Аҳамияти Сирати Набавӣ барои ҳама қишрҳои ҷомеа (бахши аввал)

Ислоҳ нет

 

 

Тақдим ба ҳама қишрҳои ҷомеъа:

Баррасии Сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) барои мусалмонон дорои аҳамияти хеле беандоза аст, чароки чандин ҳадафро таҳқиқ мебахшад ва яке аз муҳимтарини онҳо иқтидо ба паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)аст, ки ин шинохт аз тариқи шахсият, корҳо, суханон ва тақрироти эшон ҳосил мегардад. Бо баррасии сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мусалмонон нисбат ба эшон беш аз пеш эҳсоси муҳаббат мекунанд ва ин муҳаббат дар вуҷудашон рушд менамояд. Ҳамчунин бо баррасии зиндагии Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо зиндагии ёрони он ҳазрат, ки дар канори он ҳазрат ӯро ҳамроҳӣ намуданд низ ошно мешаванд ва ин баррасӣ, онҳоро ба дўст доштани саҳоба ва ҳаракат дар масири онҳо ва пайравӣ аз роҳашон фаро мехонад. Бо мутолиаи сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам), зиндагии он ҳазрат бо тамоми ҷузъиёт аз таваллуд, то вафот аз ҷумла: кудакӣ, ҷавониӣ, зиндагӣ, даъват ва набард ва шакибоиҳо ва пирўзиҳояш бар душманон барои мусалмонон, равшан мешавад ва ин масъала исбот мегардад, ки Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) илова бар масъулияти хатарноку пур нишебу фарози рисолат, падар, ҳамсар, раҳбар, низомӣ, ҳоким, сиёсатмадор, мурабӣ, даъватгар ва зоҳид ва қозӣ низ буда аст. Бинобар ин, мусалмонон тамоми хостаҳои хешро дар сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба осонӣ метвонанд биёбанд.

Даъватгарон: дар сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) равишҳои даъват ва мароҳили онро меомӯзад. Бо шеваи муносиб барои ҳар марҳалае аз мароҳили даъват, ошно мешавад ва аз ин роҳкорҳо дар чӣ гунагии иртибот бо мардум ва даъвати онҳо ба ислом истифода менамояд ва ба кушиши бузурге Паёмбари гиромӣ барои баланд бардоштани калимаи Аллоҳ кушиш   дошта аст, пай мебарад ва медонад, ки дар баробари мушкилот ва мавонеъ ва душвориҳо чӣ гӯна амал мекунад ва ба мавзеъи дурусте ки бояд дар баробари сахтиҳо ва мушкилот иттихоз намояд, пай мебарад.

Мураббӣ: дар сирати Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дарсҳое дар мавриди тарбият ва чӣ гӯнагии таъсир гузоштан бар мардум ба таври умум ва бар саҳоба ба таври хос меёбад ва ба ин мавзуъ пай мебарад, ки чӣ гӯна аз онҳо насли беназире тарбият намояд ва насли беназире ба вуҷуд оварад ва умате сохт, ки амр ба маъруф наҳи аз мункар мекард ва ба Аллоҳ имон дошт ва низ чӣ гӯна ба василаи онон давлате бино ниҳод, ки адолатро дар шарқ ва ғарби олам густариш дод.

Фармондиҳони низомӣ: дар сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо назми дақиқ ва барномаеро ҳадафдор дар фунуни фармондиҳии лашкарҳо ва қабоил ва миллатҳо ва умматҳо ошно мешаванд ва намунаҳои равшане дар барномарезӣ ва диққати назар дар ба коргирӣ ва иҷро намудан тарҳҳо меёбанд ва ба ин мавзуъ мебурданд, ки Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) барои таҳдобрезии мабодии адолат ва эҳёи қоидаҳои шуро ва низоми машваратӣ миёни лашкар ва фармондиҳон ва ҳоким ва мардум саъй ва талоши бевақфа менамудааст.Ӯ ҳаргиз фармондеҳи низомии хашин ва дорои сипоҳи мутаҷовиз ва хунрезе набуд ва  фармодеҳони асри худ ва пас аз худашро пайравӣ ба худашон ташфиқ намудааанд.Ҳатто ба ин масъала таърихнигорони ғарбӣ ва ғайри мусалмонҳам муттафиқанд.Агарчӣ инро бархе чун зери тарбияти ғояҳои бе Худоии Марксизму Ленинизм тарбият ёфтаанд намепазиранд.Онҳо на фақад ин масаларо балке ҳеҷ динеро ва паёмбареро бо Аллоҳ намепазиранд.Пас ақоид ва орову афкори ин қишр наметавонанд барои мо мусалмонон қобили пазириш бошад.

Сиёсатмадорон: инчунин аз сирати Паёмбари гиромӣ наҳваи рафторашро бо сарсахтарин душманони сиёсиаш меомузанд, душманоне монанди Абдуллоҳ бин Убай  Салули мунофиқ, ки  дар зоҳир изҳори ислом мекард ва дар даруни худ, куфр ва душманӣ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро пинҳон менамуд ва бар зидди ў тавтиа ва фитна мекорид ва иқдом ба пароканиҳо ва мунташир сохтани овозаҳои дурӯғ машғул буд, ки сабаби нороҳатии Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ро муҳаё созад ва мардумро аз Ӯ гурезон ва мутанафир кунад. Аммо Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чӣ гӯна бо ӯ рафтор кард ва чӣ гӯна ӯро бо кинаҳояш таҳамул менамуд, то инки саранҷом ҳақиқат барои ҳама ошкор шуд ва мардум ӯро тарк гуфтанд. Ҳатто наздиктарин афродаш масалан писраш, наберааш  ўро раҳо карданд ва ҳама итоаткунандаи дустурот ва фармонҳои Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)гаштанд. Дақиқан ин рвиши он ҳазрат барои сиёсатмадорони имрӯзии мо ҳамчун сармашқи ҳаёт бояд бошад.Дар ҳаёти сиёсии мо имрӯзҳо низ Абдуллоҳ ибни Салулҳое арзи ҳастӣ доранд ва ба навиштану озори сиёсатмадорони асили миллатро пеша ва сармашқи  кори худ намудаанд.Дар оташҳои хомӯш шуда равған мерезанду ба навиштану интиқодҳои дурӯғ машғуланд.Бояд сиёсатмадорони миллат дақиқан бо онҳо мисли амалкарди он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бархурд кард.

Уламои ростини Ислом: Инчунин аз сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ончиро ки ба онон дар фаҳмидан ва фаҳмондани китоби Аллоҳ кумак менамояд меомӯзанд. Зеро амали Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) тафсири Қуръони карим аст ва дар сират метавон ба шаънун- нузули оятҳо мебарад. Бинобар ин ошноӣ бо зиндагии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) уламо ва донишмандонро барои фаҳмидан ва фаҳмондани оятҳои Қуръон ва истидлол аз он ва ба сар бурдан бо ҳаводиси он, ёрӣ мекунад ва онҳо аҳкоми шаръӣ ва усули сиёсати исломиро аз он, истихроҷ менамояд ва ба маорифи дурусте дар улуми мухталифи исломӣ даст меёбанд ва дар партави сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст, ки уламо носих ва мансух ва дигар улумро дарк менамоянд ва руҳи ислом ва ҳадафҳои волои онро дармеёбанд. Ҳамчунин инсонҳои муттақӣ ва парҳезгор бо мафоҳими зуҳд ва ҳақиқат ва ҳадафаш ошно мешаванд.

Тоҷирон: инчунин сират барои ин қишр намуна аст, чароки тоҷирон аз сират мақосиди тиҷорат ва қонунҳо ва роҳҳои онро меомӯзанд ва онҳоеки гирифтори мушкилот ҳастанд, болотарин дараҷаҳои сабр ва пойдориро аз сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фаро мегиранд ва дар натиҷа иродаҳояшон барои ҳаракат дар роҳи даъват ба ислом тақвият мегардад ва эътимодашон ба Худованди азаваҷал бештар мешавад ва таври ҳатмӣ  ба ин нукта пай мебаранд, ки саранҷом аз  парҳезгорон аст.[i] Расули акарам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) тиҷоратеро барои асҳоби киром (раз) омӯзонид,ки агар бо равиши он агар тоҷирони уммат амал кунанд.Ҳама бадбахтиҳои мо поён меёбанду дар миёни ҷомеаи мо на эҳтикор(монополя),рибо(протсент),фиреб дар тарозӯ,фиреб дар фурӯш, адолат дар иваз,гарав, шартнома ва вафо ба аҳд,музорабаи воқеӣ,ақсот(ипотека) ушр аз замини зироатӣ ва чорводорӣ  ва ғайра,ки агар тоҷир ба ин омӯзаҳо аз сират омӯзад,дигар ҳеҷ мушкилоте дар ҷомеа боқӣ нахоҳад монд.

Саранҷом инки уммат аз сирати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) одоби воло ва ахлоқи писандида ва ақидаҳои солим ва ибодати дуруст ва руҳи баланд ва покизагии қалб ва муҳабати пайкор дар роҳи Худо ва шавқи фидоро меомузад.

Ба ин ҷиҳат буд, ки Алӣ ибни Ҳасан фармуд: мо ғазваҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ро ҳаммонанди Сураҳои Қуръон ёд мегирфтем.

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ шунидам, ки ба нақли аз амакам Зуҳрӣ мегуфт: дар дониши ғазваҳо дониш дунё ва охират нуҳуфта аст.

 Исмоил ибни Муҳаммад ибни Саъд ибни Ваққос гуфт: падарам ҷангҳои  Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ба мо меомухт ва онро барои мо такрор мекард, ва мегуфт: Инҳо шоҳкориҳои падаронатон аст, онҳоро аз ёд набаред.[ii]                                                  

Баррасии сират ва раҳнамудҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар тарбияти уммат ва ташкили ҳукумат ба уламо ва раҳбарон ва фақиҳон ва ҳокимон кумак мекунад то ба шиносои авомили пешрафт ва суқут, роҳи қудрат ёфтани ислом ва мусалмононро дарёбанд ва бо шинохти комили сирати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар тарбияти афрод ва парвариши инсонҳои муъмин ва эҳёи ҷомеа ва барпоии давлат ошно шаванд ва мусалмонон ҳаракати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ро дар тамоми марҳалаҳои даъват ва тавоноии ўро дар руёруйи бо равишҳои мушрикон дар бораи мубориза бо даъват мешиносанд ва барномарезии дақиқи ӯро дар ҳиҷрат ба Ҳабаша ва талошашон барои қонеъ кардани аҳли Тойф бо даъват ва арза кардани  ҳадафҳои худ дар мавсими ҳаҷ бар қабилаҳо ва даъвати тадриҷии он ҳазрат аз ансор, барои пазируфтани ислом ва сипас ҳиҷрати муборакашон ба Мадинаи мунавараро мушоҳида менамоянд.

Бо тафакур ва андешидан дар воқеаи ҳиҷрати  Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва чӣ гӯнагии барномарезӣ ва иҷрои он ва муқадамоти ҳиҷрат ва ончи баъд аз он, иттифоқ афтода аст, ба ин натиҷа хоҳем расид, ки манбаъи аслии барномарезии Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ваҳй буда ва барномарезӣ дар корҳо, ҷузъе аз суннат ва бахше аз таклифи Илоҳӣ дар ҳама умуре аст, ки аз мусалмонон хоста шуда аст. Мусалмонон аз равиши Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) тамоми фанҳои фармондиҳии ҷанг ва маҳорат дар идора ҳар марҳала ва маҳорат дар интиқол аз сатҳе ба сатҳи дигарро меомӯзанд ва фаро мегиранд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чӣ гӯна бо қудратҳои ҳама душманон ба сабаби тавфиқи илоҳӣ ва пойбандӣ ба шартҳои пирўзӣ  ва асбобеки Худованд дар китобаш ба он роҳнамоиҳое намуда аст пирӯз гардида аст.

Муҳимтарин омили қудрат ёфтан ва даст ёфтан ба иззат ва қудрати гузашта ва  ҳоким қарор додани шариати Аллоҳ дар зиндагии мусалмонон вобаста аст ба пайрави аз раҳнамудҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст, чунончи Аллоҳ мефармояд:

«Бигу аз Худо ва Паёмбар итоат кунед. Агар сарпечӣ кардед ва руйгардон шудед, бар Ў (яъне Муҳаммад) анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар уҳдаи вай ниҳода шуда аст ва бар шумо ҳам анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар уҳдаи шумо ниҳода шуда аст. Аммо агар аз ў итоат кунед, ҳидоят хоҳед ёфт (дар ҳар ҳол) бар Паёмбар ҷуз иблоғи равшан ва таблиғи ошкор нест.»

( Сураи Нур,ояти 54)

Мазмуни оят бар ин далолат мекунад, ки пайравӣ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)танҳо роҳи аслӣ иззат ва қудрат ёфтани уммати исломӣ аст, чунончи Худо дар ин маврид мефармояд:

 «Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рўи замин ҷонишини дигаронашон кунад, ҳамчуноне мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишини дигарон кард. Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба эминӣ бадал кунад. Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки аз ин пас ношукрӣ кунанд, нофармонанд.

Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба паёмбар  итоъат кунед, то, ки бар шумо раҳмкарда шавад!»

(Сураи Нур,оятҳои 55-56)

Паёмбари акарам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва ёронаш қабл аз ташкили ҳукумат ва давлат дар Мадина шароити дастёбӣ ба қудрат ва ҳукуматро омода ва таҳаққуқ намуданд, чароки онон муъминоне буданд, ки ба анҷоми амалҳои солеҳ ва хубиҳо ва некиҳо ва ба пайравӣ аз дастурот ва фармонҳои парвардигор дар тамоми заминаҳои зиндагӣ пардохтанд ва бо ширк ва анвоъи мазоҳири ниҳон ва пушидаи он мубориза намуданд ва аз асбоби моддӣ ва маънавӣ пирӯзӣ ва дастёбӣ ба ҳукумат дар сатҳи фард ва ҷомеа истифода карданд ва баъд аз он ба густариши дини Аллоҳ дар миёни милатҳо ва умматҳо пардохтанд.

Ақабмонадгии мусалмонон аз раҳбарии ҷаҳон аз онҷо ки рисолат хешро ба фаромушӣ супурданд ва ҷойгоҳи онро поён оварда ва ин фармудаҳои волоро зери суол ва авҳом қарор доштанд ва сунатҳои Аллоҳ бар бандагонаш ва суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро нодида гирфта ва гумон кардаанд, ки ҳукумат ва қудрат бо орзуҳо ва хаёлҳо ба даст меояд,на ба устуворӣ ва амал намудан ба ин суннатҳо ва равишҳо.

Иллати аслӣ ва гирифтор шудани мусалмонон ба нотавонии имонӣ ва пажмурдагии руҳӣ ва ҳайрати фикри ва ошуфтагии равонӣ ва парокандагии зеҳнӣ ва пастравии ахлоқиро метавон ба сабаби шикофи бузурге донист, ки байни уммат ва қуръони карим ва роҳнамуди набавӣ ва миёни уммат ва раҳнамудҳои асри халифаҳои рошидин ва нукоти барҷаста ва дурахшони таърихи ислом, падид омада аст.

Яке аз намунаҳои боризи ин мавзуъро метавон ин масъаларо зикр кард, ки баъзе аз доъиёни ислом, аз қуръони карим ва раҳнамудҳои Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва сирати хулафои рошидин, иттилоъи кофӣ надоранд ва дар суханрониҳои худ вожаҳои нав ва мафҳумҳои суст ва бепояе баён мекунанд, натиҷаи шикасти равонии онҳо дар баробари тамаддуни ғарб аст ва бо вуҷуди инки мақолаҳо ва китобҳое дар мавриди фалсафаи зиндагӣ ва ҷаҳон ва инсон ва равишҳои тағйири ҷомеа менависанд, аммо аз суханон ва мақолоташон чунин истинбот мегардад, ки онон дар фаҳм тамкин ва дастёбӣ ба қудрат ва дарки сунатҳои Худованд дар тағйири миллатҳо ва ташкили ҳукумат аз хилоли қуръони карим ва равиши Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ё аз хилоли даъвати Паёмбарон ба милатҳояшон ва ё аз роҳгузар баррасии таърихи ислом баҳраи ончуноне надоранд,то битавонанд авомили муваффақият наҳзати касонеро ироа диҳанд, ки дар тарбияти уммат ва ташкили ҳукумат роҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро дар пеш гирифтаанд. Омилҳоеки боиси мувафақияти наҳзати касоне ҳаммонанди Нуруддин Маҳмуд ва Салоҳуддин, Юсуф ибни Тошуфин, Маҳмуди Ғазнавӣ ва Муҳаммади Фотиҳ ва дигар касоне гардид, ки дар заминаи тарбияти уммат ва ташкили ҳукумат роҳи Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро дар пеш гирифта буданд.

 

Оре! Мутаасифона чунин нависандагоне, на танҳо иттилоъе аз Сират ва равиши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) надорад, балки ба назарияҳо ва дидгоҳҳои бархе аз сиёсатмадорон ё мутафакирон ва фарҳангиёни шарқӣ ва ғарбӣ ва касонеки аз ваҳйи ва талимоти Илоҳӣ бе иттилоъ ҳастанд, истидлол менамоянд.

 

Банда илова бар инки ба истифода аз таҷрибаи миллатҳо ва умматҳо мухолиф нестем ва муътақидам, ки ҳикмат гумшудаи муъмин аст ва ҳар куҷо онро биёбад аз дигарон ба он сазовортар аст, аммо ба назария ва дидгоҳи касоне мухолифам, ки равиши рабонӣ ва Худоиро намедонанд ё таҷоҳул мекунанд, ки бо назарияҳо ва дидгоҳҳои худ, ки аз қуръони карим ва раҳнамудҳои  Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фарсангҳо фосила дорад, роҳбарии мусалмононро ба уҳда бигиранд.Аллома Ибни Қайим дар ин маврид мегуяд:

 

والله ما خوفي من الذنوب فإنّها          لعلى طريق العفو والغفران

لكنما أخشى إنسلاخ القلب عن          تحكيم هذا الوحي والقران

و رضا بآراء الرّجال وخرصها        لا كان ذاك بمنّة الرّ حمن

 

Тарҷумаи мафҳуми шеър:

Савганд ба Худо ман аз гуноҳон наметарсам

Зеро ноҳон бахшида мешаванд

Аммо аз ин метарсам, ки дилҳо

Ба ҳоким қарор доданд қуръон розӣ нагарданд

Ва ба оро ва назарияҳои мардон ва ҳамдаст ва гумони онҳо розӣ шаванд.

Ба умеди инки Худованд бар мо миннат ниҳад ва моро аз мубтало шудан ба чунин амре наҷот диҳад.

Поёни бахши аввал

Идома дорад бо сомонаи Ислоҳ бошед

Муҳаммадиқболи Садридди

 

Маъхазҳои Истифода шуда:


[i].Мадхалу-д-диросат Ас-сира,саҳ 4.

[ii].Албидоя ва Ниҳоя, ҷ2, саҳ 242.

3. Сирату-н-набӣ.саҳ 21

4. Сират ва Наҳҷуасул саҳ.14

Share This Article