ҲАҚИҚАТИ ЛО ИЛОҲА ИЛЛА-Л-ЛОҲ (бахши аввал)

Ислоҳ нет

 

(силсила мақолаҳои тавҳидӣ)

Ло илоҳа илла-л-лоҳ асоси дин ва калиди биҳишт аст, ин калима шиори мусалмонон аст, ки дар ҳар азон ва ҳар ташаҳуд хонда мешавад ва аз ҷойгоҳи воло ва фазоили бешумор бархурдор аст, аммо кофӣ нест, ки инсон калимаро танҳо ба забон биронад, зеро ин калима маънии азим дорад, ки ҳадафи хилқатро баён медорад ва ҳар мусалмон мукаллаф аст, ки маънӣ ва ҳадафи калимаро ба хубӣ дарк кунад ва аз кирдорҳое, ки мухолифи калимаи тавҳид аст худдорӣ намояд он гаҳ инсон ба растагорӣ ва хушбахтии ҷовидона даст меёбад.

Ончи ки воқеъан дарднок эҳсос шуда ин аст, ки як қишри аъзими ҷомеаи мо то кунун ҳақиқати Ло илоҳа илла-л-лоҳ-ро дарк накардаанд, бо ин ки ҳар вақт калимаро мехонанд, аммо ба маънии ҳақиқии калима пай намебаранд. Агар пурсида шавад калима чӣ маънӣ дорад теъдоди зиёде аз мардум ҷавоб медиҳанд, ки Худое нест ба ҷуз Аллоҳ, ҳар гоҳ тавзеҳи бештар хоста шавад мегӯянд: яъне холиқе нест ба ҷуз Худо! Бехабар аз инки мушрикини Қурайш ба ин имон доштанд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ Холиқи дигар вуҷуд надорад. Иддаи дигар медонанд маънии калима чунин аст, ки ҳеҷ маъбуде бар ҳақ нест ба ҷуз Аллоҳ, аммо дар айни ҳол аз мурдаҳо шафоат металабанд ва ба номи ғайри Аллоҳ назрҳо тақдим мекунанд ва гоҳе ҳам аз мурдаҳо мадад мехоҳанд. Мушкили чунин афрод ин аст, ки ибодатро нашнохтаанд ва гумон мекунанд, ки калимаи мушрик фақат таҳо ба он шахс итлоқ мешавад, ки дар муқобили бут саҷда кунанд.

Бо вуҷуди ин ҳама буҳронҳои эътиқодии аксар афроде, ки мансуб ба таълими шаръӣ ва тарбияи динӣ мебошанд, дар ин замина ғофил ҳастанд, биноан лозим аст, ки перомуни Ло илоҳа илла-л-лоҳ мақолае ба риштаи таҳрир дарояд, ки ҳовии матолиби зайл бошад: маънии Ло илоҳа илла-л-лоҳ ончи ки бо калима дар тазод аст шурути Ло илоҳа илла-л-лоҳ ва фазоили он.

Маънии Ло илоҳа илла-л-лоҳ.

Маънии Ло илоҳа илла-л-лоҳ чунин аст, ки Маъбуде бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ё ба ибораи дигар ҳеҷ зот шоиста ва сазовори ибодат нест, ҷуз Аллоҳи мутаол. Ҳамин маънӣ дар теъдоди зиёде аз оёти Қуръони карим тавзеҳ шудааст, Аллоҳ ҷалла ҷалаллоуҳу мефармояд:   

وَقَضَى رَبُّکَ أَلا تَعْبُدُوا إِلا إِیَّاهُ

Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарстед… (Сураи Исро, ояти 23)

Ва ҳамчунин дар ояти дигар мефармояд: وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالإِنْسَ إِلا لِیَعْبُدُونِ

Ҷинну инсро ҷуз барои парастии Худ наёфаридам. (Сураи Зориёт, ояти 56)

Тамоми мусалмонон дар ҳар намоз бо Аллоҳ тааҳҳуд мекунанд, ки ба маънии  Ло илоҳа илла-л-лоҳ амал кунанд, вақте ки мегӯянд:

إِیَّاکَ نَعْبُدُ وَإِیَّاکَ نَسْتَعِینُ

Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ металем. (Сураи Фотиҳа, ояти 5)

Бояд бидонем ибодат чист? Ибодат калимаест, ки тамоми кирдорҳоеро, ки Худованд онро меписандад, дар бар мегирад, мисли дуо, таваккул, намоз, назр, муҳаббат бо Аллоҳ, тарсидан аз Вай ва … аъмол ва гуфторҳои мавриди риозояти Аллоҳи мутаол. Ибодат дорои се рукн мебошад. Муҳаббат, тарс, ва умед; ба ин маънӣ, ки ҳар мусалмон аз рӯи муҳаббат бо Аллоҳ ибодатро анҷом медиҳад, ҳамчунин бо он аз азобу ғазаби Аллоҳи мутаол метарсад ва ба раҳмати Аллоҳ касби савоб ва рафтан ба биҳишт умедворӣ дошта бошад, чуночӣ Худованд дар мавриди муъминони воқеъӣ мефармояд:

یُحِبُّهُمْ وَیُحِبُّونَهُ

… Зудо, ки Худо мардумеро биёварад, ки дӯсташон бидорад ва дӯсташ бидоранд. (Сураи Моида, ояти 54)

Ҳамчунон дар ояти дигар ба мусалмонон чунин дастур медиҳад:

وَادْعُوهُ خَوْفًا وَطَمَعًا

Ва Худоро аз рӯи биму умед бихонед. (Сураи Аъроф, ояти 56)

Як идда афрод маънии Ло илоҳа илла-л-лоҳро чунин тафсир мекунанд:  “Ҳеҷ Холиқе нест ба ҷуз Аллоҳ”, аммо ин тафсир нодир аст, зеро  (إله)ба маънии Маъбуд аст на Холиқ ва мушрикини Қурайш ба ин имон доштанд, ки ягона Холиқ ва рӯзидиҳанда Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу мебошад. Дар ин маврид Худованд мефармояд:

وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ لَیَقُولُنَّ اللَّهُ

Агар аз онҳо бипурсӣ: Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст? Хоҳанд гуфт: “Худо”. Бигӯ: “Сипос Худоро!” Балки бештарашон нодононанд! (Сураи Луқмон, ояти 25)

Аммо куфри мушрикин он замон дар ин буда, ки онҳо дар ибодат бо Аллоҳ шарик қарор медоданд ва мегуфтанд:

أَجَعَلَ الآلِهَهَ إِلَهًا وَاحِدًا إِنَّ هَذَا لَشَیْءٌ عُجَابٌ

Оё ҳамаи худоёнро як худо гардонид аст? Ва ин чизе шигифт аст! (Сураи Сод, ояти 5)

Пас паём ва мафҳум, ки калимаи тайба онро мерасонад ин аст, ки ба ҷуз Аллоҳи мутаол ҳеҷ зот мустаҳақи ибодат нест ва ҳар ибодат, ки барои ғайри Аллоҳ анҷом дода шавад ботил аст.

Оё ҳамин қадр кофӣ аст, ки инсон калимаи тайбаро бар забон биёрад? Мусалмони воқеӣ он аст, ки калимаи тайибаро бихонад дар ҳоле, ки аз маънии он бохабар бошад, ба мафҳуми он яқини комил дошта бошад ва аз аъмоли ширке, ки калимаро нақз мекунад иҷтиноб варзад.

Касе, ки ба маънии Ло илоҳа илла-л-лоҳ амал кунад, аммо ба он яқин надошта бошад аз ҷумлаи мунофиқон аст.

Касе, ки калимаро бо аъмоли шарики худ нақз кунад мушрик шумурда мешавад, агарчӣ калимаро сад бор бихонад.

Он чӣ ки бо Ло илоҳа илла-л-лоҳ дар тазод аст.

Аъмоле, ки инсонро аз доираи Ислом хориҷ месозад навоқизи Ислом номида мешавад, ки дар раъси он ширк қарор дорад. Мусалмон вақте метавонад аз як хатар дар амон бимонад, ки онро ба сурати дақиқ бишносад, чунки ширк хатарноктарин гуноҳ аст. Бояд аз анвои ширк огоҳӣ дошта бошем, то аз он ҳазар кунем.

Аллоҳи мутаол мефармояд: إِنَّهُ مَنْ یُشْرِکْ بِاللَّهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللَّهُ عَلَیْهِ الْجَنَّهَ وَمَأْوَاهُ النَّارُ وَمَا لِلظَّالِمِینَ مِنْ أَنْصَارٍ

Ҳар кас, ки ба Аллоҳ ширк варзад бидуни шак Худованд Биҳиштро бар ӯ ҳаром гардонидааст ва ҷойгоҳи ӯ Дӯзах аст ва ситамкоронро  ёваре нест. (Сураи Моида, ояти 72)

Иброҳим алайҳи салом чунин дуъо мекард:

وَاجْنُبْنِی وَبَنِیَّ أَنْ نَعْبُدَ الأَصْنَامَ

Ва Иброҳим гуфт:”Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор”. (Сураи Иброҳи, ояти 35)

Агар Иброҳим (алайҳисалом), ки имоми яктопарастон аст аз ширк метарсид, пас мо бештар ниёз дорем, ки дар ин росто боэҳтиёт бошем. Ширк ҳамон саратони кушандае аст, ки пайкари уммати феълии исломро аз дарун бемор сохта, сабаби во шудааст, ки мусалмонони муосир дар ҳамаи арсаҳо ақаб бимонанд. Вақте дар миёни мо каосне бошанд, ки Абуҷаҳлу Абулаҳаб нисбат ба онон маънии калимаро хубтар бидонанд оё мо мустаҳақи пирӯзӣ ҳастем? Ва вақте ки миёни мо касоне бошанд, ки дар ҳангоми мусибат Аллоҳро фаромӯш карда, ба мурдаҳо паноҳ бибаранд ва дар зиёратгоҳҳо манзури шифо ёфтан сангу қабрро бибӯсанд, назрҳоро бо номи мурда тақдим кунанд, оё дар чунин ҳолат мо шоистаи сарбаландӣ ва иззат ҳастем?

Мушрики Қурайш бо онки ширк меварзиданд, аммо дар ҳангоми хатароти фоҷеаомез ба ёд меоварданд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ додраси дигаре нест, биноан аз ӯ мухлисона мадад мехостанд ва пас аз наҷот ёфтан дубора ба ширк оғӯшта мешуданд. Аллоҳи мутаол ин ҳақиқатро дар Қуръони карим чунин баён медорад:

فَإِذَا رَکِبُوا فِی الْفُلْکِ دَعَوُا اللَّهَ مُخْلِصِینَ لَهُ الدِّینَ فَلَمَّا نَجَّاهُمْ إِلَى الْبَرِّ إِذَا هُمْ یُشْرِکُونَ

Ҳангоме, ки дар киштиҳо савор шаванд Худоро бо ихлос мехонанд, аммо ҳаноме ки Худо ононро ба хушкӣ расонид ва наҷот дод боз мушрик мешаванд. (Сураи Анкабут, ояти 65)

Аммо дар ҷумлаи муддаиёни Ислом касоне ҳастанд, ки ҳатто ҳангоми мусибатҳои ҷиддӣ ва ҳалокат боз аз мурдагон наҷот металабанд. Оё метавон чунин афродро, ки ширки эшон аз ширки куффори Қурайш ҳам зишттар аст мусалмон хонд?

Идома дорад бо мо бошед!

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article