас дар дин ифрот ва тундравӣ кунад мағлуб мешавад, пас дуруст амал карда ва ба он наздикӣ кунед».
2- Ҷаҳолат нисбат ба дин:
Яке аз бузургтарин офатҳои хавориҷ ҷаҳл ва нодонии онон нисбат ба китоб ва суннат ва фаҳми нодуруст ва камтадбирӣ ва камандешии онҳо ва қарор надодани нассҳо ва оёт ва ҳадисҳо дар маҳалли саҳеҳи нузули онҳо аст. Ибни Умар, разияллоҳу анҳу, эътиқод дошт, ки онҳо бадтарин бандагони Худо ҳастанд. Ӯ мегӯяд: «Онҳо оятҳоеро, ки дар бораи кофирон нозил шуданд бар мӯъминон ҳамл менамуданд». Вақте дар бораи Ҳарурия (хавориҷ) суол шуд, гуфт: «Онҳо мусалмононро такфир мекунад ва ҷону молашонро мубоҳ мешуморанд ва чандин занро ба никоҳи худ медароваранд ва агар зане назди яке аз онҳо биёяд бо вуҷуди он, ки ҳамсар дошта бошад, ӯро ба издивоҷи худ медароваранд. Ман касеро мустаҳиқтар аз онон барои куштан намедонам».
Аз ҷумла ҷаҳолатҳои онон нисбат ба шаръи Худованд ин аст, ки эътиқод доштанд ҳакамият гуноҳе аст, ки сабаби куфр мешавад ва касе, ки дар он маъсият қарор мегирифт ба эътиқоди онон мебояд ба куфри худ эътироф мекард, сипас тавбаи ӯ қабул мешуд. Ин ҳамон чизе буд, ки онон аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, хостанд. Онҳо аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, хостанд, ки ба куфри худ эътироф кунад, сипас тавба кунад. Ин, ки хавориҷ Алӣ, разияллоҳу анҳу ва муҳоҷирину ансори ҳамроҳи ӯро хатокор медонистанд ва эътиқод доштанд, ки худашон аз онон олимтар ва дар додани раъй ва назар сазовортар ҳастанд. Ба Худованд қасам, ки ин айни ҷаҳл ва гумроҳӣ аст.
Аз ҷумла ҷаҳолатҳои ношоиста ва зишти онон ин буд, ки вақте Абдуллоҳ ибни Хабоб ва зани бордори ҳамроҳи ӯро ёфтанд дар бораи умуре ӯро мавриди суол қарор доданд, сипас назари ӯро дар бораи Усмон, разияллоҳу анҳу ва Алӣ, разияллоҳу анҳу, пурсиданд ва ӯ аз ҳар дуи онҳо ба хубӣ таъриф кард, бинобар ин онҳо ба ӯ хашм гирифтанд ва ӯро таҳдид ба бадтарин навъ қатл карданд ва ӯро куштанд ва шиками он занро шикофтанд. Ҳангоме, ки як хуки аҳли зимма аз канори онҳо мегузарад, яке аз онҳо онро мекушад, кӯшиш мекунад, ки худро аз куштани он бегуноҳ кунад ва дар пайи соҳиби хук гашта ва ӯро ба хотири он хук розӣ мекунад. Чӣ ҷои тааҷҷуб дорад!!! Оё дар назди касе, ки иддаъои ислом дошта бошад, ҳурмати хукҳо бештар аз ҳурмати хуни мусалмонон аст? Аммо ин ибодати ҷоҳилон аст, ки ҳавас ва шайтон дар қалби онон қарор додааст.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: «Хавориҷ аз он ҷое, ки мухолифони худро такфир карданд, хуни онҳоро мубоҳ донистанд, аммо аҳли зиммаро раҳо карданд ва гуфтанд: Набояд аҳде, ки бо онҳо доранд бишкананд» ва ба ин тартиб ҷанг бо мушриконро раҳо карданд ва ба ҷанг бо мусалмонон машғул шуданд. Ҳамаи инҳо аз осори ибодати ҷоҳилон аст, касоне, ки сина ва қалбашон ба нури илм кушоиш наёфта ва ба як ресмони мутмаин аз он чанг назадаанд ва дар мавриди онҳо ҳамин бас, ки дар муқобили Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва амри ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам сартофтанд ва зулмро ба ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам нисбат доданд. Аз Худованд саломат мондани аз чунин амалу гуфторро мехоҳем.
Дар ривоят омада, ки: «Онҳо нодононе буданд, ки ба далели ҷаҳлашон аз суннат ва ҷамоат ҷудо шуданд». Ба ин тартиб равшан мешавад, ки ҷаҳл яке аз сифоти он тоифа аз тоифаҳои мунтасаб ба ислом буд ва ҷаҳл як марази сахте аст, ки соҳиби худро аз ҷое, ки эҳсос намекунад ҳалок мегардонад ва балки ӯ қасди хайр дорад, аммо ҷаҳл ӯро дар муқобили хайр қарор медиҳад.
3- Эҷоди тафриқа дар итоат:
Донишманде гуфта, ки: «Онон ба далели гумроҳиашон дар эътиқод нисбат ба бузургони ҳидоят ва ҷамоати мусалмонон аз адолат хориҷ шуданд ва гумроҳ гаштанд. Ин бардошти рофизиҳо ва дигар фирқаҳое ҳамчун онҳо аст, ки аз суннат хориҷ шуданд ва онҳо ончиро, ки ривоят мешавад зулм аст, куфр ба ҳисоб меоваранд, сипас аҳкомеро назди худ бар куфр тартиб медиҳанд».
Ва ба ин гуна дар итоат эҷоди тафриқа карданд ва барои барҳам задани иттиҳоди мусалмонон кӯшиш намуданд. Ин нигариш мавқеъи онҳоро дар мавриди Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, равшан мекунад, вақте аз ӯ дур шуданд ва дар сахттарин мавзеъҳо бо ӯ мухолифат карданд ва аз фармони ӯ сарпечӣ карданд. Ин сифат дар тӯли таърих ҳамеша аз хусусиятҳои онҳо будааст ва ҳар касро, ки дар мавриде бо онон мухолифат мекард бо ӯ адоват ва душманӣ мекарданд ба тавре, ки онҳо худашон ба чандин фирқа табдил шуданд, ҳамдигарро такфир мекарданд ва ба ин далел дар миёни онон душманӣ, људоӣ, ихтилофот ва носозгориҳои бисёре сурат гирифт.
4- Такфир ба далели иртикоб ба гуноҳон ва ҳалол донистани хун ва амволи мусалмонон:
Ибни Таймия мегӯяд: «Нишона ва тафовути дуввуме, ки хавориҷ ва аҳли бидъат доштанд ин буд, ки онҳо ба далели гуноҳон такфир мекарданд ва бар асоси такфири баргирифта аз гуноҳон хуни мусалмонон ва амволашонро ҳалол медонистанд ва ин эътиқодро доранд, ки сарзаминҳои исломӣ сарзамини ҷанг аст ва сарзаминҳои онон сарзамини имон аст. Ҷумҳури рофизиҳо низ ин назарро доранд… ин асли бидъатҳое аст, ки бо насси суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва иҷмоъи гузаштагон бидъат будани онҳо собит шудааст. Онҳо гузаштро (афв) гуноҳ ва гуноҳро сабаби куфр медонанд.
Хавориҷ бо афкор ва раъйҳои хосси худ фарқ мекунанд ва ба ин асос онҳо аз ҷамоати мусалмонон ҷудо шуданд ва афкор ва раъйҳои худро ҷузъи дин донистанд ва эхтиқод карданд, ки Худованд ҷуз онро қабул намекунад ва ҳар кас дар ин маврид бо онон мухолифат кунад ба гумони онҳо аз дин хориҷ шуда ва бояд аз он изҳори бароат кунад ва ҳатто онҳое, ки дар ин маврид зиёдаравӣ мекунанд куштани мухолифони худро воҷиб дониста ва хунашонро ҳалол медонанд.
Аз ин рӯ буд, ки онҳо Абдуллоҳ ибни Хабобро бе далел куштанд, фақат ба ин баҳона, ки ӯ дар назар ва раъйи онҳо бо онон мувофиқ набуд. Ибни Касир мегӯяд: «Онҳо иқдом ба куштани занону кӯдакон менамуданд ва шиками занони бордорро мешикофтанд ва корҳое анҷом медоданд, ки касе ғайр аз онҳо чунин корҳоеро анҷом надода буд».
Ибни Таймия мегӯяд: «Бидъати аввал низ монанди бидъати хавориҷ ва фақат ба далели фаҳм ва бардошти нодуруст аз Қуръон буд ва онҳо қасди мухолифат бо Қуръон надоштанд, аммо чизе аз Қуръон бардошт карданд, ки бар он далолат намекард ва гумон мекарданд касоне, ки муртакиби гуноҳ мешаванд бояд такфир шаванд, зеро мӯъмин ҳамон некӯкори парҳезкор аст ва гуфтанд: «Ҳар кас некӯкор ва парҳезкор набошад кофир аст ва дар оташи ҷаҳаннами ҷовидона мемонад», сипас гуфтанд: «Усмон ва Алӣ ва ҳар кӣ он дуро дӯст бидорад мӯъмин нестанд, зеро онҳо ба чизе ғайр аз он чи, ки Худованд нозил кардааст ҳукм карданд». Бидъати онҳо ду муқаддима дошт:
Аввал: «Ҳар кас дар амал ва ё изҳори назаре хато кунад, ки мухолифи Қуръон бошад кофир аст».
Дуввум: «Усмон, разияллоҳу анҳу ва Алӣ, разияллоҳу анҳу ва касоне, ки бо он ду буданд ин ҳолатро доштанд». Бинобар ин бояд аз такфири мӯъминон ба далели гуноҳон ва хатоҳояшон парҳез кард ва ин аввалин бидъате буд, ки дар ислом ба вуҷуд омад ва аҳли он мусалмононро такфир карданд ва хун ва амволи онҳоро ҳалол шумурданд. Ҳадисҳои саҳеҳ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар сарзаниши онҳо ва дастури ҷанг ба онон ба сабт расидааст.
5- Нисбатҳои нораво ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салам:
Ҷоиз донистани мавридҳо мисли зулму ситам дар мавриди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки нисбат додани онҳо дар ҳаққи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷоиз нест. Ибни Таймия мегӯяд: «Хавориҷ бар худи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷоиз донистаанд, ки ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ситам кунад ва дар суннати худ гумроҳ гардад ва дар ин сурат итоат ва пайравӣ аз ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро воҷиб намедонанд. Онон фақат ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро дар бораи ончи, ки аз Қуръон ба ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам расидааст содиқ медонанд ва дар мавриди шаръ ва суннат, ки ба гумони худашон бо зоҳири Қуръон мухолифат дорад ӯ саллаллоҳу алайҳи ва салламро содиқ намедонанд ва бисёри аҳли бидъатҳо ва хавориҷ, ки бар ин асос аз онҳо пайравӣ мекунанд, ривоят мекунанд, ки агар Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам чизеро бар хилофи гуфтаи онҳо бигӯяд аз ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравӣ намекунанд…онҳо бо ҳар далеле аз худашон дифоъ мекарданд ё он ривоятро қабул намекарданд ва ё онро таъвил мекарданд ва гоҳе ба санади он айб мегирифтанд. Онҳо ба ҳақиқати суннате, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам овард, пайрави намекарданд ва ба он боварӣ надоштанд ва балки дар мавриди ҳақиқати Қуръон низ ин назарро доштанд».
6- Иҳонат ва гумроҳ хондан:
Аз муҳимтарин сифоти хавориҷ иҳонат ба бузургон ва имомони ҳидоят ва гумроҳ хондани онон ва ҳукми хориҷ кардани онон аз адолат ва роҳи дуруст аст. Ин сифат дар мавзеъи Зулхувайсира дар баробари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам равшан ва ошкор мегардад вақте, ки Зулхувайсира гуфт: «Эй Расулуллоҳ! Одил бош». Зулхувайсира худашро парҳезгортар аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам донист ва дар мавриди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳукм ба ситам ва берун шудан аз адолат дар тақсим кардан намуд. Ин сифат дар тӯли таърих ҳамеша бо онон буд ва ба далели аҳком ва корҳое, ки бар асоси он сурат гирифтанд бадтарин таъсирро дошт.
7- Бадгумонӣ:
Ин сифати дигари хавориҷ аст, ки дар ҳукми Зулхувайсираи нодон дар бораи Расули ҳидоят саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ихлос надоштани ӯ намоён мешавад, вақте, ки гуфт: «Ба Худо қасам дар ин тақсим кардан адолат риоят нашуд ва дар он ризои Худо дар назар гирифта нашуд». Зулхувайсира вақте, ки дид Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба бузургони сарватманд бахшиш намуд ва ба фақирон чизе набахшид ба ин рафтори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба бадгумонӣ нигарист. Ин кори аҷибе аст ва ангезаҳо барои ин кор зиёд ҳастанд, аммо агар анҷомдиҳандаи ин кор Расули ҳидоят саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад, ҳамин бас аст, ки инсон гумони хуб дошта бошад, аммо Зулхувайсира инро қабул накард ва ба далели марази равоние, ки дошт бадгумон шуд ва кушид, ки ин бемории худро бо пӯшиши адолат пинҳон кунад. Ба ин далел иблис ба ӯ хандид ва ӯро фиреб дод ва дар доми худаш андохт. Бинобар ин, беҳтар аст инсон нигаҳбони нафси худ бошад ва дар ангеза ва иллатҳои рафтор ва ҳадафҳои худ диққат намояд ва аз ҳавои нафси худ дур бошад ва нисбат ба ҳилаҳои иблис огоҳ ва бедор бошад, зеро ӯ дар бисёре аз мавридҳо амали бадро бо пӯшиши зебо ва барроқ мепӯшонад ва як рафтори ношоистро ба номи усули ҳақ барои инсон тавҷеҳ мекунад ва яке аз чизҳое, ки инсонро дар нигаҳбонӣ аз нафси худ кӯмак мекунад ва ӯро аз ҳилаҳо ва домҳои шайтон наҷот медиҳад илм аст ва агар Зулхувайсира заррае илм ва ё фаҳм дошт дар ин дом гирифтор намешуд.
8- Зуроварӣ бар зидди мусалмонон:
Хавориҷ ба зуроварӣ ва тундӣ машҳур буданд ва онҳо дар бархӯрд бо мусалмонон бисёр сарсахт ва дурушт буданд ва сарсахтии онҳо ба ҳадди фоҷианоке расид, ба тавре, ки хуну мол, обру ва ҳайсияти мусалмононро ҳалол донистанд ва ононро дучори тарсу ваҳшат карданд ва куштанд, аммо душманони ислом бутпарастон ва дигар душманонро раҳо карда ва ба ҳоли худашон гузошта ва озорашон намедоданд, ки таърих саҳифаҳои сиёҳе аз иқдомоти хавориҷро дар ин маврид ба сабт расондааст. Достони Абдуллоҳ ибни Хабоб ва кушта шудани ӯро фаромӯш накардаем, бинобар ин бархӯрди хавориҷ бо мусалмонон ҳамроҳ бо зуроварӣ, тундӣ ва сарсахтӣ буд ва дар бархӯрд бо кофирон нарм, мулоим ва бо гузашт буданд.
Шореъи шариат онро осон ва саҳл тавсиф мекунад ва ба сарсахтӣ зидди кофирон ва мулоимӣ ва меҳрубонӣ бо мӯъминон тарғиб мекунад ва хавориҷ бар акси ин амал карданд. Худованд мефармояд:
«Муҳаммад – паёмбари Худо ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон…»
(Сураи Фатҳ, 29)
Ҳамчунин дар ояти дигар Худо мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар кӣ аз шумо аз динаш бозгардад, пас, ба зудӣ Худо мардумеро биёварад, ки дӯсташон бидорад ва онҳо ҳам дӯсташ бидоранд. Дар баробари мӯъминон фурӯтананд ва дар баробари кофирон дурушттабъ, дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз маломати ҳеҷ маломатгаре намеҳаросанд.»
(Сураи Моида, 54)
Хавориҷ баръакси ин оятҳо амал карданд ва мусалмононро тарсониданд ва дучори тарсу ваҳшат карданд.
Ва инҳо баъзе сифатњое ҳастанд, ки хавориҷ ба онҳо машҳур шуданд: